Мусиқиву суруд аз замонҳои қадим то имрӯз аз ҷузъҳои ҳаёти маънавии мардуми тоҷик мебошад. Дар ҳар давру замон хунёгарону мутрибон дар суруду таронаҳои худ эҳсосу ормонҳои мардумро тараннум намуда, ба дилҳо шодиву нишот мебахшиданд, дилҳоро ба зиндагӣ нарм менамуданд. Мушкилоти зиндагӣ, ошӯбҳои замон натавонистонд мардумро аз суруду мусиқӣ дур созанд. Дар ҳар аср мутрибоне падид меомаданд, ки бо овози хушу навои дилхурӯш суннатҳои мусиқиро идома дода, ба пешрафти ҳунари мардум мусоидат менамуданд.

Дар асри ХХ бо таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин мутрибону сарояндагони тоҷик аз шаҳрҳои гуногун ба пойтахти ҷавони мамлакат ҷамъ омада, дастаҳои ҳунарӣ ташкил намуданд. Сарояндагони номӣ Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Барно Исҳоқова ва дигарон ба Душанбе омада, ба тарбияи ҷавонони эҷодкор пардохтанд. Хидмати онҳо махсусан дар эҳёву созмондиҳии мусиқии классикии «Шашмақом» ва густариши он хеле назаррас аст. Суннатҳои дерини он эҳё гардида, барои рушди мусиқии халқӣ низ таъсири файзбахш расонданд. Инро дар ҳунари волои ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов метавон равшан мушоҳида кард.

Ҷӯрабек Муродов солҳои 60-и асри ХХ ба арсаи мусиқӣ қадам ниҳода, дар пайравӣ аз ҳунарпешагони маъруф суруд мехонд. Вале зуд роҳи эҷодии худро пайдо намуда, сабку равия ва мактаби худро ба вуҷуд овард. Дар ташаккули ӯ чун сароянда «Шашмақом» нақши муҳим бозид. Аз ин ҷост, ки дар аксари сурудҳои ин сарояндаи мумтоз унсурҳои «Шашмақом» эҳсос мешавад. Ӯ пеш аз ҳама таронаҳои классикиро бо лаҳну шеваи хоси худ иҷро менамояд. Барои намуна ба як таронаи маъруф, ки бо унвони «Муноҷот» маъруф аст, бори дигар таваҷҷӯҳ менамоем, ки он аз силсилаи таронаҳои пардаи Дугоҳ буда, замони офаридани оҳанги он маълум нест ва бешак таърихи хеле қадимӣ дорад. Аввалин матне, ки дар асоси он суруди мазкур офарида шудааст, низ маълум нест. Ҳамчунин, маълум нест, кӣ онро офаридааст ва кӣ бори аввал сурудааст. Вале мусаллам аст, ки ин сурудро касоне офаридаанд, ки дар баробари шоиру ромишгари бузург будан, шахсияти барҷастаи замон буда, дарди замону инсони даврони худро дар дил доштаанд. Аз ин ҷост, ки ин суруд низ мисли девони Рӯдакӣ мавриди тахриби аҷнабиён қарор гирифта, вале аз байн нарафтааст ва дар дилҳо маскан ёфта, аз насл ба насл то имрӯз расидааст.

Дар ибтидои асри ХХ бо рушди пантуркизм раванди туркӣ кардани матни сурудҳои «Шашмақом» низ аз нав ривоҷ пайдо кард. Тавре ки шашмақомшиноси варзида Наим Ҳакимов бо далелҳои муътамад ба субут расондааст, туркгароён бо пуштибонии Файзулло Хоҷаев ва сарвариву назорати Абдурауф Фитрат бо истифода аз мусиқишиносони маъруфи рус В.А.Беляев, В.А. Успенский ва Н. Миронов ҳангоми бори аввал ба нота даровардани «Шашмақом» матни шеърҳои аксари мақомҳоро сабт намекунанд ва ё ба ашъори туркӣ иваз менамоянд. Онҳо ба ҳар васила саъй менамуданд, ки «Шашмақом»-ро ҳамчун осори мусиқии мардуми ӯзбек ба қалам диҳанд. Дар ин роҳ ба хусус Файзулло Хоҷаев ва Фитрат хеле саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд, Бо хиёнати ба қавли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «ин фарзандони нохалафи миллати тоҷик» аксари сурудҳои тоҷикии «Шашмақом» аз байн рафтанд ва ҷои онҳоро ашъори туркӣ гирифт. Яке аз ҳамин сурудҳо «Муноҷот» буд, ки мутаассифона, матни нахустину аслии он боқӣ намондааст. Ин сурудро ҳофизони маъруф Содирхон, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Барно Исҳоқова ва дигарон бо маҳорати баланди сарояндагӣ ба забони узбекӣ иҷро кардаанд. Оҳанги ғамангези ин суруд ба Ҷӯрабек Муродов хеле писанд буд, ба хусус дар лаҳзаҳои ранҷурӣ аз каҷдору марезҳои замон, аз таҳқиру беэҳтиромиҳо нисбат ба ҳунари асил, аз бухлу ҳасади тоифаи нотавонбин ва нохушиҳои дигари рӯзгор ба ин суруд рӯй меовард ва аз оҳанги он тасаллӣ меёфт. Вале матни он ӯро наметавонист пурра қонеъ намояд, зеро дар шеър шиква аз ҷудоии маъшуқ мерафт, оҳанг бошад дорои авҷи баланди фалакӣ буда, тақозои эҳсосоти густурдатару васеътар мекард. Аз ин рӯ, ӯ дар ҷустуҷӯи шеъре шуд, ки ба ин оҳанг созгор бошад. Ниҳоят пас аз ҷустуҷӯйҳои зиёду мутолиаи чандин девону маҷмӯаҳои ашъори шоирон як ғазали Нақибхон Туғрал таваҷҷӯҳи ӯро ҷалб намуд. Дар он ғазал шоир аз ҷавру бедоди замон шикоят мекунад. Дар ин ғазал садои дили ранҷури шахси эҷодкор эҳсос мешуд, ки ба рӯҳияи ӯ дар он лаҳзаҳо мувофиқ буд. Дарвоқеъ, ин ғазал муноҷоти шоир ба фалаки каҷрафтор буд, ки аз ҳоли ногувору беэътибориаш ҳикоят мекард. Носипосиву қадрношиносии аҳли ҳунар боиси маҳзуниву ғами бекарони шоири назарбаланд гаштааст. Дар ин ғазал на танҳо ғаму ғуссаи ҳунарманди эҷодкор, балки эътирози ӯ низ таҷассум ёфтааст. Дар ҳамаи давру замонҳо рӯзгори аҳли илму адаб ва ҳунару фарҳанг ҳамвор набуда, онҳо сахтиву ранҷҳои зиёд дидаанд. Ба аҳли эҷод гоҳ шодиву хуррамӣ, гоҳ хориву зорӣ, гоҳ роҳату фароғат ва гоҳ азобу машаққат насиб мешуд, вале онҳо дар ҳама ҳолат рисолати аслии худро, ки хидмат ба мардум ва ҳунар аст, адо намудаанд. Туғрал дар ин ғазал дарди дили онҳоро ба қалам додааст.

Дар суруди «Муноҷот» пайванди мазмуну оҳанг ва шеваи иҷро боиси муассир гаштани он шудааст. Мувофиқату таносуби оҳангу мазмун ба ҳамаи сурудҳои Ҷӯрабек Муродов хос буда, ҳусну фазилати онҳост. Вале дар суруди «Муноҷот» ин пайванд ба таври хеле барҷаста зуҳур мекунад. Суруд бо изҳори дарди ботинӣ тавассути муроҷиат ба фалак оғоз меёбад:

Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?!

Рост будам чун алиф, монанди долам кардам!

Хитоби ҷонгудози «Эй фалак» ва кашиши овози о дар калимаҳои дод, ҷафоят, ҳолам, рост, монанд, долам эҳсоси ғамангезу дардолудро барҷаста ифода мекунанд. Дар байти мазкур вожаҳои фалак, дод (ба маънии фарёд), ҷафо бори асосии маъноро мекашанд, аз ин рӯ, сароянда онҳоро мавриди таъкид қарор медиҳад. Барои ифодаи дарду алам дар саросари суруд овози о нақши калон бозидааст, ки бесабаб нест. Инсон дар ҳолатҳои ногувору пайдоиши дард беихтиёр ин овозро ба забон меорад ё суханонеро мегӯяд, ки ин овозро доранд, монанди оҳ, воҳ, вой. Аз ин ҷост, ки дар суруди мазкур аз ҳама бештар овози о ва муродифи кутоҳаш а ба назар мерасад. Дар ҳар мисраъ ин овоз чандин бор такрор шуда, барои баёни ғаму андӯҳи ботинӣ мусоидат кардааст. Зимнан бояд гуфт, ки овози о ҳама ҷо бо кашиши яксон талаффуз намешавад. Масалан, дар мисраи дувуми матлаъ, ки тазоди замони пириву ҷавонӣ таъкид мешавад, дар калимаи рост кашиши бештар дорад, вале дар вожаи дол, ки ишора ба қомати хамида аст, овози о кӯтоҳтару пасттар садо медиҳад. Яъне овози мазкур барои таҷассуми ду давраи зиндагии инсон, ки дар ҷавонӣ қомати чун алиф росту дар пирӣ қомати чун ҳарфи дол хамида дорад, мадад расондааст. Корбурди калимаи кардаӣ низ, ки чун радиф дар ҳар байт такрор мешавад, вазъи ногувори гӯяндаро дар пириву барҷомондагӣ ироа менамояд. Ба ин минвол метавон ҳар мисраъу байт ва ҳар ибораву таркиб ва вожаву овозро баррасӣ кард ва ошкор кард, ки онҳо барои ифодаи мазмуни аслии суруд, ки ибрози дарду эътироз аст, мусоидат намудаанд…

Табибони бузурги гузашта мисли Абӯалӣ ибни Сино ва тибби муосир арзиши табобатии мусиқиро таъкид кардаанд, Ҳатто имрӯз бахши мусиқишифоӣ (мусиқитерапия) ба вуҷуд омадааст ва тавассути оҳангу сурудҳо ба дардҳои гуногун шифо мебахшанд. Суруди «Муноҷот»-ро табибон метавонанд барои муолиҷаи бемориҳое, ки дар заминаи ноумедиву ошуфтагӣ сар задаанд, истифода баранд.

Суруди «Муноҷот» воқеан, аз беҳтарин сурудҳои бозгӯйкунандаи дарди дили ҳунарманди асили эҷодкор аст. Суруд на танҳо рӯҳи шунавандаро ба навозиш меорад, балки ба андешаву хираду ӯ низ асар мегузорад. Он моҳияти фалсафӣ дошта, касро ба андеша водор месозад. Суруд моломоли дард аст, вале он шунавандаро ба яъсу ноумедӣ намебарад, балки чун эътироз садо дода, дар поён тобиши ғурури виқорро ифода менамояд ва хушбинона садо медиҳад:

Дар ҳавои мӯшикофӣ Туғралам пар мезанад,

То ту, эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ!

Оре, ба рағми ҳама сахтиву душвориҳо ҳунарманди асил мисли уқоб дар ҳавои зиндагӣ баландпарвозӣ мекунад.

Дар суруде низ, ки бар матни Тошхӯҷа Асирӣ эҷод шудааст, таъсири оҳангҳои «Шашмақом» эҳсос мешавад. Дар ин суруд, ки ранҷи падар дар тарбияи фарзанд ифода ёфтааст, мутриб матлаби шоирро хеле муассир баён намудааст. Суруд арзиши баланди ахлоқӣ дошта, ҷавононро ба шинохтани қадри заҳматҳои падарон ва эҳтирому пос доштани ҳурмату иззати онҳо талқин менамояд. Ҳам мазмуни суруд ва ҳам оҳанги ҳазини он шунавандаро ба андеша водор менамояд.

Ҷӯрабек Муродов дар пайравӣ аз устодони бузурги «Шашмақом» «Ушшоқи Душанбе»-ро бар матни Лоиқ офарида, ин силсиларо идома додааст ва дар рушди мусиқии классикӣ саҳм гузоштааст.

Консерти охирини ӯ, ки аз тариқи онлайн намоиш дода шуд, далели он аст, ки ин ҳофизи мумтоз пайваста эҷод мекунад ва садои ӯ қавию дилнишин аст. Ҷанбаи ахлоқиву тарбиявӣ, андарзу насиҳати бузургон дар сурудҳояш бештар шудаанд, ки ин дар тарбияи маънавии мардум имрӯз хеле зарур аст.

Тавре зикр шуд, дар сурудҳои Ҷӯрабек Муродов, ба хусус дар сурудҳои охирини ӯ омезиши навоҳои «Шашмақом» ва таронаҳои халқиву «Фалак» равшан ҳувайдост. Таҳқиқу омӯзиши ҳарҷонибаи онҳо бешубҳа барои тарбияи ҳунарпешагони ҷавон мусоидат хоҳад кард. Вале мутаассифона, ҳоло ба ин касе эътибор намедиҳад, дар радиову телевизион ва маросимҳои расмии идона хеле кам сурудҳои ӯ истифода мешаванд. Ҳоло вақти он аст, ки «Академияи Ҷӯрабек Муродов» таъсис ёбад, то ки ҳунари волои ин ҳунарманди беназир, Борбади замон омӯхта ва паҳн карда шавад.

Мирзо Муллоаҳмад,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь