Дар он айёми дур вақте, ки як навраси кӯҳистонӣ дар деҳаи кӯчаки Кӯҳрӯд алифбои мусиқиро аз падари бузургвор ва бародари азизаш омӯхт, оё тасаввур мекард, ки ахиран ба ҷаҳони ҳунари бекарона, ба дунёи ҷовидонаи чангу чағонаву созу тарона ворид мешавад ва ин дунё ба вай умри ҷовидона мебахшад?!
Мардум мегӯяд, ки хунёгар Ҷӯрабек Муродов мисли кабӯтари озод парзанон аз Кӯҳрӯд берун рафту болафшон ними ҷаҳонро сайр кард. Ва боз мегӯянд: Бо ин ҳама таърифу тавсифу ситоишҳо, ки дар ҳақи устод Ҷӯрабек Муродов ба забон меоранду менависанду асарҳо таълиф намудаанд, агар ба ҷойи вай каси дигар мебуд, шояд сараш ба осмон дакка мехӯрду пойҳояш аз замин канда мешуданд. Вале дар саҳнаҳо, дар суҳбатҳо, рафтору гуфтору кирдорҳояш мебинему мушоҳида менамоем, ки ӯ бо ин ҳама шуҳрату шон ҳамоно марди орому ботамкин аст, бо хурду калон, пиру ҷавон хоксорона, самимона, бо мехру муҳаббат сухан мегӯяду муносибат менамояд. Ҳунари овозхонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар сирати устод Ҷӯрабек Муродов чун ширу шакар пайванди ногустанӣ дорад. Покмазҳариву тозагӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ хориқаи модарзодии ӯст.
Чашмаҳоят чашмаи шеъру суруд,
Қуллаҳоят пайки пайғому дуруд.
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ҷонпарвари ман.
Воқеъан, ҳам дар ситоиши ҳунару истеъдоди худододу овози малакутӣ, инсондӯстию одамгарӣ, сабру таҳаммули устод Ҷӯрабек Муродов мухлисон, муҳаққиқон, санъатшиносон рӯзноманигорон, шоирону нависандагон, ҳамкасбону ҳаммаслаконаш бисёриҳо дурри маъонӣ суфтаанд, вале онҳо худ қоиланд, ки дар баёни фикри хеш ҳанӯз муваффақ нашудаанду ба ҳадаф нарасидаанд, шабеҳи он, ки дар тавсифу тасвири сайёраамон мегӯянд: бузург аст, хеле бузург, вале то куҷо бузург аст, ҳеҷ кас тасаввурурот надораду ҳадс задан наметавонад. Ба ҳамин монанд, аз мутолиаи навиштаҳои вассофони ҳунару истеъдоди устод Ҷӯрабек Муродов пай мебарем, ки сатре, маъние дар ситоиши ӯ муболиға нашудааст, зеро ному ҳунару эҷоди ин нобиғаи санъати тоҷик ба ин ниёз надорад. Дили саршори муҳаббату садоқат ба Ватан, миллат, Модар ва меҳри Худованд ӯро бузургу поянда медоранд.
Маро дунё нахоҳад кушт, то дунёи дил дорам,
Маро дарё нахоҳад бурд, то дарёи дил дорам.
Ҳама бӯҳтоннависонро кунам огоҳ пеш аз марг:
Шумо имрӯз мсмиред, ман фардои дил дорам.
-мегӯяд бо замзама Ҷӯрабек Муродов аз забони устоди зиндаёд Лоиқ. Оре, чунин истеъдодҳои нотакрор, чунин дилбастагони халқу Ватан, чунин ахтарони дурахшони фалаки маонӣ ҳаргиз намемиранд, ному хизматҳои онҳо дар рушду нумӯи санъату фарҳанги миллӣ сабт гаштаанд.
Хушо, ки Ҳаким Абулқосими Фирдавсии бузургвор фармудааст:
Ба номи наку гар бимирам, равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост.
«Агар хоҳӣ, ки дар дида ҷо шавӣ, хоки роҳ шав»- гуфтаанд. Ҳамин ҳикмати халқӣ дар рагу пайу рӯҳу равони Ҷӯрабек Муродов амиқ реша давонидааст. Вай бо созу овози дилошӯб сидқан замзама менамояд: «Ба назди хоксорон хоки роҳам». Мегӯянд: «Ҷӯрабек Муродов хислати баланди инсоният дорад, ки агар дар хонаи камбағале меҳмон шаваду соҳибхона ӯро дар болои пӯстак шинонад ҳам, бемалол шиштан мегирад, агар як косаи об, як лаби нони хушк дар пешаш гузоранд, шукр мекунад».
Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,
Эй ҳеҷ, зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч.
Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас,
Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.
Ба як маънӣ ин шахсияти аз дурдонаҳои осори бадеӣ ва хазинаи илми мусиқии ватанию ҷаҳонӣ бархурдор аз зиндагиномаи бузургон сабақи бисёр гирифтаю худошиносиву худогоҳӣ дар мағз андар мағзи худ ҳазм намудааст.
Устод Ҷӯрабек Муродов бо ҳама қудрату дороии моддиву маънавии худ қасру кушкҳо насохтааст, худдонамию худписандиро намепарастад, чун аксари мардум зиндагии муқаррарӣ дорад. Худованд ба ивази неъматҳои додааш аз бандагон фақат шукру сипос, сабру таҳаммул, қаноат металабад ва ҳаққо, ки устод Ҷӯрабек Муродов аз зумраи чунин инсонҳои шикастанафс мебошад.
Зи баднафсию пурхорӣ басо савдогарон мурданд,
Зи ҳар савдо намемирам, то савдои дил дорам.
Мардум мегӯяд: Ҷӯрабек пулдӯстдор нест, гулдӯстдору дилдӯстдор аст. Барои ҳамин дар ҳар барномаҳои консертӣ туҳфаи мухлисонаш барои дили худ гулу гулдастаҳоянд, ба қавле дар ҳар навбати сурудхониҳояш дар саҳнаҳои муҳташам аз сар то ба қадами ин нобиғаи санъат кохи гул мерезад.
Дар солҳои шӯравӣ сиёсати давлату ҳукумати ҷумҳурӣ чунин буд, ки тарбияи инсони қаноатпеша, шикастанафс, дур аз ҳирсу тамаъ, парҳез аз сарватмандию сарватталошӣ, ҳавобаландию одамнописандӣ дар мадди аввал меистод. Расидан ба қадри мардуми заҳматқарин, худро боло надонистан аз мардуми одӣ, қалби поку нияти нек доштан, дасти тамаъ дароз накардан ба моликияти ҷамъиятӣ, эътирофу эҳтироми волоияти қонун – беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб меёфтанд, ки маҳз соҳибони чунин хислатҳои наҷиби инсонӣ мақоми худро дар ҷамъият, дар байни мардум меёфтанду сазовори ҳурмати ҳамагон мешуданд. Беҳдошти рӯзгори мардум, ободонии шаҳру деҳот, мустаҳкам кардани пояҳои иқтисодии мамлакат аз баракати кори дастҷамъона вобаста аст. Ҷӯрабек Муродов ҳофизи дӯстдоштаи халқ, тараннумгари дӯстию сулҳу суботи кишвар, тарғибгари фарҳанги миллӣ дар сафарҳои ҳунарӣ бо барномаҳои ҳунарии худ, бо созу навоҳои дилошӯби худ тамошобинонро рӯҳбаланд мекарданд. Дар сафарҳои ҳунарии хориҷӣ низ ҳамин тартиби худшиносиву худогоҳии миллиро қатъиян риоя намуда, васфи Тоҷикистони маҳбуб, бузургии миллати тоҷик, расму ойин ва суннатҳои аҷдодиро дар байни халқҳои олам муаррифӣ мекард.
Тоҷикам ман, тоҷикам ман, тоҷикам,
Бо Ватан ҳамҷону ҳамтан тоҷикам…
Бо мардуми заҳматкаш ва роҳбарони поквиҷдон нишастан барояш мояи ифтихор аст. Дар урфият мегӯянд, ки «агар хоҳӣ, забонат дароз бошад, дастатро кӯтаҳ дор». Устод Ҷӯрабек Муродов дар ҳама ҷо, хоҳ дар саҳна ва хоҳ дар сафарҳои ҳунарӣ аз рӯи ҳамин ҳикмати халқ амал мекунад, як нафас ҷудо будан аз халқ барояш тасаввурнопазир аст. Вай медонад ва дарк мекунад, ки мардуми одӣ ҳар як рафтору гуфтори шахси машҳурро месанҷаду баҳо медиҳад, зеро бори аз ҳама вазини дар зиндагӣ ин бору шуҳрату мансаб аст. Аз ин рӯ, пайваста «Халқи азизам!» гуфтани Ҷӯрабек Муродов бесабаб нест, мабодо ҳунарпеша ё амалдоре бо амали ноҷое, бо пой берун ниҳодан аз ҷодаи одамгарӣ дар назари халқ бад намояд, он гоҳ на неруи ҳунару эҷод ва на мақоми ишғолнамудаи ӯ дар ҷамъият заррае қадру қимате надорад.
Бо вуҷуди ин, дар миёни сиёсатмадорони мансабхоҳу мансабталоши он замон кам набуданд ашхосе, ки мардуми кӯҳистонро ба эътибор намегирифтанд ва дар пешбурди сиёсат аз рӯи чунин мақоли халқӣ амал мекарданд: «Аввал хешу баъд дарвеш». Онҳо бо ҳиллаву найрангҳои сиёсӣ дар байни аҳолии деҳаҳо, минтақаҳо тухми низоъ мекоштанд. Ин қабил одамони разил ҳамчун одамони ҳасуд, бахил, нотавонбин ном бароварда буданд. Устод Ҷӯрабек Муродов ва устодону дӯстони қарини ҳампешаву ҳаммаслаконаш Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҳошиму Сотим Улуғзода, Муъмин Қаноату Лоиқу Гулназар, Одина Ҳошиму Зафар Нозим, ки дар сафи пеши тарғибгарони суннатҳои миллӣ ва ситоишгарони дӯстию ҳамдилӣ қадам мезаданд, бо чунин мансабдорон оштинопазир буданд. Онҳо ҳаргиз бо ҳокимони давр наздикӣ ҷустанро ба худ раво намедиданд, ҳарчанде чунин имкониятҳо барояшон фаровон буд. Ошкорбаёнӣ, ҳақҷӯиву ҳақталабӣ, поквиҷдонӣ, бо камбудиҳо созгор набудан дар рӯҳу равони устод Ҷӯрабек Муродов маҳкам реша давонидаанд. Барои устод Ҷӯрабек Муродов манфиати тамаллуқ задан, дурӯягию забонбозӣ аз хӯю хислати ӯ фарсахҳо дур аст. Барои ҳамин на танҳо аз байни санъаткорони ҳасуд, балки аз зумраи воломақомони арсаи сиёсат рақибонашон кам набуданд ва ӯ дар зиндагӣ аз ноҷавонмардон басо ҷафо ҳам дидааст. Рост аст, ки мегӯянд, ки: «Кӯҳистониён мардумони сарсахт, ба мушкилиҳо тобоваранд, аз даврони қадим ҳамаи сахтиҳои зиндагиро аз сар гузаронидаанду мисли хоросанг тобовар, сахту дурушт шудаанд. Дар ин мавридҳо ба устод Ҷӯрабек Муродов барин нобиғаи санъат ҳукми анъана шудааст, ки алайҳи ноҷӯриҳои баъзе ноҷӯрҳо сози худро ҷӯр мекунанду аз ашъори суханварон байтҳое интихоб менамоянд, ки дархӯри табъу дарди дили ғамошнояшон бошанд.
Ман дардро ба тоқати дармон супурдаам,
Номардро ба нафрати мардон супурдаам…
Сар то ба пой дардаму дармонда нестам,
Ман дардро ба довари даврон супурдаам…
Ҳамин аст, ки аз қадим дар деҳоти кӯҳистони тоҷик хонадоне набуду нест, ки ин ё он асбоби мусиқӣ надошта бошад, аксари онҳо бо садои тамбӯру думраву дойра нидои дили худро ба гӯши фалаки беинтиҳо мерасонанд. Оре, маҳз ноҷӯриҳои замона водор намудааст, ки Ҷӯрабек Муродов барин фарзандони барӯманди халқ аз дарду алам сароянду дар фазои беинтиҳо овоз баланд кунанд, дарди дили хеш, ошиқи зори зиндагӣ, бо Ватан, бо халқ ҳамдилу ҳамҷон буданашонро дар олами бепаҳно изҳор намоянд.
Артисти Халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Ҷӯрабек Муродов ҳар гоҳе, ки ба зодгоҳаш деҳаи Кӯҳрӯд меояд, хотироти овони наврасӣ дар рӯҳу равонаш бедор мешаванд ва худ ба худ мегӯяд: «Хушо, ин ҷо макони биҳиштосост, ин кӯҳу дара, чашмасорону гулу гияҳу кӯҳдомани сабзу хуррам! Не, не, на фақат дар ин ҷо, балки дар Бадахшон, дар Кӯлоб, дар Душанбе, дар Ҳисор, дар Хуҷанд, дар Раштон, дар ҳар ҷое, ки халқи азизам, мухлисони созу таронаҳоям дар канору рӯ ба рӯи мананд, он ҷо макони биҳиштосоям хоҳад буд!».
Эй дӯстони ҷонӣ, бо ҳам будан ғанимат,
Як лаҳза шоду масрур, беғам будан ғанимат.
Бе дӯст зистанҳо ҳаргиз фараҳ надорад,
Шукри ғанимати умр, одам будан ғанимат…
Азизмурод ШАРИФОВ, корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон