Кадом мақомот бояд садди сели сурудаҳои кӯчабоғӣ шавад?
Ҳамарӯза аз ҷониби сарояндагон ё шахсони хондаву нохонда дар сомонаҳо ва нуқтаҳои фиттафурӯшӣ “сурудҳои” нав ба наву “тозаэҷод” паҳн мегарданд. Ва бештари онҳо ҳазорҳо ҳазор шунаванда ҳам доранд. Аудиторияи имрӯза ба мазмуну муҳтавои шеър аҳамият медиҳад ё не?
Албатта, ҳастанд ҳофизони ҳирфаие, ки ба мазмуну оҳанг ва суруди мехондаи худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, чун хуб медонанд, ки мусиқии хуб сарҳад надораду агар он босифат бошад, арзишаш болост. Аммо агар шинохтаҳо ба иштибоҳ роҳ диҳанд, пас навомӯзон аз онҳо чӣ ибрат мегиранд?
Барои шумо сурудеро пешниҳод мекунем, то ки худатон қазоват кунед:
– Эй,бибӣ Санамҷоне, ҳай машавад, ҳей, ҳей, ҳей анори Систоне,
Бибӣ Санамҷоне, анори Систоне.
Ба Дарвози Кулобҷон ҷойи санамҷоне,
Ба Дарвози Кӯлобҷон ҷойи модарҷоне.
Ҳей, ҳей, ҳей, ҳей, ҳей
Биё ёрҷон даме якҷоя бошем,
Бибӣ Санамҷоне, анори Систоне
Чи парво пеши по уфтода бошем.
Бибӣ Санамҷоне анори Систоне
Ту қумриву ту тутиву ту булбул
Биби Санамҷоне анори Систоне
Ману ту ошиқони сода бошем.
Бибӣ Санамҷоне анори Систоне
Ҳей, Бибисанам ҷоне анори Систоне
Бибӣ Санамҷоне анори Систоне
Ба Дарвози Кӯлобҷон ҷойи модарҷоне
Ба Дарвози Кӯлобҷон ҷойи модарҷоне…
Сарояндаи ин суруд Фарзонаи Хуршед аст ва номи суруд “Бибӣ Санам”. Бибӣ Санам дар ҳақиқат ба қалбу гӯши “соҳибзавқон” хона карда …
Мо дар ин миён нуқтаи назари шунавандагонро гирифтем, ки то чи андоза ба суруд ва мазмуни он аҳамият медиҳанд.
Маҷидова Мафтуна – як шунавандаи сурудҳои муосир мегӯяд:
– Бархе аз ҳофизони навбаромад вақте суруд мехонанд, ростӣ, ман намефахмам, ки онҳо чӣ мегӯянд, чун мазмуни матнашон хато он тараф истад, тамоман маънӣ надорад. Бо вуҷуди ин, тамоман қофия низ надорад. Ман намегӯям, ҳама сарояндагон чунинанд. Ҳастанд албатта, сурудҳои беҳтарин, ки шахсан худам агар 100 бор ҳам гӯш кунам, боз мехохам ба садои эшон гӯш фаро диҳам. Вале мутаассифона, ҷои сурудҳои бемаъниву берабт зиёд шуда истодааст, ки аламбору риққатовар аст… Ва бешак ин аз завқи пасти ҷавонон дарак медиҳад, ки аксар шунавандаи чунин сурудаҳои кӯчабоғиву тумтароқ ҳаминҳоянд.
Албатта, мо ин сурудро барои мисол инҷо овардем ва ба монанди он чунин сурудаҳо лак андар лаканд ва рӯз то рӯз зиёд мешаванду кам не. Сарояндаҳои шинохта дар ҳоле беаҳамиятӣ мекунанд, насли баъдӣ чӣ меомӯзад? Ин мавзӯи ҷадид нест ва солҳост, ки пайгирӣ мешаваду мутаассифона то ҳол роҳи ҳал наёфтааст.
Ҳофизони имрӯз намуна ба ҷавонони имрӯз мешаванду ҷавонони имрӯз намуна ба сарояндагони оянда. Абдулмалик Баракаев – ҷавоне, ки ҳоло дар риштаи санъат таҳсил дораду оянда санъаткор шуданист, дар бобати мазмуни шеъру интихоби худ бар чунин назараст:
– Ман ҳамчун донишҷӯйе, ки оянда сароянда шуданиям, мегӯям, ки вақте суруде хонданӣ шудам, аввал ба маънояш аҳамият медиҳам, чун писанд омад, пасон месароям. Ҳоло дар мо ҳам сурудҳое ҳастанд, ки пурмаъноянд ва ҳам сурудҳое ҳастанд, ки бемаъноянд. Сурудҳои бемуҳтавову пастмаъно сабаби паст шудани номи ҳофизони дигар мешавад.
Акнун биёед биандешем, ки инро кӣ бояд назорат барад? Зеро ҳар як суруд муаррификунандаи фарҳанги як кишвар аст. Ҳар касе ин гуна байтҳои тумтароқро бишнавад, ба чи хулоса меояд? Вобаста ба назорати сурудҳо бо намояндаи Вазорати фарҳанг тамос гирифтем ва ҳарчанд исрор намудем, ин масъул номашро баён накард ва бо мушкилӣ танҳо чанд ҷумла ҷавоби нопурра ва муҷмал гирифтем.
– Ҳастанд сарояндаҳое, ки тобеи вазорат ҳастанд, яъне сарояндаҳое, ки дар чорабиниҳои ҳукуматӣ баромад мекунанд, онҳо бо шоирони машҳур ё онҳое, ки аъзои Иттифоқи нависандагон ҳастанд ҳамроҳ кор мебаранд. Ва ҳастанд сарояндаҳои халқӣ…
Дар инҷо телефон бо баҳонае хомӯш гардид. Баъд аз зангҳои бешумор чунин посух доданд, ки “Ба Вазорат оед, мутахассисон ба шумо ҷавоб мегардонанд”. Ба Вазорати фарҳанг ҳам рафтему ба Раёсати санъат муроҷиат намудем. Ба саволи матраҳ оид ба назорати сурудаҳои бемаънову муҳтавояшон паст чунин ҷавоб гирифтем:
– Вазорати фарҳанг сиёсати фарҳангии Тоҷикистонро пеш мебарад. Дар салоҳияти мо нест, ки ба як кас гӯем, суруд хон, ё ки нахон. Мо аз рӯи муассисаҳо, ансамблҳо ё ҳунармандое, ки дар тобеъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, кор мебарем ва ба он ҷавобгарем. Ҳар ҳунарманде, ки ба муассисаҳо ба кор меравад, аввал аз шуъбаи фарҳанги он муассиса мегузарад. Пеш аз қабул ҳар якеро месанҷанд, ки оё хонда метавонад ё не. Ва як чизи дигар, ки ҳар шеъре, ки тавассути радио ва телевизион монда мешавад, бояд шӯъбаи бадеии Кумитаи телевизион ва радио ҷавоб диҳад. Вазорати фарҳанг сарояндаҳои озодро ба қайд намегирад, ваколат ба мо дода шудагӣ нест. Онҳо озоданд. Агар ба мо муроҷиат кунанд, аз Шӯрои бадеӣ мегузаронем, фикру андешаҳоямонро мегӯем. Ҳар шеъре, ки сарояндаҳои озод мехонанд, пеш аз ҳама аввал ҷавобашро худашон бояд диҳанд. Дуюм Кумитаи радио ва телевизион, ки сурудҳояшонро мемонад, онҳо бояд ҷавоб диҳанд. Агар, ки ба мо муроҷиат карданд, мо ҳамин чизҳоя дида мебароем.
Дар ҳақиқати ҳол, бояд иштибоҳҳоро ислоҳ кард, зеро шахси намуна ибрат ба ҷомеа аст. Имрӯз хоҳ сарояндаи озод бошад, хоҳ сарояндаи муассисавӣ бояд пеш аз ҳама ба он чизе, ки месарояд, аҳамият диҳад, зеро шахсияти шинохта намуна бар дигарон аст. Вале пеши роҳи сели сурудаҳои бемаъниву бемуҳтаво ва тумтароқро бояд кӣ боздорад?
Шаҳзод Зафарҷон