Агар ба таҳқиқ ба ҷомеаи инсонӣ назар афканем дар мароҳили гуногуни рӯзгори башар, дар баробари андешаҳои солиму созанда андешаҳои эҳсосӣ ва тахаюлӣ низ фарҳанги башариятро фаро гирифтааст. Яъне ба тарзи дигар фарҳанги башар моломол аз андешаҳо, амалкардҳо ва рафтоҳову қолабҳои шахшуда аст, ки онҳо на аз роҳи хирад, балки аз роҳи эҳсос тахаюл ва бовар ба вуҷуд омада ҳазорсолаҳо инсонҳо ононро думболагирӣ намудаанд. Яъне дар фарҳанги башарӣ на ҳама аз он амалкардҳову рафторҳо, арзишҳо ва падидаҳои зеҳнӣ мутааллиқи хирадгароианд ва аз роҳи таҷриба ва мантиқ ба даст омадаанд. Баръакс қисмати зиёди инсонҳо аксар аз ин дидгоҳҳо арзишҳо ва қолабҳои фикриро аз падару бобоёни худ ба мерос мегиранд ва онро бидуни ин ки мавриди пурсишгарӣ ва интиқод қарор диҳанд, мисли як қолаб пазируфтаанд ва ин қолабҳо аз наслҳо ба наслҳои дигар идома пайдо мекунад.
Дар ин росто метавон донишҳои башарро ба ду даста тақсим намуд. Донишҳое, ки хусусияти илмӣ доранд ва аз таҷрибаву истидлол ва мантиқ баромадаанд ва донишҳое, ки аз эҳсос, тасвир, тахаюл ва имону эътиқод берун омадаанд. Ин даста донишҳоро метавон донишҳои ғайриилмӣ ном бурд.
Мусаллам аст, ки ҳақиқатҳои ҷаҳон ва воқеъияти олами ҳастӣ барои як инсон наметавонад дар як воҳид даст диҳад, балки дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо воқеъияти падидаву ашёҳо зина ба зина метавонанд барои инсоният ошкор гарданд. Аммо зеҳни ҷустуҷугарии инсон мехоҳад аз роҳи эҳсосу тахаюл ба падидаҳои гирду атроф ҷавоб ҷӯяд. Ҳамин аст, ки тасаввуроти зеҳнии инсон, тахаюл ва боварҳоро бар сари воқеъият бор карда мешаванд.
Танҳо аз ҷамъи инсонҳо афроди муайяне дар ҳар давр кӯшиш ба харҷ медиҳанд то аз роҳи дурусти шинохт падидаҳову воқеаҳоро бишносанд ва ба онҳо баҳои воқеӣ ва арзиши илмӣ бидиҳанд. Ин нафарон донишмандон, мутафаккирон, хирадпешагон ва файласуфон мебошанд. Ин нафарон дар ҳар марҳилаи таърих ва фарҳанги башар зуҳур намудаанд ва аз роҳи донишу хирад афкор, ақида, арзиш ва мавҳумоти дар ҷомеа ва фарҳанги замони худ бударо пай бурдаанд ва онро шинохта пажӯҳиш намуда тарзи илмии онро муайян карда, ҷомеаи хешро аз таваҳумзадагию хурофагароӣ наҷот додаанд. Ин нафарон дар таърихи тамадуни башарӣ ва ҳавзаҳои фарҳангии минтақавию миллӣ ҳамчун равшангарон ё мунавварфикрон зикр гардидаанд. Онон бо роҳи хирадафрӯзӣ ва ҷасорати том дардҳои ҷомеаи хешро ошкор сохта, роҳи равшан ва дурусту илмиро барои мардумон ва дар маҷмуъ башарият ироъа намудаанд.
Яке аз навъҳои дониши ғайриилмӣ аз таваҳҳум, хаёл ва бовармандӣ маншаъ мегирад, ки онҳо дар шакли муназзаму созмонёфта боварҳои гуногун ва эътиқодотро ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки ҳама анвои донишҳои бовармандиро, ки фарогири қиссаҳо, ривоёт, асотир, хурофот ва амсоли ин ҷавҳарашонро бовару эътиқод ташкил медиҳад. Ин навъи донишҳо аз лиҳози ин ки таҳқиқёфта, озмудашуда ё таҷрибашуда бошанд ҳеҷ мадорику далеле вуҷуд надорад. Донишҳои бовармандӣ таҷрибапазир нестанд. Онҳо ба айният сару кор надоранд, озмоишшаванда нестанд, балки бар асоси тасаввуроти зеҳнӣ, шабаҳҳо, афсонаҳо ва асотирҳои ғайри қобили исбот бунёд мешаванд. Мардумшиносон ва ҷомеашиносон муътақидан, ки ин навъи донишҳои тасвириву тахаюлӣ, ки баъдан омехта ба бовари аксари мардумони ҷомеа мегарданд, маҳсули таърихии ниёзҳои руҳиву равонии инсонҳои аввалияи танҳо ва дар таҳдид барои ёфтани нерӯҳои ёвари фаробашарӣ ба миён омадааст. Бовармандӣ ва ҷодугарӣ бар ҳамин навъи донишу бинишҳое устуворанд, ки аз тасаввуроту хаёлоти боварҳои зеҳнии ғайри қобили таҷрибаю озмоиши инсонҳову ҷомеаҳои аввалия аз маргу зиндагӣ мавҷудоти хиёлӣ, арвоҳи хабиса ё ёридиҳандае мисли бутҳо ё сохтаҳои табиие, ки онҳоро инсонҳо дар шакли маъбад ё маъбуд қабул намудаанд. Дар дарозои зиндагии иҷтимоӣ ин навъи донишу тасаввуроти зеҳнӣ дар чорчӯбаҳои ниёзҳои инсонӣ, тарс изтироб, оғоз гардида ва бо дуо, намоз, назр ниёз ва ҷодуву ҷанбал давом оварда ҷанбаи иҷтимоӣ ба худ гирифтаанд.
Дар ин раванд иддае аз нафароне пайдо шудаанд, ки бовару эътиқоди мардумонро ба воситаи рӯзгузаронӣ ва нуфузу ҳайсияти иҷтимоӣ табдил дода, табақоти муайянеро ҳамчун табақаи ҳимояткунандаи арзишҳои бовармандӣ ташкил намудаанд. Ин табақа дар дарозои таърих барои давому бақои хеш аз боварҳои мардумон сӯистифода намуда, кушидаанд то дар онон ҳамин гуна донишу бинишҳоро тарвиҷ бидиҳанд. Зеро ин табақа ҳамеша аз нодонии мардумон баҳракашӣ намуда, дӯкони тиҷорати хешро гардон намудаанд. Ҳамин аст, ки донишҳои бовармандиву тахаюлӣ ҳеҷ гоҳ бо ақлонияту мантиқи фалсафӣ обашон дар як кӯза дар намеояд. Онҳо ҳеҷ гоҳ бо ёфтаҳо ва додаҳои илмӣ мувофиқ нестанд. Онҳо бо сиҳатии илмӣ ҳамеша дар мухолифат қарор мегиранд, қобили озмоишу таҷриба ва исбот будани иддаоҳояшон ин аст, ки мароҷеи ин гуна донишҳо ба тарзи умумӣ метавонанд дар мақолаҳои асосии фалсафӣ мисли ҳастӣ, зиндагӣ, марг, пайдоишу хилқат, иддаоҳои номумкиниро пеш кашанд ва бе ҳеҷ як эҳсосу масъулият дар мавриди ҳамаи саволҳои фалсафӣ ва категорияҳои он аз ҷумла моҳияти ҳастӣ ва ибтидои хилқат ё пайдоиш посухҳои ғайримантиқӣ ва ғайриақлониро ироа медоранд.
Чунин вазъ аз он бармеояд, ки як инсони танҳо ва ваҳмзада дар ин олами нопайдоканор дар ҷустуҷӯи ёру ёвари тавонмандтар аз худ аст, чун ҳанӯз аз қобилиятҳои инсонии хеш огоҳии чандоне надорад, дунболаи афсонаҳои оромбахши тахаюлӣ мегардад. Ҳамчунин аз ҳимоятҳои ҳамешагии гурӯҳҳое, ки аз баҳракашии боварҳои динӣ истифода мебаранд, ин навъ иддаоҳо ва донишҳои ғайримантиқиву ғайриилмӣ ҷойгоҳи бештаре пайдо мекунанд ва тӯдаҳои ниёзманди мардумро ба самти худ ҷалб менамоянд. Ҳамин сабаб аст, ки дидгоҳҳои таваҳумзадаву хурофотӣ ҳарчанд ба таври ошкоро бо воқеъияти мавҷуд мухолифанд, ба назариёти илмӣ ҳамсон нестанд, аммо тӯдаҳои мардум аз онҳо ба тақлид пайравӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар ин навъи донишу боварҳо хусусияти мутлақ доранд ва тағйирпазирии ҳамешагии ҷаҳонро ифода карда наметавонанд. Ҳамин аст, ки донишҳои аз бовар берун омада вақте ба низом медароянд ва дар чорчубаҳои муназзам ироа мешаванд, танзимкунандагони онҳо, ки манфиатбар аз ин навъи донишанд, иҷозат намедиҳанд, ҳеҷ як ҷузъи он дигар шавад ё ҳатто касе дар баробари ҷузъе аз онҳо камтарин шубҳаеро дошта бошад. Ин яке аз тафовутҳои асосии донишҳои ғайриилмӣ ё дидгоҳҳои таассубию хурофотист, ки ҷаҳони дар ҳоли дигаршавиро намепазиранд ва ба таври мушаххас иддаоҳои онҳо аз назарияҳои илмию фалсафӣ ки ҳамеша омодаи тағйиранд, фарқ доранд. Ҳамин вижагӣ будааст, ки ҳазорон сол донишҳои бархоста аз эҳсос ва бовару тахаюлоти зеҳнӣ аз насл ба насл интиқол шудаанд. Гурӯҳҳои баҳракаш аз ин навъи дониш ҳамеша кӯшиш ба харҷ додаанд, то аз роҳи тарвиҷ додани афкори хурофотӣ мардумонро дар бумбастҳои тахаюлотиву зеҳнӣ нигаҳ доранд. Аз тарафи дигар ин гуна донишҳо чун пур аз афсонаҳои печида ба омолу орзуи инсонианд, мардумони соддабовар онҳоро зуд пазируфта, бо ҳамон дунёи тахаюл дар тарсу таадӣ ва руъё ба сар бурдаанд. Ҳеҷ гоҳ кушише ба харҷ надодаанд то аз роҳи хирад ва шинохти воқеъӣ падидаҳои олами ҳастиро дарк намоянд.
Идомати ин равандро дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон махсусан дар кишварҳое, ки ғарқа дар гирдоби тассубу хурофотанд, аз ҷумлави кишварҳои шарқи мусалмоннишин ба тарзи иҷмолӣ метавон ба омилҳои зайл марбут донист:
- То Замони Нав ҳамагонӣ набудани дониш ва аксари нафарони соҳиби донишу хатту савод нафароне будаанд, ки берун омада аз табақаи баҳракаши донишҳои бовармандӣ буданд. Онон ҳамеша манфиатдор буданд то ҳамин гуна дид, ақоид, андеша, арзиш ва тарзи ҷаҳонфаҳмиро ба тӯдаҳои мардум баён намоянд.
- Сиёсатҳои вақт бар пояи арзишҳои бовармандӣ ва донишҳои тахаюлӣ ва эҳсосию зеҳнӣ роҳандозӣ шуда буданд ва таъмини асосии ҳокимияти сиёсиро барои онон ҳамин гуна фаҳм ва ҳамин гуна дониш мусоид гардонида буд.
- Ҳар нафаре агар дар пайи дигарандешӣ ислоҳи вазъ ё баёни назаре, ки ифодагари воқеъият бошад ва ба арзишҳо ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури ба замон ҳоким мухолифат кунад, мавриди тардиди сахт ва ҳукмҳои то ҳадди аз байн бурдан қарор мегирифт.
- Барои аксари мардум ин андеша вуҷуд дошт, ки дониш нақши чандоне надорад. Инсон ҳеҷ чизро иваз карда наметавонад. Яъне тақдирзадагиву фатализим бедод мекард. Аз ин рӯ иддае омӯзиш ва донистани ҳақоиқи ашёҳоро як кори беҳӯда низ меҳисобиданд.
- Аз ҷониби нафароне, ки руҳияи замонро таблиғ мекарданд ин тарзи ҳукм кардан зиёд пазируфта мешуд, ки ҳақиқатро набояд зиёд ҷустуҷӯ кард. Ҳар кас агар онро зиёд ҷустуҷӯ намояд аз доироти бовармандӣ берун мешавад ва ба ӯ барчаспҳои зиёдеро аз қабили “илм бардоштаст”, “ҷунун”, “осишуда”, баргашта ва амсоли инро нисбат додаанд. Ҳамин будааст, ки ҳар касе ҳам агар дар азми баёни андешаи илмӣ будааст, он натавонистааст ба як соддагиву осонӣ ба мардум назари хешро расонад.
- Аз ин ки дар дарозои таърих қисмати зиёди мардум аз навишт ва хатту савод бебаҳра будаанд, онон ҳамеша он чиро, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор ҷиҳати шинохти ҷаҳон ироа шудааст, онро пазируфтаву қабул кардаанд. Вале мутаассифона байни тафаккури донишмандон ва сатҳи умумии бардошту қабули мардуми авом тафовути зиёде будааст ва онҳо ҳеҷ гоҳ аз тарзи андеша ҳақиқатҳои илмии аз ҷониби ин донишмандон рӯи кор омада ва собит шуда бебаҳра мондаанд. Ин ақида махсусан метавонад ба воқеъияти кишварҳои Шарқ махсусан мардуми мо тааллуқ дошта бошад, ки онҳо ҳарчанд бузургонеро дар самти донишҳои табиию риёзӣ ба мисли Закариёи Розӣ, Абуали ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Насруддини Тусӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абунасри Форобӣ, Умари Хаём ва даҳҳои дигар рӯи кор оварданд, вале афкори онҳо ба тарзи чашмгир ва бунёдӣ натавонист ҷомеаро иваз намояд. Дар муқоиса ба кишварҳои ғарбӣ пас аз давраи эҳё ва ба вуҷуд омадани дастгоҳҳои китобчопкунӣ як ҷаҳиши бузурге буд, дар роҳи ҳамагони кардани илму дониш ва ба мардум расонидани дидгоҳ ва назариёти донишмандон. Махсусан саҳми чопи китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварҳои Аврупоӣ тавонист, донишро ҳамагонӣ кунад ва ормонҳои маорифпарваронро ба иҷро дароварад.
- Дар даврони навин агарчи дар аксар аз кишварҳои ҷаҳон датсрасӣ ба донишҳои илмӣ ва маорифи муосир ҳамагонӣ шуд, вале дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ бо таъсири омилҳои берунӣ (геосиёсӣ) ва авомили дохилӣ (сиёсатҳои динмеҳвар ва боварманд) дар ин кишварҳо боиси он гардиданд, ки дар иддае аз ин кишварҳо дониш ҳамагонӣ нашавад, мизони бесаводӣ ниҳоят зиёд аст ва дар иддае агарчи ҳам дониш ҳамагонист, вале бештар ба он донише аҳамият дода мешавад, ки берун омада аз тахаюл ва бовармандӣ бошад. Дар китобҳо, рӯзномаву маҷалот ва расонаҳои ин кишварҳо пур аз афкори пуч, хурофотзада ва ғайриилмиянд, ки ин навъи ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмиро тарвиҷ менамоянд. Ҳамин аст, ки дар ин кишварҳо ҳанӯз тафаккури илмӣ ва тафаккури фалсафӣ ҷойгоҳ ва мақоми муносибе надорад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА, номзади илмҳои фалсафа
Мехохам бе гарав пул