(Хотироте пароканда аз суҳбатҳо бо нависандаи зиндаёд)

 Дар адабиёти солҳои 80-90-уми асри пор насри Баҳманёр ва чанде носирони навгаро ҷазираеро дар уқёнуси бепаҳно мемонданд: хонандаро на мавзуи деҳа ё ҷамъбасти бадеии ин ё он вақеаи деҳ, ки мавзуи маъмулии насри ҳамон даврон буд, балки тарзи тасвир, усули бархӯрди адиб бо дунёи ҳазорранги одамӣ мафтун мекард, ки қабл аз ин танҳо аз даричаи вуқуънигориҳо ё реализми одатшуда менигарист…

Адибе, ки ҳазор-ҳазор хонанда дошту дорад ва маҳбубияти хоса миёни ошиқони каломи бадеъ… Нависандаи тозагӯву тозаназар, бо тасовири шартиву рамзиаш зиндагиро аз равзанае ба мо менамуд, ки қаблан ба он равзана дастрасӣ надоштем. Кайҳонеро дар деҳаи хурде таҷассум мекард… Ҳунари волои устурасозӣ дошт…

Бузурге гуфта, ки зиндагӣ чун саҳнаи театр аст, чӣ қадар намоиш давом мекунад, аҳаммият надорад, муҳим ин аст, ки ҳунарпеша чӣ нақши хотирмоне меофарад. Баҳманёр ҳам дар театри зиндагӣ нақше офариду рафт, аммо чӣ нақши зебое…

Солҳои дар телевизион кор карданам барномаҳои адабӣ омода мекардам ва баъди хондани романи “Ғавғо ва ғазаб” ва ду маҷмуаи ҳикоёти адиби маъруфи амрикоӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соли 1949 Вилям Фолкнер хостам роҷеъ ба ин нависандаи воқеан ҳунарманди модернист барномае созам. Бо устод Баҳманёр дар ин мавзуъ суҳбат кардем, тақрибан якуним соат. Пурсукови банда қабл аз ин суҳбат ва баъди он дар ҳайратам гузошт: Баҳманёр тамоми осори ин нависандаро, ки аз якчанд маҷмӯа ва 19 роман иборат аст, пурра хонда будаанд… 19 роман танҳо аз як адиб! Қабл аз ин ҳам огоҳ будам, ки Баҳманёр хеле пурмутолиа аст ва аз осори нависандагони зиёди равияҳои нав огоҳ.

Аз суҳбати нахуст дарёфтам, ки чун ҳама эҷодкорони асил як навъ “якравие” доранд: он кас қабл аз оғози намоиш бастани галстукро рад карданд: “Бе ин ҳам дасти зиндагӣ дар гулӯямон аст, боз ин чӣ лозим…”.

Дубора хоҳиш кардам, аммо посух қатъӣ буд: ё ман ё галстук. (Намедонам, ҳоло чӣ вазъ бошад, вале он солҳо бастани галстук дар телевизион ҳатмӣ буд). Ҳамин тавр, аз баҳри галстук гузаштем ва нишастем рӯ ба рӯ. Худораҳматӣ одати аҷибе доштанд, ки агар андаке ба фикр раванд, “лай-лай-лай”-гӯён садо мекарданд. Баъди ҳар пораи суҳбат ин садо такрор мешуд. Вақти коркард ё тавре мегӯянд, “монтаж”-и барнома, тақрибан ду соат лозим шуд, ки он садоҳо ҳазф шаванд.

“Қадри зар заргар бидонад” гуфтаанд. Аз он суҳбат ва гуфтугӯҳои баъдӣ дарёфтам, ки Баҳманёр ба осори нависандагоне таваҷҷуҳ дорад, ки воқеан кашшофи розҳои одамианд ва ҳаётро ба гунае дигар тасвир мекунанд. Ҳамон тавре ки адиби бузурги амрикоӣ Ҷон Олдриҷ дар ҳаққи ҳампешааш Вилям Фолкнер гуфтааст: “Ӯ танҳо буду дар танҳоӣ эҷод мекард, мисли як боғбон дар боғи худ. Ончунон бо муҳаббат эҷод мекард, ки осораш тахайюли милёнҳо одамони соҳибандешаро то кунун таҳрик мебахшад…”.

Баҳманёр ҳам чунин эҷодкор буд. Фикр намекунам, ки эҷодиёташ кӯҳнагӣ пайдо кунад. На, замону макони бадеии Баҳманёр баъди садҳо сол ҳам ҳамон гунае хоҳад буд, ки имрӯз ҳаст. Нақшҳои ҳунариаш мондагор хоҳанд буд. Гарчи таърих хислати софкорӣ дорад, кам адибоне аз як қарн ба қарни дигар мегузаранд… Адабиёти асри XX-и тоҷик (замони салтанати Маҳмуди Ғазнавӣ) чаҳорсад шоири соҳибдевонро медонад, вале имрӯз ба ҷуз се-чор нафар дигаронро танҳо мутахассисони нақд ба ёд меоранду бас…

Баҳманёр дар радифи нависандагони дорои сабки хос (фаразан, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Қодири Рустам, Абдулқодири Раҳим, Аброри Зоҳир ва дигарон) қарор дорад, ки эҷодашон ҳам аз сарчашмаи мусаффои адаби классикӣ ва ҳам равияву ҷараёнҳои тозаи адаби ҷаҳонӣ маншаъ гирифтаанд. Образнок гӯем, инҳо ҳар яке барои худ як воҳаи сабзу хуррамеро дар сарзамини насри бадеии тоҷикӣ ба вуҷуд овардаанд ва рангорангии насри муосири мо, қаробати маънавӣ ва ҳунарӣ  пайдо кардани ин наср бо насри классикии форсии тоҷикӣ аз шарофати тозагӯиҳои онҳост.

Солҳои навҷавонии мо, нимаи дувуми солҳои 80-ум устодони сухан ӯро ҳамчун “қаламкаше, ки умедбахш аст ва адабиёти тоҷик аз ӯ чизҳои зиёдеро интизор аст” муаррифӣ мекарданд. Ҳамин гуна шиносоӣ солҳои сол дар нақди адабӣ маъмул буда, ба як навъ қолаби андеша табдил ёфта буд. Ӯ на фақат умедҳои адабиётро бароварда кард, балки ба сари он тоҷи шуҳрат ҳам ниҳод. Солҳои донишҷӯйӣ ҳар ҳикояти навчопашро бо шавқ мехондем ва бо ҳамон маърифати андакамон ҳис мекардем, ки ӯ “дигаргуна” менависад, на фақат тарзи баён, балки нигоҳаш ба олами ашё, ба ҳаводиси зиндагӣ, ба гирудори ботини инсон дигар аст.

Шабеҳ донистани ин ё он адиби забардаст ба ситорае пурдурахш ташбеҳи нав нест: воқеан, дар осмони пурситора ҳар яке ҷилои ба худ хос дорад. Яке аз ҳамин ахтарони осмони адаб Баҳманёр аст, ки дурахши ҷовидона хоҳад дошт. Ҷомии бузургвор дар “Ҳафт авранг”-и хеш ҷойе аз арзиши каломи бадеъ сухан ба миён оварда, онро сабаби бақои номи суханвар номидааст, ки дар муносибат ба осори пургуҳари Бахманёр, ба пиндори банда, муносиб ба назар мерасад:

Чашм пӯшида чанд биншинӣ,

Хезу чашме кушой, то бинӣ.

Қасриён банд дар салосили қаҳр,

Қасрҳо паст аз залозили даҳр.

З-он биноҳо намондааст осор,

Ҷуз китоба ба дафтари ашъор.

В-он иморотро на сар, на бун аст,

Он чӣ боқист, з-он ҳамин сухун аст.

Ёдгорӣ дар ин работи куҳан,

Нест беҳтар зи назму насри сухан…

Ин саҳар китобе лозим шуду шуруъ кардам ба кофтани ҷевону дару девор. Ба қавли Бозор “як хара китоб”-ро тагурӯ кардам ва ногаҳ баромад китоби “Шоҳаншоҳ”-и Баҳманёр. Замоне дар ҳафтавори донишгоҳӣ кор мекардам ва имкони зуд-зуд вохӯрдан бо устоди сухан муҳайё мешуд. Рӯзе ба банда гуфт, ки “оё дар донишгоҳ китоб мехарида ва  мехонда бошанд?”. Манзураш ин буд, ки агар талабгор бошад, чанд нусха аз ин китобро ба хоҳишмандон бидиҳам.

Ҳамин тавр ҳам шуд, се ё чор нафар дар бинои марказии донишгоҳ аз ин китоб харидорӣ карданд. Аз ин корам хушнуд шуда буд. Зиндаёд ҳар гаҳ, ки аз ину он мавзуи адабиёт суҳбат мешуд, дарҳол имтиҳон мегирифт: фалон асарро хондаӣ, фалон муаллифро медонӣ… Боре ҳини ҳамин гуна пурсупос гуфтамаш, ки “барои ин ҳамаро хондан ду чиз лозим – яке як халта пул, ки дигар ба ҷойе наравӣ ва коре накунӣ, дигаре сари саломат. Азбаски ин ду чиз нест, маҷбурем, ки гоҳ-гоҳе ба хондан машғул шавем”. Баъдан латифае гуфтам, ки баъди шуниданаш хеле хандид. Он латифа чунин буд: “Нависандаеро аз Чукотка ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул кардан мехоҳанд. Он замон одат будааст, ки довталабро имтиҳон мегирифтанд. Ин марди шӯхро низ имтиҳон гирифтанд:

– Аз осори Горкий чиро хондаед?

– ….

– Аз Достоевский чӣ хондед?

– …

– Аз Тургенев чӣ?

– ….

– Аз Лев Толстой чӣ?

– ….

Мард ба ин пурсишҳои пайиҳам тоб наоварда, бо шӯру ҳаяҷон хитобидааст:

– Слушайте, не надо много спрашивать, чукча писатель, а не читатель… (Яъне чукча нависанда аст, на хонанда…)”

Баъди ханда устод Баҳманёр гуфтанд, ки “аҷаб коре мешуд, агар дар мо ҳам чунин имтиҳонгирӣ мешуд, тамошобини даҳҳо комедияҳо мешудем.

Боре суолаш кардам, ки “дар касби нависандагӣ баъди истеъдод чӣ зарур аст?” Посух шунидам, ки “хондан, хондан ва хондан. Беҳтарин гул ё ниҳол, аз ҳар навъе набошад, ниёз ба обёрӣ дорад. Обёрии нависанда ҳам шиносоии комил бо эҷоди бузургтарин адибон аст. Нависанда ҳамон вақт мемирад, ки аз мутолиа бозмонад.”

Донишҷӯёни тахассуси забону адабиёт ҳамасола рисола менависанд ва одатан онро “кори курсӣ” мегӯянд. Боре як шогирдам хост аз эҷоди Баҳманёр чунин рисола нависад. Китоби “Аспи обӣ”-ро интихоб кардем. Гуфтам, ки аввал ҳикоёти ин маҷмуаро хондан лозим, бо таваҷҷуҳи зиёд, бе шитоб. Ваъда кард, аммо иҷро накард. Банда ҳатто имтиҳон ҳам нагирифтам, ки хондааст ё не. Равонаш кардам ба суроғи нависанда. Гуфтам, ки бо Баҳманёр ҳатман вохӯрданат лозим, ҳар қадар метавонӣ, суол бидеҳ. Рафт. Баъди бозгашт гуфт, ки “нависанда маро шарманда кард. Дар ҳузури чанд кас аз ҳар ҳикоя суол дод ва ман надонистам…”

– Нагуфта будам, ки аввал бодиққат китобро хону баъд рав, – гуфтамаш.

Хулоса, он писар баъди панҷ маротиба рафтан ва ҳар дафъа аз “имтиҳон”-и нависанда гузаштан, баъдан ба суҳбати ӯ дар бораи таърихи эҷоди он ҳикоёт мушарраф шуд.

Дар суҳбате ин воқеаро ба ёд оварда гуфтам, ки “агар Шумо устоди донишгоҳ мебудед, дақиқан ягон нафар аз як курс ба курси дигар намегузашт. Тарҳи аҷиберо бароям пешниҳод кард: “Дар донишгоҳ ибтидо сӣ нафарро қабул кунед ва коре кунед, ки дар курси панҷум ҳамагӣ се нафар монад. Аз инҳо яке нависандаи хуб, дигаре мунаққиди хуб ва севумӣ шоири хуб хоҳанд баромад.”

Боре ҳангоми ғизохӯрӣ гуфта буданд, ки “ҳамин галстукатро каме поин кунӣ, роҳат нест, магар нафасат танг намешавад?” Гуфтам, ки одат шудааст. (Он замон дар телевизион будам ва ҷуз шанбеву якшанбе ҳамарӯза бастани галстук ҳатмӣ буд). Баъди лаҳзае посухи аҷибе доданд: “Бале, одам ба ҳар шароите одат мекунад. Аммо канӣ одаме, ки барои худаш шароит муҳайё кунад, мувофиқи хости худаш, табъу завқи худаш бизияд. Ин кор озодӣ ном дорад, озодӣ!”

Ҳоло, баъди реҳлати нависанда, фикр мекунам, ки ба қадри озодӣ худи ӯ аз дигарон бештар мерасид, озод буд, озодона мезист, ҳатто аз эҷодиёташ накҳати озодӣ ба машом мерасад. Адибе озоду вораста.

Дар адабиёт қонуне ҳаст, ки онро кутоҳакак таносуб мегӯянд, фаразан, маҳфил, ки гуфтем, чароғ низ бояд гуфт, шамъ, ки гуфтем, парвона ҳам бояд гуфт. Эҷодкори асил чароғи маҳфилро мемонад. Як пораи умри мо бо Баҳманёр гузашт, як марҳалаи адабиёти мо бо ному эҷоди ӯ решапайванд аст. Инро борҳо гуфтаем ва такрор мекунем, ки адиби воқеӣ то замоне зиндааст, ки китобҳояшро мехонанд. Қудсӣ ном шоир байте дорад басо муносиб ба зиндагӣ ва эҷоди ин марди ҳунар:

На ҳар кӣ мурд, аз ӯ дар ҷаҳон асар монад,

Зи сад чароғ яке зинда то саҳар монад…

Китобҳои Баҳманёрро мехонанд такрор ба такрор…

Ва наслҳои оянда низ хоҳанд хонд, такрор ба такрор…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь