ДУБАЙТӢ – СУХАНЕ, КИ ШУЪАРО АЗ ГУФТАНИ ОН МЕПАРҲЕЗИДАНД

 

Баҳор омад ба саҳрову дару дашт, 

Ҷавонӣ ҳам баҳоре буду бигзашт. 

Сари қабри ҷавонон лола рӯя, 

Даме, ки маҳвашон оян ба гулгашт. 

Боботоҳири ҲАМАДОНӢ

 

1. ДУБАЙТӢ – порсие дар чаҳорчӯби аруз

Дубайтиро аҳли эҷоду таҳқиқ шеъре хондаанд, ки мураккаб аз ду байт, аммо на ба вазни рубоъӣ. Ҳам дубайтӣ ва ҳам рубоъӣ аз ду байт сохта шудаанд, ки шояд фарқ кардани инҳо аз ҳам душвор намояд. Аммо ташхиси ин ду басо сода аст: дубайтӣ ва рубоъӣ дар вазн тафовут доранд; дубайтӣ бо ҳиҷои кӯтоҳ ва рубоъӣ бо ҳиҷои дароз оғоз мешавад.Дубайтӣ, яъне шеъри чаҳормисраъӣ ва ёздаҳҳиҷоӣ, дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (ё мақсур) ва рехташуда бар вазни мафоъилин мафоъилин мафоъил (ё фаъулун) аст (ба забони арузӣ ингуна: V– – – | v – – – | v– – ). Аммо ин вазн фақат хосси дубайтӣ набудааст; шоъирони гузашта дар қолиби он маснавӣ, ғазал ва қитъа низ сурудаанд. Вожаи ДУБАЙТӢ бори нахуст дар «Луғати фурс» омадааст ва намунаҳои нахустини он дар эҷодиёти Маҳмуди Варроқ (асри 10) дида мешавад. Зоҳиран дубайтиро бештар бо созу овоз мехондаанд. Вазни дубайтӣ, чунонки Маликушуъарои Баҳор мегӯяд, яке аз вазнҳои ашъори қадими даврони Сосониён аст (дар он давра ин навъи шеърро таронак меномидаанд), ки пас аз интишори тамаддуни исломӣ ислоҳоте дар он шуда ва ба қолиби аруз даромадааст. Манзумаи паҳлавии«Дарахти Асурик», ки вазни дувоздаҳҳиҷоӣ дорад, аз ҷумлаи ин ашъор аст, ки ба онҳо чома ё чакома мегуфтанд. Ба ин навъ шеърҳо паҳлавӣ, фаҳлавӣ, фаҳлавиёт ҳам гуфта мешавад. Мисолҳо нишон медиҳанд, ки ин вазну ин ҳиҷову оҳанг дар достонҳои ҳамосию ишқӣ корбурд доштааст. Ба таъкиди Комёри Ваҳидиён (пажуҳишгари эронӣ) вазни дубайтӣ хосси назми форсӣ буда, дар арузи араб ҳазаҷ фақат дар мураббаъ омадааст ва усулан баҳри ҳазаҷ ҷузви баҳрҳои камистеъмол дар шеъри арабҳост. «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазӣ, «Вису Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ ва «Хусраву Ширин»-и Низомӣ, ки ҳамагӣ аз достонҳои давраи пеш аз исломанд, бар ин вазн суруда шудаанд.

Дар бораи замони ба вуҷуд омадани ин қолиб иттилоъе дурусту дақиқ ба даст нарасидааст. Ҳаминро медонем, ки аз гузаштаҳои дур бисёр мавриди таваҷҷуҳи мардум будааст ва беҳтарин намунаҳои он аз чашмаи табъи мардум ҷӯш задаанд, ҳамчун ин намуна: 

Бари домони духтар лолаборон, 

Дилам аз дасти духтар облаборон. 

Равед бар модари духтар бигӯед 

Ки духтар оқибат санги фалахмон!

 

2. СОХТУ РЕХТИ ДУБАЙТӢ: 

Дубайтӣ ҷудо аз ҳавзаҳои шеъру адаби расмӣ, аз қаъри шавқу завқи мардуми одии кӯчаву бозор зода шуда, ба яке аз намунаҳои деринаву хосси шеъри форсӣ табдил ёфтааст. Ин навъи шеър аз ду байт ташкил мешавад, ки дар он қофияи мисраъҳои аввал, дувум ва чаҳорум илзомӣ аст. Овардани қофия дар мисраъи севум ҳатмӣ нест. Ба назари бархе аз адабиётшиносон таркиботи «байти паҳлавӣ», «гулбонги паҳлавӣ», «паҳлавонӣ самоъ» ва ғайра шояд марбут ба оҳанги хоссе буда, ки дар қолиби инҳо дубайтиҳо рехта мешудаанд. Дубайтӣ илова бар доштани вазне содаву равон, аз назари корбурди санъатҳои бадеию баёнӣ дорои сохторе сода аст; дар он ташбеҳоту истиораҳои душвору мушкилфаҳм вуҷуд надорад; содагию баёни мардумигуна ё худ рустоиманишӣ вижагии боризи ин навъи шеър аст. Ҳамчунин дар гуфтани дубайтӣ на ҳамеша аз мизонҳои фанни қофия пайравӣ мекунанд ва гоҳе калимоте чун «ёр» ва «мол» низ қофия шудаанд. Суханони омиёна ва лаҳни гуфтугӯйӣ низ дар ин шеърҳо корбурди зиёд дорад, ки метавон бо пажуҳишҳое дар ин замина, лаҳҷаҳои гуногуну таърихи гӯйишҳои форсиро низ баррасӣ кард.Дар дубайтӣ мисраъҳои аввалу дуюму чаҳорум ҳамқофияанд. Қофиябандии дубайтӣ асосан ааба буда, гоҳе ҳам бо аааа ва абвб низ эҷод мешавад, мисли ин сухани Иқболи Лоҳурӣ: 

Сикандар бо Хизир хуш нуктае гуфт: 

Шарики сӯзу сози баҳру бар шав. 

Ту ин ҷанг аз канори арса бинӣ, 

Бимир андар набарду зиндатар шав!

Шоъир дар ин навъи шеърӣ суханеро баён мекунад ва монанди рубоъӣ ғолибан се мисраъи аввали он нақши муқаддимаву фазосозиро иҷро мекунанд ва мисраъи муҳимтарин чаҳорум аст, ки дар он ҳукму асли матлаб ё нуқтаи авҷу поёнсухани шоъир ифода меёбад. Ҳар мисраъ дар дубайтӣ вазифаи муайян дорад: дар аксари дубайтиҳо мисраъи аввали он муқаддима ё худ оғози мақсади аслист. Мисраъи дуюм диққати касро ба ин мақсад ҷалб менамояд. Мисраъи сеюм ҳадафи дар байт ифодашударо баробари таъкид, ҳамчунин бо далелу бурҳон тасдиқ ва ё рад мекунад. Ва дар мисраъи чаҳорум мақсаду мазмуни аслии дубайтӣ ҷамъбаст мешавад. Ба таври мисол аз Муҳаммадалии Аҷамӣ: 

Ба боло меравӣ, аз мо саломе, 

Тамошо меравӣ, аз мо саломе. 

Ҳама ҳасте фарзанди Бухоро 

Бухоро меравӣ, аз мо саломе!

Бахши муҳимме аз адабиёти мардумиву фарҳанги омиёнаи мо дар қолиби дубайтӣ ба вуҷуд омадааст. Дар дубайтӣ бештар мазмунҳои баланди ишқӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, панду ахлоқӣ ва ғайра ифода меёбад. Ҳарчанд маъруфтарин дубайтисароён ё аз мардумони рустоӣ ва одӣ будаанд ё шоъирони суфӣ, вале гӯянда ё халлоқи бисёр дубайтиҳои шоҳкор маълум нест. Ин гуна дубайтиҳо даҳон ба даҳон, аз асрҳо ба асрҳо ва аз карон то каронаҳо паҳн гаштаанд. Ба ҳамин хотир сарояндагони онҳо гумном мондаанд. Аз миёни дубайтисароён Боботоҳири Ҳамадонӣ маъруфияти бештар дорад, ки ҳатто ба чанде аз бузургони адаби порсӣ таъсир гузоштааст. Боботоҳир гӯяд: 

Магар шеру палангӣ, ай дил, ай дил, 

Ба му дойим ба ҷангӣ, ай дил, ай дил! 

Агар дастам расад хунат биреҷам 

Бувинам, то чи рангӣ, ай дил, ай дил!

Иқболи Лоҳурӣ дар посух ба ӯ: 

Ба кӯяш раҳсипорӣ, ай дил, ай дил, 

Маро танҳо гузорӣ, ай дил, ай дил. 

Дамодам орзуҳо офаринӣ 

Магар коре надорӣ, ай дил, ай дил?! 

Ва Абулқосими Лоҳутӣ: 

Илоҳӣ пора гардӣ, ай дил, ай дил, 

Чу ман бечора гардӣ, ай дил, ай дил, 

Бурун уфтӣ зина рӯйи олам 

Чу ман овора гардӣ, ай дил, ай дил!

 

3. ЧИРО БИСЁРЕ АЗ ШОЪИРОНИ БУЗУРГ ДУБАЙТИРО НАМЕПИСАНДИДАНД? 

Бар хилофи донишмандони адаб, суфиён бо шефтагӣ дубайтӣ месурудаанд (ба мисли Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаъиди Абулхайр, Фаридуддини Аттор, Мавлонои Балх…). Чаро ки мухотабони онон мардумон буданд, на дарборҳо. Муҳтавои дубайтӣ низ содагиро металабид, зеро барои иҳсосоти поку беолоишу оташин ва ишқҳои бериё ба кор мерафт ва ба таносуб калимоти шикаставу гуфтугӯйиро дар худ ҷой медод; бар хилофи рубоъӣ, ки барои баёни ашъори ҳикамиву фалсафию ирфонӣ ба кор мерафт. Мисоле аз шикастагӯйиҳои Фоизи Даштистонӣ: 

Насиме аз буни он кокул ойу, 

Маро хуштар зи бӯйи сунбул ойу, 

Чу шав гирум хиёлашро дар оғӯш 

Саҳар аз бистарам бӯйи гул ойу! 

Дар дубайтӣ камтар орояи бадеъӣ мебинем; ҳатто дар бисёре аз ин дубайтиҳо айби қофия ҳам ҳаст. Далели он, чунонки гуфта омад, содагии баёни дубайтӣ будааст, ки шоъирони суфӣ маҳз барои чунин сабки оммаписанд қалам ба даст мегирифтанд, то аз сурудаҳошон оммаи мардум бархӯрдор шаванд. Намунае аз Мавлоно: 

Сабук бинвоз ай мутриб рубобе, 

Бигардон зудтар соқӣ шаробе. 

Чӣ оташ зад ниҳон дилбар ба дилҳо? 

Ки маҷлис шуд пур аз бӯйи кабобе! 

Суфиён ин арҷмандиро ҳам доштанд, ки маддоҳу чоплус набуданд, ҳич гоҳ амирону вазиронро мухотаб қарор надода ва мадҳ накардаанд; аз ин рӯ агар дубайтӣ сурудаанд, орифона сурудаанд ва намунаҳошон аз лиҳози ҳунари шеъриву латофати баён барҷаставу бикру зебост. Шояд чунин шевогуфтории адибони ориф баъдан ба дигар шоъирони мо асар гузошт, ки дар сурудани дубайтӣ табъ озмуданду онон низ хуб гуфтанд. Аз суханварони ғайри суфӣ танҳо ҳаким Шоҳносири Хусрав масъалаҳои илмиву диниро дар қолиби дубайтӣ овардааст, ки ӯ ҳам, дар зимн, мар ин қиматӣ лафзи дариро ба пойи хӯкон намерехт! 

Бо ин ҳол, бисёре аз адибони классикӣ ба гуфтани дубайтӣ майл надоштаанд ва сурудани онро муносиби шаъни хеш намедонистанд. Аз дубайтӣ парҳезидани онҳо ба он хотир буд, ки зоҳиран адибон забони оммаро аз ҷинси забони фосид мешумурданд. Онҳо бар он будаанд, ки дубайтӣ забони оммаи мардум аст ва дар он гуфтори омиёнаву дур аз қолиби китоб ба кор мерафтааст. Аммо забони шоъир бояд мутафовит аз забони оммаи мардум бошад. Шоъиронанд (доноёни адабу ҳикмат), ки дар гуфтори баланду сабку сиёқи дилписанд бо лутфи сухани ноб на танҳо намуна, балки устоду омӯзгори умум мегарданд. Дар ҳар ҷомиъа қаламкаши илму адаб муҳандису меъмори кохи муъаззаму муқаддаси забон аст, ки бурҷу бораву сақфу фарши ин кохро бо гавҳари сухани ноб, бо дурри фасоҳату балоғату салосат ҳамеорояд. Ба таъбири дигар, аҳли қалам абри раҳмати файёзеанд, ки бар сари ҷамъият борони поку софи калому ҳикмати болиғ меборанд. Аз ин рӯ боястӣ, ки шоъир дар силки назм бо мантиқи муҳкам, бо риъояти устувори дастуру сарфу наҳви забон, ки дур аз ҳар шеваю гӯйиши омиёна бошад, сухан варзад, на ин ки ҳамчу дубайтисароён омиёна бинависад. Зеро аз ин нигоҳу аз ин усули кор сурудани дубайтӣ ба маънои зери по гузоштани услуби калом буд. Ба ин ваҷҳ адибони барҷастаи мо на танҳо чаҳорчӯби забони меъёрро бо ҷиддияту қотеъият риъоят мекарданд, балки гоҳе ҳам фахру ноз намоиш медоданд, ки дар сухан воқиъан қиёмат кардаанд. Хоқонии Шервонӣ, маслан худро дар шоъирӣ муфлиҳ (шоъири сухани шигифту аҷибоваранда ё худ сахт фасеҳ дар шоъирӣ) мехонад ва ин гуна ифтихор мекунад: 

Шоъири муфлиҳ манам, хони маъонӣ марост, 

Резахӯри хони ман Унсурию Рӯдакист! 

Чандеи дигар аз бузургони адаби мо – Абулқосими Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Анварӣ, Мавлонову Саъдӣ, Ҳофиз ва Бедили Деҳлавӣ гоҳе ҳамин гуна барҳаққ аз нубуғи бемисоли хеш дар арсаи сухани дуррбор ифтихор кардаанд. Аммо бо омадани инқилоби болшевикӣ, бо ҷорӣ шудани дабираи бегонаи сириллик, бо дахолати сиёсат ба адабийёт ва меъёру маҳак қарор додани, ба истилоҳ, методи реалисми сотсиалистӣ (халқияту партиявият(??)-и адабийёт), мутаассифона, ҳамин меъёри собити нигориши адабӣ дар муҳити порсигӯёни Варорӯд то муддате воруна шуд ва бо шиъори фиребандаву хасмонаи «содда нависед»(??) лаҳҷаву гуфтори шевагии кӯчаву хона вориди дафтари илму адаб гашта, ба сабки китоб зарба зад; ба ҷойи он ки аҳли гузару бозору маҳалҳо пайраву посдори забони китоб шаванд, баръакс, китобро ба оммиёнагуфторию бемантиқонанавишторӣ абгору алил карданд. Аҷаб ҷабре фиръавнонаву кофирона! Басо ҷаҳолату ҳамоқат ва ҳатто таҳқир бувад, ки фарди хондаву огоҳ бояд ба таври иҷбор (ғуломона) тавқи бемаърифатиро дар сатҳи нохондаву дур аз китобҳо ба гардан ниҳаду мувофиқи бинишу дониши надоштаи онҳо қалам кашад! Ин албатта, мавзуъи баҳси дигар хоҳад буд, ки сухани мо аз дубайтист…

 

4. ВИЖАГИҲОИ ДУБАЙТӢ 

Дарунмояи дубайтӣ ошиқона ва орифона аст. Аз лиҳози муҳтавою мазмун дубайтӣ дарбаргирандаи мазмунҳои лирикист: ишқ, ирфон, ёди дӯст, гиря, сӯзи ҷудоӣ, дармондагӣ, доғи дил ва амсоли ин; аммо дар қолиби бисёре аз рубоъиҳо фалсафаву чуну чиро ва гоҳе ҳам шакки фалсафӣ дида мешавад. Дубайтиҳои омиёнаи мардуми манотиқи мухталиф (аз Варорӯд то Афғонистону Эрон) дорои вижагиҳои муштаракеанд. Ин таронаҳо аз ҳайси лафзу маъно сода буда, аз ташбеҳоти адабию санъатҳои лафзӣ орианд. Вожаҳои арабӣ дар онҳо ба нудрат дида мешавад ва луғоти рустоӣ, ки реша дар лаҳҷаҳои қадим дорад, дар онҳо фаровон аст. Аз дубайтисароёни маъруф дар таърихи адаби форсӣ метавон аз шоъироне мисли Бундори Розӣ (вафот 1010 м.), Бобо Тоҳир (асри 11), Шамси Мағрибӣ ва дар садаи ахир Фойизи Даштистониро ном бурд. Ин мисоли маъруф аз Боботоҳир: 

Шаби торику сангистону ман маст, 

Қадаҳ аз дасти ман уфтоду нашкаст! 

Нигаҳдорандааш некӯ нигаҳ дошт 

В-агарна сад қадаҳ н-уфтода бишкаст! 

Имрӯз аз лиҳози маънову мазмун дубайтӣ низ монанди қолибҳои дигари шеърӣ бисёр густариш ёфтааст. Иҳтимолан аввалин касе, ки дар асри ҷадид аз қолиби дубайтӣ барои баёни масоили иҷтимоиву сиёсӣ истифода кард, Иқболи Лоҳурӣ буд. Танҳо дар китоби «Паёми Машриқ»-и ӯ беш аз 260 дубайтӣ омада, ки аксари онҳо дорои мазмунҳои иҷтимоиянд. Аз ҷумла:

Ҷаҳон мушти гилу дил ҳосили ӯст,

Ҳамин як қатраи хун мушкили ӯст.

Нигоҳи мо дубин уфтод в-ар на,

Ҷаҳони ҳар касе андар дили ӯст!

Дубайтӣ дар назми имрӯзаи порсӣ, аз ҷумла дар адаби тоҷикони Варорӯд мавқеи муҳим дорад ва баробари рушди шакли маъмулии он, ҳамчунин шакли нави дубайтӣ мушоҳада мешавад, ки онро дубайтии пайваста номидаанд ва нахустин намунаи онро Абулқосими Лоҳутӣ сурудааст. 

Ба ҷон ҷо карда осори дуторат, 

Ба ҳайрат мондам аз кори дуторат.

Биҷунбад дил, чу бар тораш занӣ чанг

Магар баста ба дил тори рубобат?

Адибони тоҷик Мирзо Турсузода, Муҳаммадҷони Раҳимӣ, Аминҷон Шукуҳӣ, Лоиқ, Гулрухсор ва чандеи дигар силсилаи хуби дубайтиҳо навиштаанд. Мисоле аз устод Лоиқ:

Лаби дарё ҳузури ҷисму ҷон аст, 

Лаби дарё биҳишти ҷовидон аст. 

Хӯрад мавҷе сари мавҷи дигарро, 

Вале дарё равон асту равон асту равон аст!

Обид ШАКУРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь