Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо ибтикори соҳибкори хайрхоҳ Ҳикматулло Қурбонов ва саҳми сокинони деҳаи Каздон дар Санги Махсум Олимӣ корҳои тармимию азнавсозӣ шуруъ шуда буданд. Инак, пас аз чанд рӯз болои санг иловатан сементпӯш ва гирди он бо панҷараҳои оҳанин оро дода шуда, ба болои санг аз ҷониби устоҳои чирадасти рустои Каздон болопӯш гузошта шуд.
Ҳамзамон, аз тарафи роҳи асосии русто ба санг нардбони оҳанин насб карда шуд, ки минбаъд ҳар нафаре, ки ба он ҷо ташриф меорад, тавассути он ба болои санг мебарояд, аз насиму шӯру шари Каздонрӯд ҳавловат мебарад ва аз ҳавои софу беғубор нафаси атрогини рӯзгор мекашад. Дар ин кор саҳми устоҳои чирадаст Холмаҳмад ва Исматулло Расулбердӣ назаррас аст.
Ёдовар мешавем, ки ин санг дар мавзеи Даҳани Козашах воқеъ аст, ки аз пешаш Каздонрӯд убур мекунад. Дар лаби дарё санге ҳаст, ки дар атрофи он се-чор дарахти бед қомат афрохта, дарёро аз ду ҷониб муҳосира кардаанд. Ин дарахтон соли 1978 аз ҷониби шоири шаҳид Махсум Олимӣ шинонида шуда, болои он низ сементпӯш карда шудааст. Интихоби ин мавзеи биҳиштосо барои нишастҳои фардию гуруҳӣ худ далели возеҳи табъи баланди шоир аст. Аз ин ҷост, ки ин сангро мардуми маҳаллӣ бо эҳтиром Санги Махсум Олимӣ мегӯянд. Тибқи гуфтаҳои бузургсолон ва ёддоштҳои аҳли қалами русто, замоне дар ин санг устодон Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Мансур Суруш бо ҳамроҳи Махсум Олимӣ нишаста, истироҳат кардаанд. Аз ин хотир, ин санг маҳбубияти бештар пайдо карда, номи Махсум Олимиро мегирад. Ҳар нафаре, ки ба ҳайси меҳмон ба рустои Каздон сафар кунад, мардуми маҳаллӣ ӯро ба ин макон мебаранд. Ҳар баҳор ба муносибати ҷашни наврӯз ин ҷо нишастгоҳи фароғатии гуруҳи дӯстону ҳамсинфон мегардад.
Бо истифода аз фурсат аз номи пайвандону наздикон ва ҳаводорони шоири шаҳид Махсум Олимӣ ба Ҳикматулло Қурбонов ва мардуми диёр барои ташаббуси наҷибу мондагор ва саҳми муташаккилона гузоштан дар ин кор изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба эшон офияту осоиш ва фатҳу кушоиш дар рӯзгорро орзумандем.
Шаҳриёр ОЛИМӢ