Бо ин марди солору нуронӣ, ки риши кӯтоҳи сафеди ба худ зебанда ва симои хеле гарм дошт, дар кӯча бисёр дучор мешудам, чун мо дар як маҳаллаи шаҳр зиндагӣ доштем. Ба назар мерасид, ки ӯ сиришти пок ва замири нек дорад. Бо имо ба ҳамдигар салом медодему мегузаштем, ошно набудем. Боре, ки рӯи нишастгоҳи канори кӯча нишаста будам, омаду паҳлуи ман нишаст ва баъди қадре хомӯш будан, суҳбату шиносоии мо оғоз шуд. Маълумам гардид, ки ин шахс яке аз табибони ҳозиқи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Саидҷон Нодирӣ будааст.
Баъдтар ошноии мо қавитар шуду аёнам гардид, ки ӯ аз аҳли хирад ва фарҳанг буда, дилбастагии самимие ба ашъори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дорад ва ба ӯ “Куллиёт”-и Эшонро туҳфа намудам. Ӯ низ ба ман ду китоби худаш – “Дил, руҳ ва инсон” ва “Раҳнамои ҳаҷ ва умра”- ро туҳфа намуд. Аз суҳбатҳояш донистам ва аз китобҳояш хондам, ки ӯ яке аз шаҳсаворони майдони тиб буда, дар ин соҳа хизмати арзандаву шоистае кардаву обрӯю эътибори баландро сазовор гаштааст. Ба қавли худаш, ӯ дар айёми донишандӯзиаш дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки онро соли 1985 хатм намудааст, аз мактаби бузургтарин алломагону олимони маъруфе чун Ю. Б. Исҳоқӣ, М. Ғ. Ғуломов, М. И. Зайтсева, К. Т. Тоҷиев, Ю. Н. Нуралиев, Ю. И. Додхоев, П. Т. Зоиров, Н. Ҳамидов, Н. Р. Исматуллоев, С. М. Муҳаммедов, Я. А. Раҳимов, З. Я. Раҳимов, А. М. Пӯлодов, Ш. Ф. Раҷабалиев, М. Расулӣ, А. И. Исомиддинов ва дигарон бомуваффақият гузаштааст.
Пас аз хатми донишгоҳ чун ҷарроҳ фаъолияташро идома дода, ба чандин комёбиҳо ноил гаштааст. Саидҷон Нодирӣ пас аз нахустин маротиба бо усули гипноз гузаронидани ҷарроҳӣ бо тавсияи сардухтури беморхонаи шаҳри Душанбе Султон Муҳаммедов барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи руҳшиносии шаҳри Москва рафта, аз устодони забардасти соҳаи тиб В. Е. Рожнов, А. М. Свядош, Ҷуна Даиташвили сабақи илм гирифтааст.
Устод Усмон Назир дар мақолаи худ – “Ҷовидон аст, ҳар ки ӯ дилаш бо илм зинда аст” дар ин бора навиштаанд: “Саидҷон Нодировро дар дохилу хориҷи кишвар ҳамчун гиёҳшинос, табиби ҳозиқу шифобахш бо истифода аз сухану (гипноз) гиёҳҳо хуб мешиносанд. Ин кашшофи нодир дар ҷодаи илми тиб махсусиятҳои хоси табобатии худро дорост: дардомӯзӣ, дардшиносӣ, ба дили беморон роҳ ёфтан. Бо “сеҳру афсун” ба бемор шифо бахшидан на корест саҳл. Дар таҷрибаи табобатии С. Нодиров воқеаи нодире ба вуқуъ пайваст. Дар илми тиб бори нахуст бо сеҳри сухан – гипноз раво дидани ҷарроҳиро пешбинӣ ва амалӣ гардонид”.
Баъди нахустин ҷарроҳии бенаркоз руҳшиноси маъруфи Шӯравӣ Анатолий Кашпировский моҳи июни соли 1989 ба Саидҷон Нодирӣ гуфта буд: “Ин амалиёт хеле хавфнок буд ва шумо аз имтиҳони ниҳоят ҷиддӣ сарбаландона гузаштед. Шумо ояндаи бузург доред”.
Зери роҳбарии академик Ю. Н. Нуралиев рисолаи номзадиашро дар мавзуи хеле ҷолибу муфид – “Гиёҳдармонии санги гурда бо дорухатҳои Абӯалӣ ибни Сино” дифоъ намудааст. Бояд зикр намуд, ки ӯ нахустин муҳаққиқи осори илмии Сино дар соҳаи тиб мебошад. Собиқаи зиёда аз чилсолаи пизишкӣ дошта, айни ҳол чун табиби руҳшинос фаъолият дорад. Саидҷон Нодирӣ дар тӯли фаъолияти пурсамари илмиаш 24 китоби илмиву оммавӣ ва беш аз 300 мақолаи илмиву назариявиро нашр намудааст. Китобҳояш бо ҳаммуалифии профессор Юсуф Нуралиев дар Русия, Булғория ва Эрон нашр гардидаанд. Яке аз муътабартарин нашриёти Русия – “Весь” китоби “110 дорухати Ибни Сино”-ро бо забони русӣ ду маротиба (солҳои 2000 ва 2002) аз чоп баровард. Ин китоб бо забони булғорӣ низ нашр гардид. Китоби “Гиёҳдармонии санги гурда”-ро нашриёти “Гулбарг”-и Эрон 7 маротиба интишор дод.
Чунон ки доктори илмҳои тиб, профессор Ҷ. Сангинов ёдовар мешавад: “Албатта ин ҳама ба осонӣ ба Саидҷон муяссар нагардидааст. Дар ташаккули шахсияти маънавию илмии ӯ низ мисли тамоми мардуми тоҷик нақши хонавода хеле барҷаста аст. Зеро ашхоси бофарҳанги тоҷик аз номи хонаводагӣ ҳама вақт пайгирӣ ва ифтихор меоваранд. Хонаводаи Саидҷон Нодирӣ, алалхусус падари бузургвораш – устоди зиндаёд акои Муллохурсанд Нодиров аз ҷумлаи фидоиёни мактабу маорифи ҷумҳурӣ мебошанд… Маҳз тарбияти чунин падари донишманд буд, ки Саидҷон аз хурдсолӣ ҳамчун дӯстдори маърифату ҷӯяндаи дониш ва ошиқи осори безаволи Ибни Сино ба камол расид”. Ҳамин нуктаро устод Мирзо Шукурзода низ чунин зикр намудаанд: “Дар камолоти илмӣ ва маънавии табиби ҳозиқ, панҷкарата зоири хонаи Худо, муаллифи чандин китобҳои пурарзиш ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ андарзҳои синоии падар ва гармии дасти дуояшон беасар набудааст. Э кош, муаллим зинда мебуданду бо чашмашон медиданд, ки боғи бехазони умрашон чӣ самари ширине ба бор овардааст”.
Аз назари дӯсташ Ҳоҷӣ Нарзулло Шарифзода, доктор Нодирӣ яке аз фарзандони барӯманд ва маъруфи куҳандиёри Масҷоҳ мебошад, ки бо кору пайкори судбахшу муфидаш худро кайҳо муаррифӣ намудааст, зеро ӯ тӯли фаъолияташ бо пуркориву пурдониаш тавонистааст, ки ба дастовардҳои илмиву фарҳангӣ муваффақ шавад. Ва касеро, ки Худованд дӯст медорад, ба вай чунин фазилатҳо ва неъматҳояшро дареғ намедорад.
Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри тиллост,
Ки ҳар куҷо равад, қадру қиматаш донанд.
Натиҷаи чунин заҳматҳост, ки Саидҷон Нодирӣ номзади илми тиб буда, ба унвонҳои “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” сазовор гаштааст, дорандаи нишони ҷашнии “1025-солагии Ибни Сино” ва узви Ҷамъияти психотерапевтҳо ва Ҷамъияти экстрасентҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон низ ҳаст.
Мавриди зикр аст, ки Саидҷон Нодирӣ осор ва анъанаву суннатҳои ниёгонамонро пайваста меомӯзад ва аз он хуб огаҳӣ дорад. Ӯ аз осори Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Хайём, Мавлоно Румӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомиву Ҳилолӣ, Бедилу Туғрал ва аз муосирони адабиёти тоҷик низ шеъру андарзҳои фаровонро аз худ намудааст ва бо аҳли шеъру адабу илм ва зиёву фарҳанг равобити қавии дӯстӣ дорад. Ва худаш низ аз табори фарзонагон аст. Дар анҷумани адибону аҳли эҷод низ Саидҷон одами бегона нест. Аз сафи онҳо дӯстони зиёд дорад. Бархе аз шоирон дар васфаш шеърҳо гуфтаанду хислатҳои волои инсониашро сутудаанд. Устод Гулназар дар яке аз шеърҳояшон ӯро чунин сифат кардаанд:
… Сарбаландат карда кӯҳҳои диёр,
Бо ғурури кӯҳсорон зинда бош.
Ҳар кӣ дорад аз ту умеди шифо,
Дар дили умедворон зинда бош.
Обрӯи ёрӣ шуд аз ту баланд,
Эй шифои ҷони ёрон, зинда бош!
Саидҷон Нодирӣ ҳунарманд низ ҳаст. Дар филми мазҳакавии А. Маҳмадалиев – “Чор тарафат қибла” ва дар филми Абдурофеъ Рабиев – “Вақте болои шаҳр борон мерехт” нақш бозидааст.
Ӯ аз айёми наврасӣ то ба имрӯз пайваста осори илмиву адабии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро меомӯзад ва яке аз муҳаққиқони барҷастаи осори оламшумули ӯст. Ҳазор сол аз замони зиндагии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мегузарад, вале то ҳол ӯ инсони дараҷаи аввал дар ҷаҳони илм ба шумул меравад, зеро олим, файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузург хоса дар равнақи илми тиб хидмати босазо ва мондагоре карда, шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Аҳли улуми дунё фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Ибни Синоро чун Пири ҳакимони Машриқзамин эътироф кардаанд ва ҳар сол 18-уми август зодрӯзи ӯ таҷлил мегардад. Саидҷон Нодирӣ ҳамчун раҳбари “Ҷамъияти пайравони Сино”, ки онро солҳои 1980 бо ҳадафи муттаҳид кардани ҳаммаслакони Сино ва идома додани кори ӯ таъсис додааст, дар ин кори хайру савоб саҳми беқиёс дорад. Дар “Ҷамъияти пайравони Сино” имрӯз даҳҳо пизишкон аз Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабон гирди ҳам омадаанд.
Ба Саидҷон Нодирӣ муяссар гардида, ки панҷ маротиба тавофи хонаи Каъба намояд ва барои ҳоҷиён чун дастури амал китоби “Раҳнамои ҳаҷ ва умра”-ро навиштааст. Ӯ хеле шахси саховатпеша аст. Ӯ ба хешону пайвандон ва ҳар ниёзманди дигар дасти сахо мекушояд. Иродааш қавист, барои расидан ба ҳадафҳояш аз ягон мушкилӣ ҳарос надорад. Бедорхобӣ мекунад ва қадам ба қадам пеш меравад.
Саидҷон Нодирӣ баъди 40 соли пажуҳиши зиндагӣ ва осори Абӯалӣ ибни Сино, ба ҷои ин донишманди оламшумул адои ҳаҷ намудааст. Ин амали Нодириро дар дини мубини Ислом “Ҳаҷи бадал” мегӯянд. Ӯ бовар дорад, ки Абӯалӣ ибни Сино аз пуркорӣ ва сарсониҳо натавонистааст дар замони зинда буданаш ин фарзро ба ҷо биоварад ва тасмим гирифт, ки ба ҷои Сино ба зиёрати Каъба равад, то руҳи ӯро шод кунад.
– Аз руҳониён машварат пурсидам. Пеши муфтӣ рафтам, гуфтанд, ки савоб ва қабул бояд бошад,- мегӯяд Нодирӣ.
“Ҳаҷи бадал” – адои ҳаҷ аз сӯи як мусулмон ба ҷойи мусулмони дигар аст, ки бар асари беморӣ ё далели дигар наметавонад ба зиёрати Каъба биравад.
Саидҷон Нодирӣ аз он ифтихор дорад, ки миёни даҳҳо ҳазор пайравону мухлисон зиёрати Хонаи Худо ба ҷои Пираш – Ибни Сино маҳз насиби ӯ шуд:
Осмон рашк барад баҳри замине, ки дар он
Як-ду кас як-ду нафас баҳри Худо биншинанд.
Устод Гулназар, ки яке аз муқаррабони Ҳоҷӣ Саидҷон Нодирӣ ҳастанд, дар муборакбодии тавофи Каъба намудани дӯсташон чунин гуфтаанд:
Аз Каъбаи Дил чӣ хуш гузаштӣ,
Ба Каъбаи обу гил расидӣ.
Саршор шудӣ зи чашмаи Дил,
Аз Замзами Каъба ҳам чашидӣ…
Эй марди хирад, муборакат бод,
Бар Каъбаи осмон расидӣ!
Саидҷон Нодирӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш бо рӯзноманигори маъруфу хушсалиқа Хуршеди Атовулло ба саволи ӯ – “Пайрави Сино будан, дар натиҷаи заҳмати зиёд ба даст меояд. На танҳо таҳқиқу омӯзиш, балки заҳмати пайвастаро талаб менамояд. Боре аз он ки Шуморо пайрави ин олими донишманд меноманд, ифтихор кардаед?” чунин посух додааст:
– Як лаҳзаро наметавонам фаромӯш созам. Рӯзе ба толоре рафтам, ки пур аз ҳунармандон буду устод Ҷӯрабек Муродов ҳунарнамоӣ доштанд. Бо дидани ман, ин марди ҳунар ба сӯи аҳли толор хитоб карданд:
– Шогирдони Борбад, бархезед, ки шогирди Сино омад.
Он замон ман худро хушбахттарин шахс дар рӯи олам ҳисобидам.
Ҳамчунин лаҳзае, ки Президенти мамлакат ба ман унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” супурданд, ман аз пайрави Сино буданам ифтихор кардам.
Ба андешаи Саидҷон Нодирӣ, таваҷҷуҳ ба дармони ахлоқӣ ва тибби руҳонӣ камтар аз дармони ҷисмонӣ набудааст. Пизишкӣ ва дин “ҳамвора мардумро ба кор аст” ва надонистани онҳо дар ҳар ду ҷаҳон зиёновар аст:
Пизишкирову динро гар надонӣ,
Зиёнаст ин ҷаҳону он ҷаҳонӣ.
Яке танро зи беморӣ бисӯзад,
Дигар ҷонро ба дониш барфурӯзад.
Ба ҳамин тариқ, ин табиби руҳу дилҳо солҳост, ки умри бобаракати хешро баҳри сиҳатии мардум ба харҷ додааст. Ифтихор дорад, ки табиб асту барои ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистони азизаш хизматгузор аст.
Аз ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки “Беҳтарин шахс касест, ки ба мардум нафърасон бошад”. Ва ҳам Мавлоно Ҷомӣ фармудаанд:
Эй, ки мепурсӣ: “Беҳтарин кас кист?”
Гӯям аз қавли беҳтарин касон.
Беҳтарин кас касе бошад,
Беш бошад ба халқ нафърасон.
Саидҷон Нодирӣ аз қабили ҳамин гуна инсонҳои некниҳоду покмазҳар аст. Ва Алӣ Бобоҷон ба чун ӯ барин инсонҳои хирадманду мададрасони мардумон хуб гуфтаасту таманнои мо низ ҳамин аст:
Аз ҳикмати илм баҳрабардор туӣ,
Бо дасти хирад ба мо мададгор туӣ.
Хуршедсифат фазилати гарм турост,
Анвори дилу ёри вафодор туӣ.
Дар авҷи сухан ахтари даврон бошӣ,
Фархундапаю фаррухи Яздон бошӣ!
Саидбурҳон ИКРОМӢ