Раҳимҷонро соли 1962 пас аз хатми Донишгоҳ дар факултаи дилхоҳаш ба кор монданд. Соли 1963 ба сифати дастёри устод А.Мирзоев, лаборанти калони кафедраи забони арабӣ кор кард. Солҳои 1963-66 аспиранти устод С.Табаров шуда, дар мавзуи «Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри форсии тоҷикӣ» рисолаи илмӣ дифоъ намуд (1967) ва ҳамчун муаллими кафедраи адабиёти нав ва навтарини тоҷик (1967-79) аз назарияи адабиёт дарс гуфт. Солҳои 1977-79 дар раҳнамоии А.Н.Болдирев дар мавзуи «Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнии Нишопурӣ ва масоили шеършиносии классики форсии тоҷикӣ» рисолаи докторӣ навишта, соли 1980 дифоъ намуд. Аз ҳамон сол то соли 1992 мудири кафедраи адабиёти нав ва навтарини форсии тоҷикӣ буд.
Мусулмониён воқеан марди пажуҳишист, ҳамеша кӯшиш кародааст, ки дар мавзуъҳои мухталифи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи адабиёт, шеършиносӣ, робитаҳои адабӣ аз қадим то имрӯз машғул шуда, асарҳои наву тоза нависад. Як замон профессор Д.Тоҷиев, ки дар факултаи забон ва адабиёти тоҷик раиси ҳизби коммунистро дар ӯҳда дошт, ӯро шавқманд намуд, ки шомили ин ҳизб шавад. Кашиши қалбию шавқмандӣ набошад ҳам, ӯро ба ин роҳ андохтан мехостанд. Устод С.Табарову дӯсташ Н.Арабзода ин пешниҳодро об надоданд. Ва ҳол он ки узвияти ҳизбӣ паллае барои мансабҳои баъдӣ буд.
Солҳои 90-ум бо фаъолият пеш мерафт, таназзули ҷомеаи шӯравӣ дар мисоли фарҳангиву миллӣ эҳсос шуда, торафт ошкор мегардид. Соли 1989, 14 сентябр «ҷунбиши мардумии Растохез» бунёд шуд, ки аввал сирф фарҳангӣ, баъд тадриҷан дар буҳрони сиёсӣ реша ронд, вале калид дар диктатории Ҳизби коммунист пинҳон буд. 10 августи соли 1990 Ҳизби демократи Тоҷикистон таъсис шуд. Дар ҳайати ин ҳизб ҷунбиши мардумии Растохез, конуни «Лаъли Бадахшон» ва наҳзати исломии Тоҷикистон як иттиҳодияи мардумӣ шакл гирифт, ки рӯ ба ташкили Ҳукумати мусолиҳаи Миллӣ пеш мерафт. Вале тилисми истибдоди ҳизби Коммунист, ки аз солҳои 90-ум шадидтар мешуд ва баланд афрошта шудани байрақи ислом хунрезиро афзуда, дар солҳои 1990-96 қомати мардумро шикаст, онҳоро мотамзада ва парешонҳол гардонд.
Мусулмониён аз қадамҳои аввал ҳар кӣ ва ҳар чӣ ҷолиб медид, менавишт: дар он миён мақолаҳои ахборӣ, ҳикоя, мактуб, репортаж, мулоҳизаҳо дар бораи забон, зарбулмасалу мақол ва ҳикматҳои мардумии Қубодиён, тарҷума ва ҳ. навишта, тадриҷан фикру шуури худро рост менамуд. Аз рӯйи муҳаббату самимият дар бораи шахсиятҳои арзандаи ҷомеии зодгоҳу пойтахт ва ҷумҳурӣ мулоҳиза мекард. Баъд тадриҷан ба масъалаҳои сирф илмӣ гузашта, ба муҳимтарин проблемаҳои илми адабиётшиносӣ асар эҷод кунад ҳам, гоҳ даст аз фаъолияти пештара намекашид, масалан, аз дидаву шунидаҳои зодгоҳ, хешу табор, дӯстону ҳамкорон дар рӯзномаҳои донишгоҳ, ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳурӣ навиштанро идома медод.
Мусулмониён олим, сиёсатмадор, донишманди пуркору накӯкор дар умри худ корҳои зиёди арзанда анҷом додааст. Аз ӯ то имрӯз 37 китобу рисола ва монография, 1008 мақолаи илмию танқидӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба табъ расидааст. 18 асарро аз забонҳои дигар тарҷума ва ё ба хати форсӣ баргардон кардааст. Ҳамеша дар ҳамоишҳои ҷумҳурию байналмилалӣ дар суҳбату музокираҳои илмӣ, сиёсиву иҷтимоӣ бо суханронӣ иштирок менамуд, китобҳои зиёди адибону донишмандони тоҷик ва Осиёи Марказиро мутолиа ва баргардон карда, сарсухану охирсухан менавишт, дар Донишномаҳои илмию адабӣ ва исломии Эрон мақолаҳо ба чоп мерасонд. Аз Тоҷикистон қариб адибе намондааст, ки шеъру асарҳои ҷолиби навиштаашонро ба хати форсӣ баргардон накарда ва дар бораашон бо мулоҳизаҳои ҷолиб андеша накарда бошад.
Мусулмониён Раҳим баъд аз дифоъи дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дар мавзуи “Саҷъ ва сайри таърихии он” (1967) ба муҳимтарин мавзуъҳои адабиёти навини тоҷикии форсӣ даст зада, ба таълифи асарҳои тоза ва ҷолиб саҳм гирифт. Саҷъ, образнокии сухани бадеӣ, шеърияти насру назм, паҳлуҳои эҷодиёти С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, Ҷ.Икромӣ, Б.Раҳимзода ва дигар адибони замони шӯравии тоҷик муҳимтарин паҳлуҳои эҷодиёташ гардиданд.
Назарияи адабиёт як намунаи илми адабиётшиносист, ки доирааш хеле васеъ буда, аз даврони қадим то имрӯз фаро мегирад. Муҳаққиқ ба ин илм аз аввал иштиёқ пайдо кард, робитаи адабиёти тоҷикии форсиро бо дигар халқҳо афрӯхт. Ӯ дар кафедраи адабиёти наву навтарин шомил шуда, ҳамчун мудири ин кафедра 12 сол кор кард. Вай фақат бо адабиёту фарҳанги асри бистум маҳдуд нашуда, балки гузаштаҳои дури адабиёти форсу тоҷикро бо ин давраи адабиёт тавъам дида, аз саргаҳ ин адабиётро як воҳиди кулл ба эътибор мегирифт ва дар пайвастани давраҳои қадим, асрҳои миёна, дирӯзу имрӯзи тафаккури маънавии миллӣ ё шахсиятҳои арзандаи он Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз, Ҷомию Навоӣ, Атоуллоҳу Бобур ва Навоӣ, Кошифӣ ва бисёри дигарон, муносибати онҳо бо мутафаккирон, ҳунару маҳорат, робитаи эҷодиву дӯстӣ, назари эшон ба шеъру адаб ва ҳунари эҷод кардани осори бадеӣ саҳми муносиб гузоштан гирифт. Аз ин ҷост, ки Мусулмониён аз даричаи адабиёти наву навтарин ба гузаштаи дуру қадим назар андохта, як қатор масъалаҳои робитаи адабиро дар мисоли Ленину Толстой, Навоию Атоуллоҳ, Атоуллоҳу Бобур, поэтикаи асримиёнагии араб ва таъсири он ба назми форсу тоҷик ё баръакс, туркзабонҳо асарҳои таҳқиқӣ ва рисолаҳо таълиф намуда, аз ҷониби ҳамкасбон баҳои арзанда мегирифт. Сохти шеъри тоҷикӣ, поэтикаи асарҳои ҷудогона, истилоҳҳои адабӣ дар ЭСТ ва ЭАСТ, ҳазор мисраи Рӯдакӣ, қатраборон, бедортурк ё бедортарак, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва садҳо мисоли инҳо ақлу шуури донишмандон ва аҳли саводро ба худ ҷалб менамуд.
Раҳими Мусулмониён аз аввал то охирин лаҳзаҳои ба фаромӯшхотирӣ мубтало шудан ҳамеша ба мушкилтарин масъалаҳои илми адабиётшиносӣ таваҷҷуҳ карда, онҳоро бо мулоҳизаҳои ҷолиб босубот ҳал менамуд. Осори Р.Мусулмониён ва баҳсу мулоҳиза, суҳбату машовара дар ҳамоишҳои дохиливу байналмилалӣ, дар рӯзномаву маҷалла ва китобҳои алоҳида тез-тез ва давра ба давра ба табъ мерасиданд.
Таълифоти Мусулмониён аз мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои таҳқиқӣ, асарҳои таълимӣ ва дастурҳо иборат мебошанд. Дар тақриз, мақолаву рисолаҳои Мусулмониён масъалаҳои эстетикии суханшиносони асримиёнагии форсу тоҷик, масъалаҳои илми бадеъ, сиёсати гузашта ва ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман замони шӯравӣ таҳлил ва таҳқиқ мешуданд. Мақолаҳои «Нахустин повести нависандаи ҷавон (Б.Ортиқов)», «Сайре дар бӯстони ҳикмат» (1970), «Аз таърихи тарзи тасвир ва истилоҳоти он» (1973), «Шарҳи истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1977), «Ҳаёти иҷтимоӣ ва тасвири шоирона» (1963, 1971), «Хоҷа Ҳофиз ва Темури Ланг» (1971), «Ёдгори муфид ва ҷомеъ» (1972). «Мафҳуми қасида дар сарчашмаҳои назариявии асрҳои Х1-ХУ» (1979), «Қофия: пайдоиш ва арзиш» (1982), «Меъёри шинохти шеър» (1986), «Таърифи шеър дар асрҳои миёна» (1986) «Бертелс ва проблемаҳои поэтика» (1975), «Носируддини Тӯсӣ ва назарияи шеър» (1982), «Сарчашмаҳои шеър дар арӯзи Навоӣ» (1991), «Дар бораи муносибати забони адабии классикӣ бо забони адабии муосир» (1978) аз муҳимтарин мақолаҳоии илмию назарии ин муҳаққиқ мебошанд. Дар бораи сохт ва мундариҷаи «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ул-ашъор»-и Кошифӣ, «Атоуллоҳи Маҳмуди Ҳусайнӣ ва баъзе масъалаҳои тафсири истилохоти адабиётшиносӣ дар асрҳои Х-ХУ” андешидааст. Тобистони соли 2013 аҳли нишаст ба муносибати қабули китобхонаи Р.Мусулмониён ба Китобхонаи миллӣ ин таълифотро аз муҳимтарин ёдгории устод дар миёни мамолики форсизабон дарёфтанд. Мақолаҳои «Устоди бузурги сухани бадеӣ» (1967), «Ду нишони шеъри олӣ» (1971), «Андешаҳои гирди шеър» (1973), «Машъали даврон» (1975), «Асоси як тасвири шоирона» (1975), «Радифи як шоҳасар» (1980), Сухане аз маҳорат» (1981), «Шоири навовар» (1983) ва ғайра муҳимтарин масъалаҳои назарии шеъри асри ХХ-ро фаро мегиранд.
Дар тақризҳои «Насри дилангез» (1968), «Ошёнаш дили халқҳо» (1968), «Шеъри озод дар Тоҷикистон» (1979), «Як рӯйи шаҳсутун» (1981) ва ҳоказо доир ба маҷмӯаҳои гуногун, ҳусну қубҳи онҳо сухан рондааст. Як қисм таълифоти муҳими Мусулмониён ҳамчун «Чанд сухан доир ба адабиётшиносии тоҷик» (1972), «Суханшиноси беназир» (1972), «Назариётчии бузург» (1982) ба тарғибу ташвиқи адабиётшиносони асрҳои миёна навишта шудаанд. Чунон ки мебинем, ҳамаи ин корҳо дониши мукаммалу васеъро талаб мекарданд ва вақт лозим буд, ки ин ҳама хубу зебо анҷом ёбанд. Заҳмати пуркори шабонарӯзӣ, диққат надодан ба саломатӣ оқибат устодро ба маризи гӯшношуниди фаромӯшхотирӣ, барҳам задани хотира оварда расонд. Ӯ муаллифи рисолаҳои «Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик» (1970), «Асрори сухан» (1980), «Фурӯғи шеъри ҷонпарвар» (1984), «Анъана ва навоварӣ» (1975), «Дарахти дӯстӣ биншон» (1987), «Поэтикаи шеъри классикии форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХУ» (М., 1979), “Назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ” (1990) ва ғайраҳо буда, барномаи дарсҳои амалию маърӯзавии «Назарияи адабиёт» (1990) ва дастури таълимии «Анъана ва маҳорат» (1985)-ро нашр кардааст.
Раҳими Мусулмониён дар омӯзиш ва нашри осори адабиётшиносии асрҳои миёна хизмати шоиста дорад. Рисолаҳои адабиётшиносии Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ «Бадоеъуссаноеъ» (Д.,1974), Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Бадоеъулафкор фӣ саноеъулашъор» (М.,1977)-ро бо муқаддимаю тавзеҳот ба табъ расонд. Китобҳо дар Эрон низ чоп шуда, донишмандони Эрон аз онҳо истифода мекунанд. Устод ба эрониён Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони Мовароуннаҳру дигар минтақаҳои ҷаҳонро ошно намуд. Вай дур аз Ватан бо ёди Ватан мезист ва аз дастовардҳояш хонандагонро хурсанд менамуд. «Устод дар Эрон бо як пора муҳаббати Тоҷикистон дар бағал зиндагӣ мекард» (А.Сатторзода). Хусусан баъди муҳоҷират ба Эрон домани фаъолияташ пурбор шудан гирифт. Вай дар он ҷо бо муҳити нави илмию адабӣ аз наздик шинос шуда, дар таҳқиқи масъалаҳои умдаи адабиёти умумифорсӣ кӯшид. Ба ҷуз фаъолият дар «Донишномаи ҷаҳони ислом», баргардону маълумотномаҳои зиёди илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ба таҳқиқи асарҳои ҷудогонаи илмӣ даст андохт, ки ғайр аз кушодани уқдаҳои илмӣ боз ба робитаҳои адабии халқҳои Осиёи Марказӣ, дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, мамолики форсизабон, аз масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ низ дур нагардид, дар бораи масъалаҳои Ҳизби демократи Тоҷикистон «Ҳаштумин солгарди Ҳизби демократии Тоҷикистон» (1998) андеша мекард, маърӯзаву мақолаҳо менавишт, рисолаҳо таҳия менамуд. «Забон ва адаби форсӣ дар Фароруд» (1376), «Шеър дар сарчашмаҳои назарӣ» (1377), «Аз Қубодиён то Кирмоншоҳон» (1380), «Тоҷикон дар таърих» (1383), «Ситораҳои Помир» (2004), «Форсиву дарӣ» (2004) ва ғайра рисолаҳои пурмуҳтаво таълиф менамуд. Акнун дар навиштаҳои сирф илмӣ оҳангҳои сиёсию публисистӣ зам шуда, асарҳояшро сиёсӣ, илмӣ ва оммавӣ низ мегардониданд. Ӯ ҳамчунин дар“Донишномаи адаби форсӣ”, “Дафтари фарҳанг ва адаби тоҷик” (Ҳавзаи ҳунарӣ), маҷаллаҳои “Шеър”, “Бухоро”, “Китоби моҳ”, “Ҷаҳони китоб” ва ғ. ҳамкорӣ карда, ба мисли мушовири илмӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ дар “Бунёди доиратулмаорифи исломӣ” дар Теҳрон фаъолият дошт.
Баргузидаҳои ашъору осори Мӯъмин Қаноат (1373), Бозор Собир (1373), Кароматуллоҳи Мирзо (1382)-ро дар китобҳои алоҳида таҳия ва тадвин намуд. Дар бораи онҳо, хусусан Бозор Собир «Шеъри ғарқи хун» (1378) сарсухану охирсухан навишт, ки беш аз 80 саҳифа буда, мисли як рисолаи алоҳида аҳамият дорад. Беҳтарин шеъру осори қариб ҳамаи адибони тоҷик–Лоиқ, Гулрухсор, Гулназар, Саттор Турсун, Абдуҳамиди Самад, Бахтиёри Муртазо, Раҳмат Назрӣ, Фарзона, Баҳманёр, Низом Қосим, Камол Насрулло, Аҷамӣ, Зиё Абдулло, Ҳ.Файзулло, Муродӣ, Пирим Сатторӣ, банда ва бисёри дигаронро дар рӯзномаву маҷаллаҳои Эрон бо маълумотномаҳо интишор намуд ва дар бораашон дар «Донишномаи адаби форсӣ, ҷилди 1. Осиёи Марказӣ», «Донишномаи ҷаҳони ислом» ва дигар осори умумибашарӣ маълумот менавишт.
Устод Мусулмониён 8 сол дар сари болини бемории фаромӯшхотирӣ ҷой андохта, аз даричаи ошёнаи даҳум ба олами пур аз савдою ранҷ бетарафонаю фориғболона назар меандохт. Ҳайфи умру заҳматҳои тӯлонӣ, ки кас ҳамаи корҳои иҷрошударо ҷамъбаст накарда, як дам ҳам фароғат нанамуда, 03.июли слли 2016 ба маризии мудҳиш мубтало гардад.
Шоҳзамон РАҲМОНОВ,
профессор