Овозхони ҳамаи давру замонҳо Аҳмад Зоҳири тоҷиктабор дар тӯли умри кӯтоҳ, вале пурбаракати хеш то имрӯз тибқи сарчашмаҳои ёфтшуда, аз ашъори бештар аз 100 шоир шеъру таронаҳои мағруберо сароидааст. Дар ин асос агар аз яке даҳ -понздаҳ шеър хонда бошад, аз дигаре шояд байте ва ё қитъаеро хонда бошад. Дар хусуси доираи сарояндагии Аҳмад Зоҳир дар мақолаҳои пештар нашр гаштаам, аз қабили «Аҳмад Зоҳир ва шуарои Тоҷикистон», «Аҳмад Зоҳир ва шоираҳо», «Аҳмад Зоҳир ва Абулқосим Лоҳутӣ», «Аҳмад Зоҳир ва Фуруғи Фаррухзод», «Аҳмад Зоҳир ва Баҳрини Дарвозӣ» ва ғайраҳо маълумот дода будам.

Акнун дар ин мақола хонандаи закитабъи ман кӯшиш менамоям, ки шуморо бо сайри шаҳри овозадори Шероз, аниқтараш бо андалебони ин шаҳри овозадорамон, ки дар домони худ садҳо, балки ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи порситаборро тарбия намудаву ба воя расонида, шуҳраи офоқ гардонидааст, шинос намоям. Гарчанде хуб медонам, ки ин андалебони гулбоғи бузурги «Шеъри порсӣ»-ро аниқан ҳамаи мову шумо медонем. Ҳама бо шунидани ашъори ин булбулони хушилҳоми гулбоғи зебои Шероз тарбияи ёфтаву калон шудаем ва Аҳмад Зоҳири афсонавӣ аз ашъори ин андалебони шерозӣ ба ғазалҳои зиёде оҳанг баставу хондааст ва ин таронаву оҳангҳои хондаи овозхон дар дару девори миллионҳо мардуми порсилисону иронинажод ва дигар халқҳо солҳо боз садо медиҳанд.

Сухан инҷо дар бораи шоирони бузурги сарзамини Порс, ки бо ашъори баландмазмунашон садсолаҳо боз Шарқу Ғарбро тасхиру мафтуни худ гардонидаанд- Шайх Саъдии Шерозӣ ва Ҳоҷа Ҳофизи Шерозӣ меравад. Ду аркони бузурги шеъри порсӣ ва кулли башарият, ки ному шеъри онҳо ҳатто барои мардуми тоҷики мо аз гаҳвора низ шинос ҳастанд.

Тибқи сарчашмаҳои мавҷуда, ки дар асарҳои устод Султони Ҳамад, дӯстам Исфандиёр, устод Сипос нашр гаштаанд ва маълумоти саҳеҳтаринро низ барои хонандагон устоди равоншод Султони Ҳамад дар китоби охиринаш «Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир» додааст, то имрӯз муайян гаштааст, ки Алмоси Шарқ ба 8 шеъри Хоҷа Ҳофиз ва 6 шеъри Шайх Саъдии Шерозӣ оҳанг баставу сароидааст.

Баъди шоирон Абулқосим Лоҳутӣ, Шоҳвалии Таронасоз, ки бо 17 шеърӣ (тибқи бархе аз иловаҳо аз Таронасоз 19 шеър хонда шудааст) дар ҷои 1-ум ва дуюм қарор доранд, Абдулаҳмади Адо бо 15 шеър дар ҷои 3-юм (тибқи бархе аз маълумотҳо 14 шеър) дар ҷои 3-юм қарор дорад, ҳамчунин Ҷалолиддини Балхӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Раҳии Муаъйирӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Аҳмадшоҳи Азҳар бо 9 шеъри дар мақоми 4-ум қарор доранд. Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо 8 шеър ҳамроҳ бо худи шеърҳои навиштаи Аҳмад Зоҳир дар мақоми ифтихории 5-ум қарор дорад. Шайх Саъдии Шерозӣ айни замон аз он сабтҳои ёфташудаи ашъори аз тарафи Аҳмад Зоҳир сурудааш, баъди устод Халилулоҳи Халил ва шодравон Фазлаҳмади Найнавоз, ки бо 7 шеърӣ дар мақоми 6-ум қарор доранд, бо 6 шеър ҷои 7-умро ишғол менамояд. Бояд гуфт, ки тибқи навиштаи Сипос  шеъри «Ай бути бераҳм шикор афканам» моли Шайх Саъдии Шерозист ва агар ин андеша дуруст бошад, пас ашъори Саъдӣ низ бо 7-шеъри аз ашъори эшон сурудаи Алмоси Шарқ дар ҷои 6-ум қарор дорад.

Бо назардошти онки Шайх Саъдии Шерозӣ аз Хоҷаи Ҳофизи Шерозӣ барвақттар гузаштаасту сухани Шайх низ назди Ҳофиз қадру манзалати ниҳоят баланде дорад, аз ин рӯ, салоҳ медонам, ки суханро аз ашъори Саъдии Шерозӣ, ки аз тарафи овозхон хонда шудааст, шурӯъ намоям.

Аз Шайх Саъдии Шерозӣ Алмоси Шарқ овозхони ҳамаи давру замонҳо шеърҳои зеринро ба оҳанг даровардаву хондааст:

  1. Ай сорбон, оҳиста рон…, (оҳанги Ҷалилаҳмади Золонд)
  2. Бигзор то бигириям, чун абр дар баҳорон…, (оҳанги ҳиндӣ)
  3. Гуфта будам, чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям…, (оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз)
  4. Зи дастам барнамехезад…, (оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  5. Ман надонистам аз аввал, ки ту бе меҳру вафоӣ…, (оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз)
  6. Ёр бо мо бевафоӣ мекунад…, (оҳанги Устод Брешно)

Ба ҳамин тариқ аз 6 ғазали Шайх Саъдӣ , ки аз тарафи Аҳмад Зоҳир суруда шудаанд 2 оҳанг аз тарафи Фазлаҳмади Найнавоз, 1 оҳангӣ аз тарафи худи овозхон, ҳамчунин аз тарафи Ҷаллилаҳмади Золонд ва Устод Брешно хонда шудааст. Бояд гуфт, ки ба ғазали «Ман надонистам аз аввал, ки ту бе меҳру вафоӣ…» устод Шаҳриёр мухаммас бастааст ва аз ин мухаммас низ овозхон истифода бурдааст.

Чунончӣ:

Ай, ки аз килки ҳунар нақши дилангез Худоӣ,

Ҳайф бошад, маҳи ман, к-ин ҳама аз меҳр ҷудоӣ.

Гуфта будӣ, ҷигарам хун накунӣ, боз куҷоӣ?

Ман надонистам аз аввал, ки ту бе меҳру вафоӣ,

Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бибандиву напоӣ.

Тамоми ин 6 ғазали аз Шайхи Шероз хондаи ҳунарманд бо як садои мағруби овозхон, зери садои оҳанги басо дилчаспу форам, ки аз тарафи худи овозхон ва беҳтарин оҳангсозони Афғонистон ба риштаи оҳанг кашида шудаанд, сароида мешаванд ва беҳуда нест, ки ин сурудҳои хондаи ҳунарманд ба ҳайси беҳтарин сурудаҳои машҳуртарини хондаи Алмоси шарқ маҳсуб ёфтаву байни тамоми мардуми порсилисон ва дигар миллатҳои дуру наздик ба хушӣ қабул гаштаанд. Чун ғазалҳо низ ҳамагӣ мазмуни ниҳоят баланд доранду як шоҳкории на танҳо адабиёти порсӣ, балки ҷаҳон низ маҳсуб меёбанд. Кӣ дар бораи ғазали «Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад» ва ё «Бигзор то бигириям, чун абр дар баҳорон…, ки ҷаҳонро тасхир намудаанд, намедонад?! Дигар чор ғазалу оҳангҳояшон низ маҳбубтарин шеъру оҳанги бо забони порсӣ сароидаи ҳунармандон дар асри ХХ маҳсуб меёбанд.

Чи тавре, ки дар мақолаҳои гузашта, камина қайд намуда будам ва хосатан дар мақолаҳои “Аҳмад Зоҳир ва Абулқосим Лоҳутӣ”, «Аҳмад Зоҳир ва Фурӯғи Фаррухзод» ба арзи дили аҳволӣ Аҳмад Зоҳир рафта будам ва дар ин хусус дар асарҳои мондагори устоди равоншод Султони Ҳамад низ оварда шудааст, Алмоси Шарқ дили нозук ва покизае дошт ва дар зиндагӣ аз ҳисоби истеъдоди худовандии доштааш аз тарафи ҳасудону нотавонбинон, сифлагони ҷомеъаи онвақтаи Афғонистон борҳо ба тӯҳмат кашида шуда буд. Дар ин маъни ӯ ҳар гоҳ зиндагии вазнину беҳуқуқии мардуми одии меҳнаткаши меҳанашро медид, ба ин тоқат надошт. Бо он некиманишии доштааш эҳсоси исёние низ барои нобаробарии ҷомеъаи онвақтаи кишвараш ва зиндагии вазнину беранги ҳамватанонаш дар қалб дошт, ки ашъори оташини ватандӯстонаи устод Лоҳутии хушбаён, Фурӯғи Фарухзод, Фаррухи Язӣ ва ашъори орифонаю сӯфиёнаи Мавлои Балх, андалебони гулбоғи Шероз, Саъдӣ ва Ҳофиз таскини дили ошуфтаи ин шахисияти нексиришт ва покандеш мегаштанд.

Бо хондани ашъори орифонаю сӯфиёнаи Мавлои Балх, андалебони гулбоғи Шероз, Саъдӣ ва Ҳофиз ва дигар орифони классики порсизабонон овозхон руҷу ба худованди якто ва беназир мекард ва дар ин шеърҳо то андозае оромиши рӯҳии худро пайдо мекард. Беҳуда нест, ки овозхон бо ҷамъияти дарвешони Кобул, ки бо номи Чиштиён маъруфанд ва шеъру оҳанги Алмоси Шарқро ба ҷон мепарвариданду зери суруду таронаҳои орифонаи сӯфиёнаи ӯ ба рақси само мерафтанд, алоқаи қавӣ дошт ва бо онҳо гоҳ-гоҳ вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо анҷом медод.

Шояд дар таърихи Афғонистон Аҳмад Зоҳир ягона шахсияте бошад, рӯзи ҷаноазааш ҷомеъаи дарвешони Кобул ҷанозаи ӯро зери оҳангҳои худаш ва ашъори орифонаи аз класикони шеъри порсӣ хондааш бо рақси само то гӯристон бурдаанд. Рақси само, ки аз замони Мавлои Балх то имрӯз боқӣ мондааст, бо як оҳанг ва ҷазби ашъори дар ҳаққи худованд сурудаи Мавлои Балх, чун муноҷот ба сӯи худованд иҷро карда мешавад.

Дар ин маъни ашъори баландмазмуни орифонаи шоирони бузурги Шероз низ дар ҳамин радиф қарор доранд.

Аҳмад Зоҳир аз Хоҷа Ҳофиз 8 шеърро тибқи сарчашмаҳои то имрӯз мавҷуд буда, ба оҳанг даровардаву хонааст, ки онҳоро дар зер меоварем:

  1. Ай подшаҳи хубон дод аз ғами танҳоӣ…, (оҳанги ҳиндӣ)
  2. Айшам мудом аст, аз лаъли дилхоҳ…, (оҳанг маълум нест)
  3. Ба азми тавба…, (оҳанг маълум нест)
  4. Гар зулфи парешонат дар дасти сабо афтад…, (оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  5. Дӯш аз масҷид сӯи майхона омад пири мо…, (оҳанги Устод Брешно)
  6. Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд…, (оҳанги Хусейн Армон)
  7. Ҳошо, ки ман ба мавсими гул тарки май кунам…, (оҳанги ҳиндӣ)
  8. Гуфтам ғами ту дорам…, (оҳанг маълум нест)

Аз шеърҳои хондаи ҳазрати Хоҷаи Ҳофизи Шерозӣ ба 1 шеъраш худи овозхон бо номи «Гар зулфи парешонат дар дасти сабо афтад» оҳанг баставу сароидааст. Ба шеъри «Дӯш аз масҷид сӯи майхона омад пири мо» Устод Брешно ва ба шеъри «Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд» оҳангсоз Ҳусейн Армон оҳанг бастаанд. Шеъру маъруфи «Ай подшаҳи хубон дод аз ғами танҳоӣ» аз тарафи овозхон зери садои як оҳанги ҳиндии муаллифаш айни замон номаълум сароида шудааст. Ғазали машҳури «Ҳошо, ки ман ба мавсими гул тарки май кунам» низ зери оҳанги ҳиндии муаллифаш номаълуме иҷро шудааст. Муаллифони шеърҳои «Айшам мудом аст, аз лаъли дилхоҳ», «Ба азми тавба…» ва «Гуфтам ғами ту дорам» низ муттасифона, айни замон муйян нестанд ва умед мебандем, ки ҷӯяндагони осору фаъолияту зиндагии Алмоси Шарқ ҳатман ин розҳоро низ дар оянда хоҳанд кушод.

Ашъори малакутии Хоҷаи Шероз низ бо як маҳбубияти хоса ва эҳсоси баланд ва оҳангҳои дилнавозу зебо аз тарафи Аҳмад Зоҳир сароида шудаву инак дасолаҳо дар хонаи ҳар як порсизабон шунида мешаванд. Ин ашъори малакутӣ низ мисли ашъори Шайх Саъдӣ дар таълиму тарбияи орифонаву «худованди ишқ» хизмати беминнати худро адо намуда омада истодаанд. Боварии комил дорам, ки боз садсолаҳо дар хизмати ошиқони ҳунарманди накӯном ва дилбохтагони каломи рабонию орифонаю ошиқонаи шоирони накуноми Шероз қарор хоҳанд гирифт.

Ашъори Хоҷаи Шероз зери садои мусиқии ноб ва хосатан ғазалҳои «Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ» зери оҳанги ҳиндӣ ва «Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд» зери оҳанги Ҳусейн Армон бо чунон истеъдоди баланд сароида мешаванд, ки касро ҳатто ҳангоми роҳ рафтан маҷбур ба истодан дар роҳ ва лаҳзае гӯш додан ба маънои волою орифонаи «ишқи раббонӣ»-и ғазалу оҳанги зебо мувоҷҷеҳ менамоянд.

Бисёр меандешам, ки Иоҳан Гётеи бузург, он «сӯфии олмонӣ»-и дар ишқи «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ ва хосатан ғазалиёти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ сӯхтаву муриди маънавии эшон гашта, ки бо дарки каломи орифонаю раббонии андалебонӣ Шероз ба худ роҳ ба сӯи розҳои орифону ошиқони Каломи раббонӣ мекушод ва ҷое низ чунин гуфта:

Ҳофиз, ту мисоли ҷовидонӣ,
Чун умри абад надор
ӣ поён.
Ҳар як ғазалу чакомаи ту,
Ҳар нақши сарири хомаи ту.
Вобаста фа
қат ба хеш бошад.
Чун чанбари осмони гардон…

Агар замони барҳаётии Аҳмад Зоҳир зиндагӣ мекард ва ашъори малакутии орифони Шерозро зери оҳангҳои мағрубу овози худовандии ҳунарманди порсизабон мешунид, шояд як умр маскуни хароботи дарвешону ҷандапӯшони роҳи ишқи худованд мешуд ва дар худ ҳазорон бор печутоб хӯрдаву сад бор сар ба хок мезад…

Ғазалиёти орифонаю сӯфиёнаи Саъдиву Ҳофиз инак қариб 60 сол боз дар самои нилуфарии кишварҳои порсизабон, зер садои оҳангҳои мағрубу овози худовандии Аҳмад Зоҳир дар парвозанд ва дар ин муддат рӯҳи садҳо миллион одамонро ба оромиш бурдаву нерӯ бахшиданд.

Ин ашъору оҳангҳо миллионҳо ҳаммиллатону ҳамзабононамонро дарси тарбиявӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ додаанд. Хосатан дар Тоҷикистони азиз, замони пеш, ки забони модариямон ба тангноҳои кӯҳистон танг карда бароварда шуда буд, чун аллаи модар ба миллати мо забон омӯхтаву мардумро то имрӯз тарбияи маънавию маърифатӣ додаву дода истодаанд.

Шайх Саъдии Шерозӣ бо асарҳои ҷаҳоншумули худ, панду андарзҳои ахлоқӣ бо номи муаллими башарият маъруф аст. Солҳо ин ҷониб шоҳбайти Шайхи бузург бо номи «Бани одам зи як пайкаранд» дар даромадгоҳи СММ бо оби тилло бо забонҳои аҳли башар навишта шудааст ва мо ворисони бевоистаи Шайх имрӯз бо номи ӯ байни миллатҳои ҷаҳон ифтихоре дорем бас бузург.

Ашъори Ҳазрати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки Ғарбу Шарқро тасхир намудааст, ҳама мазмуни бевосита аз оятҳои Қуръони Карим доранд ва бесабаб нест, ки дар ҳар як хонаи тоҷик ҳатман девони Ҳофиз буд. Замони пеш аз инқилоб ва набудани китоби худо, зери болишти гаҳвораи тифли тоҷик ҳатман девони Ҳофиз гузошта мешуд. Мардум ҳамагӣ Саъдиву Ҳофиз мехонд ва касе, ки аз ашъори ин андалебони музофоти Порси Ирон намедонист ва маънидод карда наметавонист ёд дорам замони кӯдакӣ дар зодгоҳи ман кӯҳистони Дарвоз ӯро босавод намеҳисобиданд (барои ман даҳшатноктарин рӯз ҳамон рӯз буд, ки шунидам, чанд нохалафи ба ном «тоҷики исломӣ», вале дар асл «ҳайвони дӯзахӣ» дар муқаддастарин шаҳри тоҷикон, Маккаи мардуми тоҷикзабон, зодгоҳи Саъдиву Ҳофиз шаҳри Шероз даст ба амали терористӣ задаанд).

Охирин чунин донандагони бозаковату хушхони деҳаи мо ин модаркалону бобои ҷаннатиям буданд. Аммаҳои модарам, худораҳматиҳо тағоҳои модари азизам, бобоҳоямон Содиқ, Розиқ, Солеҳ, бобои Ҷамол, худораҳматии махдуми Нуриддин донандагони бозаковати ашъори малакутии Ҳофизи Шерозӣ ва Шайх Саъдӣ буданд. Ёдашон ба хайр бод.

Дар анҷом сипоси бепоёни худро дар ин баҳори файзбахш ба номи Саъдию Ҳофизу Аҳмад Зоҳир ва муриди шоирони Шероз Иоҳан Гёте меоварем ва ба рӯҳи пурфутувати онҳо дуо мекунем, ҷояшон ҷаннат буда бошад.

Ин буд чанд шамаъе аз фаъолияти Алмоси Шарқ дар роҳи хондану тарғиб намудани ашъори орифонаю сӯфиёна ва ошиқонаи андалебони Шерози хушнавоз. Агар қадре ҳам маъқулатон шуда бошад ин навиштаи ночизи камина хело шод мешудам, ҳаводрони шеъру мусиқии ноби тоҷикӣ.

Варқаи ЗАЙНИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь