Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта – рафта чарх оламгир кард.

Ин сатрро дер боз дар зеҳнам бошад ҳам, вале ба маънояш он қадар сарфаҳм нарафта будам.

Имрӯз дарк карда истодаам, ки:

Ҳар ки бе устод кард оғози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Беле, муаллим ин рӯшангари роҳи зиндагии ҳар яки мост. Модар бошад моро ба дунё овардаву шеваи роҳ рафтан ва ҳарф заданро омӯхт. Бешак, нахустин муаллими мо дар хона, дар зиндагӣ ин модар аст. Аммо вақте мо ба пои хеш роҳравон шудему мактабхон, моро муаллимони мактаб таълиму тарбия карданд, то мо соҳибилм ва босавод гардем.

Дар ҳеҷ давру замон касе аз пеши худ чизе нашудаасту намешавад. Инсон ҳам доимо ба касеву чизе ниёз дошту дорад ва барои омӯхтани илму дониш нафаре дастгири мо мешаваду роҳи росту дурусти зиндагиро нишон медиҳад. Бояд гуфт, ки инсон дар ҳаёт бо мусоидати дигаре илмеро аз худ мекунад ё кореро ба сомон мерасонад. Оҳанро оҳангар, одамро муаллим обу тоб медиҳад. Оре, муаллим шахсест, ки неку бади зиндагиро ба мо мефаҳмонаду меомӯзад. Муаллим фардест, ки дар пастию баландиҳои рӯзгор чун асои даст такягоҳ мешавад. Касест, ки чун нохуну пӯст ба ҷони мо пайванд мешаваду аз шодиямон шоду аз нокомиямон андӯҳгин мегардад. Ӯ касест, ки ба монанди оина айби моро нишон дода, моро ислоҳ мекунад. Тамоми қувваю нерӯ ва он чи ки дар замираш нуҳуфтааст, ӯ ба мо мебахшад, то ин ки ҳеҷ монеае дар ҳаёт садди роҳамон нагардад. Пас чи гуна ӯро бузург нагӯем?:

З – ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбарӣ, муаллим.

Бузурге мегӯяд: “Ман ғуломи касеам, ки маро як ҳарф аз илм омӯхтааст”. Дар мавриди муомила бо муаллим ва ҳурмату эҳтироми онҳо дар ҳама давру замон бисёр зикр намудаанд. Аз он ҷумла, дар сарчашмаҳои динию ахлоқӣ низ хеле ба маврид гуфта шудааст. Пас бояд, ки ҳурмати муаллимро ба ҷо орем. Бояд донем, ки маҳз илму дониш одамро аз ҳар гуна нопокӣ, ҷаҳолат ва золимӣ берун мекашад. Пас, мебояд ҳарчи бештар фарогири он бошем. Ҳамчуноне, ки муаллим кӯшиш мекунад, то шигирдаш дониши хуб гирад. Шогирд низ вазифадор аст, ки ҳама талаботҳои устодро ба ҷо орад. Зеро:

Қадри устод аз падар беш аст,

В – аз падар устод дар пеш аст.

ё ин ки:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симинш ба канор ниҳод.

Ба сари лавҳи ӯ навишта ба зар:

Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

Агар ҳар яки мо дар зиндагӣ ба муваффақияте ноил шавем, дар он саҳми муаллимони мо низ ҳаст. Аввалу охир Худованд, баъд маҳз муаллимон боис мегарданд, ки мо илмеро аз худ менамоем. Набояд фаромӯш кард, ки ҳатто дар лаҳзаҳои аввал, вақте ки навиштан мушкилӣ мекард, аз дастамон дошта, тарзи дуруст навиштанро меомӯхт.

Банда, ки хатмкардаи МТМУ №35 – уми деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент ҳастам, хушбахтона, аз таълиму тарбияи муаллимони хеле донишманду босавод, илмҷӯю соҳибилм ва ҳунарманду бомаърифати ин даргоҳ баҳра бардоштаам. Дар байни эшон муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик Икром Азимов мавқеи хос доранд. Маҳз бо кӯшишу талошҳои он кас хонандагон ба фанни забон ва адабиёти тоҷик дилбастагӣ пайдо намуданд. Дарсҳои муаллим Икром Азимов хеле ва хеле шавқовар мегузаштанд, мо ончунон мафтуни суханҳояшон мегаштем, ки садои занги деринтизори мактабро намефаҳмидем. Муаллим дар баробари донишманду босавод буданашон ростқавлу поквиҷдон, меҳрубону ғамхор, сахтгиру серталаб ва ҳоҷиву намозхон буданд. Ҳамин хислати бузурги муаллими меҳрубон Икром Азимов аст, ки мо – шогирдон эшонро чун шахсият эҳтиром мекунем ва мехоҳем он кас барин босаводу донишманд бошем.

Дар таълуму тарбияи фарзанд нақши муҳимро волидайн мебозад, лекин дар баробари он дар ҷамъият нақши асосиро муаллим мебозад. Муаллимон мисли боғбонанд, ки навниҳолони роҳи донишу маърифатро дар боғи худ фаро гирифта, онҳоро нигоҳубин менамоянд. Муаллимон шахсе мебошад, ки дар ҳақиқат шоистаи таҳсин аст ва дар васфашон ҳарчанд гӯем ҳам, кам аст. Мо – шогирдон ҳамеша дар назди муаллимони худ қарздорем ва бояд кӯшем, ки онҳо аз мо розӣ шаванд. Пас биёед қадрдони муаллимон бошем.

Шервони УМРИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь