(муқаддимае дар ҳошияи 70-солагии инсони шариф Муллоназари Холназар)

Дар хусуси ватандорони сидқӣ ва меҳанпарастони воқеӣ, ки тафаккуру биниши миллӣ-давлатӣ доранд, зиёд навиштаанд, аммо, мутаассифона, теъдоди ин қабил ангуштшуморанд. Мунтаҳо, вуҷуду ҳузури ин гуна ашхос, ки на танҳо дар гуфтору шиор, балки дар амалу кирдор садоқату вафодорӣ ба ватанро нишон медиҳанд, боиси ифтихори ҳамватанон будаву ҳаст. Мусалламан, ҳар гоҳ ки дар мавриди ватанпарастии забонию шиорӣ ва меҳандӯстии сидқию қалбӣ сухан ба миён меояд, ба таври худогоҳу нохудогоҳ байти калидии ғазали машҳури устод Лоҳутӣ “Ё ҳар ду” ба унвони далелу мадраки асосӣ пеши назар рӯ мезанад:

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор, ё ҳар ду.

Воқеан, яке аз нафароне, ки сидқан ватандор буда, меҳанпарастиро ба унвони меҳвари зиндагӣ ва марҷаи ҳаётӣ мешиносаду эътироф мекунад, устод Муллоназари Холназар мебошад.  Масири зиндагӣ ва зиндагиномаи Муллоназари Холназар аҷиб аст: 20 октябри соли 1954 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, соли 1976 шуъбаи форсии факултети овозадори шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ)-ро муваффақона хатм карда, дар ибтидои кор ба муаллимӣ иштиғол меварзад ва дар яке аз мактабҳои ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) аз фанни забони форсӣ дарс мегӯяд. Пасон ба хидмати низомӣ ҷалб шуда, давраи хидматиро ба поён мерасонад ва ҳамчун афсари содиқи ватан сарнавишти минбаъдаашро ба умури ҳарбӣ-низомӣ, дақиқтараш, таълиму тарбияи низомиёни ҷавон бахшида, солҳо дар тарбияи ҳарбӣ-низомӣ ва сиёсӣ-мафкуравии афсарони ҷавон саҳми муносиб мегузорад.

Азбаски устод Муллоназар мутахассиси хуби забони форсӣ-дарӣ буд, ба кори ҳарбӣ-тарҷумонӣ дар Афғонистон ҷалб мешавад ва тайи солҳои 1982-1985 дар Афғонистон минҳайси тарҷумони низомӣ ифои вазифа мекунад. Дар ҷараёни тарҷумонӣ устод Муллоназар аз вежагиҳои ҳувиятӣ, қавмӣ, қабилаӣ, этникӣ, миллӣ, мардумӣ, маҳаллӣ, таърихӣ, забонӣ, нажодӣ, адабӣ ва фарҳангии минтақа огоҳ мегардад ва ба мутолеаи адабиёти дастраси форсии дарӣ дар заминаи таъриху адабу маданияти мардуми Афғонистон мепардозад.

Маъмурияти тарҷумонӣ ва пеш аз ҳама, масъулияти виҷдонӣ Муллоназарро водор месозанд, ки ба масоили марбута, аз ҷумла эҳсоси ватандорӣ, садоқати касбӣ, муқаддасоти миллӣ, масъулияти давлатӣ, вазифаи сиёсӣ-мафкуравӣ ва кайфияти бозиҳои геополитикӣ ба лиҳози ҳирфаӣ-ихтисосӣ бархурд кунад ва дар ин замина донишу таҷрибаи нав касб намояд. Пас аз адои хидмати тарҷумонӣ ба ватан бармегардад ва тайи солҳои 1988—1992 ба ҳайси корманди Ҷамъияти “Китоб”-и ҷумҳурӣ, ки аз ҷумлаи пружаҳои муваффақи сиёсӣ-мафкуравӣ ва маданӣ-маърифатии замони шуравӣ маҳсуб мешуд, ифои вазифа менамояд. Тавассути Ҷамъияти “Китоб” бо доираҳои адабию маърифатӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ошно мегардад ва фаъолият дар ин пружа сатҳи донишу биниши Муллоназарро дар заминаи шинохти мушкилоти фикрию маданӣ ва ҳассосиёти  замонӣ боло мебарад ва ӯро миёни доираҳои адабию мадании ҷумҳурӣ минҳайси шахсияти огоҳ муаррифӣ мекунад. Мушаххасоти корию ҳирфаӣ, аз ҷумла бо китоб, гардиши он дар саросари қаламрави ҷумҳурӣ ва дӯстдорони ин ганҷинаи бебаҳои миллат сари кор гирифтан, Муллоназарро ба як чеҳраи маърифатию маданӣ табдил медиҳад. Мутаассифона, вазъи хуби сиёсӣ-иҷтимоӣ дер давом намекунад ва моҳи майи соли 1992 кишвар ба оташи ҷангу даргирии дохилӣ кашида мешавад. Муллоназар бар мабнои таҷрибаи сиёсӣ-мафкуравии дар ҷараёни маъмурияти хориҷӣ дар Афғонистон андӯхтааш хуб дарк мекунад, ки ҳангомаю бозиҳои дохилӣ, ки аз берун тарҳрезию мудирият шуда, аз тарафи гурӯҳҳои фурсатталабу мансабталоши ватанӣ роҳандозӣ мегарданд, ба хубӣ намеанҷоманд ва оқибат хонумони миллатро месӯзанд. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Баъди анҷоми маъмурияти ҳарбӣ-дипломатӣ ва расидан ба синни бознишастагӣ устод Муллоназари Холназар ба умури мулкӣ баргашта, чанд соли ахир ҳамчун ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад. Айёми маъмурияти низомӣ ва дипломатӣ доштан Муллоназари Холназар бар мабнои дафтари хотироти фардӣ ду китоби ҷолиби ёддоштиеро таҳти унвонҳои “Дар чашмони хотираҳо” ва “Эрони муосир” ба табъ мерасонад, ки ҳамчун манобеи хуби ёддоштӣ-хотиротӣ ва илмӣ-оммавӣ дар омӯзишу таҳқиқи минтақаҳои мавриди назар ба доираи васеи хонандагон мусоид буда метавонанд. Махсусан, лаҳазоти аҷиберо метавон аз хилоли зиндагию сарнавишти ибратомӯзи китоби хотиротии “Дар чашмони хотираҳо”-и Муллоназари Холназар пайдо намуду хонд,  ки ҳамчун таҷрибаи рӯзгор моро ба кор меоянд. Бинобар ин, аз фурсат истифода намуда, хонандагонро ба хондани ин китоби ёддоштӣ (манзур китоби ёддоштии “Дар чашмони хотираҳо”-и Муллоназари Холназар аст) ташвиқ мекунам. Ҳамчунин, устод Муллоназар узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон буда, муаллифи беш аз 30 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ низ ҳаст. Устод таҳқиқу пажуҳишҳояшро дар заминаи кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик идома дода истодааст.

Бо устод Муллоназари Холназар хеле дертар (тахмин соли 2017) ошно шудам, вале мисли ин ки тамоми умр ӯро мешиносам. Ба ин далел, ки марди сидқӣ, самимӣ ва отифист. Тайи муддати ошноӣ надидаам ва ҳатто нашунидаам, ки устод Муллоназар дар нисбати касе ё гурӯҳе боре дуруштию дағалӣ карда бошад ва аз булфузулию фахрфурӯшӣ, ки дар ин давру замон зиёд муд шудааст, кор гирифта, боиси нороҳатии иддае бигардад. Бо он ки солҳои тулонӣ дар вазифаҳои калидии мақомоти интизомӣ ва умури низомӣ кору фаъолият карда, то ба рутбаи низомии сарҳанг (полковник) расида, таҷрибаи рӯзгорро зиёд андӯхта, баду неки зиндагиро бисёр дидаву шунида ва ширину талхи умрро фаровон чашидааст, ба худ асло раво намебинад, ки назди касе ва ё гурӯҳе баланд сухан кунаду такаббур варзаду худро ҳамчун шахсияти матраҳ ба намоиш гузорад. Хеле одию хоксор ва заминию отифист.

Дарвоқеъ, пас аз он ки бо устод Муллоназар дурустҳисобӣ ошно шудам, дигар гоҳу ногоҳ ба утоқи кориаш дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо сар мезадам ва бо ӯ соатҳо дар атрофи масъалаҳои ҳассоси замонӣ гуфтугӯ мекардам ва аз мулоҳизарониҳову баррасиҳову натиҷагириҳову хулосабандиҳои ҷолиби мавсуф лаззат мебурдам. То имрӯз суҳбату гуфтумонҳои мо дар утоқи кории устод ва баъзан айёми меҳмониҳою нишастҳои илмию фарҳангӣ ҳамчунон давом доранд ва ба истилоҳ, аз ин тариқ риштаи дӯстию рафоқатамон устувортар мегардад. Баъзан ба суҳбати мо афғонистоншиноси маъруф устоди шодравон Ғиёсиддин Қодиров (1942-2024), ки марди дониш ва инсони бисёр фурӯтану гиромие буда, мизи кориаш дар рӯбарӯйи мизи кории устод Муллоназар қарор дошт, ҳамроҳ мешуд ва суҳбат ҷолибу гармтар мегардид. Тавре ки болотар ироа доштам, устод Муллоназар, бо он ки дониши фарогири назариявию амалӣ дар умури мамолики Шарқи мусулмонӣ, хосса Афғонистон, аз як тараф ва таҷрибаи калони корӣ дар хориҷи кишварро, аз тарафи дигар, дорад, ҳеҷ гоҳ фазлфурӯшӣ намекунад ва сатҳи донишу бинишашро амдан ба намоиш намегузорад. Бо оромишу тамкини хос аввал мусоҳибро гӯш мекунад, ба изҳори назарҳои мусоҳиб дақиқ мелоҳиза мефармояд ва пасон сухан меоғозад. Ором, бетакаллуф, бидуни таоруф ва бе он ки мусоҳибро имтиҳон кунад, сухан мегӯяд. Бахусус, тамкину оромишу тавозуъи ба худ хоси устод, ки аз хамираи зотӣ-сириштиаш сарчашма мегиранд, мусоҳибро таҳти таъсир қарор медиҳанд.

Дар айни замон, ҳангоме ки гап дар бораи ватану ватандорӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ меравад, устод Муллоназар мисли шоири покистонӣ Файз Аҳмади Файз дар мегирад (инҷо байти машҳури устод Турсунзода дар бораи шоири маъруфи покистонӣ Файз Аҳмади Файз мадди назар қарор гирифтааст: Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт, Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт) ва нуқтаназарашро бидуни дудилагию фурсатшиносӣ бо эҳсосоти баланди фардӣ, ҳарорати қалбӣ ва масъулияти виҷдонӣ ироа медорад. Ба ин маъно, бо мавқеъгириҳои рӯйирости давлатӣ ва садоқати имонию виҷдонӣ дар ростои ватану ватандорӣ, ки аз ҷониби устод Муллоназар ҳангоми диду бозидидҳо ва суҳбату гуфтугӯҳоямон зуҳуру буруз мекунанд, эътиқоду эҳтироми мо ба ин ватанпарасти сидқӣ ва меҳандӯсти воқеӣ меафзояд. Ин аст, ки ашхосе назири устод Муллоназари Холназар ифтихори моянд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, 70-умин солгарди умрро барои устод Муллоназар муборакбод карда, барояш сиҳҳатӣ, тандурустӣ, болидахотирӣ, саодатмандӣ ва тавоноии ҷисмию руҳиро  хоҳонем.

70-солагӣ хуҷаставу фархунда бод, устод Муллоназари Холназар!

Дар фароварди сухан пораи манзумеро, ки ба ифтихори 70-умин солгарди умри устод иншо гардидааст, манзур месозем.

Насли поки некном

Бегумон, мисли накуфарди Ватан,

Доимо ҳастӣ ту ҳамдарди Ватан,

Рӯйи мижгонат пур аз гарди Ватан,

Эй ҷавонмарди Ватан,

Хуш ҳамоварди Ватан!

 

Метапад қалбат ба оҳанги Ватан,

Волаи хору хасу санги Ватан,

Афсари содиқу сарҳанги Ватан,

Пояи нанги Ватан,

Ҷони фарҳанги Ватан!

 

Қисмати талхат аҷаб озор кард,

Ҷисми пурдарди туро афгор кард,

Марги наздикон гарат бемор кард,

Ғам, вале ҳушёр кард,

Марди нотакрор кард!

 

Дар мусибатҳо Ватанро ҳамсафар,

Дар раҳи ҳифзи Ватан шому саҳар,

То набинад насли миллат дарди сар,

Менакардӣ худ ҳазар,

Ҳеҷ аз хавфу хатар!

 

Пас, сазоворӣ ба кулли эҳтиром,

Пас, сазоворӣ ба ҳар ҷоҳу мақом,

Пас, сазоворӣ ба умри бардавом,

Иззатат бодо мудом,

Насли поки некном!

Н. Нурзода, пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь