Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозад. Машқҳои мунтазам, ки бо мақсади баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД анҷом дода мешаванд, аҳамияти хоса доранд. Барои Тоҷикистон иштирок дар ин тамринҳо ниҳоят муҳим аст, зеро кишвари мо бо таҳдидҳои зиёд, аз ҷумла, тақвият ёфтани гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва бесуботӣ дар минтақа рӯ ба рӯ гардидааст.

Дар Тоҷикистон Консепсияи дифои миллӣ таҳия карда мешавад, ки харидории системаҳои муосири аслиҳа, ба монанди воситаҳои радиоэлектронии мубориза ва системаҳои дифои зиддиҳавоиро барои ҳимоят аз ҳавопаймоҳои бесарнишин пешбинӣ мекунад.

Вазъият дар минтақа

Марги президенти Эрон Иброҳим Раисӣ дар суқути чархбол бесуботиро дар Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ эҷод кард. Дар чунин замон аҳамияти созмонҳое, ки амниятро дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, таъмин мекунанд, меафзояд. Кишвари мо барои таҳкими амнияти худ ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ фаъолона густариш медиҳад, зеро хуб дарк мекунад, ки давлат аз сабаби надоштани иқтидори кофии технологӣ ва ҳарбию техникӣ ба танҳоӣ ба таҳдиду чолишҳои муосир тоб оварда наметавонад. Дар ҳалли ин масъала СААД нақши калидиро мебозад.

Пойгоҳи низомии 201”-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншоот дар хориҷи ин кишвар мебошад, ки бо ҳавопаймоҳои пилотӣ, мутахассисони ҳавопаймоҳои бесарнишин, дивизиони Ураган ва мошинҳои нави зиреҳпӯш, аз ҷумла зиреҳпӯшҳои БТР-82А ва мошинҳои ҷангии муосири БМП-2М муҷаҳҳаз карда шудааст.

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Тоҷикистонро аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ, аз ҷумла кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвару минтақа аз ҷониби неруҳои беруна, ки мехоҳанд ҳукумати кунуниро иваз кунанд, ҳифз менамояд.

Мутахассисони рус аз соли 2015 дар омода кардани кадрҳои низомӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин муддат беш аз 6,5 ҳазор низомии тоҷик, аз он ҷумла 1000 нафарашон соли гузашта, омода карда шуданд.

Осиёи Марказӣ бо таҳдидҳои зиёд рӯбарӯ аст, ки яке аз онҳо тақвияти нуфузи Толибон (созмони террористӣ) мебошад. Дабири кулли СААД И. Тасмағамбетов изҳор дошт, ки чолишҳои асосӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Афғонистон бармеоянд, зеро дар он ҷо гуруҳҳои террористӣ мавқеъҳои худро тақвият медиҳанд. Пешгӯии стратегии ин чолишҳо ва қобилияти пешгирӣ кардани онҳо яке аз чораҳои муассир хоҳад буд.

Илова бар ин, Афғонистон ҳанӯзам бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Таҳти роҳбарии Толибон истеҳсоли маводи мухаддир на ин ки кам нашуд, балки миқёси нав пайдо кард. Қочоқи маводи мухаддир тавассути Осиёи Марказӣ ба  афзоиши ҷиноятҳои муташаккил мусоидат мекунад. Идеологияи гуруҳҳои ифротӣ тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба Осиёи Марказӣ роҳ ёбад. Ин ба ифротишавии аҳолии маҳаллӣ, бахусус ҷавонон оварда мерасонад ва хатари нооромшавии вазъи дохилиро зиёд мекунад.

Сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҳанӯз ҳам осебпазиранд. Толибон ва дигар гуруҳҳои мусаллаҳ метавонанд ҳудудҳои марзиро барои ҳамла ва ворид шудан ба кишварҳои ҳамсоя истифода баранд. Ҳамин тариқ, афзоиши нуфузи Толибон дар Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Барои муқовимати муассир ба ин чолишҳо амалҳои ҳамоҳангшуда ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар минтақа зарур аст.

Бо ба сари қудрат бозгаштани Толибон фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст. Тақвияти фаъолияти террористӣ дар Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳдиди мустақим эҷод мекунад.

Вокуниш ба таҳдидҳо

Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳифзи марзҳои худ ва таъмини амният иқдомҳои фаъол меандешанд. Тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди СААД, дар таҳияи стратегияҳо ва гузаронидани машқҳои муштарак ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳ кумак мекунад. Инчунин, рушд додани Консепсияҳои миллии дифоъ, аз ҷумла харидории системаҳои муосири аслиҳа ва воситаҳои радиоэлектронии мубориза низ аҳамияти калон дорад.

Коршинос Саидҷаъфар Усмонзода  мегӯяд: “Ҳодисаи суқути чархболи Раисиро на ҳамлаи террористӣ ё сӯиқасд, балки садама эътироф  карданд, вале бо вуҷуди ин, бисёриҳо дарк мекунанд, ки истеҳсолкунандагони техника имконияти тавассути моҳвораҳо идора кардани таҷҳизотро нигоҳ медоранд. Агар тавассути моҳвора  хомӯш кардани телевизор имконпазир бошад, пас чаро чархбол ё ҳавопайморо хомӯш кардан мумкин нест?! Кишварҳои СААД бояд ин ҳодисаро  таҳқиқ карда, техникаю таҷҳизоти дигар кишварҳо ва имкони зери назорати дурдаст қарор доштани онро тафтиш кунанд. Ин ба аслиҳае, ки дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад, низ дахл дорад.

Рушди Консепсияи дифои миллӣ иқдоми бисёр дурусти аз ҷониби ҳукумат пешгирифташуда мебошад, зеро мо асосан ба кишварҳои СААД, ки дар ҳама самтҳо ба мо наздиканд, такя мекунем. Бо дарназардошти таҳдидҳо, бахусус дар Осиёи Марказӣ, азхуд кардани техникаи ҳарбии навтарин барои мо судманд хоҳад буд”.

“Кишварҳои СААД аз ҷиҳати тафаккур, сиёсат, иқтисодиёт ва тиҷорат (гардиши мол) ба Тоҷикистон бисёр наздиканд. Мо манфиатҳои муштарак дорем ва бояд дар асоси ин манфиатҳо майдони ягонаи амнияти ҳарбиро таҳия ва рушд диҳем”, – мегӯяд  Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони ҶТ.

Тоҷикистон пайваста дар машқҳои муштарак, аз қабили “Бародарии вайроннашаванда”, ки соли 2023 дар Белорус ва Қирғизистон гузаронида шуданд ва соли 2024 дар Қазоқистон баргузор мегарданд, иштирок мекунад. Имсол машқҳои «Рубеж-2024» (Сарҳад-2024) бо хизматчиёни ҳарбии таҷрибаи ҷангӣ дошта барои такмилдиҳии мураттабии ҷангӣ баргузор мегарданд. Дар Тоҷикистон машқҳои “Бародарии ҷангӣ” бо иштироки гуруҳҳои мухталиф ҷараён доранд. Дар рафти яке аз ин машқҳо дар фурудгоҳи Ҳисор як гуруҳи ҳавоӣ бо чархболҳои ҳамлаии Ми-24, Ми-8МТВ5-1 ва Су-25  ташкил карда шуд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон  тавассути машқҳои мунтазам малакаҳои ҳамкориро бо шарикон дар СААД инкишоф медиҳанд. Ин амалиётҳои муштарак, мубодилаи таҷриба ва татбиқи усулҳои муосири тактикиро дарбар мегирад. Иштирок дар тамринҳои СААД ба баланд бардоштани қобилияти дифоии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар доираи ин чорабиниҳо низомиёни тоҷик ба усулу технологияҳои муосир дастрасӣ пайдо мекунанд, ки ин ба навсозии артиши миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Машқҳои СААД ба Тоҷикистон барои омода шудан ба чолишҳои эҳтимолии бо фаъолиятҳои террористӣ ва бесуботӣ дар минтақа вобастабуда кумак мерасонанд.

Ин амалҳо амнияти минтақавиро таҳким бахшида, аз омодагии кишварҳои узви СААД барои дифоъи дастаҷамона аз ҳама гуна таҳдидҳо шаҳодат медиҳанд. Нақши СААД дар таъмини амният дар Осиёи Марказӣ ва бахусус дар Тоҷикистон бебаҳост. Машқҳои мунтазам ва ҳамкориҳои стратегӣ бо дигар кишварҳои аъзо ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир муқовимат намуда, сулҳу субот дар минтақаро таъмин намояд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь