Экстремизм ва паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ мушкили доғи рӯз дар миқёси ҷаҳонӣ гардидааст. Аммо агар барои бисёр кишварҳо зуҳуроти радикалӣ яке аз таҳдидҳои эҳтимолии амниятӣ бошад, пас барои Тоҷикистон ба шарофати мавқеи геополитикӣ, мундариҷаи таърихӣ ва омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, радикализм, ифротгароӣ, терроризм муаммоҳои асосӣ ва мубрам ба ҳисоб мераванд, ки ҳам дар сиёсати дохилии кишвар ва ҳам дар сатҳи хамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо мекунанд. Дар барномаи давлат дар ин самт чӣ пешбинӣ шудааст?
“Ҷиддитарин хатар (чолиш) – тарғиби идеологияи харобиовари радикализми динӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ва аз ҳама хатаровар барои ҷомеа тамоюли таҳкими мавқеъи салафия ва ваҳҳобия аст.” – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Нақши дин дар ҷомеа хеле бузург аст, вале дар баробари ташаккули аломатҳои ахлоқӣ ва сабаби рушди ботинию муттаҳидии инсонӣ, омили динӣ, мутаассифона, метавонад зуҳуроти манфӣ гардад ва дар ҳолати нодуруст тафсир кардан бошад, он боиси пайдоиши радикалии баъзе ақидаҳо мешавад.
Сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон, ки ин кишвар дар саросари ҷаҳон ҳамчун манбаи ҳаракатҳои гуногуни террористӣ маъруф аст, Тоҷикистонро бахусус дар назди таъсири ақидаҳои радикалӣ осебпазир мегардонад. Дар кишвар 28 созмон, ки ҳамчун созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидаанд, илова бар ин, боз ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ба чунин созмонҳо дар хориҷи кишвар ба назар мерасад – танҳо дар 3 соли охир дар 10 кишвари дунё 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар амалҳои террористӣ иштирок карданд. Дар Тоҷикистон асосан 4 гурӯҳи ифротгароии исломӣ ба қайд гирифта шудааст: “Ҳизб-ут-таҳрир-ул-исломия”, “Таблиғ-ҷамоат”, “Салафия” ва “Ваҳҳобия” – макони фаъоли паҳн кардани ақидаҳои онҳо водии Фарғона мебошад, ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кирғизистонро фаро мегирад.
Дар шароити муосир сабаби зуҳуроти ифротгароӣ на танҳо ақидаҳои мазҳабӣ, балки сиёсишавии ислом низ мебошад. Чанде пеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин бора таъкид карда буданд: «Солҳои охир густариши бемисли талошҳои абарқудратҳо барои амалигардонии мақсадҳои худ, тақсимоти ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин, оғози марҳалаи нави ҷанги сард, тавсеаи бемисли фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ пайдо мекунанд ба назар мерасад». Сарвари давлат аз зарурати муттаҳид шудани тамоми ҷаҳон бар зидди ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм изҳори назар намуданд.
Дар Тоҷикистон “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” амалӣ карда мешавад, ки кор бо қонунгузорӣ, рушди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, корҳои пешгирикунанда ва рушди иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов, раҳбарияти Тоҷикистон ба ин таҳдиди амниятӣ ҷиддӣ ва ҳамаҷониба муносибат мекунад: “Мушкилоти паҳншавии ақидаҳои радикалӣ дар Тоҷикистон солҳои зиёд вуҷуд дорад ва ҳукумати кишвар бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш мекунад, онро ҳал намояд, дар ин самт корҳои васеъмиқёси пешгирикунанда анҷом дода мешаванд ва албатта, тадбирҳои андешидашуда самараи худро дода истодаанд. Маълум аст, ки 10-15 сол пеш дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва ё дар бозорҳои пойтахт пайваста мавъизаҳои шубҳанок ба гӯш мерасид, вале имрӯз чунин ҳолат мушоҳида карда намешавад ва ба шарофати талошҳои ҳукумати Тоҷикистон, паҳншавии тафсири нодурусти ислом ва таълимҳои динӣ ба таври ҷиддӣ маҳдуд шудааст.
Муҳим он аст, ки дар маҳалҳо ва ноҳияҳои кишвар корҳои зиёде анҷом дода шуда, сатҳи омодагии рӯҳониён пайваста баланд бардошта мешавад, вале дар баробари ин, паҳнкунандагони ғояҳои радикалӣ ва тафсирҳои барои мо бегонаи ислом низ беҳаракат намеистанд. Солҳои охир бо рушди фаъоли манбаҳои интернетӣ таблиғгарони ғояҳои радикалӣ, бидуни бастагӣ ба ягон кишвар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз майдонҳои мухталиф истифода бурда, фаъолияти худро пеш мебаранд”.
Тибқи пурсишҳо, 80 дарсади корбарони тоҷик дар шабакаҳои интернетӣ ба таблиғи терроризм ва ифротгароӣ дучор мешаванд.
Дарвоқеъ, рушди интернет ҳамчун як раванди табиии тараққиёти технологӣ ҳамзамон вазъиятро бо паҳншавии ғояҳои радикалӣ боз ҳам шадидтар мекунад, зеро шабакаи ҷаҳонӣ фазои душвор идорашавандаест, ки дар он ҷавонон – шунавандагони муносиб барои таблиғгарони радикалӣ, ки аллакай аз рӯйи манфиатҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шудаанд, ҷамъ омадаанд. Худи рақамҳо низ аз ин гувоҳӣ медиҳанд: дар Осиёи Марказӣ тақрибан 500 каналҳои иртиботии интернетӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки тавассути онҳо намояндагони гурӯҳҳои радикалӣ муошират мекунанд – ҳадди аққал 170 ҳазор нафар ба ин гурӯҳҳо ҷалб шудаанд. Ва маъмултарин платформаҳо ва мессенҷерҳо, аз қабили Instagram, Facebook, Youtube ё Telegram, на танҳо манбаи иттилооти мебошанд, балки воизони террористӣ низ аз онҳо фаъолона истифода мебаранд.
Аз ин рӯ, ҳифзи фазои иттилоотӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат дар масъалаҳои амният ба шумор меравад. Дар ин росто, пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили низоми ягонаи ҳифзи фазои иттилоотии СААД бисёр муҳим аст. Илова бар ин, Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба шарикони худ дар СААД пешниҳод кард, ки дар ҷумҳурӣ Маркази вокуниши башардӯстона таъсис дода шавад ва кишварҳои узви СААД ин ташаббусро дастгирӣ карданд.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Пешниҳоди мақомоти Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи Маркази вокуниши башардӯстонаи СААД дар вилояти Хатлон хеле муҳим ва саривақтист. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мушкили мубориза бо радикализм, афзоиши зуҳуроти ифротишавии ҷавонон ва иштироки гурӯҳҳои мушаххас дар амалҳои террористӣ акнун дар ҳудуди танҳо як давлат маҳдуд намешавад. Ин таҳдид ба амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои узви СААД мебошад, махсусан барои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия аҳамияти калон дорад, аз ин хотир, ин мушкил вокуниши дастаҷамъонаро тақозо мекунад. Бисёр муҳим аст, ки Тоҷикистон таъсиси чунин як марказро дар доираи СААД ба нақша гирифтааст, яъне ба ин васила таъкид мекунад, ки вазифаи созмони мазкур таъмини на танҳо амнияти марзҳо, балки амнияти башардӯстона низ мебошад. Ҳаракатҳои радикалие, ки дар қаламрави кишварҳои СААД амал мекунанд, решаҳои чуқур доранд ва аз ин рӯ, бояд бо онҳо муташаккилона мубориза бурд.
“Муҳим он аст, ташаббуси ифтитоҳи Марказ аз ҷониби Тоҷикистон бармеояд, зеро мо ба хубӣ дарк мекунем, ки радикализм чӣ хатаре дорад: дар таърихи навин кишвари мо тамоми оқибатҳои манфии радикалишавии ҷомеаро дар мисоли худ санҷидааст (аз сари худ гузаронидааст)” – коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Ифтитоҳи марказ дар вилояти Хатлон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ин вилоят бевосита бо Афғонистон – макони паҳншавии ғояҳои радикалӣ ҳаммарз мебошад. Илова бар ин, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон теъдоди зиёди ҷангҷӯён, ки зери таъсири ғояҳои радикалӣ қарор доранд, ҷамъ шудаанд. Аз ин рӯ, ин ҷойгиршавӣ, махсусан дар пасманзари ҳодисаҳои солҳои охир дар Афғонистон рӯйдода, бисёр муҳим аст».
Имрӯз СААД ҳамчун як механизми муассир барои таъмини амнияти минтақа дар муқовимат ба чолишҳои нав ва доимӣ баромад мекунад. Дар баробари ифротгароӣ ва терроризм, ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амният қочоқи маводи мухаддир ва “инқилобҳои ранга”-и аз ҷониби нерӯҳои хориҷӣ ташкилшавандаро ном бурдан мумкин аст. Ва бештари омилҳои нооромкунанда маҳз аз ҷониби Афғонистон бармеоянд, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Тоҷикистон ва шарикони амниятии он дар минтақа қарор дорад. Раҳбарияти ҷумҳурӣ ба шариконаш дар СААД пешниҳод кард, дар ояндаи наздик барномаи таҳкими марзҳо бо Афғонистонро қабул кунанд, ки ҳам таҳкими техникӣ ва ҳам ташкили ҳамкории самаранок байни ду тарафи марз, инчунин, кумаки башардӯстона ба вилоятҳои наздисарҳадии Афғонистонро пешбинӣ мекунад.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Афғонистон солҳои тӯлонӣ ҳамчун як захми хуншор дар минтақаи мо боқӣ мемонад ва то он даме, ки ин захм шифо наёбад, тамоми кишварҳои минтақа дардро эҳсос хоҳанд кард. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки аъзои СААД бо талошҳои муштарак барои ҳарчи зудтар ором кардани вазъ дар Афғонистон бештар корбарӣ кунанд ва роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистонро пайдо намоянд, то манбаи ташаннуҷ аз марзҳои умумии кишварҳои СААД дур карда шавад. Маълум аст, ки дар ин масъала Тоҷикистон ба дастгирии тамоми кишварҳои СААД ниёз дорад ва омодагии худро барои мубориза бо ин мушкилот на танҳо дар қаламрави худ, балки дар қаламрави тамоми давлатҳое, ки ба ин мубориза тайёранд, нишон медиҳад. Танҳо дар мувофиқа бо ҳамдигар метавонем хатари паҳншавии радикализм ва ифротгароиро рафъ намоем”.
Матлубаи Қ.