Таърихи инкишофи сохтори кумак ва наҷотдиҳӣ дар Тоҷикистон ва Русия бо анъана ва таҷрибаи умумие, ки ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ гузошта шуда буданд, зич алоқаманд аст.

Хадамоти наҷотдиҳии ҳарду кишвар, аз ҷумла Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба ҳамин пояи муштарак заминаи назариявӣ ва моддию техникии худро инкишоф медиҳанд.

Тобистони имсол дар Тоҷикистон як сайёҳи 29-солаи зодаи Хабаровскро, ки дар кӯҳҳои Варзоб мор газида буд, наҷот доданд. Барои наҷоти ӯ кормандони КҲФ-и ҶТ ҷалб карда шуданд. Онҳо дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи тиб ба ин сайёҳ кумак расониданд.

Анъанаҳои умумӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таъсис ёфтааст. Таърихан КҲФ анъанаҳои низоми шӯравии мудофиаи гражданӣ ва хадамоти наҷотдиҳиро мерос гирифтааст. Имрӯз КҲФ-и Тоҷикистон фаъолияти худро, ки ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода равона карда шудааст, густариш дода, мутахассисонро барои кор дар шароити душвор бо истифода аз таҷрибаи ҳамкасбони рус омода мекунад.

Вазорати мудофиаи шаҳрвандӣ, ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Русия  27 –уми декабри соли 1990 таъсис ёфта, аз он замон ниҳоди асосӣ дар системаи амният ва ҳифзи аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Самти муҳимми фаъолияти Вазорати ҳолатҳои фавқулода ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ ҳарду кишвар мунтазам табодули таҷриба карда, машқҳои муштарак мегузаронанд, мутахассисонро омода мекунанд ва барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиию техногенӣ якҷоя корбарӣ мекунанд. Яке аз мисолҳои равшани чунин ҳамкорӣ кумаки Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои обхезӣ дар шаҳри Орски Русия мебошад. Тоҷикистон дар доираи корҳои ҳамоҳангшуда ба Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 6 мошини боркаш, 6 мошини сабукрав бо 20 ҷойи нишаст ва 5 мошини сабукрав бо 4 ҷойи нишаст дастрас намуд, ки ба туфайли онҳо раванди тахлияи осебдидагон тезтар анҷом дода шуд. Инчунин, Тоҷикистон барои 500 нафар осебдидагон хӯроки гарм ташкил кард, ки ин дар раванди бартарафкунии оқибатҳои обхезӣ ёрии муҳим гардид.

Таҷрибаи имрӯзаи Русия заминаи мустаҳками назариявӣ дошта, борҳо дар амал санҷида шудааст. Ба шарофати ин, Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ва КҲФ-и Тоҷикистон робитаҳои худро таҳким бахшида, анъанаҳои кумаки мутақобила ва ҳалли муштараки масъалаҳои бо таъмини амнияти шаҳрвандони ду кишвар вобастаро густариш медиҳанд. Ин махсусан дар шароити тағйирёбии иқлим, селу обхезиҳо дар Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Дар ин самт кадом тадбирҳо аз ҷониби мутахассисони ҳар ду кишвар андешида мешаванд?

Ҳамкории КҲФ-и Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар асоси нақшаи чорабиниҳои дуҷониба ба роҳ монда шудааст, ки тибқи он Тоҷикистон бояд сари вақт аз ҳама гуна ҳодисаҳо, садамаҳо ва офатҳои техногение, ки ба шаҳрвандони кишвар таҳдид мекунад, бохабар карда шавад.

Амалияи муштарак

Таҷрибаи омӯзиши ҳарсолаи афсарону курсантҳои Тоҷикистон дар Академияи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба ҳукми анъана даромадааст. Пас аз хатми таҳсил онҳо барои давом додани хизмат дар сафи КҲФ ба Ватан бармегарданд. Соли ҷорӣ аллакай 6 афсар ва 11 курсант аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати ҳолатҳои изтирории Федератсияи Русия таълим гирифтанд. Мубодилаи таҷриба дар доираи созишномаҳои байни  кишварҳои СААД ва ИДМ сурат мегирад.

Муовини сардори Сарраёсати мудофиаи шаҳрвандии КҲФ Манучеҳр Мирмаҳмадзода қайд намуд, ки таълими курсантҳо ва афсарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия асосан дар самти зерин сурат мегирад: барои курсантҳо – “Амнияти муҳити технологӣ”, барои афсарон – “Идораи кисмҳои ҳарбӣ”, самти дигари асосӣ – омода кардани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ мебошад.

“Афсарону курсантҳо пас аз хатми Академияи Вазорати ҳолатҳои изтирории Федератсияи Русия фаъолияти худро дар КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳанд. Тамоми донишу малакаҳое, ки афсарону курсантҳо дар Русия андӯхтаанд, дар фаъолияти онҳо дар Ватан, бахусус дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода хеле заруранд.

КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ҳамкории зич доранд. Мо аз Русия барои дастгирии доимӣ дар тӯли солҳои охир хеле миннатдор ҳастем. Инчунин, баргузории машқҳои муштарак, конфронсҳо, машқҳои амалӣ, вохӯриҳои гуногун ва табодули таҷриба байни КҲФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои изтирории Федератсияи Русия дурнамои хуби ҳамкориҳои минбаъда мебошад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим дар байни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад, ки басомад ва шиддатнокии офатҳои табииро, аз қабили обхезӣ, ярчҳо, заминларза ва тармаҳо (дучанд) бештар мекунад. Ин офатҳо на танҳо инфрасохторро хароб мекунанд, балки ба ҳаёти аҳолии маҳаллӣ низ таъсири ҷиддӣ расонида, барои рушди минтақа монеаҳо ва ба суботи иҷтимоию иқтисодии кишварҳо таҳдид эҷод мекунанд.

КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ амалисозии ҳама лоиҳаҳо ва барномаҳои муштаракро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар самти ҳолатҳои фавқулода ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд, зеро ин самт ба таҳкими имкониятҳои ду кишвар дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат хоҳад кард”, – қайд  мекунад мутахассис.

Тамоми корҳои муштарак мувофиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ва Барномаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2024 сурат мегиранд. “Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши теъдоди офатҳои табиӣ, Кумита дар оянда барои такмил додани фаъолият дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, кам кардани теъдоди зарардидагон ва фавтидагон, инчунин, такмил додани системаи мониторинг, пешгӯӣ ва огоҳии барвақт чораҳои зарурии ташкилию ҳуқуқӣ андешида, чорабиниҳои муҳандисию техникӣ баргузор мекунад”, – мегӯяд Манучеҳр Мирмаҳмадзода.

Моҳи апрели соли 2024 ҳайати КҲФ-и Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати Хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ, полковник И. Қурбонзода дар доираи курсҳои такмили ихтисос ба Академияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия ташриф овард. Наҷотдиҳандагони тоҷик аз ҳамкасбони корозмудаи руси худ асосҳои корҳои ғаввосӣ ва таҷрибаи кофтукоб ва боло кардани ашёҳои ғарқшударо омӯхтанд.

Наҷотдиҳандагони тоҷик дар семинари кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, иштирок карданд. Онҳо бо фаъолияти полигон барои аз нав санҷидани отряди Отряди давлатии марказии аэромобилии наҷотдиҳӣ (ЦЕНТРОСПАС) шинос шуданд.

Соли оянда дар Тоҷикистон баргузории машқҳои муштараки хадамотҳои наҷотдиҳандаи кишварҳои ИДМ дар назар ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷараёни ин машқҳо амалҳои муштарак оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ тамрин карда мешаванд, ки барои беҳтар кардани ҳамоҳангӣ ва самаранокии амалиётҳои хадамотҳои наҷотдиҳии кишварҳои ҳамсоя имконият ба вуҷуд меоваранд.

Таълими наҷотдиҳандагони тоҷик дар Русия анъанаҳои дерина дорад ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Чунин барномаҳои омодагӣ ва такмили ихтисос на танҳо дар назди Академияи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, балки дар дигар муассисаҳо ва марказҳои таълимӣ низ гузаронида мешаванд. Масалан, соли 2019 дар доираи барномаи ҳамкорӣ мутахассисони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург таълим гирифта, дар назди Маркази минтақавии шимолу ғарбии Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия усулҳои муосири мубориза бо ҳолатҳои фавқулодаро омӯхтанд ва малакаҳои амалӣ касб карданд.

Муовини сардори Сарраёсати мудофиаи граждании КҲФ Мирмаҳмадзода Манучеҳр: “Вазифаҳое, ки дар назди Кумита истодаанд, ба ҳалли масъалаҳои рушду такмили минбаъдаи заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона карда шудаанд. Ин масъалаҳо мувофиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ва Барномаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2024 амалӣ карда мешаванд”.

Соли 2022 як гурӯҳ афсарону курсантҳо аз Тоҷикистон дар Донишгоҳи Санкт – Петербурги Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия таълим гирифтанд. Дар рафти барномаи таълим онҳо амалҳои муосирро оиди рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин, хусусиятҳои кор дар шароити душвори иқлимиро, ки махсусан барои минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистони муҳим аст, омӯхтанд.

Кӯшишҳои муштараки Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ва КҲФ-и Тоҷикистон ба баланд бардоштани самаранокии кори хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳолатҳои фавқулода нигаронида шудааст. Омӯзиш ва мубодилаи таҷриба дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва фароҳам овардани муҳити бехатар нақши муҳим дорад. Анъанаҳои кумаки мутақобила торафт инкишоф ёфта, ба воқеиятҳои имрӯза мутобиқ карда мешаванд, ки ин сатҳи баланди омодагии давлат ба ҳама гуна чолишҳоро таъмин менамояд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь