(хотираи неки марзбонони заставаи 12-ум абадист)

Сӣ сол қабл, замони ҷанги шаҳрвандӣ дастаи мусаллаҳи террористии ҷангиёни наҳзатӣ ба заставаи 12-уми отряди сарҳадии Ҳамадонӣ ҳамла намуда, мехостанд бо мақсади террору харобкорӣ ба хоки кишварамон ворид шаванд. Аммо сарҳадбонони тоҷику рус бо шуҷоату далерӣ муқовимат карда, бо ҷонфидоии беназир нагузоштанд, ки ин душманони амну озодӣ ба хоки Ватанамон роҳ ёбанд. Хотираи неки марзбонони қаҳрамон дар қалбҳои мардум абадӣ боқӣ мемонад.

Ташкилоти мамнӯъ ва террористии наҳзатӣ аз бунёд хислати экстремистиву тахрибгар буда, асоси онро таҳаммулнопазирӣ, табъиз ва идеологияи фашистӣ ташкил медиҳад. Психологияи ин гурӯҳро идеологияе роҳнамоӣ намудааст, ки онҳо ҳамеша бо дигарандешону намояндагони мазҳабу боварҳои дигар дар низоъанд. Ҷаҳонбинии ин гурӯҳ бар пояи ин тасаввурот шакл гирифтааст, ки онҳо ҳамеша гуё дар мавқеи ҳақиқати мутлақанд ва дигарон бадандеш, ноҳақ ва ғайраанд. Фалсафаи ҷиҳоду шаҳодат, ки хамирмояи идеологиашон мебошад, ба онҳо арзиш қоил аст, ки бояд дигарандешро кушт. Аз ин рӯ, афкор ва аъмоли эшон бо идеология ва аъмоли фашистӣ ҳамсон аст.

Ин ташкилот ҳанӯз аз охири солҳои шӯравӣ ба фаъолиятҳои экстремистию террористии худ оғоз намудааст, ки агар ба мақолаи «ҲНИТ ва ДОИШ», ки ба қалами Иззатулло Саъдулло номзади илмҳои таърих, узви собиқи ТТЭ ҲНИ, роҳбари ташкилотии ибтидоии он дар ноҳияи Шоҳмансур тааллуқ дорад ва дар рӯзномаи «Фараж» №44 (570) аз 01.11.2017 нашр шудааст, такя намоем, дарк мекунем, ки созмони мазкур аз бунёд экстремистӣ будааст. Он амалан аз охири даврони Шуравӣ амалҳои экстремистиро оғоз кардааст ва тибқи далелҳои овардаи муаллифи мазкур ин гуруҳ ҳаводиси экстремистиро маҳз аз масҷидҳо оғоз намудаанд. Яъне ҳанӯз дар даври Шӯравӣ бо роҳи бо калтаку корд ва оҳану арматура ҳамла кардан ин аввалин шеваҳои наҳзатиён будааст. Маҳз аз масҷидҳо шурӯъ намудани нооромӣ ва зӯроварию масҷидро аз макони муқаддас ва макони ибодат табдил додан ба макони шарорату муқовимат амали касифонаи наҳзатиён буд. То ин замон мардуми тоҷик чунин зеҳнияте дошт, ки масҷид макони бисёр мукаддас аст, ва он ҷо ба ҷуз аз ибодат анҷоми амали дигар ношоиста аст.

Пас аз пош хурдани Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон, замоне ки кишварҳои тоза ба истиқлол расидаи собиқ Шӯравӣ дар ҳоли тақсими мероси аз Шӯравӣ бозмонда буданд, ТТЭ ҲНИ бо такя ба сармоягузорону хоҷагони хориҷиаш барои ба даст овардани ҳокимият ба набарди мусаллаҳона даст зад ва ҳукумати конститусиониро дар соли 1992 ғасб намуда, кишварро ба майдони ҷанг ва қатлу куштор табдил дод. Минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки ҳукумати марказиии ғасбшударо ба расмият эътироф намекарданд, боиси парокандагии маъмурӣ дар ҷумҳурӣ гардида, ҳокимиятро дар саросари Тоҷикистон фалаҷ намуд ва вуҷуди ягонагии Тоҷикистонро ба ҳайси давлат зери савол бурд. Мусаллаҳшавии наҳзатиён ба фаъолияти экстремистии онҳо тақвият бахшида, минбаъд ба фаъолиятҳои террористона пардохтанд. Кушторҳои ваҳшиёнае, ки соли 1992 дар бинои ҳаммоми совхози Туркманистони ноҳияи Вахш терористони наҳзатӣ анҷом додаанд, назирашро таърих ёд надорад. Ин гурӯҳ, ки имрӯз нашармида аз миллату инсоният ҳарф мезананд, хиёнатҳояшон ва аъмоли фоҷиаборашон аз ҳуҷуми чингизиён ба минтақа ва аз инсонкушиҳои фашистон дар ҷанги ҷаҳонии дуввум камтар нест. Бадтарин шеваҳои қатли инсонро дар ин минтақа ба нисбати ҳамватану ҳаммеҳани худ раво дидаанд, ки онро ҳеҷ ҳаммиллате ба хаммеҳани худ раво надидааст. Наҳзатиёни фирории террорист, ки имрӯз дар хориҷи кишвар аз ҳуқуқи инсон ҷор мезананд, аз аъмоле, ки дар баробари ҳамватанони худ анҷом додаанд, нашармида, худро ҳомии ҳуқуқи башар эълон мекунанд.

Фаъолияти ин ҳизб ҳамеша зиддимиллӣ ва зиддиинсонӣ ва фашистӣ буд. Пас аз ин силсилакушторҳои аз солҳои 1992 оғоз меёбанд ва ҳатто қисмати онҳо пас аз созишномаи сулҳ идома ёфтаанд ҳамаи ин баёнгари онанд, ки ин ҳизби экстремистию террористӣ, ки айни ДИИШ аст, бо фаъолиятҳои зиддиинсонии худ ҳазорон хонадони тоҷикро аз саробони оилаву аз ҷигарбандон маҳрум намудааст. Амалҳои терористии ин гурӯҳ ки боиси аз байн бурдани ҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнат мебошанд. Имрӯз раҳбарони ҷинояткору фирории ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд ва худро инсонҳои мутамаддин вонамуд мекунанд, чунин пиндореро дар зеҳни худ мепарваранд, ки гӯё бо гузашти вақт аъмоли зиддиинсонии онҳо ба фаромушӣ рафтааст, вале бехабар аз онанд, ки дар саҳифаҳои таърих ва дар зеҳни ин миллат даҳшатафканию қатлу ғорати наҳзатиён боқӣ хоҳад монд. Имрӯз, ки наҳзатиён дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд ҳарчанд онҳо аз инсонияту тамаддун ҳарф мезананд, вале то ҳанӯз ҳам ҳисси инсонбадбинии фашистии онҳо ва фанатизми динию мазҳабӣ аз зеҳнияти онҳо зудуда нашудааст. Онҳо дер ё зуд боз дар шакли дигар ҳатман аъмоли касифонаи хешро анҷом медиҳанд. Имрӯз дар сомонаҳои интернетӣ бо роҳи дурӯғпароканӣ ва худро донишманду ҳамадон нишон додани баъзе аз идеологҳои наҳзатӣ ва аз ин роҳ мағзшӯӣ кардани ҷавонони ноогоҳ ва роҳнамуд кардани онҳо ба самти афкори муғризонаи зиддиинсонӣ давоми хиёнатҳои қаблии қаблии хешро дар баробари ҳаммеҳанони худ ба роҳ мондаанд.

Кудурати ботинӣ ва идеологияи фашистиву инсонбадбинии наҳзатиён боиси он гардид, ки солҳои навадуми асри гузашта миллатҳои ғайри тоҷик ва ғайри мусалмон аз тарафи онҳо мавриди ҳамла ва куштор қарор гирифтаанд.

Тавре дар боло баён гардид, дар таърихи 13 июли соли 1993 дастаи террористони ТТЭ ҲНИ ба заставаи 12-уми сарҳадбонони Федератсияи Русия (он замон мустақар дар сарҳади давлатии ҶТ бо Афғонистон) дар отряди сарҳадии Ҳамадонӣ ҳамла намуданд. Дар рафти набарди нобаробар бо террористони наҳзатӣ ва зархаридони хориҷӣ сарҳадбонони тоҷику рус бо вуҷуди талафоти зиёд қаҳрамонона ва бар ивази ҷоннисорӣ марзи кишварро ҳифз намуданд. Ҳамлаи террористон зада гардонида шуд ва хоки поки кишвар аз ин табоҳкорон пок гардид. Мардуми Тоҷикистон ҳаргиз қаҳрамонию делерии сарҳадбонони заставаи 12-умро, ки ҷони худро барои ҳимояи кишвар фидо кардаанд, фаромуш намекунад.

Инчунин соли 1997 ба қатл расонидани намояндагони ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дар Тавилдара  бозгӯи он аст, ки онҳо миллатҳои дигарро таҳамули дидан ва дар як фазо бо онҳо зиндагӣ кардан надоранд. Чунин навъи кушторҳои наҳзатӣ дар солҳои 1990-уми асри гузашта сабаби тарки Тоҷикистон намудани ҳазорон ҳамватанони мо ки аз миллатҳои ғайр буданд, ё бовару эътиқоди дигарро доштанд, гардидаанд.

Имрӯз фаъолияти ин ҳизби террористӣ-фашистӣ мамнӯъ аст. Роҳбарони фирории он, ки дар воқеъиёти хунини солҳои 1990-уми дасташон дар хун аст, имрӯз ба ниқоби озодии виҷдон ва ҳуқуқи инсон гап мезананд. Дар ҳоле, ки фактҳои овардашуда гувоҳи онанд, ки ин нафарон ба дигарандешӣ ба ҳамзабону ҳаммеҳану ҳаммиллати худ дар солҳои 1990-ум раҳм накардаанд ва дар ин кушторҳои дастаҷамъонаи фашистӣ ба онҳо раҳм накардаанд. Чи расад ба озодии виҷдон ва аз ҳуқуқу озодиҳои инсон сухан гуфтани онҳо. Маҳз куштори намояндагони миллатҳои дигар ба хотире содир шудааст, ки онҳо аз назари бовару эътиқод ба онҳо ҳамсон набуданд. Афкори инсонбадбинӣ ва фашистгунаи ин ҳизб ҳамеша дар амалу кирдори онҳо эҳсос мешавад, зеро таҳаммулнопазирӣ, нодида гирифтани аризишҳои миллатҳо ва халқиятҳои дигар ҳамеша дар авлавияти идеологии онҳо қарор доштааст.

Ин гуруҳ имрӯз дар Аврупо бо роҳи шиорфурӯшӣ мехоҳанд, аврупоиёнро гул зада фиреб диҳанд, ки инҳо воқеан демократанд ва барояшон ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон, бисёр арзишманданд. Вале ин ҳарфҳо танҳо баҳонаеанд, то худро аз қабзаи террористӣ орӣ нишон диҳанд ва аз ҷавобгӯӣ дар назди қонун барои ҷиноятҳои содирнамудаи худ дар озодӣ ба фаъолияти хеш идома диҳанд.

Ҳ. Мирзоев, омӯзгор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь