Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз замони таъсисаш дар таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ нақши ҳалкунанда бозидааст. Барои Тоҷикистон, ки аксаран бо таҳдидҳои ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир рӯ ба рӯ мешавад, ҳузур дар СААД ба як омили муҳимми таҳким бахшидани тавонмандии дифоъӣ ва ҳифзи истиқлолияти кишвар табдил гардидааст.

Кафили амният

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, аз он замон то кунун дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозад. Ҳадафи асосии Созмон ҳифзи истиқлолият ва тақсимнопазирии ҳудуди кишварҳои узв, инчунин, таъмини амнияти дастаҷамъона мебошад.

Фаъолияти СААД хусусияти зиддибӯҳронӣ ва сулҳпарварона дошта, ба пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо ҳам дар дохили кишварҳои узв ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст. Узвият дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ имкон медиҳад, ки барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти худ, бахусус дар шароити таҳдидҳои афзояндаи гурӯҳҳои тундрав, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, бо иттифоқчиёни худ муттаҳид гардем.

Вазифаҳои СААД танҳо бо ин масъалаҳо маҳдуд намешаванд. Ташкилот инчунин, дар самти пешгирии “инқилобҳои ранга”, ки метавонанд ба ноором гардидани вазъи сиёсӣ дар кишварҳои узв оварда расонанд, фаъолона корбарӣ мекунад. Илова бар ин, СААД бо қочоқи маводи мухаддир, ки барои минтақа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, мубориза бурда, дар рафъи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ кумак мерасонад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти СААД ташкили машқҳо ва амалиётҳои муштарак ба ҳисоб меравад, ки ба коркард ва такмилдиҳии ҳамкории кишварҳои узв дар ҳолатҳои бӯҳронӣ нигаронида шудааст. Ин ба кишварҳои узви СААД имкон медиҳад, ки ба ҳамагуна чолишҳову таҳдидҳо зуд ва муассир вокуниш нишон дода, амнияту субот дар Осиёи Марказиро таъмин намоянд.

Доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев бар ин назар аст: “Дар шароите, ки Афғонистон ҳамчун манбаи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир боқӣ мемонад, СААД дар муқовимати кишвари мо ба ин чолишҳо нақши ҳалкунанда дорад”.

Ӯ ҳамчунин, қайд мекунад, ки СААД аллакай самаранокии худро дар ҳолатҳои бӯҳронӣ собит кардааст: “Ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон нишон дод, ки чӣ гуна СААД метавонад зуд ва ба таври муассир амал кунад. Тақвияти ҳамкорӣ дар доираи ин созмон барои бомуваффақият муқовимат намудан ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав  мусоидат мекунад”.

Муқовимат ба чолишҳо

Дар даҳ соли охир Тоҷикистон бо таҳдидҳои ҷиддии амниятӣ, аз ҷумла 86 ҳамлаи террористӣ ва сӯиқасдҳо дучор шудааст. Дар маҷмӯъ 6680 ҷинояти бо терроризм ва экстремизм вобастабуда ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Ин маълумотҳо зарурати ба роҳ мондани шарикии боз ҳам наздиктару устувортарро бо Русия ва СААД, ки дар таъмини амният нақши калидӣ доранд, тасдиқ мекунад.

Ниёз Мирзоев бар ин назар аст, ки СААД барои Тоҷикистон, бахусус бо назардошти авзоъ дар Афғонистон, аҳамияти хоса дорад: “Афғонистон пас аз ба сари қудрат омадани Толибон (ҳаракати террористӣ) ба манбаи таҳдидҳои ҷиддӣ барои тамоми минтақа, аз ҷумла терроризм ва қочоқи маводи мухаддир табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, барои Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад, дастгирии СААД ва Русия бисёр зарур аст”.

Ба назари коршиносон Тоҷикистон бештар аз ҳама ба таҳдидҳои беруна, аз қабили терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ, ки аз ҷониби “ҳамсояи нотинҷ”-аш бармеояд, дучор аст. Маҳз дар ҳамин самт кишварҳои иттифоқчии узви СААД кумаки худро мерасонанд.

СААД ба ин таҳдидҳо фаъолона муқовимат намуда, ҳам дар сатҳи стратегӣ ва ҳам дар сатҳи амалиётӣ чораҳо меандешад. Дар доираи Стратегияи зидди маводи мухаддир барои солҳои 2021-2025 моҳи сентябри соли 2023 амалиёти зерминтақавии зидди маводи мухаддири “Канал-Перехват” гузаронида шуда, дар рафти он 897 кг маводи нашъаовар мусодира ва 854 ҷинояти вобаста ба маводи мухаддир ошкор карда шуд. Яке аз вазифаҳои асосии СААД ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир мебошад, ки ин барои Тоҷикистон, махсусан бо назардошти ҳамсоягии мо бо Афғонистон – бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон, бисёр муҳим аст. Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 250 миллион рубл (ҳудуди 2,7 миллион доллар) ихтисос додааст.

1-уми июли соли 2024 хадамоти махсуси кишварҳои СААД амалиёти зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири “Канал – Рейди Шарқи Дур”-ро ба анҷом расониданд. Ҳадафи асосии ин амалиёт бастани каналҳои интиқоли маводи мухаддир, моддаҳои нави психоактивӣ ва таъсирбахш буд. Илова бар ин, вазифаҳои ин амалиёт аз безарар гардонидани гурӯҳҳои байналмилалии фаромиллии маводи мухаддир, аз байн бурдани истеҳсоли пинҳонии маводи мухаддир, аз ҷиҳати иқтисодӣ халалдор кардани тиҷорати маводи мухаддир ва пешгирӣ аз қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда  иборат буд. Амалиёти мазкур аз 24-ум то 28-уми июн дар қаламрави кишварҳои узви Созмон сурат гирифт. Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дар дигар машқҳо низ дар доираи Созмон иштирок мекунад. Ҳафтаҳои наздик дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон як силсила машқҳои «Марз-2024» барои ҳифзи субот дар минтақа баргузор мегардад.

Профессор Ниёз Мирзоев ба нақши калидии Русия дар таъмини амнияти Тоҷикистон таваҷҷуҳ мекунад: “Русия ҳамеша шарики боэътимоди кишвари мо буд. Ба шарофати он Тоҷикистон бо силоҳҳои муосир ва технологияҳои пешрафта таъмин карда мешавад. Машқҳои муштараке, ки мунтазам дар доираи СААД гузаронида мешаванд, иқтидори мудофиавии моро ба таври назаррас тақвият мебахшанд. Боварӣ дорам, ки чунин машқҳо бояд бисёртар ва зуд-зуд гузаронида шаванд, инчунин, ташаббусу технологияҳои нав ҷорӣ карда шаванд. СААД вазифадор аст, ки ба хотири таъмини сулҳу субот дар фазои пасошӯравӣ рушд кунад”

Дар шароити рӯзафзуни таҳдидҳо, аз ҷумла терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, иштироки Тоҷикистон дар СААД як омили (унсури) асосии амнияти миллӣ ба шумор меравад. Амалиёту тамринҳои муштарак дар доираи ин Созмон на танҳо маҳорати низомии артиши Тоҷикистонро такмил медиҳад, балки суботи минтақаро таҳким мебахшад. Ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати амн ва устувор бевосита ба татбиқи бомуваффақияти стратегияи амнияти дастаҷамъонаи СААД вобаста аст.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь