Пешопеш изҳор бояд намуд, ки ҳазорҳо нафар равшанфикрони бедордил ва огоҳ, ки тоҷиктабору форсҳоянд, дар ҷомеаи қабиласолори Афғонистон бо мушкилоти сангини ҳувиятӣ дасту панҷа нарм мекунанд, вале боз ҳам бо қотеъияти беҳамто шамъи тоҷикият ва асолати миллиро бовиқор ва ҷасоратмандии истисноӣ равшан нигоҳ медоранд. Дар ин ҷо ҳисоби рӯҳонияти иртиҷоӣ ҷудост, онҳо ё тоҷик нестанд ё бар оташи ифротгароӣ чун «оши аз коса сурхтар» бештар аз дигарон равған мерезанд.

Рӯҳонияти ҷангҷӯ ва тахрибкорро дар байни мардуми Афғонистон, ки нафрати беандоза ба онҳо доранд, «ихвон» ва ё «ихвонияти иртиҷоӣ» меноманд. Зеро ин табақаи ақибгаро ва пасмонда дар тамоми марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ ниёзҳои мардумӣ, мардумсолорӣ ва давлатсозиро пушти по зада, бо муомилаҳои шубҳаноки паймоншикан бо ҳукуматҳои вақт камари ҳама гуна ҳаракатҳои озодихоҳиро мешикастанд ва заминаи ҳукмронии ҳалқаҳои ба шиддат яксӯбини худкомаи диниро дар Афғонистон фароҳам месохтанд. Бо камоли таассуф бояд пиндошт, ки бештари ин рӯҳониҳои муомилагар аз табори тоҷик буданд, ки асолати миллии худро бохтаанд. Барои парҳез аз умумигуйӣ, як мисол кофист, ки ин ҳолатро бозгӯ карда бошем: вақте соли 2021 низоми қудрати пешина дар Афғонистон аз байн рафт, ки мавзуи алоҳида мебошад, нахустин руҳоние, ки бар зидди ҳакталошиҳои ҷабҳаҳои муқовимат сар бардоштанд ва қатли онҳоро ҷоиз донистанд, мавлоноҳои тоҷиктабори ғарби Афғонистон бо раҳбарии Муҷиб-ур-Раҳмони Ансорӣ аз шаҳри Ҳирот буданд. Рӯҳониҳои орӣ аз худшиносӣ амалан даст ба хиёнат мезаданд ва қудрати бегонагонро дар масири таърих дучанд месохтанд. Аз ин рӯ, руҳонияти бунёдгаро ва иртиҷоии Афғонистон аз фарҳанги ҷомеаи дунёмадор фосилаҳо дур мебошад ва аслан тасаввуре надорад, ки масолеҳи зиндагиро метавон танҳо бо абзорҳои даҳрӣ сохт. Сабабаш мушаххас аст: онҳо қувваи пешоҳанги ифротии доираҳои манфиатталаби хориҷианд.

 Таърихчаи зуҳури ихвоният дар асри ХХ дар Афғонистон.

Гузашта аз ин, сиёсати Афғонистон ба ҳадде қавмҳои соддаи ғайрипашту, аз ҷумла тоҷиконро фирефтаи худ карда буд, ки онҳо дар пурсиш миллаташонро пинҳон медоштанд, худро мусулмон, кобулӣ, ҳиротӣ, балхӣ, бадахшӣ ва ғайра муаррифӣ мекарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ тоҷик намегуфтанд. Онҳое ҳам, ки аз қазия андаке бохабар буданд, аз тарс маҷоли ошкоро аз миллати худ хабар доданро надоштанд, зеро онҳоро қавмгароёни соҳибдавлат, ки қудрат дар дасташон буд, нобуд мекарданд.

Қувваҳои ифротии Афғонистон аз сарчашмаи ягонаи идеологияи ифротӣ ба ҳайси силоҳи эътиқодӣ бар зидди низоми дунявӣ истифода мекунанд. Вазъи баамаломада тақозо менамояд, ки бо ин падидаи номатлуби таҳдидофари ифротишавии оммавии Афғонистон худи мардум он муборизаи огоҳона, илмбунёд ва воқеъбинонаро роҳандозӣ намуда, давлатдории миллиро барқанор намоянд.

 Лағзишҳои рафтории рӯҳониҳо дар Афғонистон – сабабгори суқути низомҳои давлатӣ.

Мақолаи бунёдии таҳқиқгари шинохта Ҷамолиддин Саидзода, ки дар бораи вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва лағзишҳои рӯҳонияти иртиҷоии Афғонистон нигошта шудааст, инъикосгари замони ҳол аст. Муаллиф дар он сабабу иллати ба фоҷиаҳои паёпай гирифтор шудани вазъи Афғонистонро бо нақли қавл аз Аъзам Раҳнаварди Зарёб, адиби хушноми даризабон, ба бегонапарастӣ, адами худшиносӣ, ақибмондагии фарҳанг аз тамаддун дар ин кишвар медонад: “Тамаддунҳои ғарбӣ дар кишварҳои шарқӣ хеле зуд тавонистанд роҳ ёбанд, аммо фарҳанге, ки тамаддунро ҳамроҳӣ кунад, ақиб монд. Ба ақидаи ман, тамаддун талоши одамӣ барои осон сохтани зиндагист. Барои мисол, одамӣ хост фосилаҳоро кӯтоҳ бисозад, дар натиҷа мошинро сохт. Аммо вақте мошин ба вуҷуд омад, лозим буд, ки ду мошин ба ҳам барнахӯранд, лозим буд ин мошин маҳдудиятҳоеро бипазирад. Дар натиҷа, муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки дарвоқеъ, фарҳанги ронандагист. Яъне мошин аввал ба вуҷуд омад, ки унсури тамаддун аст, баъд муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки фарҳанги марбут ба мошин аст. Шумо мебинед, ки мо охирин модели мошинҳоро дар Кобул дорем, аммо фарҳанги ронандагӣ надорем. Фарҳанг бо мошин якҷо намеояд. Бад-ин сон ҳама ҷанбаҳои тамаддун ба Афғонистон омад, вале фарҳанги он наомад. Тамаддунро ворид карда метавонем, аммо бисёр душвор аст, ки мо фарҳангро ворид кунем. Фарҳангро ворид карда наметавонем”.

Дар Афғонистон дар ҷойи сохтани эъмори ҷомеаи мардумсолор ва даҳрӣ, ба сохтани зербинои ифротият – мадрасаҳои ҷиҳодӣ даст задаанд. Ва шумораи онҳо ба 50 ҳазор расидааст. Ва он ҳам дар шимоли кишвар, ки ба ин гуна таълимоти ғайриқонунии динӣ мардум ниёз надорад. Дар айни замон, мардумро олудаи ақидаҳои ифротӣ намуда, ба поксозии қавмӣ даст мезананд, тоҷикон ва дигар халкҳои шимолро аз хонаву кошонаҳои аҷдодӣ меронанд. Дар ҷойи ин, барои хуморшикании хоҷагони биёбонсиришташон ҳамларо сӯйи Тоҷикистон равон кардаанд, ки маълум аст, ки аз ин ҳадафашон чист? Дар равоншиносӣ инро «ғаризаи бақо» мегӯянд ва бо ин роҳ умри ботили худро дар низоми худкомаи ифротӣ ҳифз карданӣ ҳастанд.

Дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тӯлонӣ, умумияти фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва расму суннатҳои ягона дорад, як низоми исломӣ бо идеологияи тундрав бунёд шудааст.

Ҷорӣ гардидани низоми шариати қурунивустоӣ дар Афғонистон танҳо ба дастгирӣ ёфтани ин ташкилоти террористӣ аз ҷониби давлатҳои абарқудрат алоқаманд нест. Он натиҷаи дар ҷомеа бартарии мутлақ пайдо кардани ақидаҳои динӣ-ифротӣ нисбат ба ҷаҳонбинии илмӣ-дунявӣ мебошад. Хурофотпарастӣ ва таассубгароӣ, ки дар мафкураи аҳолӣ ҳоким гардида буд, ба ҳаракати дилхоҳи хоҳ хориҷӣ ва ё ватанӣ имкон фароҳам меоварад, ки бе мушкилӣ қудрати сиёсиро дар ин кишвар ғасб намоянд.

Давоми се соли охир созмонҳои террористӣ ҳадафмандона ба ифротисозии сартосарии ҷомеаи Афғонистон машғул гардида, бо ин мақсад 4 ҳазор мактабро баста, беш аз 50 мадрасаи ҷиҳодӣ ва 15 ҳазор мадрасаи диниро бунёд карданд. Нақшагузории омодасозии 2 миллион экстремист мақсади ягонаи ин гурӯҳҳо, яъне паҳн кардани идеологияи ифротӣ ва «ҷиҳодизм»-ро ба кишварҳои минтақа, хусусан Тоҷикистон дар пай дорад.

Ба паноҳгоҳи амни созмонҳои террористӣ мубаддал гаштани Афғонистон сабаби дар ин кишвар гирд омадан ва озодона фаъолият кардани 50 созмони террористӣ гардидааст, ки ҳамчун субъектҳои геополитикии абарқудратҳо хизмат менамоянд.

Рӯҳонияти иртиҷоии Афғонистон – субъекти асосии ифротишавии ҷомеа

Фатвоҳои зиддитоҷикӣ аз сӯйи рӯҳониҳои иртиҷоъпарасти ин кишвар заминаҳои софи таърихӣ дорад. Таърих бархилофи пешдовариҳо дида мешавад, ки бо шаклу услуби даҳшатофар ва бо гузинаи хатарноктар аз собиқа бозтоб ёфтааст. Таҳаввули вуҷудӣ ҳама чизро дар қалби Афғонистони ҳамсоя зеру рӯ кардааст. Кишваре, ки онро Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ «қалби Осиё» медонист ва таъсирпазир будани дигаронро аз «кушоду фасоди он» гӯшзад мекард, ба як бемории дарозмуддати ҳамашумули ифротият гирифтор шудааст.

Бинобар пешгӯинашаванда будани рафтори ин гуна ҳаракатҳои яксӯбин ва мутлақгаро саволҳои зиёд дар зеҳни коршиносон ва худи мардум бозтоб меёбанд, ки посух ба онҳо осон нест. Ҳарчанд ки бояд ин ҷавобҳо ақлонӣ, воқеъбинона, ҳушдоркунанда бошанд ва дар асоси иттилооти илмӣ-таҳлилӣ вазъият баррасӣ шавад.

Якум, оё ифротгароии афғонӣ ин падидаи нави раванди инкишофи вазъияти минтақа аст? Дуюм, онҳо чӣ паём ба мардуми Осиёи Марказӣ доранд?

Оё ба Тоҷикистон иртибот мегирад? Аз соли 1994 ба ҳар навъе, пинҳону ошкор дар ноҳияҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон терористони ҷангҷӯ ҷойгир буданд. Ва он давра ва ҳоло ҳам хуб медонанд, ки бо он анъанаи ғафлатзадагие, ки ин бунёдгароҳо доранд, дар сурати кӯшиши халалдор кардани сарҳади давлатии Тоҷикистон хати пеши ҷабҳаи ҷанг аз маҳаллаи Дошии Бағлон, Турбати Ҷоми Ҳирот, Деҳдоди Балх, Шуҳадои Солеҳини Кобул ва Кунару Нангарҳор хоҳад гузашт.

Кишварҳои дахлдор, нерӯҳои ҷангандаи худро дар қаламрави Афғонистон ҷойгир карда, бо ин кишвар ҳамчун ба як вилояти зертобеи худ муносибат мекарданд. Ва ҳоло ҳам аз ҳукумати такқавм ва инҳисорӣ табли шодӣ мезананд. Ин маҳсули тафаккури якҷонибаи мазҳабимеҳварист, ки анъанаи қабилавӣ дорад ва нисбат ба дигарандешон ва кишварҳое, ки даҳрианд, нигоҳи манфӣ ва душманона дорад.

Нуктаи дигар, ки бояд хотиррасон кунам, ин аст, ки нигоҳи бештари рӯҳонияти Афғонистон ба зиндагӣ нигоҳи қафомондаи асримиёнагист, онҳо талош мекунанд, ки дар қарни XXI аз усулу кори 1400 сол пеш истифода баранд. Ин як сароби фиребандаест, ки мардумро гӯлу гумроҳ мекунад.

Ин кор барои инсонҳо ҷоиз нест, зеро қабули ҳукумате, ки бе додгоҳ мардумро ба гулӯла мекашад, мардуми норозиро зиндабагӯр мекунад, дар мавҷудияти миллатҳои сершумор уқдаи хасмонаи қавмӣ дорад ва барои ҳар гуна рушду тараққӣ монеи сунъӣ эҷод мекунад, роҳе ба ҷузъ аз муборизаи садоқатмандонаи мардуми бедори Афғонистон бар зидди он гузинае бештар нест. Зеро «Абӯҷаҳл мусулмон шуданӣ нест» ва ҷаҳли мураккаб ҳамчун «чирки пироҳани ҷоҳил бо собун шуста намешавад».

 А.РАҲМОНЗОДА,

номзади илмҳои таърих

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь