Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми ноябр кормандони милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи пурифтихори таъсисёбии худро чашн мегиранд. Имсол ин ҷашни фархунда ба тантанаҳои 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки басо рамзист. Зеро шукри Истиқлоли меҳан, ки ҳоло мардуми диёри зебоманзари мо дар фазои сулҳу оромӣ ва рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ даст ба дасти якдигар дар пайи ободиву бунёдкориҳои рӯзафзу умр ба сар бурда, волоияти конун дар сар то сари Ҷумхурии азизамон таъмин гаштааст, ки хамаи ин бурдбориҳо дар натиҷаи сиёсати дурусти пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Агар андаке ба таърих нигарем, аён мегардад, ки Милитсияи тоҷик бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аввал дар шаҳри Душанбе ва баъд дар дигар манотиқи кишварамон дар шароити басо вазнин ба кор шуруъ намудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, аз нахустин рӯзҳои фаъолият Милитсияи тоҷик роҳи душвору сангинро бо сабуриву матонат сипарӣ намуда, дар саҳифаҳои таърихии худ қаҳрамонию мардонагиҳои зиёдеро дарҷ намудааст. Ин аст, ки ҳамакнун чӣ мардум ва чӣ ҳайати кормандон бо эҳтироми бузург ва меҳру муҳаббати бепоён ному корномаи аввалин кормандони ин соҳаро ба некӣ бахотир меоранд, бо ҳисси ифтихор ному кори онҳоеро, ки симои ҷиддӣ, сиёсӣ ва боҳашамати ин мақомоти ҳимоятгари мардумро офаридаанду халқро аз таҳдиду чашми бад эмин доштаанд, пос медоранд.

Бояд гуфт, аввалин Комиссари халқии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон яке аз муборизони барқароркунии Ҳукумати Шӯравӣ дар Осиёи Миёна Абдулло Ёрмуҳаммад шинохта шуда, сардори милитсия яке аз муборизони фаъоли зидди босмачиҳо аз тарафи Комиссариати халқӣ Франс Яковлевич Ижевский таъин гардида буд.

Инак аз ҳамон давраҳои бесарусомониву душвор то ба ҳол мақомоти милитсия дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати якпорчагии ҷумҳурӣ сарбаландона хизмат карда истодаанд.

Саҳми кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи мақомоти интизомиву ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хеле чашмпрас аст ва онҳо ин вазифаи ҷониву имонии худро шабу рӯз софдилона иҷро карда истодаанд.

Танҳо ҳамин нуктаи муҳим, ки ҷомеаи мадании мо феъландар фазои суботу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунад, далели талошу такопӯ ва сарсупурдагии кормандони милитсияи мамлакатамон мебошад, зеро яқин аст, ки ин рӯзҳои хуш ва пурнишот барои мардуми тоҷик ба осонӣ даст надодааст. Мусалламан, аҳли ҷомеа хуб медонанд, ки дар барқароркунии Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бағоят чашмрас аст. Пӯшида нест, ки мутаассифона, ҳазорҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар давраҳои муташанниҷи ҷумҳурӣ ҷони худро баҳри барқарорсозии Ҳукумати қонунӣ дареғ надоштаанд. Мардум қаҳрамонҳои худро мешиносад. Вай имрӯз номи нек ва руҳи поки кормандони мақомоти милитсияро, ки дар вақти адои вазифаи хизматӣ қурбон гаштаанд, пос медорад ва ба фидокорияшон арҷ мегузорад.

Дар баробари ин, боиси фараҳмандӣ аст, ки аксари собикадорони соҳа новобаста аз синну сол имрӯзҳо низ бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ зич дошта, ба кормандони ҷавон ва камтаҷриба ҳамчун намунаи ибрат дарси матонату мардонагӣ меомӯзанду маслиҳатҳои судманд медиҳанд, ки ин тасмим бешакк чун эстафеттаи аз насл ба насл роиҷ аст. Ҳайати шахсии ВКД низ дар навбати худ дар партави талаботҳои замон ва дар доираи қонунҳои ҷориву дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро ба таври густурда роҳандозӣ намудаанд, ки намунаи барҷастааш эҳтироми мардумро сазовор гардидани мақомоти милитсия мебошад. Магар аз ин болотар эътироф ва қадршиносие буда метавонад?.

Бо ҳамбастагӣ ба мардум мо ҳам итминон дорем, ки кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъана минбаъд низ баҳри муҳофизати амнияти шаҳрвандон, якпорчагии ҷумҳурӣ, нигохдории тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар рушду нумуи диёри азизамон корҳои созандагиро ба роҳ монда, бо тамоми саъю кӯшиш кор ва фаъолият намуда, номи Милитсия буданро боз ҳам баланд мебардоранд.

Иди касбӣ муборак, «Милитсияи тоҷик»!

Салмони Маҳмадалӣ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь