Мушкили хонаводаҳои зиндониёни осебпазирро кӣ сабук месозад?

Холбибӣ (номи шартӣ) мегӯяд, ки бародари ӯро дар соли 2015 бо гумони ҳамдастӣ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим – муовини пешини вазири мудофиаи Тоҷикистон боздошт ва 27 сол зиндонӣ карданд. Холбибӣ ба шарти ифшо нашудани номи худу бародараш нақл кард, ки бародараш дар чанд рӯзи пеш аз ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим “бо корҳои шахсиаш” аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе омад ва баъди тақрибан даҳ рӯз хонавода хабари боздошти ӯро дарёфт кард. Ба гуфтаи ин зан, баъди боздошти бародараш зиндагии хонавода якбора аз чанд ҷиҳат мушкил шуд.

– Бародарам саробони хона буд. Ҳоло падару модар ва ҳамсару фарзандонаш аз нодориву камбизоатӣ азоб мекашанд. То дараҷае, ки мо маблағи роҳкирои Вахш-Душанберо надорем, то ба дидорбиниаш биёем,- мегӯяд Холбибӣ.

Чунин вазъро агар ҳам на ҳамаи хонаводаи зиндониҳо, шояд бештари онҳо аз сар мегузаронанд. Аммо хонаводаи зиндониҳое, ки яке аз аъзояшон бо гуноҳи терроризму тундгароӣ ё ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ дар маҳбас мешинанд, вазъи бадтаре доранд. Аз як тараф камбуди молӣ, аз тарафи дигар назари манфии ҳамсояҳо вазъи ин хонаводаҳоро дучанд бад мегардонад. Дар чунин шароит кист, ки камтарин пуштибониро ба чунин хонаводаҳо расонад?

Намояндагии Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ барои он, ки робитаи маҳкумшудаҳо бо хонаводаҳояшон канда нашавад, лоиҳаеро ба роҳ мондааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур занони зиндонӣ, маҳбусон аз ақалиятҳои миллӣ, зиндониҳои якумриву тӯлонимуддат ва онҳое, ки бо айбҳои амниятӣ (терроризму тундгароӣ,- муаллиф) дар маҳбас ҳастанд, кӯмаки моддӣ дарёфт мекунанд.

Клаудия Аззолинӣ, роҳбари намояндагии Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ ин барнома чанд талабот ё критерия дорад, ки агар вазъи хонаводаи маҳбусон ба ҳамон критерияҳо мувофиқ бошад, Салиби Сурх кӯмак мерасонад. Барои мисол, хонаводаҳои зиндониҳои осебпазир, аз қабили ақалиятҳои миллӣ, занҳои зиндонӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ дар ҳабс ҳастанд, шомили лоиҳа мешаванд.

– Лоиҳа аз соли 2012 шурӯъ шуд. Он замон мо танҳо дар минтақаи Рашт лоиҳаро амалӣ мекардем. Яъне, хонаводаи тоифаи зиндониҳои номбаршуда ба мо муроҷиат мекарданд, ки барои дидорбинии пайвандашон дар зиндон имкон надоранд. Мо месанҷидем, агар суханашон воқеият медошт, маблағ медодем, ки ғизо харанд ва роҳкиро карда, ба дидани пайвандашон раванд,- меафзояд хонум Аззолинӣ. Намояндагони Салиби Сурх мегӯянд, ин лоиҳаро ба хотири ҳифзи принсипҳои башардӯстона ва канда нашудани робитаи хонаводагӣ ба роҳ мондаанд. Бо гузашти чанд сол, миқёси фарогирии лоиҳа васеъ шуд ва дар айни замон Салиби Сурх дар шаҳри Душанбеву вилояти Суғду Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ин барномаро амалӣ мекунад.

– Танҳо дар соли 2016 ҳудуди 70 хонавода аз тоифаи мазкури зиндониҳо аз кӯмакҳои мо бархӯрдор шуданд, ки миёнашон пайвандони зиндониҳои масъалаҳои амниятӣ (терроризму тундгароӣ,- муаллиф) кам набуданд,- гуфт роҳбари намояндагии Кумитаи Салиби Сурх. Қаҳрамони матлаби мо – Холбибӣ тасодуфан аз вуҷуди барномаи кӯмаки Кумитаи мазкур огоҳӣ пайдо кард ва дар ибтидои моҳи июни соли ҷорӣ бори дувум буд, ки барои дарёфти маблағ ба Кумита омад.

– Дар ҳамон рӯзҳои муҳокимаи парвандаи бародарам буд, дар соли гузашта. Ҳамроҳи падари пирам дар кӯчаҳои Душанбе сарсону саргардон будем. Тасодуфан як духтар аз ҳоли мо огоҳӣ пайдо карду моро ба дари Кумитаи Салиби Сурх овард. Ин бори дувум аст, ки барои гирифтани ёрӣ меоям. 820 сомонӣ ёрдам карданд. Ба ин маблағ ғизо мехарам – картошкаву пиёз – 20-25 кило, равған – 5 литр, биринҷ 4-5 кило, ба бародарам мерасонам. Бо маблағи боқимонда ҳамсару фарзандонашро ба “свидание” (мулоқот)-и бародарам меорам,- мегӯяд Холбибӣ.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи Салиби Сурх дар гузашта ин фаъолиятҳояшро дар расонаҳо камтар таблиғ кардааст. Роҳбари намояндагии Кумита дар Тоҷикистон мегӯяд, аз барномаи кӯмак ба зиндониҳо одамон аз даҳони ҳамдигар огоҳӣ пайдо мекунанд.

– Мо тавассути ин кӯмакҳо падарону писарон, ҳамсарону шавҳаронро ба дидори ҳам мерасонем. Падар қад давонидани писарашро мебинад ва писар шаклу сурати падарашро аз ёд намебарад,- гуфт Аззолинӣ. Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин кӯмакҳо некӯаҳволии хонаводаҳоро албатта таъмин намекунанд, вале ба худи зиндониҳо кӯмаки хубе мешаванд.

– Бачаҳо вақте озод шуданд, муомилаашон бо хонавода хуб мешавад, ба зиндагии мусолиматомез бармегарданд. Ёдатон бошад, як ё ду сол пеш як ҷавон аз зиндон раҳо шуду хона рафт ва падарашро бо табар кушт, ки ман дар маҳбас будаму шумо ба дидани ман наомадед. Яъне як буғз буд дар дилаш,- меафзояд Ҳодизода.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи Салиби Сурх қасди бастани ин барномаро надорад. Хонум Аззолинӣ мегӯяд, то замоне, ки имкон ҳаст ва маблағ пайдо мешавад, кӯмак ба хонаводаи зиндониҳои тоифаи мазкурро идома медиҳанд.

Ёқуб ҲАЛИМОВ

Дар акс Клаудия Аззолинӣ, роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь