(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов “Ташаккули маънавиёти миллӣ дар асоси ҷаҳонбинии дунявӣ”- рӯзномаи “Фараж”, № 15 – 16 (801 – 802), 14 – 21 апрели соли 2022)
Доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор С. Ятимов дар мақолаи “Ташаккули маънавиёти миллӣ дар асоси ҷаҳонбинии дунявӣ” китоби тозанашри як гурӯҳ олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро таҳти унвони “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2021, дар ҳаҷми 310 саҳ.) ба риштаи таҳлил кашидааст. Муаллифи мақола ин китобро, ки ҳамчун ”Воситаи тавсиявӣ-амалӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ”, ки “Бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст”, иқдоми шоиста донистааст.
Ба таъкиди профессор Ятимов С.С. нашри чунин китоб тақозои рӯз аз рӯз афзояндаи рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Муаллиф хотирнишон мекунад, ки масъалаи давлат ва давлатдорӣ қисмати ҳаётан муҳими мавҷудият ва пойдории миллат аст. Вазифаи асосии миллатро ӯ дар давлатсозӣ ва таъмини суботи он медонад. Дар баробари ин, ташаккули идеология, маънавиёт ва ҷаҳонбиниро аз самтҳои ҳаётан муҳими сиёсати давлатдорӣ вобаста медонад. Муаллиф аз шаш рукни сохти давлатдорӣ-соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ном бурда, онҳоро дар баробари эълони воқеияти ҳуқуқӣ, муайянкунандаи самтҳои идеологии давлат медонад.
Даҳсолаҳои сипаригаштаро Ятимов С.С. барои азнавсозии маориф, ташаккули инфрасохтор ва захираҳои кадрии он сарнавиштсоз меҳисобад ва таъкид мекунад, ки дар шароити ниҳоят мушкили иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ заминаҳои аслӣ барои пешрафти илму маориф гузошта шуданд. Аз ин нигоҳ, қисмати муҳими самти маориф бояд мувофиқ кунондани китобҳои дарсӣ ва васоити таълимию тарбиявӣ ба пояҳои сохти конститутсионӣ – давлатдории миллӣ бошад. Ба таъкиди муаллиф, “он чизе, ки дар китоб дарҷ гардидааст мақсад ва моҳияти зиндагиро меомӯзанд. Роҳи кунунӣ ва ояндаи онро муайян месозанд. Тарз ва усули муносибат ба воқеияти сиёсиро нишон медиҳанд. Табиат, муҳтаво ва таъиноти инсонро дар ҷомеа, аз нигоҳи илмӣ тафсир мекунанд.”
Китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс”, ки дар чаҳорчӯбаи ниёзҳои иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа дар самти тарбия ва таълим навишта шудааст, аз муқаддима ва мақолаҳо дар бораи омӯзиши аҳвол ва осори 27 тан аз адибони тоҷик иборат аст. Тибқи мавзӯъ, дар атрофи ақидаҳои равшангароӣ, маорифпарварӣ, илммеҳварӣ, дар умум, дунявият баҳс мекунад.
Профессор Ятимов С.С. китобро бо як нигоҳи мушикофона ба риштаи таҳлил кашида, аз муқаддима сар карда, нисбати ҳар як мақола фикру пешниҳодҳои худро овардааст. Барои муаллифи мақола дар сарсухани китоб таҳлили мухтасари идеяҳои дунявият дар эҷодиёти мутафаккирон ва олимони араб хуш омадааст ва онро шоистаи омӯзиш ва баҳрабардорӣ донистааст. Ятимов С.С. пешниҳод кардааст, ки ин мавзӯҳо дар самти интихоби мавзӯъҳои илмӣ дар кафедраҳои ҷамъиятӣ ва Академияи илмҳо муфид ва барои бисёре аз зиёиёни миллӣ намуна мебошад. Таъкид шудааст, ки дунявият илм аст. Гуфта мешавад, ки эътиқод ва боварҳо бо илм ва хулосаҳои илмӣ дар мухолифат қарор доранд. Муҳтавои ин зиддиятҳоро дар ҷаҳони ислом бозигарони геополитикӣ ба фоидаи худ истифода мебаранд. Абарқудратҳо манфиатдори ҷангҳои оштинопазири зеҳнӣ, ки оқибат ба ҷангҳои хунини тарафҳо мерасонад, мебошанд. Ин равандро муаллифи мақола воситаи “рӯзгузаронӣ”-и чунин бозингарон номидааст. Ҳар гуна сабабу омилҳои сар задани низоъҳои мусаллаҳона дар солҳои охирро “зиддиятҳои идорашаванда” ном мебарад. Барои тақвияти гуфтаҳояш, аз таърихи Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, ҷаҳони ислом далелҳо меорад.
Профессор Ятимов С.С. бо маврид таъкид мекунад, ки бояд китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ пурра дар асоси талаботи илмӣ ва илмӣ-методӣ ба табъ расанд ва ба дарку фаҳмиши хонандаи худ мувофиқ бошанд. Иброз медорад, ки дунявият аввалан, бо эҳсос ва исботи қонунмандиҳои пайдоиш ва рушди ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур, қатъан, зери таъсири илмҳои табиатшиносӣ пайдо шудааст. Илмҳои табиатшиносиро ҷавҳар, пойдевор ва сутуни аслии тафаккури дунявият меномад, ки ин ҳақиқат аст.
Ба андешаи муаллифи мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ” ақидаҳои дунявии гузаштагони илму адабиёти тоҷик, аз Рӯдакӣ то Садриддин Айнӣ дар сохтори ҷаҳонбинии миллӣ натиҷаи омӯзиши илмҳои дар таҷрибаи инсонӣ санҷидашуда мебошанд, на таъсири дидгоҳи фавқуттабиӣ, хурофотӣ ва мифологӣ”, ки ин бебаҳс буда, боиси дастгирист. Дар ин мақола дунявият ҳамчун маҷмӯи ҷаҳонбинии илмӣ таъкид мешавад. Ба фикри муаллифи мақола яке аз мақолаҳои муваффақи маҷмуа “Умари Хайём – ринди мунавварфикр” мебошад. Мақолаҳои дигар, ки дар ин китоб ба чоп расидаанд, як як ба риштаи таҳлил кашида шудаанд ва оид ба ҳар як он таҳлилгар фикру пешниҳод иброз дошта, аз камбудиҳо низ ёдоварӣ шудааст. Махсусан дар мавзуҳои бахшида ба Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ. Иқтибосеро аз мавзуи Рӯдакӣ овардааст, ки дар он аз “Рӯдакӣ шоири миллигаро ва ситоишгари фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ дар замони Сомониён” ном бурда мешавад. Оид ба мафҳуми “миллатгаро” аз китоби “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” шарҳ оварда, таъкид мекунад, ки он бе маврид истифода шудааст. Зеро ин калима дар зеҳни мо ҳамчун “муродифи мафкура ва сиёсати иртиҷоӣ дар муносибат ба миллатҳои дигар ва имтиёзноку бартар шуморидани миллати худ аз миллатҳои дигар” дарҷ ёфтааст. Дар мавзуи А.Фирдавсӣ оид ба истилои “шуубия” фикру ақидаҳои худро иброз доштааст. Оид ба мавзӯи “Озодандешӣ ва дунёмадорӣ дар рубоиёти Абусаиди Абулхайр” низ таъкидҳои муфид кардааст.
Ба андешаи Ятимов С.С. мушкили асосии китоби “Андешаҳои дунявият дар адабиёти классикии тоҷику форс” ба таври мушаххас муайян накардани объект ва предмети илмӣ аст. Ӯ иброз медорад, ки бо ҳамин сабаб аксар муаллифон “дар доираи маҷмуа, вазифаҳои худро ба пуррагӣ дарк накардаанд.” Ӯ китобро на ба сифати дастури таълимӣ, балки ҳамчун ҷамъи мақолаҳои назариявӣ, ибрози дидгоҳ ё бархурди субъективӣ ба мавзуъ медонад, ки баҳои одилона аст.
Профессор Ятимов С.С. дуруст қайд мекунад, ки китоби дарсӣ ё адабиёти таълимӣ маҷмуи идеяҳо ва ҷаҳонбиниҳо, ки зуҳуроти моддӣ ё маънавиро тафсир мекунанд, таълиф мешаванд, зеро “китобҳои дарсӣ, дар маҷмуи таълифот дар соҳаи илму маориф, муҳимтарин, арзишмандтарин мавод барои сохтани ҷаҳонбинӣ, тарбияи инсон, эъмори давлат ва давлатдории миллӣ ҳастанд.” Ба таъкиди ӯ халқи тоҷик дар навишти китобу китобдорӣ таҷрибаи қадимӣ дорад.
Дар хулосаи мақолаи худ, Ятимов С.С. як бори дигар мафҳум ва тафаккури дунявиро шарҳи пурра дода, оид ба “афкори дунявӣ” ибрози ақида намудааст. Ӯ дуруст таъкид кардааст, ки аз қадим дар афкори бузургони илму адаби мо ақидаи дунявият вуҷуд дошт. Аммо ба воситаи суиистифода аз дину мазҳаб, хурофоту таассуб абарқудратҳо тавонистанд, ки миллати моро аз худшиносию худогоҳи дур созанд. Ин ақидаи профессор Ятимов С.С. дуруст буда, ҳар як саҳифаи таърихи пурифтихору пурфоҷиаи мо ин фикрро тақвият мебахшад. Аз сабаби оне ки, зиёда аз навад дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон мусулмонанд, ду роҳ вуҷуд дорад. Роҳи якум ин пайрави аз илму дастовардҳои технологияи навин рафта Ватанамонро ободу ором мекунем ё аз роҳи дуюм рафта, пушти хурофоту таассуб монда, ободии Ватан ва амнияти миллии худро зери суол мебарем. Ва таъкид мекунад, ки дар ин мубориза роҳи сеюм вуҷуд надорад.
Бояд тамоми аҳли ҷомеаи мо аз роҳи ақлу мантиқ ва ҷаҳонбинии дунявӣ воқеиятҳои имрӯзи ҷомеаро таҳлилу баррасӣ намуда, дар таъмини суботу амният ва рушди устувори самтҳои гуногуни ҷомеа саҳми худро гузоранд. Ва дар ин роҳ бешак нақши зиёиён меҳварӣ аст.
Ёрмаҳмад Ниёзӣ,
номзади илмҳои фалсафа