Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст.

Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурeҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд торафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намуд. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи амалиётҳо васеъ гардиданд. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм (аз ҷумла кибертерроризм) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад.

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун руҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо ва танҳо иснод овардан мебошад. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷалаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, ки дар шароити муосир созмонҳои ғайриқонунӣ, гуруҳҳои фитнаафкану моҷароҷӯ ва шахсони руҳияи террористӣ дошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин падидаҳои номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд. Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул намудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул шудааст, ки дар онҳо мафҳумҳои асосӣ ва самтҳои асосии мубориза бар зидди ин падидаҳо муайян шудаанд, ки ба талаботи санадҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Боиси таассуф аст, ки ҳамарӯза аз тариқи васоити ахбори омма мешунавем, ки дар ин ё он давлати мусулмонӣ амали террористие рух додаасту теъдоди зиёди одамони бегуноҳ, бахусус кӯдакону ҷавонон қурбонӣ шудаанд. Бояд дар ёд дошта бошем, ки ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон ба инсонҳо хавфу хатари ҷиддиеро ба миён овардаву меоранд. Барои муқобилият бо ин падидаҳои зишт дастаҷамъона мубориза бояд бурд. Тадқиқотҳо гувоҳанд, ки аксаран вақт нафароне барои содири амалҳои террористӣ ҷалб мегарданд, ки ҷавонанду дорои саводи паст ё ин ки умуман, аз таҳсил дур мондаанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд пайваста дар пайи омӯзиш ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ бошем ва ҳеҷ гоҳ майли ворид шудан ба ин ё он гуруҳу созмонҳои ифротиро накунем, ки бе шак, ин худ як навъ пешгирӣ ва зарбаи сахтест ба ҳадафҳои нопоки афроде, ки ин гуруҳу созмонҳоро сарпарастӣ ва роҳбарӣ мекунанд.

Мо бояд шукргузор аз он бошем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ҳаёти осоишта ба сар мебарем ва меҳнату талоши худро пайваста барои андӯхтан ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ равона созем ва ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем, ки моро барои ворид шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки мақсадашон халалдор намудани фазои сулҳу субот, барангехтани кинаю адоват, ифротгароӣ ва терроризм аст, ҷалб намоянд, яъне аз ин падидаҳои номатлуби аср худдорӣ бояд намоем.

Мақсади аслии терроризм заиф намудани ҳокимият, манфур нишон додани чеҳраҳои гуногуни сиёсӣ дар дохили як кишвар ва ба даст овардани ҳокимият мебошад.

Имрӯз терроризм на танҳо ба ҳаёти инсонҳо, балки ба тинҷию оромӣ ва ободии хонадони халқ ва соҳибихтиёрии давлат таҳдид дорад.

Ҳифзи ватан, посдории арзишҳои миллӣ, фарҳангу маънавиёт ва ояндаи давлат аз ин зуҳуроти манфии ҷаҳонишуда вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандор мебошад.

Иноятулло КАРИМОВ,

устоди ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь