Мардуми тоҷик аз қадимтарин даврон ормони сохтани давлат ва ҷомеаи бозу солимро, ки бар мабнои донишу хирад ва меҳру отифат устувор мегардад, дар дил мепарварид. Ормонҳои бостонии миллӣ дар заминаи сохтмони давлати дунявӣ ва ҷомеаи секулорӣ дар бовару асотири қадима инъикос ёфтаанд. Бар ин маъно устураҳои дерина ва дерпойи Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кова, Соми Наримон, Золи Зар, Рустам, Сиёвуш ва амсоли инҳо бозгӯкунандаи ормонҳои миллӣ дар заминаи давлатсозӣ ва ҷомеаофарии дунявӣ мебошанд.
Ҳанӯз дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ симои шахсиятҳое, ки барои дунявият ва тарзи мудирияту ҳамзистии дунявӣ талош варзидаанд, меҳварӣ буда, онҳо ба унвони улгӯ васфу ситоиш шудаанд. Бавижа, Ҷамешеди Пешдодӣ симои марказӣ ва меҳварии асотири бостонии миллӣ мебошад, ки ҷиҳати сохтан ва созмон додани давлати дунявӣ ва ҳукумати фарҳангӣ ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. Ҷамшед, тибқи бовардоштҳои қадима, тавассути донишу хирад ба сохтани ҷаҳони нав, низоми тозаи зист ва давлати ҷадид пардохт.
Нуктаи муҳим ин аст, ки қаҳрамонони асотирии мо ба ҳамдигар як навъ пайвандӣ доранд. Он чи ки асотири куҳани миллиро ба ҳам пайванд медиҳад, ҳамоно, бар асли меҳру хирад устувор будани онҳост. Меҳру хирад аслҳоеанд, ки қаҳрамонони устурӣ ва таърихии мо дар бунёди давлатҳо ва ҷомеаҳо аз онҳо истифода бурдаанд. Аз ин ҷост, ки Ҷамшедро ба унвони таҷассуми асли меҳру хиради мардумӣ талаққӣ кардаанд (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Ба сӯйи ҳукумати фарҳангӣ. Ландан, 1995. –С.54). Бар ин маънӣ шоир ишора кардааст:
Агар меҳр бо меҳр бонӣ будӣ,
Ҳама базмгоҳи каёнӣ будӣ.
В-агар меҳр бо меҳр пайванд шуд,
Ҳама тухмаи мо хирадманд шуд.
Воқеан, устураи Ҷамшеди Пешдодӣ – баёнгари воқеият ва ҳақиқати низоми зиндагии дунявӣ дар паҳнои фарҳанги миллӣ мебошад. Устураи Ҷамшед ва ёдоварӣ аз ӯ дар боби муколамаи Аҳурамаздо ва Зардушт дар фаргарди (фасли) дуюми китоби Вандидоди Авасто муфассал арзёбӣ мешавад. Интихоб намудани шаҳриёрӣ (на пайғамбарӣ) аз ҷониби Ҷамшед ва уҳда кардани корҳои заминӣ (на осмонӣ, ки кори паёмбарон аст) шахсияти заминӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, дунявии Ҷамшедро бозгӯ мекунад. Дар бахши мазкур зимни баёни иродаи хеш Ҷамшед рӯйирост иқрор мешавад, ки аз уҳдаи корҳои осмонӣ (динмадорӣ) намебарояд ва имкони ободу зебо кардани замин ва фарох намудани онро тавассути ақлу фазилати инҷаҳонӣ ё дунявӣ дорад. Дар муқобил, аз надоштани имкони ба осмон рафтан ва он ҷо салтанат кардан сухан пеш меоварад (ниг.: Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 360).
Бад- ин минвол ҷудоии дин ва сиёсат дар паҳнои мифологияи миллӣ аз устураи Ҷамшед шурӯъ мешавад ва ин таҷрибаи устуравӣ дар сохтмони давлатдориҳои миллӣ ҳамеша дархӯр буда ва ҳаст. Мунтаҳо, асотири бостонӣ ормонҳои миллатро ифода мекунанд ва «Шоҳнома» пас аз зуҳури ислом бовардоштҳоро аз нав эҳё намуда, манзури мардум сохт. Паҳлавонони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар давра ва марҳилаи дигари таърихӣ мукарраран ба тасвири ормонии як миллат бадал шуданд.
Ҳамин тариқ, дар паҳнои асотири форсии тоҷикӣ ормонҳои миллии марбут ба давлат ва ҷомеаи дунявӣ тавсеа меёбанд ва минбаъд дар давра ва мароҳили таърихӣ аз марзи устуравӣ ба сарҳади таърихӣ мегузаранд. Давлатҳои қадимаи Модӣ, Ҳахоманишӣ, Сосонӣ, Тоҳирӣ, Саффорӣ, Сомонӣ, Ғурӣ ҳамагӣ кӯшидаанд, ки модели дунявии салтанатро ба вуҷуд биоваранд ва муҳитҳои муътадили фикрӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, динӣ, ахлоқӣ ва маданиро созмон дода, бар асоси муносиботи ҳасанаи зинда ва созандаи ақвому милал масири давлатдории миллиро дунбол кунанд.
Албатта, бар асари мудирияти нодурусту иштибоҳӣ, ҳамчунин нуфузу русухи ҷаҳлу нодонию хурофоту таассуб, аз як тараф ва фишору таҳоҷуми бегонагон, аз тарафи дигар, имкони бунёди давлат ва ҷомеаи дунёмадор аз даст рафт, вале, бар ҳар сурат, давлатмардони гузаштаи миллӣ саъю талош карданд, ки ормонҳои миллиро дар заминаи бунёди давлати дунявӣ воқеият бубахшанд.
Бояд тазаккур дод, ки давлати дунявӣ ё секулорӣ, бешубҳа, ба илму дониш ва хиради инсонӣ муттакост. Хирад бо худии худ қудрат ва тавоноиҳои инсонро буруз мекунад. Аз ин ҷост, ки донишмандон донишу хирадро ба сифати қудрат, озодӣ ва пирӯзӣ муқаррифӣ мекунанд (см.: Ошо Багван Шри Раджниш. Жизнь и смерть. Москва: «Нирвана», 2002. -С.16). Хирад бояд воқеият ва чизи диданиро ифода кунад. Ин аст, ки дар оғози «Шоҳнома» омадааст:
Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,
Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме.
Ин меъёр ва ченаки хиради миллист, ки ба инсон ва ҷомеа сурат ва тасвир мебахшад ва ба чизи диданӣ ва воқеӣ майл дорад. Хиради корбанди Ҷамшедӣ ҳамон хиради суратгар (воқеӣ ва диданӣ) аст (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дувум. Ландан: Курмалӣ, 1995. –С.46). Дидан ва биниши воқеӣ аз тавоноиҳои инсонӣ маншаъ мегирад ва ҳар инсони тавоно дуруст дидан ва дуруст шинохта метавонад. Вақте ки хирад андоза ва меъёри зиндагӣ қарор мегирад, дурустӣ, ростӣ, адлу дод, меҳру муҳаббат, озодию истиқлол ва фарҳангу фазилат дар ҷомеа ба мабонӣ ва усул табдил меёбад.Ин аст, ки Фирдавсӣ ба мардум ва ҷомеа ато кардани ҳунару донишро вазифа ва рисолати ашхоси доною огоҳ медонад:
Чу доно тавоно буду додгар,
Азеро накард эч пинҳон ҳунар.
(ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Ба сӯйи ҳукумати фарҳангӣ. Ландан, 1995. –С.138)
Бовардоштҳои куҳани миллӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ масъалаи давлатсозӣ (манзур давлатсозии миллию дунявӣ аст) ва ҳамиштирокии мардумро дар рушди сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании кишвар матраҳ кардаанд. Ба дунболи ин, бовардовариҳои гузаштаи миллӣ, низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ дар асоси мафҳум ва мақула-категорияҳои ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр баркашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад (ниг.:Ҷамолӣ Манучеҳр. Густохӣ дар гусастан. Аз гусастагони густох. Ландан: Курмали Пресс, 1996. –С.50).
Гузашта аз ин, реша дар фарҳанги миллӣ доштани тафаккури дунявӣ, ки ду асри ахир ба сифати ҷаҳонбинии фарогир дар сайёраи инсонӣ овозадор шудааст, яқин аст. Ин аст, ки ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии миллӣ, ки бар мабнои бовару эътиқодоти гузаштагони мо созмон ёфтааст, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ мусоидат намудааст. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири бостонӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. –Душанбе, 2012. -С388-389).
Хирадманд ва давлатмарде, ки побанди аслҳои инсонист, ба ҳеҷ ваҷҳ, каси дигарро намеозорад ва муҳимтар аз ин, дар хидмати мардум қарор гирифтанро рисолати инсонӣ ва иҷтимоӣ медонад. Қаҳрамонони устуравӣ ва таърихии мо, аз ҷумла Фаридун, Коваи оҳангар, Манучеҳр, Нӯзар, Рустам, Сиёвуш, Спитамон, Муқаннаъ, Деваштич, Устод Сис, Абумуслими Хуросонӣ, Маҳмуди Торобӣ ва дигарон хидмат ба мардум ва раҳоӣ аз зулму истибдодро мароми зиндагӣ қарор дода, то охирин нафас дар роҳи озодию истиқлоли Меҳан устуворона гом бардоштаанд. Ба ин маънӣ:
Ба хидмат умри одам ҷовидонист,
Талош андар раҳи ҳақ қаҳрамонист.
Нозим Нурзода,
пажуҳишгар