Дар таърих кам нестанд шахсиятҳое, ки як давраи муқовиматро роҳбарӣ кардаанд ва баъди марг номашон ба маҳалли ихтилофот табдил ёфт. Ҳатто он муборизоне, ки дар тӯли ҳаёт аз онҳо ҳамчун “қаҳрамон” ёд карда мешуд. Баъд аз марги аксарияти онҳо баъзе “сирру асрор”-ашон фош мешаванд ва ба унвони қаҳрамонии онҳо латма ворид мекунанд. Оё Аҳмадшоҳи Масъуд чунин “қаҳрамон” буд? Мероси Аҳмадшоҳи Масъуд чист ва бо гузашти 21 сол аз шаҳодаташ чӣ гуна аз ӯ ёд мекунанд?
Аҳмадшоҳи Масъуд улгӯи муборизони роҳи озодӣ ва Қаҳрамони миллии Афғонистон буд. Дар байни дӯстон бо унвони “Омир Соҳиб” маъруф аст ва ҳатто имрӯз баъди маргаш душманонаш аз ӯ ба унвони Омир Соҳиб ёд мекунанд.
Аҳмадшоҳи Масъуд се даҳсолаи ҳаёти худро сарфи мубориза бо душманони меҳанаш кард. Ӯ дар синии 19 солагӣ ба ин роҳ қадам гузошт ва дар синни 49 солагӣ ҷоми шаҳодатро ба сар кашид.
Аҳмадшоҳи Масъуд дар даврони мактабхонӣ шурӯъ аз синфи 9 ба фаъолияти сиёсӣ оғоз кард. Баъдан дар даврони донишҷӯӣ ба сафи Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон пайваст. Соли 1973 як шӯришро дар Панҷшер зидди ҳукумати вақти Афғонистон ба роҳ монд, аммо ба шикаст мувоҷиҳ шуд ва ба Покистон ҳиҷрат намуд. Баъди ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд баҳри ҳифзи меҳан ба зодгоҳаш баргашт ва зидди ҳукумати Шӯравӣ муборизаро оғоз намуд. Хеле зуд мардум дар атрофи Аҳмадшоҳи Масъуд ҷамъ шуданд ва ӯ тавонист Панҷшерро ба як қалъаи дастнорас мубаддал гардонад.
Бо истифода аз тамоми қуваи ҳарбии худ Иттиҳоди Шӯравӣ нӯҳ ҳамлаи азимро зидди Панҷшер ба роҳ монд, аммо ба мақсад нарасид ва дар натиҷа обрӯ ва нуфузи Панҷшер рӯз аз рӯз зиёд мешуд ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои мардуми Афғонистон ба як қаҳрамон бадал мегашт.
Омир Соҳиб фармондеҳ ва шахсияти асосӣ дар ҷабҳаи Панҷшер ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, ки бо номи ХОД маъруф аст, борҳо ба ҷони ин абармарди таърихӣ қасд кард. Аммо ӯ тавонист, бо кордонӣ ва дурандешии хеш ҳамаи ин суиқасдҳоро кашф ва пешгирӣ шавад. Чунонки худи Омир Соҳиб мегӯяд, “дар муддати 23 соли ҷиҳод камтар ба ёд дорам, ки дар шаб зери як сақф хобида бошам”.
Аҳмадшоҳи Масъуд якчанд сифатҳо дошт, ки ӯро аз дигар роҳбарони муҷоҳиддин фарқ мекунонд. Аввалан, ӯ миллатгаро набуд.
Дар армияи Аҳмадшоҳи Масъуд нафақат тоҷикон, балки ӯзбекҳо, паштунҳо, ҳазораҳо ва дигар қавмҳои Афғонистон ҳузур доштанд. Яке аз маъруфтарин қумандонҳои Аҳмадшоҳи Масъуд – устод Абдурраб Расули Сайёф аз қавми пашту буд, ки ҳатто солҳои ҷанг бо Гулбиддин Ҳикматиёр дар муқовимат алайҳи Толибон аз Аҳмадшоҳи Масъуд пуштибонӣ намуд. Доираи фаҳмиш ва ҷаҳонбинии Омир Соҳиб аз доираи тангии миллатгароӣ, мазҳабгароӣ ва динситезӣ берун буд.
Аҳмадшоҳи Масъуд аз роҳбарони муҷоҳиддин аввалин нафаре буд, ки бо Иттиҳоди Шӯравӣ созишномаи оташбасро ба имзо расонид. Ҳарчанд ин амалкарди ӯро дигар роҳбарони муҷоҳидин напазируфтанд. Гулбиддин Ҳикматиёр дар як мусоҳибааш бо телевизони BBC ин амали Аҳмадшоҳи Масъудро нодуруст арзёбӣ кард. Аммо Аҳмадшоҳи Масъуд алорағми ин ҳама интиқодҳо ва иттиҳомҳо дар як муддати кӯтоҳ дуруст будани ин тасмимашро ба исбот расонид. Дар давоми оташбас Аҳмадшоҳи Масъуд тавонист фаъолияти низомиашро дар хориҷ аз Панҷшер ба роҳ монад. Омир Соҳиб дар ин муддат дар Андароб, Хустуфринг, Ишкошим, Наҳрайн ва Кишм чанд пойгоҳи ҳарбӣ сохт. Ба истилоҳи дигар, боз панҷ “Панҷшер”. Инчунин, дар муддати оташбас мавсуф тавонист нерӯҳои марбут ба Ҳизби исломии Афғонистонро, ки барои ӯ мушкилӣ эҷод мекарданд, аз гирду атрофи Панҷшер дур созад.
Имрӯз агар аз ҳамяроқони Омир Соҳиб сифатҳои ӯро ҷӯё шавем, ҳамаи онҳо аввал аз диндории ӯ ёд мекунанд. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки яке аз ҳамразмонаш аст, дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд чунин гуфта буд: “Як мусулмони мӯъмин, мӯътақид ва як сиёсатмадори фазилатгаро ва бо ахлоқ буд. Ҳатто душманонашро ба калимоти таҳқиромез ёд намекард ва дар охири номи ҳар кас калимаи “соҳиб”-ро илова менамуд”.
Яке аз қумандонҳои машҳури Аҳмадшоҳи Масъуд, ки Сайид Муҳаммади Регистонӣ ном дорад, ду сифати боризи Аҳмадшоҳи Масъудро дар “диндорӣ ва озодихоҳӣ”-и ӯ изҳор мекунад.
Аҳмадшоҳи Масъудро “сипаҳсолори ислом” низ меноманд, зеро ҳангоми сӯҳбат ба такрор мегуфт: “Оянда ба дасти Парвардигор аст; боқии корҳо ба дасти Парвардигор аст; лутфи Парвардигор аст….”.
Ба қавли ҳамяроқонаш дар муддати бисту се соли ҷанг боре намозашро қазо накардааст. Вақте ки тарҷумаи ҳоли варо мехонем, мефаҳмем, ки ӯ улуми исломиро хеле хуб аз худ намудааст ва илова бар ин дар синни кӯдакӣ.
Омир Соҳиб истифодаи сигор, хашиш ва дигар маводҳои мадҳушкунандаро дар байни муҷоҳидин қатъиян манъ намуда буд. Агар ягон нафар аз муҷоҳидин бо ҷурми истифодаи хашиш ба даст меафтод, Аҳмадшоҳи Масъуд ӯро ба назди қозӣ нафиристонда, худаш дар маърази ом бо чӯб ҷазо медод ва он шахс бояд тавба карда, ҳаром будани хашишро дар байни ҳама эътироф мекард. Ин бархӯрди шадиди Аҳмадшоҳи Масъуд боис гардид, ки муҷоҳидини таҳти роҳбариаш буда, аз истифодаи хашиш ва дигар маводҳои нашъамандӣ даст кашанд.
Омир Соҳиб бисёр дурандеш ҳам буда. Ӯ хуб мефаҳмид, ки истифодаи маводҳои нашъамандӣ ақлро тира ва шахсро пойбанд намуда, харҷи зиёдатиро ба бор меорад. Илова бар ин, боиси беобрӯ шудани Аҳмадшоҳи Масъуд ва муҷоҳидини таҳти амрашбуда дар байни мардум мешавад.
Аҳмадшоҳи Масъуд як ҷумларо ба таъкид мегуфт: “Муҷоҳиде, ки ахлоқи исломӣ надорад, монанди гови шохзан аст!”.
Ӯ тамоман аз фасод дур буд ва бо гузашти бисту як сол аз шаҳодаташ хурдтарин далеле пайдо нагашт, ки ӯро ба фасод айбдор кунад. Ба гуфтаи яке аз қумандонҳои машҳури Аҳмадшоҳи Масъуд – Сайид Муҳаммади Регистонӣ “Аҳмадшоҳи Масъуд умри худро барои чаҳор ормон фидо кард: Ислом, Афғонистон, Мардум ва Озодӣ”.
Абдувосит ЮСУФӢ,
донишҷуи курси 3-юми факултети таърих, ДМТ