Дар мактабҳои фалсафии Юнони қадим баҳсҳои тезу тунд сари масъалаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, сохтори давлатдорӣ, усулҳои идоракунии он дар авҷ будааст ва дар натиҷа беҳтарин осоре чун “Қонунгузорӣ”, “Сиёсат”, “Ҷумҳурият”-и Афлотун, “Риторика”, “Сиёсат”-и Арасту ва даҳҳо шоҳасари илмию назариявӣ дар боби сохтори давлату давлатдорӣ ба миён омаданд. Донишмандони мактаби Милет, Киреника, Могр, Элида, навафлотуниён ва чанде дигар сари мавзӯи мақому ҷойгоҳи дину оин дар давлатдорӣ ва идорасозии ҷомеа баҳсҳои зидду нақиз намудаанд, ки намунаи холиси он баҳси Суқрот бо ҳаким Эвтифрон аст. (асари “Эвтифрон”-и Афлотун) (А.З.).

“Эвтифрон: – Он чӣ писанди худовандон аст, диндорӣ аст ва ҳар чӣ писанди эшон нест бединӣ аст… Суқрот: – Пас, эй дӯсти донишманди ман, ба суоли ман ҷавоб надодаӣ. Ман аз ту напурсидаам, ки он чӣ ҳам диндорӣ аст ва ҳам бединӣ аст, кадом аст. Аммо маълум шуд баъзе чизҳо ба баъзе худовандон хуш меояд ва ба баъзе хуш намеояд. Масалан, аҷаб нахоҳад буд, эй Эвтифрон, ки чун падари хешро ба муҷозот бирасонӣ, назди Зевс писандида бошад, аммо Кронос, ё Уранос намеписанданд. Ё масалан, Хефаистос биписандад, аммо Ҳера хуш надошта бошад. Эвтифрон: -Аммо ақидаи ман он аст, ки худовандон дар ин ихтилофе надоранд ва ҳеч худое нест, ки биписандад, ки агар касе ба бедод одамеро кушт, кайфар (сазои ҷафо) набинад.” (Муҳаммад Рашшод. Фалсафа аз оғози таърих,ҷ 1. саҳ.236-238). Сари масъалаи ҷойгоҳи дин дар давлатсозӣ миёни ҳакимони Юнону Рум шигифтиҳое ҷой дорад, аммо кулли давлатсолорону ҳакимон чун Тсейзар, М.Т.Ситсерон (106-43 то м), Марк Аврелий, Суқрот, Августин (354-430), Зенон ва навафлотуниён хостори волоияти қонун на аҳкомҳои динӣ будаанд. Ҳарчанд империяҳои юнонию римӣ зери парчами дин бо ҷангҳои салибӣ кишваркушоӣ намуда буданд, лек дар саҳнаи таърих дер напоиданд.

Мафкураи динӣ барои давлатҳои Ориёӣ; Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён, Кушониён, Ҳахоманишиён, Сосониён дар асоси таълимоти динии Маздаясно ва мазҳабҳои он Митроия, Зарвония, Зардуштия, Монавия, Маздакия шакл гирифта, бар манфиати табақаҳои болоии ҷомеа хизмат мекард. Ҳарчанд тафаккур ва идеологияи муттаҳидсозанда дар оини бештар нуфузёфтаи Зардуштӣ бо воситаи 21наск (қисматҳо)-и “Авасто” бо ҳидояту ҳимояти Аҳуромаздо барои ақвоми зироаткору шаҳрнишини ориёӣ тараннум ва кирдори Аҳримании қабилаҳои кӯчманчӣ мазаммат мегардид, аммо бо сабаби пайдо шудани шохаҳои нав ба нави мазҳабӣ пеши роҳи ихтилофоти қавмии ақвоми ориёиро гирифта натавонист. Ардашери Бобакон, ки дар таърихи Эрони Бостон зиндакунандаи дини беҳӣ лақаб гирифтааст, дар оғози шоҳӣ фармоне содир карда, рӯҳониёни зардуштиро аз ҷумлаи хосон гардонид ва аз имтиёзҳои давлатӣ бархурдор сохту аз супоридани молиёт озод намуд. Лекин, масъалаи қонуният (ҳукму қазоват)- ро бар дӯши ғайри рӯҳониён, шаҳрдовар (қозии шаҳр), родэрон (қозии Эрон), сипаҳдовар (қозии аскар) вогузор намуда буд, ки заминаи муҳимтарин дар роҳандозии адолати иҷтимоӣ буд. (Абдуллоҳи Розӣ “Таърихи муфассали Эрон” саҳ.144.). Ҷойгоҳи аҳкоми ростманишӣ аз “Пандномаи Озарбод”, “Минухирад”, “Нигарбот” ва яшту готаҳои “Авасто”, инчунин дигар пораҳову қисматҳои таълимоти Зардуштия, дар мафкурасозии Ориёӣ барои давлатмардони империяи Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кушониён, Сосониён хизмат намуда бошад ҳам, дар натиҷаи ба ифрот расидани расму русуми нав ба нав роиҷсози мубадону муғон ва то ба дасти коҳинон (соҳирон) расидани баъзе таъомулҳои динӣ, нифоқу ҷудоӣ, норозигӣ, ҳолати марказгурезии ақлҳои солимро ба миён овард. Таълимоти парҳезкоронаи оини Монӣ сабаби зуҳду тақво, гӯшанишинию тарки ҳаёти дунявӣ намудани иддае аз афроди ҷомеа шуда бошад, пешниҳоди баробарии иҷтимоии мазҳаби Маздак ҳолати хуруҷи нафс, фасоди ахлоқӣ, вайронӣ ва низоъ дар ҷомеаи сернуфузу гуногунақвоми Сосониён гардида, пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии он империяи доманфарохро ба шикаст овард. Ин дардноктарин шикаст ва ҷонсӯзтарин фоҷеа буд, ориёнро, ки ин холигоҳи мафкуравиро боз мафкураи дину оини бегонае, ки дар зинаи тафаккури ибтидоии ҷомеаи инсонӣ, ҷоҳилият, қарор дошт, ғасб намуд ва то имрӯз дар он ҷавлон дорад.

Дини насрония (асриI-м. Фаластин) аз давраи пайдоиш то паҳншавию ба шохаҳо тақсим шудан, аз мафкураи як қавму қабилаи тозинажоди яҳуд берун рафта барои ҳукмронии чандин давлату империяҳо хизмат намудааст, албата бар манфиати ашрофону табақаҳои ҳоким. Азбаски маҷрои паҳншавии масеҳият ба сӯи Аврупо бештар буд, вобаста ба табиату дониш ва маърифати мардумони он сарзамин, махсусан расидан ба решаҳои тамаддуни куҳанбунёди юнонию римӣ, англосаксонию таомулоти скандиновӣ башоратҳои нав ба нав дар “Инҷил” ворид шуданд. (Башорати қаблӣ, Башорати нав). Ҳарчанд таъқиботи сахти монастирӣ, инкивизатсия, юришҳои салибӣ, чаҳормехсозии осиёни тартибот аз ҷониби жандарми калисо пурзӯртар мегардид, умри давлату империяҳо кутоҳтар мешуд, зеро табиати инсонӣ, ки майл сӯи озодӣ дорад, ниҳоят ба танг омада буд. Ислоҳот- реформатсия дар насрония бо шӯришу муборизаҳои ақидатии Уот Тайлер (1381), Ҷон Болл, Ҷон Уиклиф(1320-1381), Ян Гус (1371-1415) Мартин Лютер (1483-1546) ва чандин пешвоёни мардумӣ оғоз шудаву ба шохаҳои протестантӣ, православӣ, католикӣ тақсим шуд. Даврони Эҳёи Аврупо (асрҳои XIV-XVI) махсусан ба майдон омадани ҷараёни инсонмеҳварии Данте Алигерӣ, Франческо Петраркл, Лоренсо Валлӣ, Леонардо Да Винчӣ ва махсусан назарияи ақлгароёнаи Рене Декарт ва Френсис Бекон инилобе дар тафаккури ҷомеа барафрӯхт, ки Аврупои дар вартаи сиёҳи сукут афтодаро ба сӯи маърифат, илм, рушд, кишваркушоӣ, саноатигардонӣ ва рифоҳу озодӣ овард. Илм, хирад, маориф, фарҳанг тафаккури илмию техникӣ қудрати сиёсии давлатдориро бар даст гирифт ва ҷойгоҳи калисоро аз мақоми қудрат ба канор бурд. Яъне, ибодат ва иҷрои русуми динӣ ихтиёрӣ бе маҷбуриятҳои қудратию давлатӣ барои насрониён дар тамоми манотиқи сукунати онон гардид, ҳарчанд то имрӯз бозингарони дигари қудратманде дар ҷаҳон ҳастанд, ки бо кумакҳои миссионерӣ ҳадафҳои худро барои нуфузи шохаву тариқаҳои навин дар насрония доранд.

Муаммои калон ва баҳсбарангез дар дини ислом аст, чуноне Калими Кошонӣ ишора сохта:

Кас зи ҳафтоду ду миллат ин муаммо ҳал накард,

К-ин ҳам мазҳаб чаро дар дини як пайғамбар аст?!

Дини Ислом (таслим, итоат) ибтидои асри VII дар саҳрои Ҳиҷоз- нимҷазираи Араб, ки нав аз домони ҷоҳилият бархоста буд, пайдо шудааст. Он дар байни зиёда аз чаҳорсад қавму қабилаҳои сомии бадавии (биёбонӣ) қурайшӣ, ҳошимӣ, сомирӣ, ҳуд, од, зубиён, халиф, қалбиён, қайнуқ, яманӣ, ясрибӣ ва садҳои дигар, ки ҳар яке буту санаме, маъбуду худое дошт, зуҳур кард. Ҳамаи он қавму қабилаҳо бо ҷангу низоъ хуни якдигар мехӯрданд ва барои дастрасӣ ба марказҳои савдо, роҳҳои корвонгузар, сарчашмаҳои обӣ (чоҳҳо) ҳамеша дар рақобат буданд. Қудратталабӣ барои соҳиб шудан ба роҳҳои корвонгард, чашмаи Зам-зам (хело хунук) бозори марказию тиҷоратии Каъба (хонаи чаҳоргӯшаи сиёҳ барои ҳифзи санги муаллақ), ки дар он нуфузи қабилаҳои қурайшӣ зиёд буд, оғоз гардид. Барои паёмбар Муҳаммад (570-632), ки аз авлоди камбағали қабилаи бани Ҳошим буд, барои ворид шудан ба ин рақобат ва тарғиби аҳкомҳои дини нав, осон набуд, зеро дар Ҳиҷоз (шаҳр, Мадина) ва Каъба ҳошимиён мақоми хосае надоштанд. Хонадоршавӣ дар соли 595 бо Хадичаи сарватманд, ки соҳиби корвону молу коло буд, муамморо ҳал намуд ва сармоя барои тарғиботи аҳкомҳои дини нави монотеистӣ (яккахудоӣ) пайдо гашт. (О.Г.Болшаков “История халифата”. 1том.М-ва 1989. Саҳ.66-67). Мақсад ва ҳадафи муборизаи мафкуравӣ, ғоявии ислом бо тарғиби дини яктопарастӣ, инкори дину оинҳои ибтидоии бадавиёни араб ва дигар халқу миллатҳои олам, муттаҳидсозии қавму қабилаҳои парешони араб буд. “Аз асари зоти муқаддас- паёмбари ислом ва таълимоти ҳамагири вай қабоили араб муттаҳид шуданд ва мутаффиқан ба сурати як миллати густурда ба по хестанд”. Муҳаммад Иқбол “Фикри сиёсӣ дар ислом” (Зиндаруд) Д-бе 2011. саҳ.155. Табиист, ки ягон қавму қабилае намехост аз маъбуду худои хеш ба осонӣ даст кашад, ин ҷо усули бо зӯри шамшеру ханҷар, қатлу куштор ба итоат овардан ҳукми қонунӣ ёфта буд. Пас барои мусулмон сохтан ва ба итоат овардан дастур, фатво ва ҳатто ояту сураҳо аз номи худои бани Қурайш Ҳубал, ё Оллоҳ (номи бути бузург дар хонаи каъба, ки баъдан номи худои мусулмонон шуд) офарида шуд. Чунончӣ, “Пас шумо накуштаед, онҳоро, валек Оллоҳ куштааст эшонро ва ту наяфкандӣ (сӯи душман, найза, тир, реги сӯзонро) вақте, ки афкандӣ, валекин Аллоҳ афканд, то ато кунад муъминонро аз наздики хеш атое некӯ”. (сураи 8. “ал -Анфол” (ғанимат) Қуръон. Давраҳои аввали пайдоиш, паҳншави ислом ва давраҳои хилофату баъди он низ хунину фоҷеабор аст, зеро ғорату куштор чун ҷиҳоду ғазо қабул шудаву аслиҳаи зимомдорон шинохта шуда буд. Агар аз рӯи баҳои имрӯзаи ҷомеашиносӣ қазоват намоем, ҳамаи ҷаҳор халифаи аввал Абубакр (632-634), Умар (634-644), Усмон (644-656), Алӣ (656-661) пайравону фарзандони онҳо дар пайи террор қатл шудаанд. Пайдоиши ду ҷараёни бо ҳам душмани шиаву суннӣ ҳам аз натиҷаи ин террорҳо оғоз ёфтааст. Сипас, силсилаи террору куштори халифаву пешвоёни дин аз ҷониби тарафдорони ин, ё он шоха, мазҳаб, равия ҳангоми паҳн намудани ислом  дар Бобулистон, Ошӯристон, Миср, Ҳабашистон, Эронзамин, Вароруду Хуросон ба авҷи худ расида буд. Сураи ҳаштуми Қуръон “ал -Анфол” (ғанимат) “…ҷанг кунед бо онон, ки имон намеоранд ба Аллоҳ…аз аҳли китоб, то он ки бидиҳанд ҷизяро аз дасти худ хоршудагон” дасти ҷаллодони Муовия (халифаи умавӣ), Қутайба, Асад, Марвон (сарлашкарони араб) ва садҳои дигарро бо фатвои ҷиҳоду ғазо ва ғанимати худоӣ  тамоман дароз намуда буд.  Ҳамчун лашкари ҷаррор ва шамшери Аллоҳ истифода шудани бадавиёни ҳабаш, туркони кучманчӣ ҷинояти террору ғорат, куштору вайрониро чун ғазову ҷиҳод дар роҳи худо кори савоб ва аъмоли шаръӣ гардонид. Ҳарчанд аз нигоҳи ақли солим ва ҳуқуқу инсону фарҳанги инсонӣ, даҳшат аст, зеро; “Террор барои баробарсозии ҷамъият ягон олоти дигар фикр накард, ба ғайр аз буридани сарҳои бологашта, барои иҷрои меъёрҳои ҷоҳилона муқаррар кардаи худи он“ П. Буаст. (Энциклопедия мудрости. Москва-2008. стр.505. Таърихи беш аз 1400 солаи ислом нишон дод, идеологияи он барои сохтани як миллати воҳиди арабӣ мушарраф шуд, он ниҳоли афкори пажмурдаи арабиро дар кундаи тагдарахтони серрешаи Бобул, Ошӯр, Миср,Эрони Бостон, Византия пайванд намуд ва соҳиби хат, забон, дин, китоби осмонӣ, фарҳанг ва марказҳои маъмурӣ гардад. “Фарҳанги исломӣ натиҷаи фикри сомӣ (арабӣ) ва ихтилоти (омехташавӣ) фикри ориёӣ (эронӣ) мебошад”. Муҳаммад Иқбол “Ҷомеаи исломӣ” (Зиндаруд) Д-бе 2011 саҳ.154. Таҷрибаи талхи беҳуввиятӣ ва бо мафкураи арабии дини ислом кору эҷод кардан, ҳукумату давлатдорӣ намудан омили асосии дар фурсати кутоҳи таърихӣ ба фано рафтани давлатҳои ормонии тоҷикон дар асрҳои миёна гашта, сабаби парокандагӣ, низоъ, дур шудан аз асолати миллӣ, бадбинии мазҳабӣ, маҳалгароӣ, таҳаммулгароӣ, итоаткорӣ, сарафкандагӣ, беҷуръатӣ, ба хурофоту ҷаҳолати кӯчманчиён дармондан, қаландармашрабӣ, дунёбезорӣ, гӯшанишинӣ, меҳмони хондаю нохондаро атои худо гуфтан, ба тақдир тан додан ва ба ҳазорон иллатҳои ҷонкоҳи равонию ахлоқӣ  гирифтор шудани миллат аст. Фоҷеаҳои таърихро дар сарнавишти миллат омӯхтаю, таҳлил намуда, дақиқан хулосабарории мантиқӣ менамоем, ки ҳарчанд ислом чун дин дар афкори эътиқодии миллати мо ҷой шудааст, наметавонад тамоми орзӯву ормонҳои ориёии моро бароварда созад ва чун идеологияи миллӣ хизмат намояд.  Ҳарчанд, ислоҳоте, ки дар фиқҳ – низоми қонунгузории ислом бо ҳафт талаботи шаръӣ дар мазҳаби Ҳанафия (Имоми Аъзами тоҷик) баъди ҳаштод соли беқонунии пайдоиши ислом ворид намуд, тавонист маҷрои исломсозиро аз тундхӯӣ ба каме сабру қаноат, адлу инсоф ва таҳаммулу хирадпешагӣ орад. Лекин, бадбахтона, надоштани идеологияи ягонаи миллӣ ҳамаи давлатҳои бо талошу ҷонсупориҳо ба даст овардаи точикон, баъди истиллои араб; Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Оли Буя, Оли Дайлам, Ғуриён, Сарбадорон… бо сабабҳои нифоқи динӣ, мазҳабӣ, ихтилофоти дохилӣ бо дасисаи пешвоёну бегонапарастони миллат аз саҳифаи таърих барчида шуданд. Ин фоҷеа ҳангоми дар сарзаминҳои Ориёно ҳукмат кардани Қарахониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, қабилаҳои муғулу тотор, Аштархониён, Темуриён, Шайбониён, Сафавиён, Манғитиён ва даҳҳои дигар боз мудҳиштару ҷонсӯзтар гашта буд. Чунончӣ, омадани урдуи ваҳшии Чингизро чорчиёну пешвоёни ислом балои осмонӣ ва ғазаби худо фатво дода аз забони султон Муҳаммад Хоразмшоҳ ҳамаро ба итоату фармонбардорӣ даъват намуданд. Ҳол он, ки лашкари чандсадҳазораи султон агар ғояи ягонаи миллию нажодӣ медошт, метавонист пеши роҳи ин фоҷаи инсониро ба зудӣ бигирад. Ё, худ агар шӯриши мардумии Восеъи қаҳрамон (1885), ки инқилоби тоҷикони боғурури кӯҳистони Балҷувон зидди манғитиёни чингисӣ буд, тамоми тоҷикони кӯҳистону водӣ аз Хатлон то Ҳисор, аз Фалғар то Самарқанд, аз Бухоро то Шаҳрисабз, аз Балх то Ҳирот, аз Марв то Сиистон зери идея, ғояи озодии миллӣ дастгирӣ мекарданд, давлати ормонии тоҷик дар тамоми сарзаминҳои меросии ниёгон садсолаҳо пеш арзи ҳастӣ мекард. Идеологияи динӣ ин нубуғи бедории миллат Восеъро аз даҳони муллои тоҷики арабмағз ба куфр, зидди подшоҳ, зидди халифаи худо дар замин фатво дод, бо ҳукми қозии тоҷики содиқ ба манғити ғосиб мутаҳам ба марг намуд, бо дасти дигар тоҷики ҳуввият бохтаи динзада, ба таги дор бурда шуд ва бо дасти дигар тоҷики ҷоҳилу хурофотӣ бо ҷаллодӣ дор зада шуд. Сари масъалаи мазкур жарфнигарона, хуллосаи мантиқӣ дар доираи андешаи ояндабинона, беғаразона бар манфиати миллати озодаи ориётоҷик бояд баровард.  Пас, шояд, “Эътиқодоти диниро эҳтиром бояд, вале набояд ба он имкон дод, ки ба корҳои давлатдорӣ таъсир расонад.” Екатеринаи II. (Энциклопедия мудрости. Москва-2008. стр.462). Дар ин замина зиракии сиёсӣ мебояд, зеро“Вақте хурофот вориди сари мардумон мегардад, дар он ҷо захираи ҷаҳолатро барои садсолаҳо боқӣ мегузорад.”  П.Буаст. (Энциклопедия мудрости. Москва-2008. стр.504).  Бадбахтона, тӯли таҳмил шудани мафкураи динии ислом беҳтарин арзишҳои ориёии тоҷикон чун пайрави аз оини маҷусӣ, зандиқӣ, рофизӣ, зардуштӣ, қарматӣ, исмоилӣ, даҳрӣ ва чанде дигар ба куфру гуноҳу бидъат  тағма зада шуда, мамнуъ гардиданд ва ба фаромӯшӣ рафтанд. Дар ин радиф ҳакимон, донишмандон ва рушанфикрони тоҷик танҳо тавассути тарҷума бо забони арабӣ, ба пешвоёни дини ислом, ҳамдамони паёмбар, ҳалифаҳо ва сарварони ҷараёну мазҳабҳои ислом нисбат додани осори ҳикматбори ориёӣ, пандномаҳо, нақлу ривоёт ва зиндагиномаи рангину ҳамосавии (далеронаю ватандорона) сипаҳсолорони озодакешро зинда нигоҳ доштаанд. Пайкоре, ки хонадони Оли Бармак, Оли Муқаффаъ, Оли Балъамӣ, Низомулмулк, Дақиқию Фирдавсӣ ва чанде хоманигорони ориёниҳод бо қалам анҷом доданд аз ҳазорон набарди рӯё-рӯ пурсамартар буд. Чандин ҳаракатҳои ислоҳотхоҳ дар таърихи ислом барои рушди илм, қонуният, баробарии тамоми ақвоми ба ислом гаравида, амсоли ҷараёни Фотимиён, Исмоилия, Шуубия, Нақшбандия ва чанде дигар, ки ориёзодагон саҳмгин буданд, тавонист дар рушду нуфузи ислом аз Бағдод то Андалусия, аз Қоҳира то Бадахшону Ҳинд  саҳми мондагор гузорад. Аммо, иллат сари он аст, ки ҷараёну  ҳаракатҳое, низ  тӯли таърих бо дидгоҳи хурофотию вопасгароии худ, амсоли шохаҳои тасаввуф, зоҳидия,  маломатия, обидию порсоия бо амали воизию шарҳи каломи худ ҷомеаро дасту пойбаста ва мутеъ, дур аз ҳуввияти миллию нажодӣ сохта буданд, ки он садди роҳи рушди илм дар ислом буд. Ба майдон омадани ҷараёни шовинистии арабгарои Ваҳҳобия (таъсискунандаи он Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб) таҳти ҳимояи шайхони  Ибни Сауд дар солҳои 1744-1745 дар нимҷазираи Арабистон, Ироқу Миср ва паҳншавии он ба дигар мамолики мусулмоннишин шикасти бузург дар якпорчагии миллати ислом буд. Идеологияи он баргашт ба замони зуҳури ислом, ба асри VII-ум ва ҷорисозии шариату қонунияти замони исломи ибтидоӣ буда, ба ғайр аз Қуръон, на ҳадиси паёмбар,  шахсияти ӯ, халифаҳои ислом, саҳобаҳо, шайху авлиё ва пешвоёни исломро намепазирад ва инкор менамояд. Шохаву ҷарёнҳои бо ном исломии замони имрӯз, чун Салафия, Акрамия, Хон ул ихвон, Ҳизбуллоҳ, Ансоруллоҳ, Ҳизби наҳзати ислом, Таҳрир, Ал-қоида, ДИИШ, Ҷабҳат ан нусра, Ихвон ул муслимин, Толибон ва даҳҳои дигар морони дусари заҳҳокони Ваҳҳобия мебошанд, ки ба гумроҳсозию мағзшӯйии ҷавонони ноогоҳ машғуланд, ки хатар ба ояндаи фарҳангҳои миллӣ, асолати миллатҳо ва осоиштагии ҷаҳон аст. Тибқи ақидаи собиқ котиби генералии конгресси умумиҷаҳонии исломӣ Инамуллохон “Ислом ба модернизатсия ниёз надорад”, аммо аз нигоҳи олимони исломшинос ва тафсиргарони қуръон зарурияти таърихӣ ва ҳаётист, ки дар тафсири баъзе сураю оятҳо бознигарӣ карда шавад. Зеро, дар замоне, ки инсоният бахусус, пайравони дигар дину ойинҳои ҷаҳонӣ ба дастовадҳои бузурги илмию технологӣ ноил шудаанд ва аз сарватҳои бепоёни зеҳнӣ, табиӣ, кайҳонӣ ба манфиати хеш босамар истифода мебаранд, дар банди мафкураи хурофотию тоасримиёнагӣ мондани пайравони ислом хуб нест. Пас зарурияти динию замонист, барои мондагории ислом, дар шарҳу тафсири сураю оятҳои қуръонӣ, ки дар он даъватҳои ҷиҳоду ғазо ва куфрхонию ба кунҷи беҳуқуқӣ кашидани занон ҷой дорад, бо фатвои қозиёт, муфассирону донишмандони олами ислом ислоҳот ворид карда шавад. Чуноне, ки аллома Муҳаммад Иқбол ҳануз дар ибтидои асри XX-ум асрори нотавону ақибмонда, чун мустамликаву беҳуқуқ мондани мамлакатҳои шарқи исломиро дар бесаводӣ, ҷаҳлу хурофотзадагии мусулмонон дарёфта дар “Ҷовиднома” сареҳан нигоштааст:“Лизо лозим аст, бар асоси таҳқиқоти улуми тоза, илми каломи ҷадиде ба вуҷуд биёяд, зеро, усули улуми ҷадид аз ҳар назар бо оёти қуръонӣ мутобиқат дорад ва ба тартиб додани чунин илми калом барои насли ояндаи мусулмонон муфид буда, решаи имонро дар қалбҳои онҳо метавонад мустаҳкамтар намояд”. Саҳми бузурги мардони илму хирад, адабу фарҳанги тоҷик барои чун дини покӣ, ростӣ, хушахлоқӣ, беозорӣ, раҳм, шавқат, баробарӣ, таҳаммул, адлу инсоф ва дигар фазилатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ном баровардани ислом хело мондагору муассир аст. Ҳарчанд дар ибтидо ислом чун мафкураи иртиҷоӣ бо ангезаҳои замони ҷоҳилияти арабӣ таҳмил шуда буд, пасон ориётоҷикон тавонистанд, оҳиста- оҳиста дар тамоми аркони динӣ, тарзу усули эътиқод, ибодат, тақво, молиёт, фиқҳ ва дигар расмиёти мазҳабӣ унсурҳои арзишманди фарҳанги ориёиро ворид намоянд. Дар асри XXI-ум бар асари бархурди тамаддуну фарҳангҳо, дину мазҳабҳо хатари зинда мондани халқу миллатҳо хело зиёд аст. Бинобар он зарур аст, сари масъалаи нигоҳдошти ҳуввияти миллӣ, забонӣ, арзишҳои фарҳангӣ андеша намоем, хулоса барорем ва идеологияи миллии хешро барои пойдории давлати миллӣ, мондагории миллат таҳия, таълим, таблиғ ва нигоҳбон бошем. Зеро дур будан аз арзишҳои ростманиши ориёӣ тоҷикро дар таломумхонаи ҷаҳонишавӣ ва сад фирқаю сад шохагии мафкураи динию мазҳабии ислом ба саргумӣ, беҳуввиятӣ, манқуртӣ, гумномию нестӣ мебарад. Зеро, таҷрибаи се даҳсолаи замони истиқлол нишон дод, ки дурӣ аз феномени ориёӣ, тарбия нашудан дар рӯҳияи мафкураи ориёӣ, калавишҳо дар идеологияи миллӣ насли ҷавони кишварро ба доми гурӯҳҳои ҷиноятпешаи иртиҷоӣ, ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломии террористӣ андохт ва тоҷикро душмани давлати армонии миллат, худкӯшу фидоии хоҷагони пасипардагии хориҷӣ сохт. Ин фоҷеа аст, бадтар аз бомбаи ҳастаӣ!

Ҳамчунон, чун ҳусни мақтаъ, ё супориши хонагӣ ва ҳушдор барои андешаву тафаккур ба ҷомеаи бедор метавон гуфт: “…Ходимони дин ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, оромиву осудагӣ, имкони риояи кулли рукнҳои таъиншудаи ибодатиро доранд. Аз беҳтарин шароит ва имконоти василавӣ бархӯрдоранд. Зарур аст, ки онҳо дар сафи пеши тарғибгарони манфиатҳои миллӣ –ҳамчун омили муҳими шаклгирии ҷаҳонбинии миллӣ бошанд. Дар ин роҳ масъулияти бузурги ватандорӣ эҳсос намоянд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар саргаҳи имондорӣ гузоранд…” (С.Ятимов. Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад. “Илм ва ҷомеа” №1. (31). 2023).  Агар Абдураҳмони Ҷомӣ аз мунозираю куштор, ҷудоиандозии “харшиаю сагсуннӣ” ба танг омада панд диҳад, ки:

Нуктаи хӯш гуфта он некбин,

Ақл дорад мулкро қоим на дин.

Паёмбари зиндасозандаи арзишҳои Ориёӣ ҳаким Фирдавсӣ дурандешона, бо дард аз номи ҷаҳонпаҳлавон Рустами Дастон оқибати заволи давлати Сосониён бо дасти “морхор аҳриманчеҳрагон”-ро тасвир намуда, ба ворисони ба дасисаи мазҳабталошон афтодаи давлати Сомониён зиракона ҳушдор додааст, ки:

Чу бо тахт минбар баробар шавад,

Ҳама ном Бубакру Умар шавад…

Шавад бандаи беҳунар шаҳриёр,

Нажоду бузургӣ наояд ба кор…

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андар оранд пеш…

Чу бисёр аз ин достон бугзарад,

Касе сӯи озодагон нангарад…

Бирезанд хун аз пайи коста,

Шавад рӯзгори меҳон коста…

Ин бонги хатар ва зангулаи бедорӣ бар гӯши аҳли зиё, раёсату сиёсати давлати ормонии тоҷик Ҷумҳурии соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони азиз аст!

Аминҷон Зарифӣ, устоди МДТ Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь