Яке аз мушкилоти печида дар ҳама давру замон барои башарият ин нодонӣ ва ҷаҳлу таассуб ба ҳисоб меравад, ки монеъи асосии рушди ҷомеаи инсонӣ будааст. Инсоният ҳамвора барои пешрафти зиндагии хеш ба хотири рафъи мушкилоти дар табиату ҷомеа буда, сари андешаи он, ки тадбире бояд ҷуст ва мушкилеро бояд ҳал намуд, неруҳои хешро равона сохтааст. Вале на ҳамеша дар баробари ҳазорон ҳазор мушкили табиию иҷтимоӣ чораҳои мушаххаси таъсиргузор пайдо намудан барояш имконпазир будааст.

Ҳамин аст, ки роҳҳои тахаюлӣ ва бовармандро низ ба вуҷуд овардааст ва бо роҳи муқаддас сохтани боварҳояш ва онҳоро мавриди ситоишу бузургмаиши қарор додаанд ва ба онҳо ниоиш кардану аз онҳо ҷустани роҳи ҳалли мушкил худро аз ташвиши ҳаводиси табиию иҷтимоӣ оромиш бахшидааст.

Дар тули қарнҳо ин роҳатандешӣ ба як малакаи ҳамешагӣ ва тақлиди байни наслҳо табдил ёфта онҳо боварҳои худро то андозае ҳамчун воқеъияти мутлақ қабул намудаанд, ки аслан тасаввур кардани диди дигар ё назари дигар ба ин гуна ақоиду боварҳоро ба табу табдил дода нафари дигарандешро маҳкум ва тардид намуданд.

Яъне ин ҳолатест, ки як инсон вақте ба ҷуз аз дидгоҳи худ дидгоҳи дигареро, ба ҷуз аз назари худ назари дигареро ва ба ҷуз аз бовари худ бовари дигареро ҳатто таҳаммули шунидан ва қазоват кардан надорад, ин ба маънои он аст, ки ин фард ҳадди эътидолро аз даст додаст.

Вақте як инсон ҳадди эътидолро аз даст медиҳад ӯ ворид ба марзи ифроту тафрит мешавад. Ҳамин тавр, вақте дар як ҷомеа аксари афроди он биниши воқеию илмиро қабул дошта наметавонанд ва илло дидгоҳи эътиқодмеҳвари хеш ва арзишҳои он диди дигар ва таҳлилу баррасиҳои дигарро қабул надоранд, он гоҳ ин ҷомеа ифротӣ таассубзада ва хурофотӣ аст.

Дар ҷомеаи таассубзадаи хурофтиву ифротӣ баёни ҳар гуна андеша табу мешавад. Зеро гурӯҳҳои таассубзада ҳеҷ андеша бовар ва ақидаи дигарро таҳаммул карда наметавонанд. Онҳо бо аввалан тариқи маънавӣ фишор оварданд то ҳадди бархурди физикӣ ва ҷисман аз байн бурдани мухолифони ақидатии худ кор мегиранд. Онҳоро бо барчаспҳои гуногун дар ҷомеа муҳр зада онҳоро шармзада ва беобрӯ месозанд.

Ҳамин аст, ки дар кишварҳои таассубзадаву хурофотӣ, ки андешаи дигарро қабул надоранд, таҳаввулоту рушд ниҳоятан ба кундӣ сурат мегирад. Зеро дар он ҷо ки гуногунии ақида вуҷуд надошта бошад ва дар он ҷо ки гуфтугую баррасии ақидаҳои гуногун мавҷуд набошад ва махсусан дидгоҳҳои илмӣ қобили эътимод ва такя ба онҳо карда нашавад, ин гуна ҷомеа аслан аз лиҳози маънавӣ ниҳоятан ба кундӣ дигар мешавад.

Дар он як ақидаи пусидае, ки аз асри ҳаҷал маншаъ гирифтааст ба ҳайси як дидгоҳи воқеъӣ барои бошандагонаш қобили пазириш аст. Аҳли ин гунна ҷомеа навгироӣ ва навандеширо қабул надоранд. Онҳо бо илм ва дастовардҳои илмӣ ба назари шакку тардид менигаранд. Ҳамин аст, ки онҳо бо ҳамон тарзи куҳнаи асри миёнагӣ мехоҳанд ҷомеаҳои хешро идора намоянд. Чунин навъи ҷомеаҳо бештар дар кишварҳое, ки низоми сиёсиашон диниву мазҳабианд, ба назар мерасанд. Махсусан дар кишварҳои шарқи наздику миёна, ки бештари бошандагонашон мусалмононанд, таассубу хурофот ва ифрот бедод мекунад.

Гуруҳҳои ифротӣ на танҳо бо роҳи барчасп задан ба мухолифини худ, балки то ҳадди ҷисман аз байн бурдани мухолифон яъне касоне, ки дигарандешанд ё андешаву фаҳми онҳо ба андешаву фаҳми ин нафарон ҳамсон нестанд, мепардозанд. Ҳамин таассубзадагӣ ва хушкандешист, ки дар ин кишварҳо ҳазорон гуруҳҳои ифротиву даҳшатафкан шакл мегиранд.

Ба ин ифроту таассубро қудратҳои ҷаҳонӣ дар зери нуфузи худ нигоҳ доштани ин кишварҳо суистифода менамоянд. Онҳоро сармоягузорӣ намуда барои дар зери султаи худ нигоҳ доштан тавсеаи манфиатҳо ва амсоли ин суйистифода менамоянд. Ҳамин аст, ки дар чунин кишварҳо ҳамарӯза садҳо нафар қурбони ҷаҳолату таассуб ва хурофоту нодонӣ мешавад.

Таассубу хурофот ва ифроту нодонии инҳо ба масобаи кирмҳои чубеанд, ки оқибат худи чубро ҳам аз байн мебаранд. Хушандешиву хурофот ва ҷаҳолату таассуб боиси он гардидаанд, ки ҳамарӯза садҳо нафар аз нодонӣ худро интиҳор мекунанд. Ва муътақиди он ҳам ҳастанд, ки гӯё аз ин навъ худро ба куштан додан ва ё нафарони дигарандешро аз байн бурдан ба савобу шаҳодат мерасанд ва ин корро ба хотири Парвардигор анҷом медода бошанд.

Ин амал сахт тассуфбарангез ва нигаронкунанда аст. Зеро барои инсоният аз зиндагӣ бузургтар арзише вуҷуд надорад, вале ҷаҳолату нодонӣ, ки ба марзи ифрот мерасад, инсон моҳияти зиндагии хешро фаромӯш месозад ва он қадар мадюни бовару ақидаҳои хеш мегардад, ки хешро ба шеваи хашинтарин ба нобудӣ месупорад. Ҳатто заррае ҳам намеандешад, ки ҳамин Парвардигори ҷаҳониён бо ҳамон қудрати лоязолие, ки дорад оё ниёзе дорад, ки як махлуқи офаридаи он худро дар бемаъноӣ бикушад.

Мушкили аслии кишварҳои мусалмонӣ нодонию бесаводист ва нодонию бесаводӣ бузургтарин мушкили инсонист. Аз назари равоншиносӣ нодонӣ ҳамвора дар пайи худ нотавониро ба бор меоварад ва нодонию нотавонӣ ноумедиро ба бор меоварад ва ин ҳар се нигарониро ба вуҷуд меоварад. Яъне шахси нодон ҳамеша эҳсоси нотавонӣ дорад ва аз нотавонӣ ба ноумедӣ дучор меояд ва аз худ умед надорад ва нигарон аст, ки «кай равад, раҳ зи ки пурсад, чӣ кунад, чун бошад» (мисраъ аз Соиби Табрезӣ).

Ҳар ҷо ки нодонист он ҷо ҳатман ҷаҳолату тассуб ва хурофот ҳоким аст, ҳамин аст, ки дар кишварҳои мусалмонӣ пайваста низоъ асту куштор ва барои манфиатҳои гополитикиашон абарқудратҳо барои ин мушти нодон ҳар рӯз дину мазҳаби нав месозанд ва ҳар кадоме худро айни ҳақиқат гуфта, тарафи дигарро мекушад.

Барои собит намудани ин фикр омореро аз моҳномаи «Бедорӣ» меорам: «Дар дунё як миллиарду чаҳорсад миллион мусалмон ҳаст, ки аз он  800 миллион ё худ 60 дар садаш комилан бесаводанд, яъне навиштан ва хондан наметавонанд. Теъдоди тамоми донишгоҳҳо дар 57-кишвари мусалмони ҷаҳон зери 600 донишгоҳ аст, дар ҳоле ки танҳо дар Ҳиндустон 8500 донишгоҳ вуҷуд дорад. Дар Амрико бо ҷамъияти хеле камтар аз Ҳиндустон 6000 донишгоҳ ба умури тадрис аз рӯйи улуми мухталиф иштиғол доранд. Дар муқоиса дарсади бесаводӣ дар ду кишвари ғайри мусалмонӣ Ҷопон ва Донмарк ба сифр баробар аст» (Бедорӣ. Шумораи 76, Сентябри соли 2014, саҳ. 4, Сан-Диего, ИМА).

Хонандаи азиз, худ ин оморро қиёс кунед ва дарёбед, ки чаро бесуботиву беқайду борӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ҳоким аст ва ҳар рӯз як гурӯҳи навтару ҷадидтари даҳшатафкан мисли занбуруғҳои баъди борон дар ин кишварҳо зуҳур мекунанд, ки ғайр аз мошини одамкушӣ арзиши дигаре аз инсоният дар онҳо нест.

Таассуби динӣ дар ҳама давру замонхо Шарқро аз рушду такомули фарҳнгию иҷтимоӣ боздоштааст. Сабаби ҳамаи оқибмондагӣ ва ҷаҳолат таассубу нодонӣ будааст. Таассуби динӣ дар асрҳои миёна боис шудааст то аксари дастовардҳои илмии нобиғаҳои гузаштаи миллат аз қабили Фирдавсию Сино, Берунию Розӣ, Тусию Хайём ва садҳои дигар натовонистаанд, таъсири воқеии хешро дар пешрафти ҷомеа дошта бошанд.

Аз тарафи дигар аксари нобиғаҳои зикршуда доим дар замони зиндагии хеш зери тавҳину таҳқири мутаассибони замони хеш қарор гирифтаанд, ки он сабаб шудааст то эшон ҳамеша дар ғурбату ҳиҷрат ба сар баранд ва имконияти фитрӣ ва зеҳнии хешро натавонистаанд сарфи пешбурди рӯзгори мардум гардонанд. Ҳамин маъниро Ҳаким Хайёми Нишопурӣ зикр кардааст:

Чун нест дар аҳли ин замона фаҳме,

Гуфтан натавон ҳар он чӣ дар хотири мост.

Дар замони муосир, ки илму техника ба суръати кайҳонӣ пеш меравад, ҷавонони моро зарур аст, ки пойбанди таассубзадагиву расму оинҳои хурофотӣ набошанд ва ҳадди аксар кушиш намоянд то ҳамқадами замон бошанду аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳӣ дошта, ҷаҳобинии хешро дар ин замина такмил диҳанд.

Дар шароити феълӣ моро зарур аст то масъалаи омӯзишу парваришро дар ҷойи аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷомеа қарор диҳем.

Дар ҷомеае, ки дар он ҳарфи як муллои иртиҷоие, ки чанд сатрро аз худ кардааст, аз сухани як устоду академик ё профессору номзади илм бартарӣ дошта бошад, он гоҳ муллои ифротӣ ҳамчун нимоди ҷомеа қарор гирифта, бо ҳарфҳои пучу хурофотии худ мағзҳои ҷавононро олудаву нопок месозад ва онҳоро аз ҷаҳобинии илмӣ маҳрум месозад, ки ин барои ҷомеа хатарафзо хоҳад буд.

Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон имрӯз мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию беҳдоштиро танҳо аз рӯйи илм ҳал мекунанд. Дин бошад ҳамчун бовариву эътиқоди фард дар ин ҷомеаҳо ҷойгоҳ дорад на бештар аз он.

Исомиддин Шароифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь