Ҳар ҷомеаи пешрафта, то расидан ба рушди устувор марҳилаҳои хосеро тай менамояд. Аксарияти ҷомеаҳо дар марҳилаҳои аввали инкишофи худ ба хурофот дучор мегарданд. Сабаб дар он буд, ки одамон ҳодисаҳои табиатро дуруст ташхис дода наметавонистанд. Аммо имрӯз, ки мо дар замони муосир қарор дорем, бояд аз хурофот дурӣ ҷӯем.
Саволҳое ба миён меоянд, ки чаро тараққиёти илму техника рӯз аз рӯз рушду равнақ меёбад, лекин хурофот то ҳол мавҷуд аст? Худи мафҳуми хурофот чиро ифода менамояд? Чаро хурофот дар баъзе ҷомеаҳо ба вуҷуд меояд ва омилҳои пайдоиши он кадомҳоянд? Барои ҷавоб додан ба ин саволҳо зарур аст, ки нахуст ба шарҳи мафҳуми хурофот бипардозем.
Аслан, хурофот бовар ва ақидаи бепояеро меноманд, ки иддае аз мардум, гирифтори он мегарданд ва ин ақида, асоси мантиқӣ надорад. Инсони ибтидоӣ барои шинохти ҷаҳон талош меварзид, аммо аз сабабе, ки таҷрибаи кофӣ надошт, ночор ба хурофот руй меовард. Сабаби дигари ин ҳодиса ин буд, ки инсони он замон ҳангоме ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардид, маҷбур буд, ки роҳи ҳалро пайдо намояд. Аммо аз сабаби надоштани дониши кофӣ доир ба ҷаҳон ва ҳодисаҳои табиат ба хурофот руй меовард.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки то замони муосир дар баъзе мавридҳо, руй овардан ба хурофот, ба чашм мерасад. Сабаб дар он аст, ки замони муосир мушкилотеро дар худ дорад, ки ҳануз мардум сабаби асосии пайдоиши онро намедонанд ва аз ин сабаб ба хурофот руй меоранд. Имруз бошад, мардум роҳи ҳалли аксарияти мушкилотро омухтаанд ва камтар ба хурофот руй меоранд. Аммо наметавон гуфт, ки дар замони муосир хурофот вуҷуд надорад.
Дар замони муосир дар сурате ба хурофот руй меоранд, ки роҳи дурусти ҳал намудани мушкилоти рузмарраро надониста бошанд. Ҳар мушкилоте, омилҳои хоси худро дорад, аз ин сабаб хурофот низ омилҳои пайдоиши худро дорад. Аз ин сабаб омилҳое, ки боиси гаравидан ба хурофот мегарданд, инҳо мебошанд:
- Гурез аз масъулият.
- Эҳсоси эътимод ба нафс.
- Ниёз ба ҳамдилӣ ва ёрии дигарон.
- Тарс аз инкор шудан.
- Нокомӣ ва шикаст.
Таъсирҳои гаравидан ба хурофот дар зиндагӣ аз чи иборат аст?
Боварҳои хурофотӣ асароти зиёде дар равони инсонҳо мегузорад. Аз ин сабаб, ҳоло чандто аз онҳоро дида мебароем:
Васвоси фикрӣ ё амалӣ
Собит шудааст, ки миёни васвос (кунҷковӣ) ва боварҳои хурофотӣ робита вуҷуд дорад. Ба тавре ки фард ба таври такрорӣ афкори хурофотиро ба зеҳн меоварад ва коре ки барояш зарур аст анҷом намедиҳад. Ё рафторҳои хос ва васвосгунаи худро баён мекунанд.
Стресс ва изтироб
Гаравидани зиёд ба боварҳои хурофотӣ сабабгори стресс ва изтироб низ дар фард мегардад. Бисёре аз фардҳо ба далели масоили хурофотӣ аз анҷом додани коре дар шароити мухталиф монеъ мешаванд. Ё бо талоши стресси зиёд онро анҷом медиҳанд.
Халалҳои бадгумонӣ
Бовар намудан ба хурофот мумкин аст фардро ба бадгумонӣ ё паранойя (ҷунун) гирифтор намояд. Ба унвони мисол фарде, ки ба ҷоду бовар дошта бошад, мураттаб фикр мекунад, ки дигарон қасди садама задан ва нобуд сохтани ӯро доранд.
Афсурдагӣ ва худкушӣ
Баъзе боварҳои хурофотӣ ба ин масъала таъкид мекунанд, ки талошҳои фард дар зиндагӣ беҳуда аст. Омилҳои беруние зиндагии фардро контрол мекунанд. Ҳамин амр бисёре аз фардҳоро дучори афсурдагӣ ва тамоил ба худкушӣ мекунад. Бар асоси оморҳои мавҷуд, беш аз шаст дар сад аз касоне, ки дар асари худкушӣ ҷони худро аз даст медиҳанд, мубтало ба навъҳои гуногуни афсурдагӣ ҳастанд. Афсурдагӣ ҳолатест, ки шахс дар зиндагии шахсии худ ягон ҳадафи маънодоре пайдо намекунад.
Аз даст додани ангеза
Гароиш ба хурофот сабаби аз даст рафтани ангеза ва дилгармии фард ба зиндагӣ мегардад. Ин даста аз фардҳо бо муроҷиат ба афроде ба монанди пешгу ё раммол (бо донаҳои рег фол дидан) бо шунидани ҳарфи онҳо дигар ҳеҷ талоше барои расидан ба ҳадафи худ анҷом намедиҳанд.
Сарфи назар кардан аз доруҳои ихтисосӣ
Бисёре аз фардҳо бо вуҷуди бемориҳои хатарнок ба афроди ҷодугар эътимод мекунанд. Доруҳои худро масраф намекунанд. Балки ба корҳо ва ҳарфҳои он раммол амал мекунанд. Ингуна саломатии худро ба хатар меандозанд.
Гароиш ба хурофот ва осеб ба ҳаёти ҳайвонот
Ҳар сола иддаи зиёди аз ҳайвонот ба далели хурофот осеб мебинанд. Фолгирҳо муҳра, пуст ва аъзои бадани ҳайвонотро бо нархи боло мефурушанд ва аз ин тариқ балои ҷони ҳайвонот мешаванд.
Гароиш ба хурофот ва талаф шудани вақт ва маблағ
Аз онҷо ки хурофот боиси шаклгирии рафторҳои такрорӣ ва беҳуда дар зиндагии мо мешавад, бидуни шак замони зиёдеро сарфи анҷоми ин аъмоли хурофотӣ хоҳем кард. Гоҳе ҳам мумкин аст, бобати гирифтани фол ё тилисм маблағи зиёди пул пардохт кунем.
Чигуна бо хурофот мубори намуд?
Танҳо роҳи мубориза бо хурофот тафаккур мебошад. Иътимод ба илм ва тамрин шаклҳои мухталифи фикр кардан аст. Роҳҳои гуногуне вуҷуд доранд, ки дар ин роҳ ба фард кумак мекунанд.
- Дурӣ аз тақлид ва баҷои он аз ақлу тафаккур бояд истифода кард.
- Худшиносӣ.
- Касби эътимод ба нафс.
- Дар сурати гирифтор шудан ба мушкилӣ, кӯшиш намоед, ки аз роҳҳои илмӣ мушкилиро бартараф кунед.
- Саъй кунед аз тариқи машварат бо фарди донотар (на ҷодугар ва фолгир), муолиҷаҳои равондармонӣ ва машваратҳои илмӣ мушкили худро ҳал намоед.
Сарчашмаҳо:
- Воринг Филипп. Фарҳанги хурофот, аҷибтарин хурофоти мардуми ҷаҳон. Тарҷумаи Аҳмад Ҳиҷорон. Теҳрон: 1371 (1992).
- Жокор Алберт ва Жак Лакорер. Илм ва эътиқод. Тарҷумаи Аббос Боқирӣ. Теҳрон, Нашри Най, 1380 (2001).
- Фрезер Ҷеймс Ҷорҷ. Шохаи заррин: Пажӯҳише дар ҷоду ва дин. Тарҷумаи Козим Фирузманд. Теҳрон: Огоҳ 1382 (2003).
- Ҳидоят Содиқ. Найрангистон. Чопи аввал. Теҳрон: Ҷовидон. 1312 (1934).
- Ҷоҳудо Густав. Равоншиносии хурофот. Тарҷумаи Муҳаммад Нақӣ Бароҳанӣ. Теҳрон: Албурз 1371 (1992).
- Шуайбӣ Фотима. Равоншиносии хурофот. Теҳрон: 1392 (2013).
Беков Дидавар, ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ