Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯзҳо ба ҷаҳони муосир таҳдиду хатарҳои зиёд эҷод карда истодааст, ин истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Чунончи, аз тарафи баъзе ҷавонон ва гурӯҳҳои алоҳида ба таври носолиму номатлуб истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоии «Вайбер», «Имо», «Одноклассник», «Фейсбук», «Скайп», «Твиттер» ва ғайраҳо сулҳу суботи тамоми кишварҳои дунёро халалдор месозанд. Истифодабарии нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоии дар боло зикршуда, яке аз масъалаҳои мураккаб дар арсаи байналмилалӣ буда, сабаби ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шудани бархе ҷавонони гумроҳи имрӯза ва ба амал овардани баъзе кирдорҳои носолим ва зараровар ба ҷомеаи башарӣ гашта истодааст.

Моро зарур аст, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша карда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонону наврасон пурзӯр намоем, то ки онҳо шабакаҳои иҷтимоиро барои баланд бардоштани мафкураи миллӣ истифода баранд. Бо ин усул мо метавонем, ки наврасону ҷавононро барои ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ҳидоят намоем. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ мувоҷеҳ гаштааст ва ин моро водор месозад, ки роҳу равишҳои нави муқовимат ба онҳоро дарёбем, зеро имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.

Амалу фаъолияти созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротгароён дар миқёси глобалӣ ҷанбаи фаромарзӣ гирифта, қариб ҳудуди тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Пешвои миллат пешниҳод карда буданд, ки «давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама барои решакан кардани сабабҳои зуҳуроти терроризм муборизаи муштарак ва ҳадафмандона баранд. Мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба зарурати аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии терроризми байналмилалӣ ҷалб менамоем».

Тавре, ки аз воситаҳои ахбори омма маълум мегардад, яке аз сарчашмаи асосии таъминоти молиявии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ин маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардаи онҳо мебошанд.

Ин падидаи номатлуб на танҳо сиёсатмадорону роҳбарони мамлакатҳоро, балки равоншиносону омӯзгорон, адибону зиёиёнро низ ба ташвиш андохтааст. Агар адибону рӯзноманигорон тавассути осор ва мақолаҳои вижаи хеш ба мардум моҳияти масъаларо шарҳу тавзеҳ дода, мардумро аз оқибатҳои мудҳиши он ҳушдор диҳанд, равоншиносон низ ба ин мавзӯъ рӯ оварда, моҳияти масъаларо омӯхта терроризму экстремизмро ба гурӯҳҳою навъҳо ҷудо намудаанд. Онҳо асосҳои фаъолияти террористию экстремистиро ба ҳафт намуд тақсимбандӣ намудаанд, ки аз инҳо иборатанд: 1. Маромҳои манфиатпарастона. 2. Илеологӣ (ғоявӣ). 3. Аз нав сохтан ва тағйир додани олам. 4. Ҳукмронӣ ба одамон. 5. Шавқу ҳавас ва майл ба террор. 6. Рафиқӣ ва дилбастагӣ ба гурӯҳи террористӣ. 7. Худифодакунӣ.

Инчунин вобаста ба ифоданокии ҳиссиёт низ ду навъи террористҳо мавҷуданд, ки амалҳояшон аз якдигар фарқ карда меистанд: Ба навъи якум онҳое мансубанд, ки эшон аз ҳад зиёд хунсард мебошанд ва ҳиссиёти баланд надоранд. Навъи дуюми террористон онҳое мебошанд, ки ҳиссиёти баланди эмотсионалӣ доранд.

Агар барои намуди якуми террористон амалҳои номатлубашон роҳи пул кор кардан бошад, намуди дигари онҳо ҳамчун натиҷаи дохил шудани инсон ба ҷомеаи дорои равияи ғоявӣ-сиёсӣ баромад менамояд. Вобаста ба ин намуди терроризм дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – Туркия: муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 6 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия баргузоршуда, чунин ироа гардида буд: «Ин амалҳо собит месозанд, ки терроризм ҳама арзишҳои маънавӣ ва инсониро сарфи назар менамояд. Амалҳои харобиовари ин ҳаракатҳо ва гурӯҳҳо тақрибан ба идеологияе мубаддал гардидаву дар минтақаҳои гуногуни сайёра пайравони худро пайдо мекунад».

Гурӯҳи дигари онҳо агар ба асли беадолатонаи бунёди олам дахл намуда, кӯшиши ислоҳи онро намоянд, иддаи дигаре ба воситаи зӯроварӣ шахсияти худро наишон дода, дар дили одамон тарсу ваҳмро ҷой медиҳанд.

Инчунин, навъи дигари террористон агар аз рӯи шавқу ҳавас фаъолияти харобкории худро таваккалӣ анҷом диҳанд, гурӯҳи дигари онҳо амали худро бо мақсади қасос гирифтан барои дӯстону рафиқони дар чунин воқеаҳо ҳалокшуда содир менамоянд.

Раҷабалӣ Худоёрзода,

Умеда Худоёрова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь