Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид иброз доштанд, ки «Хатарҳои ба рушди устувори давлат монеъ шаванда ва ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонанда, коррупсия ва ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд мебошанд».

Тавре ба ҳамагон маълум аст, падидаи коррупсия мушкилоти глобалии замони муосир арзёбӣ гардида, он ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ-иҷтимоӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, амнияти иқтисодӣ, некӯаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳарчанд ҷомеаи башарӣ бар зидди ин падидаи номатлуб дар муборизаи беамон қарор дошта бошад ҳам, вале то ҳол коррупсия чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф арзи ҳастӣ дорад.

Ҳанӯз чанд аср қабл яке аз мутафаккирони машҳури аврупоӣ Ш.Л. Монтеские гуфта буд: “Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад”.

Воқеан, коррупсия дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гардида, оромиву суботро халалдор карда, сабаби коста гардидани боварии мардум ба мақомоти давлатӣ мешавад.

Муаррихон ва ҷомеашиносон пайдоиши коррупсияро ба давраи таназзули ҷомеаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин, яъне ба замоне вобаста медонанд, ки вазифаи идоракунӣ имконияти ба даст овардани фоидаро ба вуҷуд оварда буд.

Коррупсия аз замони қадим то ба имрӯз яке аз мушкилоти печида ва мубрами инсоният маҳсуб меёбад, зеро дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ ин зуҳуроти манфии иҷтимоӣ фаъолияти муътадили ҳокимияти давлатиро халалдор намуда, монеаи пешрафт ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.

Дар аҳди бостон калимаи “коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансабӣ ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада, дар ҳар давру замон аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Дар замони муосир низ падидаи мазкур ба худ атрибутҳои хос, аз ҷумла аз порагирӣ то суиистифода аз ваколатҳои мансабиро касб карда, ба ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъиятӣ ва арзишҳои волои маънавию ахлоқии ҷомеаи инсонӣ таъсири манфии худро расонида истодааст.

Тафаккури аҳли ҷомеа бо коррупсия гуногун буда, онро бо “ришва”, “суиистифода аз мансаб”, “пораситонӣ”, “судхӯрӣ”, “падидаи тамаллуқкорӣ”, “хушомад задан” ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳам, новобаста аз зиёд будани ақида ва нуқтаи назари гуногун нисбати ин зуҳурот, аксарият бар инанд, ки ин кирдор ҳамчун падидаи манфӣ сутунҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти онро зери хатар мегузорад, осудагӣ ва ахлоқи одамонро хароб ва ба пайвасти ниҳодҳои давлатӣ бо доираи ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ, оварда мерасонад.

Албатта, зуҳуроти коррупсия дар ҳар шакле набошад, боиси заиф шудани пояҳои давлатдорӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа мегардад ва аз ин рӯ, муқовимат алайҳи ин падида натанҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсусан таъкид менамоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол зимни ироаи Паёми худ доир ба мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидоштаро яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат эътироф намуда, зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин зикр намуданд, ки “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад”. Ё дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 24 апрели соли 2010 ёдовар шуда буданд, ки “Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад”.

Маҳдуд сохтани коррупсия бояд ба таври маҷмӯи ва ҳаматарафа сурат гирад ва азбаски муқовимат бо коррупсия метавонад дар сатҳи гуногуни ҳокимият ба зиддият рӯ ба рӯ шавад, тақозо мегардад, ки чораҳои муқовимат бо коррупсия бояд ҳамеша таҳти назорати ҷиддӣ қарор гиранд, то ки ҷораҳои каммаҳсул ошкор ва аз онҳо даст кашида шуда, ба чораҳои таъсирбахш иваз карда шаванд.

Муқовимат ба коррупсия аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъолонаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар умум аҳли ҷомеа зимни амалигардонии он вобаста мебошад.

Барои комёб гаштан ба ҳадафҳои ниҳоии муқовимат ба коррупсия аз тарзу усулҳои таъсиррасонӣ ва чораҳои хусусияти маҷбуркунии давлатидошта, дар алоҳидагӣ ғайриимкон аст. Зеро, баҳри комёб гаштан ба дараҷаи сифат ва самаранок, ҳадафу вазифа ва паҳлӯҳои судманди он, бевосита такя намудан ба силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарур ва муҳим аст.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ оғоз намуд.

Барои таъмини шаффофияти раванди идоракунӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани намудҳои кирдори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ кардани чунин амалҳо аз тарафи Ҳукумати малакат заминаҳои боэътимоди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.

Бо дарки хатари коррупсия ва оқибати манфӣ доштани он, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки санади байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат бо коррупсия қабул намояд, то ки он тавонад муносибатҳои давлатҳоро дар самти мубориза бо ин падида пурра ба танзим дарорад.

Ҷиддияти оқибатҳои хисороти коррупсияро ба амнияти иқтисодии давлатҳои ҷаҳон дарк намуда, 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳимми зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид. Дар ин замина 9-уми декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон эълон карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳони муқовимат ба коррупсия “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия”-ро 25 сентябри соли 2006 пазируфта, онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд. Дар ин бобат меъёрҳои қонунгузории кишвар ба талаботи конвенсияи мазкур мутобиқ гардонида шуда, чандин санади меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ қабул гардиданд.

Барои пурзӯр намудан ва таҳким бахшидан бобати мубориза бо коррупсия бори нахуст фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия” 21 июни соли 1999, №1262 интишор гардида, ҳамзамон моҳи декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қабул гардид. Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то соли қабули Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаҳои мубориза бар зидди коррупсия арзи вуҷуд доштанд.

Бо мақсади вусъат бахшидани мубориза бар зидди коррупсия бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2004, №1340 ба сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, дар он раёсати мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуд, ки он ҳамчун ниҳоди зиддикоррупсионӣ то моҳи декабри соли 2006 фаъолият намуд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани бандҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 ниҳоди алоҳидаи зиддикоррупсионӣ, яъне Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд.

Агентӣ ҳамчун мақомоти ваколатдор назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии кишвар бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳои бо қонунгузорӣ муқарраршударо амалӣ менамояд.

Дар баробари ташаккули заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таъсиси мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия дар кишвар баҳри пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи хатарзою фалаҷкунандаи давлату ҷомеа чандин барномаву стратегияҳо, аз ҷумла “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 ва “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 қабул ва тасдиқ гардиданд.

Аз таҳлилҳо бар меояд, ки дар давраи амалисозии стратегияҳо барои солҳои 2008-2012 ва 2013-2020 ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯй ва нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуданд.

Ҳамин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандии “Пешбурди соҳибкорӣ 2020” (Doing Business 2020) 20 зина боло рафта, аз 190 кишвари раддабандишуда дар ҷойи 106 қарор гирифт. Дар асоси ин раддабандӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар дар пешбурди соҳибкорӣ шинохта шуд.

Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад!

Аҳлиддинзода Муҳриддин Айниддин, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь