Барои ғалаба дар ин мубориза ирода зарур!
9 – уми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия аст. Дар мо ҳам мисле, ки бо ин ҷиноят мубориза мебаранд. Агар дар бораи камҳосилии ин мубориза ҳарф занем, мегӯянд, ки фасод дар ҳама кишварҳо вуҷуд дораду онро комилан решакан кардан имконпазир нест.
Дуруст аст, фақат бо як фарқ: оё сатҳи коррупсияи давлатҳо низ якхела аст? Як вақт яке аз масъулон “далел” – и хандаоваре пеш овард: азбаски мардуми мо имкони пули зиёд порадиҳӣ надоранд, сатҳи коррупсияи моро баланд гуфтан имкон надорад!
Албатта ин ҳарфҳоро ӯ замоне гуфта буд, ки додарашро бо даҳҳо ҳазор доллар барои ба курсӣ нишондани касе боздошт накарда буданд ва бо додани садҳо ҳазор сомонӣ товон аз боздошт раҳо нашуда буд. Вале ӯ ва дигарон ҳам бояд донанд, ки:
- Оре, коррупсияро комилан аз байн бурдан имкон надорад. Аммо онро аз як ҷинояти сердаромади камхавф ба як ҷинояти камдаромади пурхавф табдил додан мумкин аст!
- Сатҳи фасод вақте коҳиш меёбад, ки унсуру механизмҳои ҳуқуқиву сиёсии табдили ҳукуматҳову раҳбарони мақомот аз байн нарафтаанд.
- Фазои солими сиёсӣ ва тавозуни воқеии нерӯҳои сиёсӣ дар мамлакат вуҷуд дораду имкони фасодзадагии як гурӯҳро ҳеҷ набошад, кам мекунад.
- Порадиҳиву ришваситонӣ на меъёри одии зиндагиву фаъолиятҳо, балки ҷинояти гӯшношунид дониста мешавад.
- Матбуоту расонаҳои хабарӣ озод асту мавзуъ ва шахсиятҳои барои интиқод мамнӯъ ё табу надорад.
- Парламент ва вакилҳо на барои “якдилона тугмапахшкунӣ”, навбатпоӣ барои тавсифи касе ва қабули қонун барои як гурӯҳи манфиатдор, балки барои қонунгузории муносиб ва баҳри одамон коромад фаъолият мекунад. Ин гуна парламент дар натиҷаи муборизаи воқеии шахсу аҳзоб ва интихоби воқеии мардум пайдо мешавад, на дар утоқҳои барҳавои Қасри Президенту сохторҳои дигари ҳукумат.
- Мардум бояд мубориза бо фасодкоронро қарзи шаҳрвандӣ донанд, на интригаи байниҳамии элитаи ҳукмрон, ки гӯё дар асоси қоидаи “кӣ зуртар?” амал мекунанд.
- ПУНКТИ АСОСӢ: дар шароити кишварҳое мисли мо исбот шудааст, ки мубориза бо фасод ин муборизаи элитаи ҳукмрон бо худ ва нафси худ аст!
Барои ин мубориза ИРОДА лозим. Доранд?
Раҷаб МИРЗО