(Замимаи замимаҳо барои дарки фалсафаи сиёсатшиносон Саймумин Ятимов ва Абдулло Раҳнамо)

Туӣ,ки

Тоҷикистонро

медурахшӣ

чу як сайёраи тобон

аз баландии уфуқи Созмони Милал

ба саросари ҷаҳон!

(Доро Наҷот)

  … Алҳол 21 ҳизбу ҷунбиш, гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва мактабҳои ифротии радикалӣ дар 1 давлати том (Аморати Исломии Афғонистон) ва 12 минтақаҳои худмухтори эътирофнагардида фаъол мебошанд. Имрӯз ҳатто ба тифли хурдсол ҳам хатари “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳаракати Толибон”, “Лашкари Тайиба”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷараёни ифротии салафия”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Паймони Милии Тоҷикстон”, Гуруҳи 24 расидааст. Аммо хатари мудҳиштар аз ин гурӯҳҳо ва ҷараёнҳо тими тахрибкорони иттилотии электронии дар шакли шабакаҳои иҷтимоӣ, замимаҳои назоратнашавандаи итилоотии ду, се блогери тундгарои 8 сомонаи ифротии бурунмарзӣ ҳазор бор аз ҳамлаҳои “ДОИШ”, “Толибон”-у “Алқоида” хавфноктаранд. ДОИШ дар як террор имкон дорад то сад нафарро ба ҳалокат расонад. Аммо ҳамла ва “Бомба”-ҳои итилоотии “Импереяи туҳмат” (Адре Кол) дар як рӯз то миллион нафарро ба халокат мерасонад. Ва мо ин душманро ба таври воқеӣ дар муқобил ҳис намекунем.

Афсӯс, имрӯз аз “Қолаб” -и муборизаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1994 тарҳашро эълон дошта буд, фақат ёдрас мешавему дар мусоидату иҷрои он хати холӣ мекашем. Магар фақат барои амнияти кулии Тоҷикистон дар иҳотаи давлати террористии Толибон ва 21 ҳизбу ҷунбиш, гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва мактабҳои инфиродии радикалӣ ва 7 минтақаҳои худмухтори эътирофнагардида танҳо олимон, ҷомешиносон, шаҳрвандон Саймумин Ятимов, Ҳайдаров, Саидмурод Фаттоев, Абдуллои Раҳнамо, Раҳматкарими Давлат, Давлат Сафар, Раҳмоналӣ Миралӣ, Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Зиннатллоҳ Исмоилов, Саъдӣ Маҳдӣ, Сайфулло Сафаров, Сайёфи Мизроб, Хуршеди Атовуллоҳ вазифадоранд? Алҳол ”бағоч”-и зиддитеррористии мо дар муқобили 18 соати таблиғотии радиову телевизион ва 230 ҳазор нусха теъдоди нашриётии ифротӣ хеле кӯчак аст. Чаро сохтору институтҳо то ҳанӯз стратегияии мубориза бо тахриботи идеологӣ ва экстремистӣ амсоли Аврупо таҳия накардаанд? Албатта мо се қонуни хеле хуб дорем. Аммо далелҳо бар он шаҳодат медиҳанд, ки суръат ва сифати иҷро ва татбиқи онҳо аз тақозои замон қафо мемонад. Чаро гуруҳои тундрави “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Паймони Миллии Тоҷикистон”, Гуруҳи 24, “Зиндониёнком”, “Ислоҳнет”, “Ислоҳ ТВ”, “Азда”, “Панҷара” дар як моҳ то 24 нишасту ҳамоиш доир мекунанду дар асоси омори интернетӣ то 2 миллион хонандаро бо туҳмат таъмин мекунанд ва мо мунтазири чанд конфронси тақвимӣ ҳастем?

Чанде пеш бо яке аз чунин тундравҳо, ки аз мазаммату танзҳои ман ба хашм омада, таҳдид намуд, суҳбати телефонӣ доштам. Айнан суханонамро меорам:

-Бародари азиз, ту дар 30 сол 5 бор мансаб гирифтӣ, се бор автомашина харидӣ, давлат (сохтори мушахас) бароят хона харида дод. Шояд ту намаки давлатро бо пиво хурдӣ! Аммо ман дар 32 сол бидуни як китоби “Тоҷикон” дираме аз давлат кумак надидаам. Вале кумаки ҳаррӯза бароям тамошои ҳамон Парчами баланд ҳаст, ки ҳар субҳ дар пешорӯи тирезаи хонаи танги ман авлонҷ мехурад.

-Шумо намедонед, ки зангу робитаи телофонии маро идораҳои қудратӣ гӯш мекунанд. Эҳтиёт кунед. Умуман шумо чанд нафар аз ҷумла Абдуллои Раҳнамо, Ато Мирхоҷа ба “ҷазо” маҳкум шудед. Бидуни шӯхӣ, чуноне ки Гитлер барои забони Левитан мукофоти ҳангуфт эълон карда буд, барои забони Абдуллои Раҳнамо низ маблағи калон ваъда додаанд.

ародари гиромӣ, ту дар муқобил урдуи тавоно ва даҳ миллион нафар аз каждуми паҷақгардида пачақтар ба кӣ даркор! Алломаҳо Бозир Собир, Акбари Турсун дипломат Худобердӣ Холиқназар ва боз ҳазор нафар аз аспи кина ва ҷаҳл фаромада ҳадафҳои хусусиашонро аз манфиати миллӣ боло нагузоштанд. Баргард! Фардо дер мешавад” (Сабти шифоҳии он мавҷуд аст).

Дар таърихи инсоният ва давлатдорӣ ҳамеша сохтор ва институтҳои муросо ва таҳаммул мавҷуд буд. Онро муаррихон ва ҷомеашиносон моли президенти ИМА Авраам Линкол мегӯянд. Аммо дар асл ин ақидаро Алӣ ибни Абутолиб дар китобаш “Наҳҷ-ул-балоға” кашф карда, онро омили забти бидуни шамшер номида буд. (Ҳазрати Алӣ, “Фармон ба Молики Аштар”, саҳ. 123). Ва бояд дар асоси консепсияи олим, узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов ва Абдулло Раҳнамо институти идеологии кор бо зиёиён ва муҳоҷирони хориҷӣ таъсис диҳем. Дар аксари давлатҳои Аврупо пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чунин сохторҳо ташкил шуда буданд. Пӯшида нест, ки дар як қатор кишварҳои Исломӣ аз ҷумла Туркия, Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ барои ин кор миллиардҳо доллари ИМА сарф мекунад.

ҚУДРАТИ ҶАНИН ВА ЗЕҲНИ КОРКАРДАШУДА

 Боре пас аз нашри як гузориши таҳлилӣ оид ба иллатҳои суқути Ҳукумати тоҷикон дар Афғонистон бо роҳбарии устод Бурҳониддин Раббонӣ дучори мазаммат шудам. Ин далели таърихиро касе рад карда наметавонад, ки устод Раббонӣ имкони давлатдории миллии тоҷиконро дар Афғонистон барқарор ва таҳким мебахшид, агар ҳуввияти мазҳабиро аз ҳуввияти миллӣ болотар намегузошт. Ба таассуби динии ифротии Муҷаддадӣ, Ҳикматёри разил, Сайёф ва чанд Шайхи ифротии Араб миллати тоҷикро боз пас аз Шоҳ Ҳабибуллоҳи Калаконӣ аз ҷойгоҳи таърихӣ маҳрум кард.

“Ман аввал ба Рим, баъд Худоёни Рим эътиқод дорам” (Юлий Сезар). Ин иқтибос суҳбати ҷолибе барои ман муҳайё кард. Яке аз сиёсатмадорони маъруфи кишвар зодаи ВМКБ бидуни зикри ному насаб ба ин саволам чунин арз кард: -Вақте аз ӯ суол карданд, ки чаро Шумо дар паи фишор ба Исмоилиён хомӯш ҳастед? Ӯ чунин посух дод:

-Озодии Исмоилиёни дунёро пас аз ИМА ва Канада танҳо дар Тоҷикистон дидан мумкин аст. Дину мазҳаб, ҳатто дар демократитарин давлатҳои дунё ИМА, Канада Шветсия, Фаронса аз фишор куллан орӣ нест. Дин аз давлат ҷудо бошад ҳам, аз назорат, мубориза ва рақобат озод нест. Аммо бароям аввал садоқат ба миллат ва баъдан эътиқод ба дин муҳим аст. Ман ҳамеша андеша мекунам, ки аввал Тоҷик тавалуд шуда, бо ин забон хираду ақлро ёд гирифтам, баъд ба дин эътиқод пайдо кардам.

Миллат хун аст. Хун афзоиш аст. Хун ҷанин аст. Хун идомаи зиндагӣ аст. Агар хуни тоза, поку мубориз башад, имони инсонҳо комилтар мешавад. Исломи муосир моли Арабистони Саудӣ, ки давладории садсола ҳам надоранд, нест. Китоби “Қуръон” аз осмон хеле осон ба мусулмонҳо нозил шуд. Ва маҳз монополикунонии муқаддасоти Ислом аз ҷониби Арабистон Саудӣ нобаробарии мусулмононро ба вуҷуд овард, дар Исломи поки Муҳаммадӣ раият ва ҷараёнҳои тундгаро буруз карданд. Чаро дар торихи Араб пас аз 6 имомон касе мисли Имом Ал Бухорӣ, Ал Хоразмӣ, Имом Абу Ҳанифа, Имом Шофеҳӣ, Имом Ҷаъфари Содиқ, Саҳеҳи Бухороӣ, Насридин Тусӣ, Имом Ғаззолӣ, Ҷалодиддин Балхӣ, Имом Тирмизӣ, Муҳаммади Башоро набаромаданд? Имрӯз шайхҳои араб арзишҳои торихии Исломиро низ риоя намекунанд. Арабистони Саудӣ ҳарсола барои Роналдо ва оилаи беникоҳаш то 500 миллион доллар, ки бо он 2 миллион мусулмони Африқо 2 сол зиндагӣ мекунанд, сарф мекунад ва бо тоҷирони яҳудӣ тиҷорат ва равобити дипломатӣ барқарор кардааст.

Барои ман миллат аз мазҳаб болотар аст. Барои ман иди Истиқлол чун иди Саиди фитр муқаддас аст.”

Пайрави Буддо нестам, аммо афкору ҳидоятҳои ин мазҳаб дар бист соли охир пайравонашро ба 7 фоизи аҳли Сайёра расонд. Пешвои ин дин Гаутаме Буддо таъкид мекард, ки “агар ибодат ба шахсони воқеии дин, хурофоту анъанаҳо зиёд гардад, рӯшании имонро ба Худо тира мекунад. Ман худо ва пайғамбар нестам.” Имрӯз мо айнан ибодат ба Худоро тавассути муқаддасоти заминӣ ва машоиху рӯҳониёну имомон иҷро кунем. Ибодати кӯркӯронаи мо боиси ифротгароӣ мегардад. Ягон Худо, Имоми 17 дини маъмули дунё ба хотири дин куштани инсон, маҳви тамаддунро фатво надодааст. Магар дар Қуръони Карим ишорае ба нест кардани мероси таърихии Буддо дар Бомиён ишорае ҳаст? Ба қавли журналист ва ҷомеашинос Савфат Бурҳонов имрӯз руҳониён Исломро ба маркетинги шабакавии тиҷорат табдил додаанд. Алҳол соле қариб триллион доллари ИМА аз шабакаи туризми динӣ ба даст меояд. Албатта бартарии Зардуштия ва Буддо дар он аст, ки ин динҳо аз фалсафа ва афкори ақл бо заҳмати асрҳо ба даст омаданд. Аммо мо мусалмонон ҳамаи чизи тайёри аз осмон нозилшударо гирифта, бо шамшери арабӣ Исломро қавӣ намудем. Ин империяро мусулмонони Форсу тоҷик Ислом карданд.

ҚОЛАБ”- И НЕОМАТЕРИАЛИСТИИ ЯТИМОВ ВА РАҲНАМО

 Бештар аз ду сол аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ журналист, коршинос ва диншиноси маъруф Абуқодир Талбаковро барои таваҷҷуҳи бештар ба Зардуштия мазаммат мекунанд. Аввалан иттилоъ медиҳам, ки пазириш ба Зардуштия ҳуҷҷату расмият надорад. Ин эътиқоди хусусии шахс аст. То якуним миллион мусулмонон имрӯз ба Зардуштия чун мероси таърихии Ориёнажод эътиқод доранд. Дуюм, магар ин муллоҳои ифротӣ аз оёти сураи “Бақара”, ки пас аз Оят ал Курсӣ дар Қуръони Карим омадааст, бехабаранд? Дар ин оят омадааст:

“Ло икроа фид – дин” (Пазириш ба дин маҷбурӣ нест). Пазириши ин ё он дин дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳкум намешавад.

Ман борҳо навиштам, ки бояд дар муқобили хурофот ва анъанаҳои ифротзудо, анъанаҳо ва мероси пешрави ниёгонро дар доираи институт ё сохтори алоҳида таъсис диҳем. Воқеан аз байни садҳо тафсиру шарҳи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони дин се гуфтор ва шарҳи видеоии Абдуллоҳ Раҳнамо беҳтарин кашфи илми ҷомешиносӣ мебошад. Хеле ҷолиб ва омӯхтанӣ ҳаст, ки ҷомеашинос Абдуллоҳ Раҳнамо чун исломшиноси оқил исломи воқеии амалӣ, озод аз мӯъҷизаву ҷодугарӣ, тахайюли афсонавиро дар паҳнои сиёсати Пешвои миллат пажӯҳиш намуда, хулосаи илмиро хеле содда дастраси мардум менамояд. Маҳз барои ҳамин гоҳо Абдуллоҳи Раҳнаморо “Мусулмони неоматериалист” ном мебаранд.

Усули “бозӣ” бо омор, далел ва пайдо кардани мантиқи қавии робитаи далел, омор бо воқеияти давр, ки бунёдгузори он аслан Саймумин Ятимов мебошад, дар китобҳои пурарзиши Абдуллоҳи Раҳнамо “Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ” (2012), “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (2009), “Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» (2010) «Мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ» (2013), «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии мавзӯъ» (2015), «Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар чист?», “Дидгоҳи давлатмеҳвар” (2021) моҳирона истифода шудааст.

“БОМБА”-ҲОИ ИТТИЛООТИ ЯТИМОВ ВА ТАФСИРИ МАРЗШИНОСИИ РАҲНАМО

 Имрӯз дар ИМА, Аврупо, Россия сиёати рӯз, татбиқи назарияҳои стратегӣ, маъракаҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои геополитикӣ (Дар ИМА 78 %, Россия 98 %) аз тариқи телевизион ва дигар васоити видиоӣ ба ҳайси “Ток Шоу” пиёда мегардад. Чаро мо барномаи Шоу “Шом бо Абдуллоҳ Раҳнамо”, “Мактаби ормонсозии миллии Ятимов” дар телевизионҳо ташкил намекунем? Албатта ин жанр серхарҷ аст. Аммо аз касали ифротгароӣ табобат кардан низ арзон нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 сол авлавияти равобити хориҷиро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ медиҳад. Зеро мо аз ”Тори анкабут”-и 5 ҳазорсолаи падидаҳои фарҳангию динӣ ва васли муҳити зист роҳи халосӣ надорем. Дар доираи ин равобит афзалият ба Ҷумҳурии Қирғизистон дода мешавад. Мо бо ин кишвар аз соли 1895 (аморати Бухоро, Хонигарии Ҳисори Шодмон) баҳси марзӣ дорем. Ва он дар замони иттиҳоди Шуравӣ бо калтаки Москва идора мешуд. Бахусус баҳсҳои марзии соли 1989  дар вилояти Боткен (Собиқ вилояти Ӯш) ҳамлаҳои шифоҳӣ ба ҳамлаҳои мусаллаҳона табдил ёфт. Он чиро собиқ мансабдорони Иттиҳоди Шӯравӣ Борис Пуго, Владимир Крючков, Қаҳҳор Махкамов, Раҳмон Набиев, Рифъат Ҳоҷиев, Мамадаёз Навҷувонов ҳал накарданд, Саймумин Ятимов дар 2 сол куллан ҳал намуда, ҳар ваҷаб марзи Тоҷикистонро дар баҳсҳои шадиди нобаробар ба манфиати Тоҷикистон ҳал намуд. Ин корнамоии Саймумин Ятимов дар натиҷаи консепсиияи илмӣ – иттилоотӣ, аз рӯи далелҳои таърихӣ бо таҳлили амиқ ба даст омад. Алабатта дар рӯзҳои муташанниҷ ҳамсояҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бартарӣ доштанд. Тактикаи “як қадам ба қафо, ду қадам ба пеш” – и Ятимов маҷрои пуштибонии итилоотиро ба сӯи мо рахна кард. Маҳз чорабиниҳо ва маъракаи иттилоотии Ятимов, саҳнасозӣ будани гузориши роҳбарияти Қирғизистон дар СММ рӯи об баровард. Дар қадами аввал Ятимов аз васоити ахбор даъват намуд, ки дар ин муҳорибаи ҳассос аз ваҳмпароканию мазамматнамоӣ даст бояд кашид. Сабурӣ ва боз ҳам сабурӣ низоъро аз байн мебарад. Имрӯз бояд иқрор кард, ки муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷанги умумиосиёгӣ табдил меёфт. Зеро ба он алакай абарқудратҳои ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои шарики стартегии ҳар ду кишвар Россия “ҷабҳа”-и дуюми ҷанг фароҳам месохтанд. Ҳамхидматам, афсари интернатсионалист дар суҳбат гуфт, ки “ман аз кулли музокирот бохабар будам. Дар аксари мулоқотҳо роҳбарону мансабдорони Шумо худро заиф, дағалтар гӯям, гунаҳкор ҳис мекарданд. Аммо дар мулоқотҳо бо иштироки ҷонибҳо бо ширкати Саймуъмин Ятимов оҳанги талаб, пардохти ҷуброн барои иштибоҳоти таърихӣ ва ҳалли дипломатии муноқиша ба назар расид”. Ин ақидаро ҳамкорам журналист Елена Сейтвалиева аз пойгоҳи хабарии “Поликлиника” (Бишкек) низ таъкид кард: «Мне понравился профессионализм генерала Ятимова на эти встрече. Если бы в 1989 году работали такие люди, возможно, конфликт не дошёл бы до пожара.”

Анқариб мо гурӯҳи адибон бо иқдоми Низом Қосим ба ВМКБ, ноҳияҳои Кангурт, Балҷувон ва Сари Хосор сафар намудем. Ва айнан дар суҳбатҳо, баҳсҳо мушоҳида кардем, ки ин идеологияи Саймумин Ятимов, Абдуллоҳ Раҳнамо барои мардум дастрас ва қобили қабул аст. Журналист Пайшанбе Шоҳзода сокини ноҳияи Ванҷ ин ақидаро чунин тақвият дод: ”Дарси хештаншиносӣ, ташаккули имунитети амниятӣ, рушди ғурури миллӣ, коҳиши сатҳи маҳалгароӣ ва қабилагароӣ маҳз тавассути Саймумин Ятимов равони мардуми ВМКБ-ро тағйир дод.”

Фалсафаи Ятимов ва Абдуллоҳ Раҳнамо бо вуҷуди фосилаи зиёд қариб ҳаммаъно аст. Ҳар ду сиёсатшинос 5 сол пеш таъкид доштанд, ки ҷашни 25,30 ва 35 солагии Истиқлол маънои инкори давлатдории 5 ҳазорсолаи мо нест. Мо танҳо 32 сол пеш вобастагии империявии таҳти таъсири воқеии абарқудратро барҳам дода, дар аксари кулли бахши стратегӣ мустақил гардидем. Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ аз 15 то 25 сол урдуи комили дорои қудрати ҳифзро ташкил карданд. Аммо Пешвои миллат дар 6 сол артиши тавоное, ки алакай намояндагии башарпарвариро анҷом медиҳад, бунёд карданд. Пас аз 8 сол асъори миллӣ ва баъди 2 сол рамзу нишони давлатиро амалӣ кардем. Ва баъди 12 сол марзи давлатиро низ мустақил намудем. Парчами мо дар байни 230 давлати дунё дар СММ партавфишон аст. Сиёсатмадори амрикоӣ Зибигнев Бзежинкий барҳақ навиштааст: “Давлатҳои Африқо аз мустамликадорӣ халос шуд, аммо истиқлолияти томи худро то ҳол аз Британия, Португалия, Фаронса, Испания ба даст наоварданд. Истиқлолияти ин давлатҳо ба шарикии стратегии баробар табдил наёфт”. Нависандаи маъруфи англис Ҷорҷ Бернард Шоу бо истеҳзо навишта буд: “ИМА давлати мустақил нест, зеро ИМА узви СММ аст ва маънавиян пойбанди СММ мебошад”. Маъракаҳои иттилоотии сиёсӣ ва тарғиби дастовардҳои 32 солаи мо, шӯҳрати давлатдории торихии мо ба қавли Абдуллоҳи Раҳнамо ва таъкиди Саймумин Ятимов дар сислсиламақолаҳои бахши хештаншиносӣ ва саҳми илм, фарҳанг, забон дар амнияи миллӣ ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад.

Дар бисту чор соати шабонарӯз бағайр аз 5 вақт ибодат мебояд шукри абармарди далери миллат кунем, Пешвои миллатро дуо кунем.

Наҷмиддин ШОҲИНБОД,  унвонҷӯи ММХ АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь