Рӯзи 23-уми окятбри соли равон нишасти матбуотии президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бустонсаройи Ала–Арча баргузор шуд, ки бино бар иттилоъи расмӣ, беш аз 150 рӯзноманигор номнавис шудаву раисҷумҳур ба 56 суоли расонаҳо посух гуфт. Дар ин нишаст Содир Ҷабборов дар бораи фаъолияти худ ва шохисҳои иҷтимоъиву иқтисодии кишвараш аз октябри соли 2020 то октябри 2021 ба расонаҳо иттилоъ дод.
Дар ин нишаст чанд масъала ва дидгоҳҳое садо доданд, ки мустақиман ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон рабт доранд ва инҷониб тасмим гирифтам, мулоҳизаҳои худро нависам. Дар оғоз бояд зикр шавад, ки ҳар нуктаи навишташуда андешаи худам буда, масъулияташ ба душам аст ва умедворам хонандаи гиромӣ ҳамингуна қабул менамояд.
Арзёбии мухтасари вазъ ва зикри нуктаҳои муҳим
Пеш аз баррасии нуктаҳои муҳими нишасти матбуотӣ зикри чанд тезисро муҳим мешуморам:
Якум, баъди ҳодисаҳои моҳи апрели соли равон равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолати яхбаста буда, кишвари ҳамсоя силсилаи иқдомоте чун куллан бастани сарҳади худ, маҳдуд кардани рафту омади шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёти заминиву ҳавоии Тоҷикистонро пеш гирифт, ки ҳамчун фишор арзёбӣ мешаванд. Боварии комил дорам, ки бо истифодаи фишор бар Тоҷикистон намешавад масъалаҳои мавҷударо ҳал кард ва мо ба ҳар гуна фишор масуният дорем.
Дуюм, тавре рафти силсилаи ҳодисаҳои моҳҳои март-апрел маълум ва собит ҳам кард, элитаи имрӯзаи Қирғизистон аз ҳодисаҳои моҳи апрели соли равон нафъи ҷиддие гирифт: ҳодисаҳои моҳи март, бахусус изҳороти баҳсбарангези Қамчибек Тошиев дар таърихи 26-уми март, размоиши густарда дар рӯзҳои 1-3-уми апрел дар деҳаи Бужум бо ширкати нерӯҳои заминӣ, ҷангафзорҳои вазнин ва нерӯҳои ҳавоӣ, иқдом дар таърихи 17-уми апрел: бунёди пул дар наздикии сарбанди обпахшони Хоҷаи Аъло (Головной), изҳороти дигари Қамчибек Тошиев аз таърихи 25-уми апрел дар бораи бунёди обамбор дар саргаҳи рӯди Хоҷабақирғон — ҳама якҷониба барои моделсозии низоъ дар ин минтақа пеш гирифта шуда буданд. Ниҳояти кор рузи 5-уми май аз ҷониби Содир Ҷабборов Конститутсияи нав имзо шуд ва мавриди амал қарор гирифт. Албатта, ин як гумон аст, вале аксари далелҳо ва рафти ҳодисаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳамаи ин кор барои дур ва дигар кардани афкори ҷомеъа аз қабули Конститутсияи нав буд. Бе ҳеч “мушкиле” Конститутсияи нав қабул шуд ва мавриди амал қарор гирифт. Ҳол он ки ҷомеъаи Қирғизистон назари бисёр манфӣ ба он дошт, вале “душман” муаррифӣ кардани Тоҷикистон масъаларо тавре дар боло ишора кардем, ба нафъи элитаи ҳозира ҳал кард.
Сеюм, сатҳи ҳамкориҳо дар миёни ҷомеъаҳо низ то ҷое сард шудааст ва ба ҳолати табиӣ баргаштани он ниёз ба гузашти замони бисёр дорад, чун аз ду ҷониб дар фазои маҷозӣ ҷангӣ шадиде рафт. Ба назари ин ҷониб ҳодисаҳои моҳи апрел як силсила таҷрубаҳоро барои ҷомеъаи Тоҷикистон ба бор овард: сабақ барои (тарзи) фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ(1); сабақ барои (тарзи) фаъолияти расонаҳо ва журналистҳо (2); сабақ барои (тарзи) фаъолияти коршиносон ва таҳлилгарон (3), ки дар бораи ҳар кадоми он ният дорам дар оянда матлаби муфассали таҳлилӣ нависам…
Дар бораи таҳаввули вазъ баъди моҳи апрел ба назар гирифтани ин нуктаҳоро низ муҳим медонам:
Якум, ҳануз дар ҳафтаҳои аввали баъди ҳодисаҳои моҳи апрел, дар таърихи 4-уми майи соли равон дар расонаҳои Қирғизистон аз забони сарвазири ин кишвар иттилоъе дар бораи додани мақоми махсус (особый статус) ба вилояти Бодканд паҳн гардид ва зикр шуд, ки тарҳи қонун бидуни навбат ва ҳамчун фаврӣ ба парлумон пешниҳод шудааст. Баъдан маълум шуд, ки тарҳи қонун аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва рушди минтақаҳои он кишвар таҳия гардидааст ва 10-уми сентябри соли равон, зери №113 қабул шуд. Қонуни мазкур силсилаи сабукиҳо ва иқдомҳои махсусро барои ин вилоят пешбинӣ мекунад, ки шояд дар оянда таҳлили таъсири эҳтимолӣ ва воқеии он бар минтақаҳои марзии кишвар аз манфиат холӣ набошад.
Дуюм, аз моҳҳои май то имрӯз силсилаи мулоқот дар сатҳи олӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва комиссияҳои дигар баргузор шуданд ва ҳалли масъалаи марзӣ мавзуи муҳими робитаҳои дуҷонибаи ду кишвар боқӣ мемонад. Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳалли масъала тариқи гуфтушуниди мустақими дуҷониба зикр карда буданд ва то имрӯз дар ҳамин формат ҷараён дорад. Перомуни натиҷаҳои гуфтушунид ва фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар расонаҳо иттилоъ низ пахш шуда буд. Яъне, раванди гуфтушунид то ба имрӯз ҷараён дорад ва тавофуқи ҷонибҳо (мувофиқи регламенти аз ҳарду ҷониб қабул шуда) бояд баъди имзои санадҳои расмӣ расонаӣ шаванд.
Сеюм, аз моҳи май то имрӯз дар хати марз якчанд муноқиша рух дод ва ҷонибҳо якдигарро дар сар задани он “мутаҳҳам” карданд. Вале як нуктаи зариф дар он аст, ки аксари ҳолати ба вуқуъ пайваста, дар ҳудуди Тоҷикистон сурат гирифт, ки мансубияти он минтақаҳо аз ҷониби Қирғизистон баҳсбарангез шумурда мешавад. Яъне кишвари ҳамсоя минтақаҳои зиёде, ки таърихан ба онҳо тааллуқ надошт, якҷониба баҳснок эълон мекунад. Яке аз ҳодисаҳои мудҳиш сангборони донишомӯзон дар деҳаи Сомониён дар таърихи 23-уми сентябр буд, ки дар он наврасони тоҷик осеб диданд.
Чорум, бо оғози соли таҳсили нав донишҷӯёни тоҷикистонӣ натавонистанд то ва баъди 1-уми сентябр ба Қирғизистон раванд ва дар дарсҳо ширкат кунанд. Монеъи асосӣ баста будани сарҳад барои убури шаҳрвандони Тоҷикистон буд, ки ба донишҷӯён низ дахл дошт. Рузи 20-уми сентябр донишҷӯёни тоҷик дар назди сафорати Қирғизистон дар Душанбе ҷамъ омаданд ва талаб карданд, ки барои таҳсили онҳо он кишвар монеъа насозад. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ пахш кард, ки барои онҳое, ки дар ватан таҳсил кардан мехоҳанд, мусоидат карда мешавад, вале мушкилии асосӣ дар он буд, ки мактабҳои олии Қирғизистон ҳуҷҷатҳои донишҷӯёнро бозпас намедоданд. Ҳамзамон, аз ҷониби ин вазорат таҳдид шудани донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон расонаӣ шуд. Масъалаи мазкур собит кард, ки бархурди ҷониби Қирғизистон комилан нобихрадона буд, чун 10 соли ахир теъдоди муайяни довталабон ба ин кишвар мерафтанд ва дар мактабҳои олӣ таҳсил менамуданд. Мақомоти он кишвар заҳмати чандинсолаи ниҳодҳои худ барои ҷалби довталабони тоҷикистониро дар як мижа задан барбод доданд. Инак, пеш аз нишасти матбуотии раисҷумҳур рӯзи 21-уми октябр Девони вазирони Қирғизистон бо қарори худ барои вуруди донишомӯзон, донишҷӯён ва устодони тоҷикистонӣ иҷоза дод, ки бархе аз онҳо шаҳрвандони қирғизтабори Тоҷикистон ҳастанд.
Панҷум, дар нимаи моҳи июл бо тағйири вазъ дар Афғонистон ва зуд забт шудани минтақаҳои шимолии он кишвар аз ҷониби ҳаракати Толибон 345 тан аз сокинони қирғизтабори Вахони вилояти Бадахшон бо тамоми молу чорвои худ ба Тоҷикистон гузаштанд. Ҷониби Қирғизистон изҳор намуданд, ки қирғизҳои Вахонро ба кишвар меоранд, ки ин як амалкарди авомфиребонаро мемонд. Он вақт мақомоти Қирғизистон эълон намуданд, ки бо Тоҷикистон дар ин бора дар ҳошияи нишастҳои байналмилалӣ дар Тошканд ва Душанбе гуфтушунид карданд ва сафири Тоҷикистон дар Бишкекро низ ба Вазорати корҳои хориҷаи худ даъват намуданд. Дар натиҷаи замонати ҳукумати вақти Афғонистон 18-уми июл онҳо ба зодгоҳи худ баргаштанд (бояд зикр кард, ки он вақт касе пешбинӣ карда наметавонист, ки 15-уми август “Толибон” шаҳри Кобулро забт мекунанд). Бо истифода аз ин ҳолат, барои “ҳомӣ”-и қирғизҳо нишон додани худ мақомдорони Қирғизистон амалкардҳои популистӣ карданд ва дар ҷомеаи он кишвар афкори умум нисбат ба Тоҷикистон боз манфӣ шакл дода шуд (бояд зикр кард, ки он вақт ва имрӯз ҳам манфӣ ва якҷониба аст). Дар расонаҳо чунин афкорро паҳн намуданд, ки “Тоҷикистон фурсатро барои беҳтар намудани муносибат бо Қирғизистон аз даст дод”. Чӣ мантиқи ҷолибе, гӯё Тоҷикистон сарҳадро баст ва гӯё Тоҷикистон якҷониба бидуни огоҳ кардани тарафи дигар ворид шудани шаҳрвандонро манъ кард…
Шашум, дирӯз вазири энергетикаи Қирғизистон ба расонаҳо гуфт, ки аз Тоҷикистон танҳо 4 рӯз барқ гирифтанд ва баъди нашри хабар дар расонаҳо ҷониби ҳамсоя интиқоли барқро қатъ кард. Аз рӯи иттилои расонаҳои Қирғизистон судури барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон аз 1-уми октябр шурӯъ шуда буд ва Душанбеи расмӣ ин хабарро рад кард. Аҳамияти ин масъала дар он аст, ки шурӯъ аз ҳамин сол дар минтақаи Осиёи Марказӣ давраи камобӣ оғоз шуд. Дар Қирғизистон низ ба монанди Тоҷикистон маҳдуд кардани интиқоли барқ ба аҳолӣ ба назар мерасад, ки як мавзуъи вижа аст. Агар чунин ҳам шуда бошад, ин нукта ҳусни нияти Тоҷикистонро нишон медиҳад ва ҳаргиз чуноне нест, ки дар Қирғизистон афкорсозӣ мешавад.
Ҳафтум ва шояд ин муҳимтарин нукта бошад, дар он аст, ки ҷониби Қирғизистон ба таври систематикӣ минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро низомӣ мекунонад ва барои афзоиши теъдоди нерӯҳои мусаллаҳ дар хатти марз бо Тоҷикистон иқдоми ҷиддӣ кард. Мувофиқи иттилои расонаҳои Қирғизистон чунин далелҳоро номбар кардан мумкин аст: 1) теъдоди кормандони нерӯҳои марзбонӣ дар ин минтақа афзун шуд; 2) музди низомиён афзоиш ёфт; 3) тарҳи қарори Ҳукумат барои “як моҳи хидматро ду моҳ ҳисоб кардан” барои воҳидҳои Вазорати мудофиа дар вилояти Бодканд ирсол шуд ва пештар чунин имтиёзро нерӯҳои марзбонӣ ва нерӯҳои дохилии ВКД доштанд; 4) аз рӯи иттилои Қамчибек Тошиев (аз 21-уми октябри соли равон), муовини Девони вазирон ва раиси КДАМ Қирғизистон мақомоти он кишвар аввалин маротиба аз ҳисоби буҷети давлатӣ 40 адад худрави размӣ ва инчунин силоҳи снайпериро аз Амороти муттаҳидаи Араб хариданд (ба маблағи $3,5 млн), ки аксаран барои низомиён ба вилояти Бодканд ирсол шуд; 5) Инчунин, Қирғизистон тасмим дорад аз Туркия паҳподҳои «Байрактар ТВ2» ва аз Русия паҳподҳои «Орлан-10Е» бихарад, ки ҳарду аз ҳавогардҳои зарбазан ҳастанд.
Дар маросими супурдани ҷангафзорҳо ба нерӯҳои марзбонӣ Содир Ҷабборов ширкат ва суханронӣ кард ва аз ҷумла гуфт: 1) хариди ҷангафзор ба маънои омодагӣ ба низоъ нест, балки барои таъмини амният аст; 2) “агар кӯшише барои тасарруфи заминҳои мо шавад, посух сахт хоҳад буд”; 3) агар марзбонон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин набошанд, “дар бораи суботи кишвар сухан рондан мумкин нест”. Гарчанде номи Тоҷикистон гирифта намешавад, вале маълум аст, ки ҳамаи ин омодагӣ ва харидории аслиҳаи ҳарбӣ бар муқобили кадом давлат нигаронида шудааст. Мутаассифона, ин ҳолат дар шакли дигар маҳз ҳодисаҳои 1-3 –уми апрели соли равонро ба ёд меорад, замоне, ки кишвари ҳамсоя дар наздикии марз бо Тоҷикистон размоиши густардаи ҳарбӣ баргузор карда буд ва мехост мушкилотро бо зӯрӣ ҳал кунад. Масъалаи ҷиддӣ ва мушкилоти асосӣ дар он аст, ки аз рӯи таҳлили фазои иттилоотӣ ва сегменти қирғизистонии шабакаи иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар он кишвар “эҳсоси интиқомҷӯӣ” ниҳоят баланд буда, ба таври нохоста метавонад ба низоъ оварда расонад.
Паёмҳои муҳими Содир Ҷабборов дар бораи масъалаи марзӣ
Тавре дар боло мухтасар ишора шуд, то баргузории нишасти матбуотӣ чандин ҳодиса рух дод ва ҳар кадоми он аз диди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва ҳифзу суботу амният муҳим шуморида мешаванд. Он нукта ва паёмҳое, ки дар нишасти матбуотӣ садо доданд, мустақиман ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон дахл доранд. Инҷо ба таври алоҳида ҳар кадоме аз ин ваҷҳҳоро меорем ва мавриди баррасӣ қарор медиҳем:
Якум, ба назари Содир Ҷабборов кафолати такрор нашудани низоъ дар сарҳад бо Тоҷикистон то ба анҷом нарасидани раванди марзнигорӣ ва аломатгузорӣ вуҷуд надорад. Ӯ низ чунин кафолат дода наметавонад. Нуктаи мазкур эҳсоси нигаронии аҳолии ду ҷониби марзро бештар мекунад, чун вазъ воқеан чунин бошад, пас боиси таассуф аст. Тамоми кӯшишро равона намудан ба ҳифзи суботу амнияти нисбӣ дар хати марз дар пасманзари ҳодисаҳои Афғонистон бисёр муҳим аст. Чун қудратгирии “Толибон” ба низоми амниятии кулли минтақа таъсир мерасонад ва фаъол шудани ячейкаҳои хуфтаи ифротиҳо аз эҳтимол дур нест. Таҷрибаи кишварҳои ҷангзада нишон медиҳад, ки гуруҳҳои террористӣ маҳз дар минтақаҳое пайдо мешаванд, ки суботу амният набошад. Аз ин рӯ, бесуботӣ дар ин марҳила ба манфиатҳои миллии ҳарду кишвар созгор нест. Моделсозии низоъ низ оқибатҳои харобиовар хоҳад дошт.
Дуюм, даъвати Содир Ҷабборов ба бекор намудан (денонсация)-и протоколи соли 2009, ки аз ҷониби Қирғизистон котиби Шӯрои амнияти вақт Адахон Мадумаров имзо намуда буд, оқибатҳои фалокатбор дорад. Ин дар бораи роҳе аст, ки аз мобайни деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳ мегузарад ва ба Қирғизистон барои 49 сол ба иҷора дода шудааст. Замине, ки роҳ сохта шудааст, ҳеч гоҳ ба Қирғизистон тааллуқ надошт ва ноҳияи Лайлакро бо маркази маъмурии вилояти Бодканд, бо шаҳраки Бодканд мепайвандад. Дар нишасти матбуотӣ Содир Ҷабборов сароҳатан зикр кард, ки 1) ин ҳуҷҷатро эътироф намекунад, чун замин аслан аз Қирғизистон аст ва ноҳияи Лайлакро бурунбум мекунад; 2) Адахон Мадумаров салоҳияти имзои чунин ҳуҷҷатро надошт ва аз лиҳози ҳуқуқӣ қувваи қонунӣ надорад; 3) барои ҳалли масъала аз 1 метр гузашт намекунад, чун замини давлат аст. Боз зикр кард, ки дар ҳамаи нуқтаҳои мавҷудаи баҳснок ҷониби Қирғизистон ҳақ аст ва асосӣ юридикӣ дорад.
Чунин изҳорот бемасъулиятона аст, чунки якҷониба бекор (денонсация) кардани ҳуҷҷату санадҳо дар таҷрибаи байналмилалӣ дар асоси ваҷҳҳои асоснок ба амал бароварда мешавад. Агар чунин таҷрибаро ҷониби Қирғизистон қабул дорад, пас Тоҷикистон низ имкони бекор намудани ҳамаи созишҳоро бинобар “мувофиқат накарданаш ба манфиатҳои миллӣ” пайдо мекунад. Ин изҳорот бешубҳа ба моделсозии низоъ дар хати сарҳад нигаронида шудааст.
Перомуни надоштани салоҳият барои имзои протокол аз ҷониби Адахон Мадумаров бояд зикр намуд, ки ин ходими давлатиро ҷониби Қирғизистон муваззаф намуда буд ва ӯ ҳам аз ҷониби ҳукумати худ имзо кард. Чунин иқдом пеш аз ҳама намунаи папулзм асту, бори дигар собит мекунад, ки ҷониби ҳамсоя салоҳияти таъмини уҳдадориҳои худро надорад. Аз рӯи ин мантиқ ягоне аз ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Қирғизистон имзо шудааст, нархи болотар аз худи он қоғазпораро надорад.
Сеюм, изҳорот перомуни бозпас гирифтани ноҳияи Мурғоб, ки гӯё ба Қирғизистон тааллуқ дорад… Ба ин масъала таърихнигорон посух доданд ва он тамоман асос надорад. Баръакс ин таҷовуз ба якпорчагии Тоҷикистон ва сиёсати баръалои ғасбкорона нисбат ба тамомияти арзии мо аст. Аз замони таъсиси Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтори шуравию сотсиалистӣ ва баъдан ҳамчун ҷумҳурии ҳафтум ноҳияи Мурғоб дар қаламрави кишвари мо буд. Чунин масъалагузорӣ бармало бозӣ бо эҳсоси мардуми худ аст ва як назари папулистӣ мебошад. Айни ҳол ҳамаи заминҳои баҳсӣ сарраввал қаламравӣ Тоҷикистони шӯравӣ буданд ва кишвари мо ба заминҳои он кишвар даъво намекунад. Масалан, ҳатто Сулюктаи имрӯза то соли 1931 дар қаламравӣ Тоҷикистон буд ва ҳамон сол ба Қирғизистон дода мешавад. Он замине, ки ба назари Содир Ҷабборов соли 1956 ба Тоҷикистон гузаштааст, агар хато накунам деҳаи Ҷигдалики шаҳри Конибодом аст, ки бо деҳаи Самарқандак (он вақт ба Тоҷикистон шомил буд) иваз шуда буд.
Чорум, ба гуфтаи Содир Ҷабборов сарҳади давлатии он кишвар танҳо баъди ба итмом расидани раванди мушаххаскунӣ ва аломатгузории марз боз мешавад. Ин нукта мазмуни онро дорад, ки омили сарҳад ҳамчун абзори фишор ба Тоҷикистон айни ҳол мавриди истифода қарор дорад. Бинобар ин, чунин хулоса мешавад, ки дар миёнамуҳлат марз баста боқӣ мемонад, ки албатта, аз ин ҳолат сокинони ду тарафи марз зарари зиёд мебинанд.
Панҷум, зимни суханронӣ дар назди журналистон Содир Ҷабборов зикр кард, ки дар авлавияти сиёсати хориҷии кишвараш рушди робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя нақши муҳим доранд. Се кишвари ҳамсояи худро номбар карду, аз Тоҷикистон ном набурд ва шояд ин паёмҳои муайяне дошта бошад.
Бардоштҳо аз нишасти матбуотӣ
Агар бидуни эҳсос ва хунсардона ба масъала нигоҳ кунем, пас маълум мешавад:
Якум, ҷониби ҳамсоя ҳамон таҷрибаи пештараи худро идома дода, салоҳияти таъмини қарору санадҳои пештар қабулшударо надорад ва агар ба назарашон ба манфиатҳояшон мувофиқ набошад, онро инкор ё бекор мекунанд. Чунин амалкард ҳаргиз ба нафъи кор нест, чун ягон кафолате вуҷуд надорад, ки қарору мувофиқаи имрӯзҳо ба даст меомадаро риоя мекунанд.
Дуюм, эълони омода будан ба ҳалли масъалаи сарҳадӣ ва гузашт накардан вазъи аҷибе аст. Яъне бо мантиқи ҷониби ҳамсоя барои ҳалли масъала бояд танҳо Тоҷикистон гузашт кунад. Пештар дар бораи гуногун будани мавқеи ду ҷониб дар матлабе навишта будем ва такрори он ҳам зарур нест. Вале як нуктаи муҳим дар он аст, ки баъди ин нишасти матбуотӣ масъалаи ҳалли марзи давлатӣ боз печидатар шуд, чун ягон сигнале барои ҳалли мутақобилан судманди он изҳор нагашт.
Сеюм, лозим ба назар мерасад, ки коршиносон ва таҳлилгарони ватанӣ нуктаҳои зикршудаи нишасти матбуотиро бояд ҷиддӣ таҳлил кунанд, то роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези масъалаи сарҳад пайдо шавад. Чун руҳия — руҳияи солим нест ва пурра ба моделсозии низоъ нигаронида шудааст.
Дар интиҳо бояд зикр кунем, ки нишасти матбуотии зерин дар арафаи интихоботи парлумонӣ, ки бояд 28-уми ноябри соли равон баргузор гардад, доир гашт ва чунин сароҳатан изҳори назар кардан перомуни масъалаҳои марзӣ маҳз иқдоми папулистӣ ва имиҷсозӣ мебошад. Барои элитаи ҳозираи Қирғизистон дар ҳолати босубот баргузор намудани интихоботи Жокоргу Кенеш бисёр муҳим аст, чун худи онҳо баъди чунин интихобот дар соли 2020 ба сари қудрат омаданд. Аз диди коршиносону таҳлилгарони минтақа “мағлубияти хурд” дар моҳи апрел ба онҳо имкон дод, ки худро “ҳомӣ”-и манфиатҳои миллӣ ба намоиш гузоранд ва дар ин самт низ комёб шуданд: тоҷикон ва Тоҷикистонро “душман” муаррифӣ карда, дар атрофи он масъалаҳои зиёди худро ҳаллу фасл намуданд.
Бинобар бисёр баланд будани эҳсоси интиқомҷӯӣ дар муҳити ҷомеаи он кишвар як “ғалабаи хурд” ҳамаи корро “ҳал” карда метавонад. Чун мутаассифона он тамоюле, ки дар моҳҳои феврал-апрели соли 2021 ҷараён дошту ба муноқишаи хунин овард, мазмунан айнан, вале дар шакли дигар ҳоло такрор шуда истодааст. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи суботу амнияти Тоҷикистон, зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванд ва роҳ надодан ба низоъ як масъалаи муҳим боқӣ мемонад.
Шералӣ РИЗОЁН,
номзади илмҳои сиёсӣ