Бо файзи истиқлолиятамон ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон соҳиби Артиши камолёфтаву корозмуда мебошад. Таъкидҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст аст, ки Артиши мо дар оғози таъсисаш садҳо монеаву душвориҳо дошт. На техникаи ҳарбӣ буду на низоми дурусти соҳа ба назар мерасид.

Нангу номус ва иродаи қавии Роҳбари давлатамон ва ҳамзамонон муттаҳидии халқи пуршарафи тоҷик боис гардид, ки ҳама монеаҳо паси сар шаванд. Акнун кишвари мо Тоҷикистони солҳои навадум нест ва Артиши миллии мо дар муқобили ҳамагуна хатару таҳдиду хиёнатҳо устувор буда, бо пуррагӣ аз ӯҳдаи ҳифзи марзу буми кишвар мебарояд. Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо дар ҳама қисмҳои ҳарбии ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷавонони ватандӯсту шуҷоъ ва афсарони соҳибмаълумоту ботаҷриба бо дилу нияти софу пок дар пайи адои хизмату вазифаҳои худ қарор доранд.

 Рӯҳан обутобёфта

Мегӯянд, ки ғалаба на ба шумора, балки ба сифати артишу заковати сарбоз вобастагӣ дорад. Ҳамин аст, ки бояд ҳар як сарбоз бо ҳадафу мақсади мушаххас ва завқи баланди ботинӣ ба хизмати Ватан равад. Ӯ бояд донад, ки аз мактаби мардонагиву обутоби ҷавонмардӣ мегузарад ва ҳамзамон дар вақти хидмат бояд рӯҳану маънаван худро такмилу обутоб диҳад. Дуруст аст, ки дар хизмати ҳарбӣ давоми як ё ду сол сарбоз ҷисман инкишофу обутоб ёфта, ҳунари муҳориба карданро меомӯзад. Дар ҳошияи он баланд гардидани маърифату ҷаҳонбиниҳо низ як омили пешрафти ватани маҳбубамон ба шумор рафта метавонад. Зеро, сарбоз баъди гузаштани ин мактаби мардонагӣ бо сари баланд барои худ раванди ояндаи кору зиндагиро хеле осон интихоб карда метавонад.

Китобхонӣ ва сарбоз

Мӯйсафеди солманде, ки дар замони Шӯравӣ хизмати ҳарбиро дар Сибири дур анҷом дода буд, чунин мегӯяд: “…варзиш, махсусан гуштини тоҷикиро меписандидам. Дар байни дигар миллатҳо мо тоҷикписарон бо ин навъи варзиш обрӯ доштем. Аз Тоҷикистон як китобчаи абёти классикиро бо худ бурда будам. Дар ду сол қариб ҳазор байти онро азёд карда будам, ки то ҳол ба ман кор медиҳад”.

Бале. Дар баробари назму шеър сарбоз агар адабиёти гуногунро дар бораи масалан – Шерак, Спитамен, Суворов, Кутузов, Наполеон, Гитлер, Сталин, Чингизхон ва ғайраҳо хонда бошад, қудрати ташхис кардани муаммоҳову масъалаҳоро пайдо менамояд. Бемуҳобот гуфтан мумкин аст, ки аз ингуна сарбоз дар оянда беҳтарин генерал ба камол мерасад.

Имрӯзҳо дар ҳама қисмҳои ҳарбии ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат китобхонаҳо вуҷуд доранд ва сарбозон аз ин имконот истифода карда метавонанд.

 Сарбозони соҳибмаълумот

Боиси ифтихор аст, ки дар миёни сарбозон ҷавонони бомаърифату сермутолиа низ ҳастанд. Ба хизмат ҷалб гардидани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як таҳрики дигаре дар фазову муҳити хизмати аскарӣ хоҳад буд. Зеро савияи донишу ҷаҳонбинӣ ва маърифату маънавияти онҳо аз дигар ҷавонон фарқ мекунад. Аз нигоҳи синну сол аз дигар ҳамхизматонашон бузургтар буда, тору пуди зиндагиро бештар мефаҳманд. Ба иборае ватандӯстии онҳо дигаргунтару омӯзанда мебошад. Ҳуқуқшинос, муҳандис, технолог, филолог, муаррих ва дигару дигар ихтисосмандон бо савияи донишу ҷаҳонбиниҳояшон фазои маънавии хизматро пуробуранг сохта метавонанд.

Ҷаҳонишавӣ ва худшиносӣ

Равандҳои ҷаҳонишавӣ дар замони имрӯза хеле мураккаб мебошанд. Барои дарки он пеш аз ҳама маърифату донишу ҷаҳонбинӣ лозим аст. Албатта, анъана ва талаботи алоҳида вуҷуд дорад, ки дар қисмҳои низомӣ дарсҳои махсуси сиёсӣ низ омӯзонида мешавад. Маълум аст, ки дар китобхонаҳои сарбозӣ фароҳам овардани адабиёти гуногун дар бораи корномаҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутолиаи он аз ҷониби сарбозон беҳтарин дарси худшиносӣ мебошад. Агар сарбози бомаърифат давоми хизмат китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Тоҷикон”-ро мутолиа намояд, пурбаҳратарин дарси худшиносиро аз бар менамояд.

 Чанд рисолати маркази    матбуот

Танҳо бо мутолиаи китобҳову адабиёти гуногун наметавон маҳдуд гардид. Маълумоту иттилоот дар замони имрӯза ҷойгоҳи махсуси худро дорад ва ҳатто бидуни он зиндагиву кор кардан душвор аст. Рисолати воқиф сохтан ва таблиғу ташвиқи сиёсати давлатиро Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯш дорад. Барномаҳои телевизионии мудовим, ки аз ҷониби кормандони ин марказ омодаву пахш мешаванд, уфуқҳои гуногуни таблиғу ташвиқро фаро мегиранд. Ин барномаҳо нишондиҳандаи набзи ҳаёти сарбозӣ ва фарогирандаи дигар масъалаҳои ватандӯстиву низомӣ ба шумор меравад. Имрӯз ба нашр расидани рӯзномаи “Ҳомии Ватан” имкон ба вуҷуд меоварад, ки сарбозону афсарони мо дар саҳифаҳои он аз бисёр чизҳо огаҳ шаванд. Дастгириҳои роҳбарияти вазорат боис аст, ки имрӯз маркази матбуоти дар чанд самт фаъолияти густурда дошта бошад. Феълан фаъол будани сомонаи Вазорати мудофиа далел аз он мебошад, ки бахши мазкур ҳамқадами замон мебошад. Имрӯз дар марказ, ҳамчун зершӯъба фаъолият намудани ансамбли “Шараф”-и Маркази иттилоотӣ ва фароғатии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис мегардад, ки завқи фарҳангиву эстетикии афсарону сарбозон пайваста баланд гардад.

 Хулоса

Артиш доштан яке аз рукнҳои ҳифзу таҳкими истиқлолият ва инкишофи имрӯзу ояндаи давлатдорӣ ба шумор меравад. Артиши имрӯзаи мо такмилёфтаву муҷаҳҳаз мебошад ва кафолати сулҳу суботи Ватани моро ба дӯш дорад. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз шароиту имконият дар ҳама қисмҳои низомӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Рӯз то рӯз ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ равона гардидани ҷавонон аз ин гувоҳӣ медиҳад. Боварӣ ва эътимод дорем, ки сарбозони тоҷик дар баробари диловару шуҷоъ будан, аз нигоҳи равониву маънавӣ низ нерӯманд мегарданд. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботу ҳамгироӣ мебошад. Сарбози тоҷик низ барои ҳифзи ҳамин неъматҳо ба хизмати ҳарбӣ меравад ва дар навбати аввал бо маърифату ҷаҳонбиниву маънавиёти баланд дар ҳифзи ватан омода аст.

Муҳибулло ҲОШИМЗОДА,

корманди маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь