Бонуи аз кишварҳои ҷангзада баргашта бо худ на фақат мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, балки бемориҳои зиёдеро ҳам овардааст. Аммо бовар дорад дар Ватан на танҳо ҳамаи ин мушкилот ҳал мешавад, балки ӯ ба орзуи кӯдакии худ ҳам мерасад.
“Эмомалӣ Раҳмон, бобоҷони меҳрубон, падари ғамхори ҳамаи мо, илтимос, падарҷони маро озод кунед”. Ин суханон ба Парвинаи панҷсола дахл доранд, ки қариб ҳамарӯза бо дидани симои Президенти Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ садо медиҳанд.
Парвина фарзанди чоруми Оқилаи гумроҳшуда аст, ки замоне дар кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ қарор дошт.
Ягона орзуи Оқила баъди ба Ватан баргаштанаш – ин аз маҳбас раҳо кардани шавҳараш Расул мебошад. Оре, сухан аз як оилаи тақрибан ҳамагӣ гумроҳшуда меравад, ки бо хости Худо ва кӯмаки Ҳукумати Тоҷикистон ба зудӣ хатои худро фаҳмидаву ислоҳ намуданд…
Оқила аз хурдӣ орзуи духтур шуданро дошт. Аммо бо сабаби мушкилоти иҷтимоии оилаашон ин орзуи ӯ амалӣ нагашт. Ҳамин тавр, 20-сола буд, ки Оқиларо ба ҷавони ҳамсоя ба шавҳар доданд.
Дертар якҷоя бо шавҳараш ба Русия рафтанд. То он замон онҳо аллакай соҳиби се духтарча буданд. Вақти муҳоҷират ба Русия фарзанди хурдсолашро ҳамроҳ гирифту ду духтари нисбатан калонашро бо хушдоманаш гузошт.
Тавре ҳодисаҳои солҳои охир нишон доданд, муҳоҷирони меҳнатӣ қишри осебпазире мебошанд, ки метавонанд ба зудӣ ба доми фиреби ифротгароён афтанд. Тибқи маълумоти расмии мақомоти Тоҷикистон, 75 дарсади гумроҳгаштагон, ки ба Ироқу Сурия рафтаанд, маҳз онҳоеанд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштанд.
Оқила он рӯзҳоро бо андуҳи зиёд ба хотир меорад:
– Намедонам шавҳарам ба гапи кӣ даромад. Аввал моро ба Туркия бурд. Сипас ба Сурияву Эрону Афғонистон рафтем. Соли 2015 шавҳарамро дар Афғонистон боздошт ва аз озодӣ маҳрум карданд. Ман бо се кӯдаки хурдсол дар азобу машаққат ва мусофирӣ мондам.
Замони қарор доштан дар ин давлатҳои ҷангзада ӯ боз соҳиби ду фарзанд мегардад. Зани гумроҳгаштаро падараш бо дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон баргардонд.
– Дари накӯфтаамон намонд,- мегӯяд модарандари Оқила. Падараш шабу рӯз дар фикри чӣ гуна ба Ватан баргардонидани духтараш буд. Шукронаи Худо, бо ҳамкории мақомоти кишвар ва сафоратамон дар ин кишварҳои ҷангзада Оқиларо бо се кӯдаки хурдсол баргардониданд.
Имрӯз Оқила ҳамроҳи панҷ духтарчааш дар хонаи шавҳар бо хушдоманаш бо шукргузорӣ аз осмони софу беғубор ва тинҷиву амонии кишвар зиндагӣ дорад.
– То зиндаам, дар ҳаққи сарвари давлат дасти дуо дорам. Фақат як орзу дорам, ки шавҳарамро аз маҳбас озод намоянд. Ману ӯ хеле пушаймон ҳастем. Дар зиндагӣ ҳама хато мекунанд. Маро бахшиданд, мо бовар дорем, ки шавҳарамро ҳам мебахшанд.
Гуфта мешавад, шавҳари Оқиларо бо ҳукми Суди ноҳияи Спитамен соли гузашта бо айбдории моддаҳои 187(ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ)-и Кодекси ҷиноятӣ 20 сол аз озодӣ маҳрум сохтаанд.
– Кӯдаконе, ки ҳамроҳаш дар майдонҳои ҷанг буданд, хеле тарсу шудаанд, имрӯз ҳатто агар дар осмон чароғаки ҳавопайморо бинанд, “и-и-и-и, гурез-гурез, ҳозир мекафад” гӯён, сӯи хона медаванд,- мегӯяд хушдомани Оқила.
Оқила ҳоло дар тараддуди омода намудани ҳуҷҷат ба ду тифлеаш аст, ки дар Сурияву Ироқ ба дунё овардааст. Барои ин ба ӯ мақомоти дахлдори ноҳия кӯмак расонида истодаанд. Баъди омода гаштани аснод нияти аз муоинаи тиббӣ гузаронидани кӯдаконашро дорад.
Оқила ва шавҳару кӯдакони ӯ ягона намояндаи ҷамоати Тағояки ноҳияи Спитамен нестанд, ки ба ин кишварҳои ҷангзада рафта бошанд. Аз рӯи маълумоти муовини раиси ҷамоат Шуҳрат Бердиёров, соли равон ҳамчунин ду занро бо кӯдаконаш низ ба Ватан баргардонидаанд. Барои баргардонидани боз як оилаи дигар тадбирҳо меандешанд…
Оқила феълан дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат кор мекунад ва ҳамарӯза 20-30 сомонӣ маош мегирад. Се кӯдакаш дар мактаб мехонанд.
– Аз бемории фишорбаландӣ ва дил азият мекашам, ин бемориҳоро аз ҳамон ҷо бо худ овардам. Ҳоло асноди кӯдаконамро дуруст кунаму онҳоро ба мактабу боғча комилан омода намоям, сипас аз пайи саломатии худ мешавам,- мегӯяд Оқила.
Хушдоманаш мегӯяд, ки Оқила кадбонуи хуб аст. Дар вақтҳои фориғ аз кор ба дӯхтани курпача машғул мешавад.
– Мехоҳам як сехи пухтупаз кушоям ва занҳои хонашини деҳаро бо кор фаро гирам,- мегӯяд ӯ ва илова мекунад: “Агар шароит пайдо кунам, ҳатман духтур мешавам”.
Тибқи маълумоти муовини раиси ҷамоати Тағояк, дар ҳудуди он 18 000 аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки 1076 нафарашон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, аз ҷумла 175 занону духтарон. Дар ҳудуди давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ ва “ДОИШ” (созмони дар Тоҷикистон террористӣ эълоншуда) боз 18 нафар сокинони ҷамоати мазкур қарор доранд.

Мадина ПОЧОЕВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь