Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чандест Ҷамъияти илмии донишҷӯён доир шудааст, ки донишпажӯҳони ҷавон ҳар моҳ боре хоҳишмандонро ба нишасти худ даъват карда, пиромуни ҷусторҳо ва дарёфтаҳои навини хеш баҳсу баррасиҳо ба миён мегузоранд.

Яке аз мавзӯҳое, ки нишастагонро ба гуфтумонҳои ҷолиб водошт, мавзӯи «Нақши равшанандешон дар пешравии ҷомеа» буд. Ҷавонони донишхоҳ дар ин нишасти чашмгир хостанд ба пурсиши садсола, унвонии «киёнанд равшанандешон?» посухи шоиста пайдо кунанд. Ва ҷолиб он буд, ки онҳо нақши равшанадешони тоҷикро бо равшанандешии замони боззоӣ – эҳёгарии (ренесанси) Аврупо хостанд ба равшанӣ бароваранд. Ва ҷолибтар он буд, ки бархе донишхоҳон бо нигари яксӯ хостанд далел оваранд, ки дар кишвари мо равшанандешони воқеӣ ангуштшуморанд. Дигаре мехост собит кунад, ки гузаштагони мо замони боззоиро (ренесансро) дар рӯзгорони Ибни Сино, Умари Хайём ва ҳамтоёни онҳо сипарӣ намуда буданд. Ин пурсишу посухҳо моро водошт, ки пиромуни мавзӯи дар нигари нахуст ба ҳама равшан, вале ба таври боиста аз биниши андешапешагон дар канор монда, гумонҳои хешро рӯи коғаз оварем.
Дар рӯзгори мо, ки ба замони шикасту фурӯпошии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд, ба миён омадани баҳс ва гуногунандешиҳо пиромуни мавзӯе ба гунаи «оё кишвари мо дорои табақаи равшанандешон (русиву аврупоиаш интеллигенция) мебошад, ё на?! Равшанандешон бо кадом вижагиҳои худ аз дигарон тафовут дошта бошанд?! Оё равшанандешӣ аз обишхӯри чашмаи ҷаҳонбинии шӯравӣ руста ва дар конуни арзишҳои он идеолгия ба воя расида, тавони бароварда сохтани хостҳои ҷомеаи навинро дорад?». Ончуноне торихдон ва файласуфи шинохтаи рус П. Б. Струве иддао доштааст, «Русияро миллият надоштани равшанандешонаш талаф додааст ва ин ҳодиса дар пешинаи торихи башар ягона рӯйдоди ба фаромӯшӣ супоридани идеяи миллӣ аз ҷониби мағзҳои миллӣ мебошад». Яъне тафаккури миллӣ (ба ибораи Струве «мозг нации») аз байн бардошта шавад, миллат ба чоҳи худноогоҳии миллӣ афтида, биноии худро аз даст медиҳад.
Ҷомеашиносии шӯравӣ равшанандешонро (инҷониб ин вожаро нисбат ба калимаи арабии «зиёӣ» бартару гӯётар медонам) гурӯҳи иҷтимоии иборат аз одамони босаводе, ки биниши баланди фарҳангӣ дошта, ба корҳои касбии фикрӣ шуғл меварзанд, донистааст. Ин тафсири замони шӯравӣ ҳоло дигар наметавонад посухгӯи пурсиши «киҳоро метавон равшанандеш гуморид?» бошад. Дар кишвари мо садҳо ҳунармандони рақсандаву таронахон вуҷуд доранд, ҳар сол даҳҳо нафар рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ мекунанд, даҳҳо нафари дигар либоси оҳарии табибӣ ба бар карда, хешро дармонбахш менамоёнанд, даҳҳо муллоёни хатмкардаи донишгоҳҳои динии дохилу беруни кишвар, ки ба корҳои фикрӣ машғуланд, оё метавон онҳоро саросар равшанандеш донист?! Ба гумони мо равшанандешӣ маҷмӯи арзишҳоест, ки барои ҷой кардани онҳо дар зеҳни инсонҳо, ҷомеаро мебояд чандин даҳсолаҳо ранҷу заҳмати камаршикан кашид. Ҳоло мо оддитарин вижагиҳои одоби муоширатро намедонем, ҳатто вожаву таркиботи баёнгари ҳусни таоруф ва лутфи баёни забони шакарини порсии тоҷикиро аз ёд дур кардаем. Омӯзгор аз пушти мизи мактабӣ, насиҳатгари дин аз пушти минбари масҷид, ба шунавандагони худ таҳдид мекунад, носазо мегӯяд ва аз гулӯ овози хашини ҳақорат берун меоварад.
Пурсише низ шояд ба миён ояд, ки метавон донишмандону фарҳангиёни дар солҳои ошуфтабори 1992 ҷомеаи бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ беморро ба гиребонгирии ҳамдигар барангехта равшанандеш донист? Магар метавон донишмандонеро чун Отахон Латифӣ, Тоҳири Абдуҷаббор, Раҳим Мусулмониён, Аслиддин Соҳибназаров, Бӯрӣ Каримов, Давлат Худоназаров ва чанде дигаронро равшанандеш надонист? Дар ин пурсиш як нуктае ниҳон аст, ки мехостам ба он бештар аҳамият дода шавад. Равшанандешон асосан одамони некхоҳу нексириштанд, ки ҳиллабозон онҳоро ба осонӣ метавонанд ба иштибоҳҳо водоранд. Ба пиндори мо, онҳое, ки дар боло ёдовар шудем, равшанандеш буданд, аммо равшанандешони фиребхӯрда. Онҳо нахуст фирефторони шиорҳои аврупоии баёнгари демократия ва дигарандешӣ (плюрализми андеша) буданд. Онҳо гузаштаҳои торихиро аз хаёл дур бурда буданд ва ба ин нукта дарнамерафтанд, ки наметавонад дингароӣ бо демократия, озодандешӣ ҳамрадиф бошад. Онҳо маниши вижаи тоҷикиву осиёимиёнаиро наомӯхта буданд, то ки дар баёни дигарандешӣ аз эҳтиёти сахт кор бигиранд, зеро мардуми мо дар тафовут бо аврупоиён, ҳангоми дигарбаёнӣ ғолибан ба носазогӯӣ ва пархошу ҳатто ба душманӣ мепардозанд. Онҳо бо дили пур аз орзуҳои Тоҷикистони озоду обод, талош варзиданд конунеро, ки ҳадафи асосиаш ҷорӣ кардани шариъат ва ба ҷазо гирифтор кардани дигарандешон буд, дар либоси Ҳизби наҳзатии ислом ба расмият дароваранд. Онҳо пас аз ҳиҷрат аз Ватан, дар кишварҳои шарқӣ бо чашми худ диданд, ки агар худо накунад ҷунбиши оғоз намудаашон дар Тоҷикистон чираманд мегашт, пас аз ба нестӣ бурдани равшанандешони дар кишвар монда, онҳо низ ночор ё ба Аврупову Русия мегурехтанд, ё аз рӯи аҳкоми шариъат ба дор кашида мешуданд. Имрӯз низ равшанандешони гулзада зиёд ба чашм мехӯранд. Бахше ба истилоҳ зиёиёни замони шӯравӣ солхӯрда шуда, аз тарси азоби дӯзах, илмҳои омӯхтаашонро ботил гуморида, ё пешравиҳои илмии имрӯзро ҳеҷ медонанд, ё бо гумони содалавҳонаи «дастёбиҳои илми муосири аврупоиён аз андешаҳои мусалмонон дуздида шудаанд», худбузургбинии арабиро мекоранд. Дар миёни ба истилоҳ зиёиёни мартабадори имрӯз шумори зиёде ба мушоҳида мерасанд, ки ҳатто дастовардҳои 200 – 300-солаи нобиғаҳои ҷаҳони Ғарбро дурӯғ медонанд. Чуноне ки назарияи эволютсия, инкишофи ҳуҷайра ва монанди онро сахт ба норостӣ ҳукм кардаанд.
Намунаи равшанандеширо метавон дар торихи азхудгузаштанҳои равшангарони поёни садаи XIX Русия, дар симои Чехов, Тургенев, Некрасов, сарватмандони бофарҳанг Морозов, Третяковский, Шереметев ва монанди онҳо дид, ки зиндагии хуши худро тарк гуфта, дар деҳот ба омӯзишу парвариши кӯдакон, дармонбахшӣ аз бемориҳои вогир, ҷаҳд барои покии хонаву муҳит ва густариши ахлоқи умумиинсонӣ, пардохта буданд.
Ва набояд аз дида дур дошт, ки яке аз ангезаҳои сар задани ҷанги бенангонаи байнихудии тоҷикон, надоштани лояи (табақаи) шоистаи равшанандешони миллӣ ва ё миллият надоштани равшанандешонаш буд. Имрӯз, ки ба андешаҳои мардуми мо аз ҳад беш деви тамаъ чираманд гашта, бовариҳои равонии ҷавононро аҳриманони хуфта дар пушти пардаи «салафӣ», «таҳрирӣ», наҳзатиҳои исломӣ, давлати исломӣ ва соири дастаҳои таассуббарангези ошкору ниҳон, рабуданианд, мебояд дар пайи ҳарчи зудтар ба воя расондани лояи (табақаи) равшангарони ҷомеа буд.
Дар бисёре аз нишастҳои илмӣ дидаам, ки дар миёни гуфтумонҳо дингарое аз ҷо бархоста мекӯшад риштаи суханро ба даст гирифта, мавзӯи ба донишҳои дунявӣ вобастаро ба баҳси динӣ бипечонад. Ва дар чунин мавридҳо инҷониб ҳар гоҳ ҷилави сухангустарӣ дар даст доштам, мегуфтам, ки бародари гиромӣ, ин ҷо гуфтумонҳои илмӣ дар миён аст ва минбари мунозираҳои динӣ дар масҷиду мадрасаҳост. Набояд илми диниро бо илми дунявӣ дарҳам омехт ва он ҳам аксаран на андешаҳои илмии динӣ, балки пиндори омиёна дар пиромуни динпаноҳӣ. Бархе талош меварзанд, ки дар «Қуръон», ҳама кашфиёти илмҳои даҳриро пайдо намоянд ва ин аст, ки ҳар кашфиёти олимони Ғарбро бо ояҳои «Қуръон» ҳаммонанд мебинанд ва дар миёни андешапешагон баҳсҳои нотамом ба миён меоваранд. Чунин рафтор хуб нест, зеро «Қуръон» паёми худованд аст ва ба динпаноҳии одамон баҳри хирадгароӣ офарида шудааст, на барои омӯзондани фанҳои физику кимиё, муҳандисиву мошинсозӣ ва монанди он.
Боре дар як конференсияе бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ даъват шуда будам, ки аз чор нафар гузоришгарон мавзӯи ду нафарашон пиромуни ваҳдати миллӣ дар дини ислом буд. Касе ба он сухангӯён нагуфта буд, ки охир, бародар, дар дини ислом, ҳар гоҳ сухан аз миллат меравад, миллати динӣ, яъне шеваҳои гуногуни дингароӣ дар нигар аст. Ҳамон байти Ҳофиз, ки борҳо ба ёд овардаем, гувоҳи гӯё бар он аст:
Ҷанги ҳафтоду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Ва миллат дар дини ислом аз миллати Иброҳим будан аст, ки чуноне огаҳон медонанд, чун соири паямбарони дар достонҳои паёмбарон омада, асолатан аз бани Исроил буданд.
Ҳамин аст, ки ваҳдати диниро дингустарони мазҳабҳои гуногуни мусалмонӣ ба шеваи вижаи худ меҷӯянд. Яъне ягонагии динӣ ба пойдору устувор намудан ва густариши саросарии бовариҳои мазҳабӣ нигаронида шудааст, на ба ягонагии миллате барои нигаҳбонии озодӣ, якпорчагӣ, забон ва ойинҳои миллии худ. Гумон меравад ин порашавии дингароӣ, ки шуморашро Ҳофизи Шерозӣ ба 72 рақам задааст ва дар миёни соликони тасаввуф беш аз 40 тариқати дигар бешу кам дар ҷараён аст, бовармандони таассубгароро ҳаргиз ба ваҳдати динӣ нахоҳад расонд. Бинобар ин, ваҳдати мо ягона аст; ваҳдати мардум зери парчами давлати демокративу дунявии Тоҷикистон. Яқин аст шахсе, ки арзишҳои миллиро муқаддас намедонад, ҳатто дар радифи аввали бовариҳояш амнияти ватанро намегузорад, ҳаргиз равшанандеш буда наметавонад.
Акнун чуноне ишора шуд, дар ҷомеаи мо барои ба воя расондани насли нави равшанандешони Тоҷикистон, бо назардошти раванди муосири инкишофи фарҳанги ҷаҳонӣ, замина ва фазои созгор ба миён омадааст. Аммо чӣ бояд кард, ки раванди боззоии лояи нави равшанандешон ҳарчи зудтар чашмгир бошад?! Пеш аз ҳама болонишин кардани босаводони равшангаро ва ҷойгоҳи донишро бештар аз ҳоло боло бурдан, ки ба ин нуктаҳои калидӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд. Дигар ин ки, дар китобу омӯзаҳои дарсии дабиристонҳову донишкадаҳо, дар телевизион ва расонаҳои хабарӣ ҷараён додани барномаҳои вижа, вобаста ба мавзӯи амалӣ гаштани пиндор ва кирдору рафтору нек. Яъне ба ҷавонон ёд додани андешаронии жарф, суханронии солим, одоби муошират, ҳатто одоби мошинронӣ, парвариши табъу завқ, салиқаи шоистаи шинохти зебоӣ, асарҳои тасвирӣ, назокати шунидани савту мусиқии баланд ва монанди он. Сара кардани истеъдодҳои ҷавон, роҳ надодани ҳунармандони камистеъдод ба саҳнаҳои телевизионӣ ва намоишҳои фарҳангӣ. Дар зимн, ривоҷ додани нақди адабӣ, барои баҳои фаннӣ додан ба асарҳои эҷодгарон – асарҳои назму насрӣ, намоишҳои театрӣ, асарҳои намоишии телевизионӣ. (Воқеан, дар мавриди аз нав зинда кардан ва ривоҷ бахшидан ба танқиди адабӣ, пас аз таҳияи ин навиштор, аз донишманди донову овозаманде андешаҳои ҳамсонро шунидам ва ниҳоят хушнуд шудам).
Дар поён нуктаеро мехоҳам пеши дидор оварам, ки равшанандешонро асосан ашрофзодагоне, ки худ аз равшандилон мебошанд, ба ҷаҳон мебахшанд. Ва дар бораи киёнанд ашрофзодагон, гуфтумонеро дар оянда пеши рӯ хоҳем овард.

Зафар МИРЗОЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь