Моҳияти инсон пеш аз ҳама аз андеша ва тарзи тафаккури ӯ сурат мегирад. Касе ки аз улуми инсонӣ баҳрае набурда бошад, ӯ наметавонад комил ва донишаш таъсиргузор бошад. Инсон ҳам дорои маънавиёт буда, ҳам ниёзҳои моддӣ дорад, ки аз онҳо сахт вобаста аст. Яъне бояд ҳам моддиёти хешро қонеъ созад ва ҳам маънавиёти хешро солим нигоҳ дорад. Агар нафаре як ҷиҳатро инкишоф дод ва тарафи дигареро сарфи назар кард, наметавонад ба камоли маънавият бирасад.

Масъалаи дигар ин доштани эҳсоси масъулият ва посухгӯӣ дар баробари ҳама гуна амалкардҳои инсонии худ аст. Посухгӯию масъулият пеш аз ҳама ба садоқат ва дӯст доштани ҳамон касбу кор, пеша ё амале, ки фард ба он тамоюл дорад, иртибот дорад. Масъулият ва посухгӯӣ, яъне дӯст доштани касбу илм ва такомулу ворастагиву хушфаҳмӣ аст. Ин ба он маъност, ки фард фикру андешаи худро ба булуғи баланд расонад ва булуғи андеша ба фаҳм кардан аст, ки он метавонад булуғи маънавиро дар пайи худ ба вуҷуд орад.

Инсоне, ки ба булуғи андеша расид, вораста шуда, ба ҳама инсонҳо муносибати самимию содиқона дорад ва мавриди эҳтирому пазироиашон қарор мегиранд. Ин гуна инсони вораста ҳамеша дар нишот ва хуррамӣ умр ба сар мебарад ва ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ навъи ҳаводиси бавуқӯъоянда нигаронӣ надорад, зеро тамоми амалкардҳояш дар доираи хирад ва андешаи солим сурат мегиранд. Ӯ ҳеҷ гоҳ вобастаи касеву чизе нест. Ҳамеша дар ҳоли ҷустуҷӯ ва дарки комилтари воқеъият аст. Ин гуна инсон худфиребу ба худ бегона нест.

Барои инсони вораста хислати хос ин дӯст доштани худу атрофиён аст. Ин дӯст доштанро метавон чунин баён сохт. Дӯст доштан ва ишқ на дар масҷид аст, на дар калисо, балки “ман”-ест, ки худ шинохтааст. Он гиря ва зорӣ нест ва дар ғурбати тан зиндонӣ шудан ҳам нест, балки беқарорӣ, ҷустуҷӯ ва ҳамеша дар пайи маънои нав будан аст. Ба маънии дигар, дӯст доштан ва ишқ, яъне фаҳми худ аз худ аст. Ҳар фарде, ки ишқу дӯст доштаро фаҳм мекунад, ҳамеша ҳамчун гули шукуфта ва зебо дар боғи даруни худ ва дар марғзори тани худ бо садои булбулони хираду фаҳм ҷонаш дар сояи дарахтони саршор аз зиндагиву нишот умр сипарӣ мекунад. Ин аст маънои воқеии худандешӣ ва дӯст доштану ишқ варзидан.

Инсони худшинос, пеш аз ҳама, ошиқ ба худ аст. Ӯ ба монанди гулест аз хушбуӣ, ки ҳамагонро аз бӯйи хушаш суруре ҳосил шавад. Ба маънои дигар, ишқ фаҳми камоли инсон аст ва завқу шавқ аз дили софу самимӣ маншаъ мегирад. Он ҷо, ки чунин навъи фаҳмиш вуҷуд надошта бошад, нодонӣ ва торикию зулмот пеш меояд. Фарқи ин навъи ҷаҳонбинӣ аз он ҷаҳонбинӣ дар он зоҳир мегардад, ки дарки ҳар падидаю ашё аз воқеияти қонунманди худи онҳо маншаъ мегирад. Яъне ҳар вожа дорои таърифе ҳаст ва он бархоста аз навъи маърифат аст, ки дорои мадраки хос аст.

Вобаста ба таърифи овардашуда метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки инсон будан, яъне дорои маърифат будан аст. Касе ки худро фаҳм намекунад, ҳеҷ падидаю ашёи дигарро дарк карда наметавонад. Касе, ки худро дӯст надоштааст, каси дигарро дӯст дошта наметавонад. Худандешӣ ва маърифату огоҳӣ аз хирадварзиву андешагароӣ маншаъ мегирад. Ҳар он ки фаҳме дар бобати худ надорад, дигаронро фаҳмида наметавонад.

Инсоне, ки ба хирадварзиву андешагароӣ нарасидааст, ҳанӯз дар роҳи худ мустақил ва озода нест. Ӯ ҳатман побанди афкору андеша ва назару арзишгузории дигарон аст. Инсоне, ки ба хирадварзиву андешагароӣ расид, кистию чистии худро дуруст арзёбӣ кард, ҳама гуна вазъро дарк карда метавонад. Ӯ эҳтиёҷ надорад, то дигарон дар мавридаш қазоват намоянд.

Барои инсоне, ки ба хирадварзию андешагароӣ расид, байни ҳақиқату воқеият тафовут вуҷуд надорад. Ӯ воқеиятро то ҳадде дарк намудааст, ки воқеияту ҳақиқатро мусовӣ мебинад. Ӯ бо хирадандешиву дарки муҷарради воқеияти ҳастӣ дар мавриди ҳодисаҳо ва падидаю ашёҳо қазоват карда метавонад. Инсоне, ки ба худандешӣ нарасидааст, наметавонад дар баробари воқеият ва дарки ҳақиқати падидаю ашёҳо қазоват намояд ва дар ин маврид назари хоса дошта бошад.

Ҳар қафасеро набояд зиндон пиндошт ва ҳар зиндоне низ наметонад қафасе бошад. Ин ба он маънист, ки чаҳорчӯбаи хираду андешаи инсон то андозае мисли қафасест, зеро тамоми рафтор, муносибат ва тарзи бархӯрд ба табиату ҷомеа аз андешаи инсон маншаъ мегирад. Бахусус, аз чигунагии навъи ҷаҳонбинии ӯ. Ҳамин аст, ки ҳар фард дар муносибат ба олами ҳастӣ аз равзанаи мағзу шуури худаш муносибат менамояд. Ҳамин аст, ки на ҳар навъи дониш ифодагари воқеъияти ҷаҳон аст ва ҳастанд донишомӯхтагоне, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва воқеӣ нестанд.

Онҳо дар қафасҳои андешаҳои худ бозмондаанд. Чунин навъи афродро ҳам дар байни нафарони донишгоҳхондаву донишгоҳдида ва ҳам дар байни нафароне, ки таҳсил надидаанд, метавон мушоҳида кард. Гоҳе метавон донишомӯхтагонеро мушоҳида кард, ки дар қафаси андешаҳои худ вомондаанд ва ҳарчанд дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намудаанд, вале ҳанӯз хирадашон чандонинкишоф наёфтааст. Дар баробари ин, дар ҳар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки вобаста аз таҷриба, дарку фаҳми рӯзгор, фарогирӣ аз анвои гуногуни китобҳои илмӣ ба ҷаҳонбинии илмӣ расидаанд ва андешаю хиради пӯё доранд.

Масъалаи дигар ин аст, ки ҷаҳонбиниву дониши шогирдон дар ҷаҳорчӯбаи навъи омӯзишу парвариш ва тафаккуру ҷаҳонбинии устодоне, ки ба таълимгирандагон тадрис медиҳанд, вобаста аст. Ҳар қадар сатҳи омӯзишу парвариш илман асоснок ва дар чаҳорчӯбаи улуми муосир бошад, ҳамон қадар ба ҷаҳонбинии шогирдон таъсири худро мерасонанд.

Баръакс дар ҳар ҷомеае, ки омӯзишу парвариш дар пояи бовармандӣ, таваккуландешӣ ва амсоли ин сурат мегирад, он ҷо шакл ва навъи ҷаҳонбинии ғайриилмӣ ва бовармандиву таваккуландешӣ боло меравад, ки боиси таассубу хурофот ва ҷаҳли мураккаб мегардад. Чунин вазъ на ба пешрафти он ҷомеа, балки баръакс ба оқибмондагӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ҳар ҷо, ки нодонию ҷаҳолат бошад, ҳатман дар он ҷомеа анвои гуногуни мушкилоту бадбахтӣ низ ҷой дорад. Инсоне, ки шинохт ва хиради воқеӣ надорад, наметавонад чизҳоро дуруст дарк кунад. Ҳамин аст, ки ӯ наметавонад дарки воқеияти арзиши зиндагиро дошта бошад.

Онҳое, ки ба гурӯҳҳои тундгаро мепайванданд, нафаронеанд, ки дар шинохти ҷаҳон тасаввуроти амиқе надоранд ва наметавонанд зиндагиро ҳамчун арзиши олӣ шиносанд. Ин ҷо масъала он аст, ки ҳар фарди огоҳ ва хирадманд бояд дарк кунад, ки дар ин олами нопайдоканори ҳастӣ як бор дар сурати инсон метавон зиндагӣ кард ва ҷони инсон чизе нест, ки ӯро ба ҳар қимат дастрас карду барои ҳар кори беарзише фидо намуду дар як они воҳид аз даст дод. Ин ба ҷуз ҳамоқату ҷаҳли мураккаб чизе буда наметавонад. Ин аст, ки набояд онро қурбони ҳар хурду резае намуд.

Аз ин рӯ, ҳар фард бояд бошууронаю бохирадона фаҳми ҷони худ бикунад ва ҳамагуна ҳамоқат нодонӣ ва ҷаҳолатро дар баробари шинохт ва арзиши ҷони худ боло гузорад. Зеро ҷони инсон қиматтарин ва нотакрортарин унсурест, ки онро ҳатто барои як лаҳза бозгардонидан имкон надорад.

Онҳое, ки қимати ҳар коло ё ҷинсеро аз қимати одамӣ боло мегузоранд, аслан дарку шуури баланди шинохти арзиши ҳаёт надоранд. Махсусан, онҳое, ки бо таълимоти хеш инсонҳоро ба самти худкушӣ раҳнамоӣ месозанд, аз бешууртарин ва камхирадтарин нафаронанд. Фаъолияти онҳо ба бешуур гардонидани афрод равона мешавад. Ҳеҷ гоҳ эҳсос намекунанд, ки қимати ҷони инсон аз ҳама гуна бовару эътиқод болотар аст ва ҳар чизе, ки инсоният дар дарозои мавҷудияти тамаддуни худ офаридааст, танҳо ба хотири зиндагонии инсонианд. Аз ҷумла дину эътиқод низ бояд ба хотири хушбахтӣ ва садоқати инсонӣ бошанд ва ҳар чизе, ки инсонро ба самти нобудӣ мебарад, наметавонад арзиши воқеӣ дошта бошад. Инсон бояд ҳамагуна шинохтро аввалан дар мизони хиради хеш баркашад ва дар партави то чи ҳад барои зиндагии инсонҳо манфиатбахшу саодатмандкунанда буданаш, арзиш намояд.

Исомуддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь