Дар равандаи ҷаҳоншиносӣ инсонҳо ба ду типи тафаккуру андеша ба ҷаҳон муносибат намудаанд. Яке аз роҳи эҳсосоу тахайюл ва бофтаҳову сохтаҳои зеҳнӣ, дигар аз рӯи таҷриба, мантиқ ва он чи ки бо дастгоҳи ақлу хирад низом карда мешавад, ба ҳаводис баҳогузорӣ намудаанд. Бояд қайд кард, ки бомдоди рӯзгори башар пайваста бо тахаюлу тассаввур ва дарки ҳиссии воқеиёт аст, ки бештар бо тарси вуҷудии инсонҳо дар баробари ҳодисаҳои кушандаи табиӣ ба вуҷуд омада, шакл гирифтааст. Ин тарзи андеша дар болотарин ҳадди худ ба шакли бовармандиҳои тавҳидӣ (монотеизм) омада расидааст, ки дар зеҳнияти ин гурӯҳҳо ҷаҳон ба ҳайси як вазъи пешафарза шуда, ки тамоми он дар дастури кори офаридгор маълуму мушаххас аст, пешниҳод мегардад. Яъне ба тарзи дигар, дар маърифатшиносии тавҳидии динӣ ҳама чиз пешакӣ маълуму мушаххас аст ва аксари онҳо мутмаинанд, ки дар китобҳои динӣ маърифат ба тарзи куллӣ баён гардидааст ва аз ин навъи маърифат шинохти болотаре вуҷуд надорад. Ин омил боиси он мегардад, ки аксар аз бовармандон вақте ба зинаи баланди эътиқод мерасанд, онҳо афкори дигарро қабул карда наметавонанд, яъне боварҳо ба ҳайси ҳақиқати мутлақ қабул карда мешаванд ва ҳар гуна андешаи ғайри он қобили қабул ва пазируфтанӣ нест. Чунин тарзи муносибат мутлақгароии андешаро (догматизм) ба миён меоварад ва он дигар барои тавлиди андешаи нав имкон намедиҳад. Яъне хушкандешӣ ё догматизм ба тарзи дигар ақим (нозо) аст. Чунин тарзи андеша бар табиати инсон мухолиф буда, инсонро аз он хусусияти ҷӯёӣ бозмедорад. Яъне фарди яқингаро ки бо донишҳои боварманд мутмаин аст, ҳама ҷаҳонро шинохтааст ва назару андеша ковишу пажӯҳиш ва ҷустори ҳақиқат дар назари ӯ ба як амали дур аз маънӣ ва беҳудакорӣ тавсир мешавад. Чунин тарзи андеша боиси он мешавад, ки инсонҳо дар як маҳдудаи андеша қарор гирифта, ҳеҷ гоҳ нерӯҳои хешро ҷиҳати шинохти табиату ҷаҳон равона намесозанд. Онҳо мутмаинанд, ки ҳама чиз дониста шудааст ва дар тағйири ягон раванд онҳо таъсиргузорӣ карда наметавонанд. Андешаи мутлақгаро ғоя ва меҳвари тамоми ҳокимиятҳои теократиро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар дарозои таърихи мавҷудияти чунин навъи ҳокимият пешрафти ҷомеаи инсонӣ, шинохти табиату ҷаҳон, дастовардҳои илмӣ ниҳоятан ба кундӣ сурат мегирад. Зеро тарзи андешаи мутлақ ҳама навъи шакку гумонро ботил меҳисобад ва онро сарчашмаи аз муқаррароти бовармандӣ берун шудани фард меҳисобад. Ин гуна бовар ва ҳукм дар зеҳни нафароне, ки боварманданд як навъ тарси дарунӣ ва таҳдидро ба миён меорад. Ин тарс онҳоро намегузорад, ки аз он маърифати қолабии бовармандӣ берун андеша намоянд. Дар ҳазорсолаи ҳокимияти теократӣ дар Аврупо рушди ҷомеа, шинохти ҷаҳон, дастовардҳои илмӣ ва дигаргунии андеша хеле оҳиста ва ба кундӣ сурат гирифтааст. Ҳамаи ин робита бар тарзи андешаи баста ва мутлақи динӣ будааст. Яъне ба тарзи дигар он ҳақиқатеро, ки бовармандону мутлақандешон ба тарзи яқин пешниҳод мекунанд, он инсонро аз худи худ бегона месозад. Зеро агар бар табиати инсон назар афканем, инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯ, суолгузорӣ, шубҳа кардан, ҷиҳати дарёфти воқеъияти падида ва ҳодисаҳо машғул аст ва он чи ҳам ки инсонро бар анвои дигари зинда мутамоиз месозад, ҳамин ҷустуҷӯи пайваста, суолгузории чаро, чи гуна ва ба куҷо онро савқ додаанд, то ҷиҳати дарки ҳаводиси табиию иҷтимоӣ аз роҳи хирад ва ба ин васила чораандешӣ намудан дар баробари онҳо тамоюл додаанд. Ба ибораи дигар, роҳи яқин ва мутлақандешӣ инсонро ба мавҷуди собит (тағйирнопазир), нопӯё табдил медиҳад ва чунин ба назар мерасад, ки ӯ дар мурдаобе нигаҳдорӣ мешавад. Яъне инсони яқинандеш, гӯё мутлақан бар ҷойгоҳ ё ҳадде расидааст, ки аз он болотар андеша ва фаҳм вуҷуд надорад. Мутлақгарои ба яқин расида, ҳеҷ гуна навандеширо қабул надорад. Онҳо ҳамеша ба навгироӣ дар ситез ва мухолифат қарор доранд.
Тарзи дигари андеша, яъне хирадандешӣ ҳамеша бар пояи кушишҳои пайвастаи инсон бо роҳи ақлию мантиқӣ тариқи суолгузорӣ ба сабаб, тарз иллату маълул, омилҳои асосии ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаю воқеа, аз роҳи таҷриба, таақул ва хирад дарёфт кардани ҳақиқати падидаю ҳодисаю воқеаҳо аст. Ин роҳро метавон роҳи хирадандешӣ ё ба тарзи дигар роҳи гумон ва шакк ҳисобид. Роҳи гумон ба инсон имкон медиҳад, ки ба ҳар падидае шак кунад. Он чи зоҳир мешавад, онро на ҳамчун аслу бунёд, балки ҳамчун ҷиҳати берунӣ, зоҳирӣ ва дур аз моҳият қабул намуда, барои дарки воқеъияти он аз тамоми нерӯҳои инсонии худ кор гирифта, ин падидаро борҳо мавриди санҷишу озмоиш қарор диҳад. Ба ибораи дигар, шаккардан сабаби пажӯҳишу ковиш мешавад. Ин кӯшишҳо ва ҷусторҳои пайваста, боиси халоққиятҳои навини инсонӣ мегарданд ва дониши он дар нисбати падидаю равандҳо тағйир меёбад. Андешаи нав зода мешавад ва он заминае барои таҳаввули фикрӣ, ҷаҳонбини илмӣ ва фанноварии башар мегардад. Ба тарзи дигар шакандешӣ заминаи асосии зода шудани баҳс ва андешаҳои нав аст. Ин тарзи андеша ҳеҷ гоҳ назару донистаҳои хешро мутлақ намеҳисобад. Зеро мутмаин аст, ки он танҳо як ҷузъе ё хосияте ё сифате аз падидаю предметро дарк намудааст ва ҳоло зиёд аз падидаю воқеаҳо ё аз як ҳодиса сифату хусусиятҳое боқӣ мондаанд, ки ҳанӯз ношинохтаанд. Хирадандешӣ, ки он реша дар табиати ҷӯсторгари инсон дорад, рушди динамикии андеша, ҷаҳонбинӣ ва таффаккури башарро таъмин месозад.
Хираданедшӣ ҳанӯз аз Юнони бостон ба вуҷуд омада, дар даврони Суқрот зуҳури услуби маевтикаю диалектика, ки пояи онҳоро баҳс, суолгузорӣ ва зимни чунин раванд, ҳосил кардани андеша ва ақидаи нав меҳисобид, маншаъ гирифтааст. Ҳамин аст, ки ҳамон фармудаи “Ҳақиқат зодаи баҳс аст”, бармегардад ба андешаи Юнони бостон ва махсусан ба андешаи Суқротӣ. Афлотун, ки шогирди Суқрот буд, ҳамин усулро дар ҷаҳоншиносии худ корбаст намуд. Яъне ӯ чун Суқрот мутмаин буд, ки пеш аз оне, ки инсон ба шарҳ ва шинохти ҳаводиси ношинохта равад, бояд пеш аз ҳама “худро бишносад”. Ин тарзи андеша решаи аввалии кори фалсафа ва хирадандешӣ шуда, инсонҳо қарнҳо дар ин мавзӯъ андешиданд ва махсусан суолоти ин ки инсон кист, дорои чи вижагиву хислат аст, боиси он гардид, ки даҳҳо равияҳои илмӣ, ки бунёди онҳоро омӯзиши инсон ташкил медиҳад, ба миён оянд. Ҳамчунин, худи тарзи андеша ва шинохт ба услуби дигар баррасӣ гардид. Яъне чизҳои ношинохта ба шинохти мо ниёз надоранд, онҳо дар худи худ аз рӯи қонунмандиҳои муйаян мавҷуданд. Ин мо инсонҳоем, ки ба шинохти онҳо ниёз дорем ва аз ин шинохт мехоҳем барои ҳалли мушкилоти гуногуни зистию иҷтимоии инсон истифода намоем. Аз тарафи дигар, инсонҳо бо ҳам ниёз доранд ва ин ҳамгироию ҳамзистӣ дар масири шинохти худ ва шинохти табиату ҷомеа, ҳамчунин созандагии дурнамои зисти худ, он хушкандешии осмонмеҳварро бар замин кашонид. Чунин тафаккури инсоншиносӣ ва инсонгарёна ҳамчунин андеша намудан барои беҳзистии инсон дар баробари тафаккуроти ҷодуии баста ва мутлақгароии гузашта, ки онро рангҳои мазҳабиву бовар ҷилва медиҳанд, ҳамвора хирадандешӣ дар набард будааст. Ин масъала ба он рабт мегирад, ки мутлақгароён чун тамоми ҳастиро аз пеш сохта, тағйирнопазир ва аз пеш қонунгузорӣ шуда, медонанд аз ин рӯ инсонро онҳо ба шакли аспоббозии офаридгор медонанд, ки дар осмонҳо ҷой дорад ва вазифаи инсонро низ дар ҷиҳати розӣ ва қонеъ намудани хостаҳои ин офаринанда меҳисобанд. Чунин навъи бардошт сабаби он шудааст, ки қисми зиёде аз инсонҳо ба ҷойи пеш гирифтан ба самти ҷӯстору пажӯҳиш ва созандагӣ баҳри дарки нашнохтаҳо ва пешрафтҳои илмию технологӣ ба таассубзадагони хашин табдил шаванд ва дар охируламр бар алайҳи дигарандешон ё нафароне, ки хирадбовар паужҳишгар ва илммеҳваранд ба ҳайси як лашкариву нобудгар табдил ёбанд. Дар дарозои таърих чунин нафарон ҳамчун бо номи ҳимоят аз дину оин ҷӯйҳои хунро тавассути қатли хирадандешон ба миён овардаанд.
Вомондагии башар дар дарозои ҳазор соли ҳокимияти теократӣ дар ғарб ҳамчунин бархурдҳои шадиди динию мазҳабӣ, ки боиси марги ҳазорон ҳазор шудаву дар якҷо пойкуфтан гардидаанд, аз ҳамин тарзи яқинандешӣ ва мутлақгароии бовармандӣ маншаъ мегирад. Мутлақгароӣ равандаи таҳаввули ҷаҳонро эътироф намесозад. Ҳол он ки воқеъияти ҷаҳон дар он аст, ки он ҳамеша дар ҳоли таҳаввулу дигаршавӣ қарор дорад ва ҳеҷ чизи собит дар олам мавҷуд нест.
Баръакси мутлақандешӣ хирадгароиву шаккандешӣ сабаби ба вуҷуд омадани донишҳои нав шинохти воқеӣ аз ҷаҳон гардида, дар раванди татбиқи ин гуна андешаҳои пажӯҳишшудаи илмию мантиқӣ садҳо навъи дастовардҳои илмиву фанновариҳо ба миён омадаанд, ки онҳо тавонистаанд дар рушди ҷомеаи башарӣ, ҳалли мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ нақш бозанд. Аз даврони Эҳё ва баъд аврупоиён пайваста бо услуби хирадандешӣ, шубҳагроӣ ва мавриди бозбинӣ қарор додани тамоми арзишҳои қаблии масеҳӣ тавонистаанд, садҳо шохаҳооро дар илм ва натиҷаи он анвоъи мухталифи фанновариҳоро ба миён оваранд. Бо шинохти воқеъияти табиӣ, кашфи қонунмандиҳо дар равандҳои табиӣ, анвои гуногуни фанновариҳоро ба миён оваранд ва бадин восита, ниёзҳои инсонии хешро дар сатҳи болотар таъмин намуда, саодатмандии зиндагии хешро ба миён овардаанд. Ба ибораи дигар, метавон гуфт тамоми сохтаҳои дасти башар маҳсули хираду андешаи ӯ, маҳсули шинохти дуруст аз воқеиёти табиию иҷтимоиянд. Зеҳнияти ҷусторгари инсон ва қонеъ набудан дар баробари ҳар гуна шинохт ва мавриди нақд қарор додани андешаҳо, сабаби он гардидаанд, ки дар 500 соли охир башарият бо суръати ниҳоят баланд рушд намояд ва маҷмӯи дастовардҳое, ки ба ин 500 соли охир марбутанд аз тамоми дастовардҳои дар дарозои миллион соли мавҷудияти инсон болотаранд.
Имрӯз ҳар кишваре, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсиргузор ва қудратманд аст, қудрати он ба илму дониш, хирадандешӣ алоқаи ногусастанӣ дорад ва баръакс, ҳар мардуме ё кишваре ки бо мутлақандешиву бовармандӣ ҷаҳонро пазируфтааст, мухолифи сарсахти пешрафт буда, дар он нерӯҳои зеҳнӣ арзиши чандоне надорад. Дар ҳоле ки барои кишварҳои бузурги ҷаҳон аз ҳама сармояи бузурги қудрат ва таъсиргузорӣ нерӯи зеҳнӣ ва дастовардҳои илмӣ ба ҳисоб мераванд, ки ин ҳама маншаъ гирифта аз хирадандешию ақлбоварианд. Имрӯз на танҳо дар сохтмони иқтисод ва шинохти табиат, балки дар шинохти худи инсон робитаҳои инсонӣ низ хирадандешиву дастовардҳои илмӣ ниҳоят муҳиманд. Он ҷо ки рушди хирадандешӣ бошад, ҷомеаи солими дар ҳоли рушди динамикӣ ба миён меояд ва ин навъи ҷомеа ҳамеша пӯё таҳаввулпазир ва дар ҳоли дигаршавии ҳамешагӣ рӯ ба самти боло хоҳад буд. Барои аҳли кишвари мо низ имрӯз зарур аст, ки аз ин хирадандешӣ кор гиранд, то ин ки ҷиҳати пешрафти кишвар ва рақобатпазирии он дар баробари ҳама гуна хатарҳои иҷтимоию сиёсӣ муқовиматпазир гардонидани баданаҳои иҷтимоӣ саҳм бигаранд. Ҳоло барои башар ба ҷуз аз роҳи хирадандешӣ ва бадин васила ба даст овардани паужҳишҳои илмиву дар заминаи онҳо офаридани фанновариҳои навин роҳи дигаре барои ҳалли мушкили иқтисодиву иҷтимову сиёсӣ вуҷуд надорад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа