Пеш аз ҳама ман таъзияи амиқи худро ба пайвандону наздиконе, ки дар ҳодисаи охири моҳи ноябри соли равон ҷони худро аз даст доданд, баён менамоям.
Ин ҳодисаҳои фоҷеабор ба тамоми Тоҷикистон ва тоҷикистониёни дохили кишвару беруни он таъсири ногувор гузоштанд. Он оромии Бадахшонро баҳам зад.
Аз ҷунбишҳое, ки ҳоло барои ҳалли қазияи мазкур дар Бадахшон ба мушоҳида мерасанд, пайдост, ки кор бо мушкилӣ пеш меравад.
Сабаб дар чист? Ба назарам, сабаби асосӣ дар он аст, ки дар ибтидои сар задани воқеа, яъне дар моҳи феврали соли 2020, он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ дар доираи қонун ҳаллу фасл нагардид. Агар корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Роштқалъа, ки барои сохтани шиносномаи қалбакӣ ба духтаре, ки баъдан сабаби ба моҷаро кашида шудани сокини деҳаи Тавдем Гулбиддин Зиёбеков ва ёвари додситони ноҳия Абдусалом Абирзода мегардад, барои ситондани ришва ва даст задан ба ҷиноят сари вақт ба ҷавобгарӣ кашида мешуд, на кушта шудани Гулбиддин ба вуқӯъ мепайваст, на гирдиҳамоиҳои эътирозие, ки ба тамоми ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонданд.
Яъне, агар ба решаи масъала назар кунем, сабабгори сар задани силсилаи ҳодисаҳои мазкур ба бесалоҳиятӣ ё хунукназарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Роштқалъа рабт мегирад.
Назар ба қавли собиқ раиси вилоят, ҳодисаи ришва гирифтани корманди милисаи ноҳия то ба мақомоти вилоятӣ маълум гаштааст. Пас, пурсида мешавад, ки чаро аз болои он корманди милиса барои ситондани ришва ва аз болои ёвари прокурор барои пинҳон нигоҳ доштани фасоди корманди милитсия ва зиёда аз ин ваъда додани сохтани шиносномаи қалбакӣ ба он духтар парвандаи ҷиноятӣ боз нагардид?
Гузашта аз ин, вақте ҳодисаи шиканҷа гардидани Абирзода аз ҷониби Гулбиддин расонаӣ шуд ва он дигар ба як ҷинояти исботгардида табдил ёфт, барои чӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратии ноҳияи Роштқалъа ё вилоятӣ, барои ба маҳкама кашидани иштирокдорони ҳодиса коре анҷом надоданд?
Комилан бовар дорам, агар ҳамон вақт парвандаҳо боз мегардиданду мақомот ҷиддан аз пайи таҳқиқи одилонаи ҳодиса мешуданд, ҳоло на риштаи ҳаёти Гулбиддин канда мешуду на дар вилоят эътисобҳое ба вуҷуд меомаданд, ки ҳоло ба дарди сари тамоми халқу ҳукумат дар миқёси ҷумҳурӣ мубаддал ёфтанд.
Ин ҳодиса бори дигар исбот кард, ки дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят муносибати бевиҷдонона, бесалоҳиятона ва хунукназарона ба вазифаҳои хизматии худ сахт реша давондааст!
Иллати фаъолияти ғайриқаноатбахши мақомот дар ВМКБ дар чист? Пеш аз ҳама дар рӯйбозиву риёкории кормандони он.
Онҳо намехоҳанд, ки бо ин ё он шахс, ҳатто он одам ҷинояткор ё ба ҷомеа хавфнок ҳам бошад, муносибати худро вайрон кунанд. Мутаассифона, чунин шеваи рафтор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Бадахшон дар замони Шӯравӣ ҳам буд ва ҳоло низ аз байн нарафтааст.
Ман дар солҳои 90 то 94- ум дар Радиои вилоятии Бадахшон барномаҳои ҳуқуқӣ доштам ва чандин парвандаро мавриди таҳлил қарор додаам. Аз барои Худо, ягон парвандаеро дар ёд надорам, ки он ба фоидаи шахси ҷабрдида ҳал шуда бошад. Барои муқовиматам бо органҳои ҳифзи ҳуқуқ чанд бор мавриди таҳдиду шантажи онҳо низ қарор гирифта будам.
Сабаби рӯю риёбозӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон дар чист? Боре аз раиси Суди вилоят (ё шояд прокурор буд) Иванов суол кардам, ки хулосаи коратон дар Хоруғ чист? Ҷавоб дод, ки: “О какой работе ты говоришь? В Хороге кругом одни питиши. Тут некого ловить” — (“Дар бораи кадом кор ҳарф мезанӣ? Дар Хоруғ ҳама питиши (амакбача, холабача) якдигаранд. Ин ҷо касеро дастгир кардан мумкин нест).
Ҳамин руйхотирбозӣ боис гардид, ки одамони ҷинояткор беҷазо монанд. Вақте барои ҷиноят ба маҳкама кашида намешаванд, дар назари ҳамгинони худ қаҳрамон метобанд, ба шахсияте табдил меёбанд, ки ҳатто милисаву прокурор аз вай метарсанд. Ва ба лидери ғайрирасмӣ, вале бисёр соҳибнуфузи ҷомеа табдил меёбад. Яъне, чунин лидеронро тарсуӣ, бесалоҳиятӣ, бевиҷдонӣ, вазифаношиносӣ, ришвахорӣ, хешутабору ошнобозии худи мақомот ба вуҷуд меорад!
Агар ба гапам бовар накунед, марҳамат, ба таърихи ташаккули ҳар як лидери имрӯзаи ғайрирасмии вилояти Бадахшон рӯ оваред.
Аз соҳибмансабони даврони Шӯравӣ сар карда, то имрӯз, даст рӯи дил гузошта, иқрор оваранд, ки чанд маротиба ин лидерон ба доми қонун афтодаанду онҳо нисбаташон ё парванда оғоз накардаанд, ё виҷдони худро фурӯхта, қатъ кардаанд.
Пас, аз рӯи инсоф бигӯед, ки ин қаҳрамононро кӣ ба вуҷуд овард? Мансабдорон ё халқи одӣ? Мансабдороне, ки дар паси парда солҳо чеҳраҳои мунофиқонаи худро пинҳон сохтаанд ё ҷавононе, ки имрӯз ба сабаби надонистани моҳияти масъала аз рӯи номуси хешутабордорӣ ба ҳимояти ин ё он лидер бармехезанд?!
Ман инро барои чӣ мегӯям? Барои он ки мо бояд барои ҳал намудани қазияи чандинсолаи Бадахшон бо чашми ҳақиқат ба он назар андозем. Ва дар ёд дошта бошем, ки ин масъала аз ҳар ду ҷониб, ҳам аз ҷониби тазоҳургарон ва ҳам аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо роҳи гарданшахӣ, зӯрӣ ва фишору таҳдид ба ҳеҷ ваҷҳ ҳал намешавад! Роҳи маҷбурӣ ҳалли ниҳоии онро танҳо ба як муддати кӯтоҳ қафо мепартояд. Дар сурати пайдо шудани камтарин имкон он ба мисли дарди муваққатан карахтгардонда аз сари нав хурӯҷ менамояд.
Бинобар мулоҳизаҳои зикрнамуда, хулосаи ман чунин аст, ки ба хотири комилан аз байн бурдани норозигии халқи Бадахшон ва таъмини оромии босубот дар вилоят органҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъалаҳои вобаста ба қазияи Гулбиддин бамиёномадаро дар доираи талаботи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон бидуни гузашт ба намояндагони гунаҳкор аз тарафи мақомот ва эътирозгарон баррасӣ намуда, шаффофияти онро тавассути ВАО таъмин намоянд.
Бояд ба назар гирифт, ки дар шаҳру деҳоти тангу камаҳолии Бадахшон ягон ҳаракату коре аз назари мардум пинҳон намемонад.
Ин омил дар масъалаи муносибати мардум ба мақомот ва дараҷаи обруву нуфузи мақомот дар байни халқ нақши калидӣ дорад.
Ман ҳамдиёронамро ба ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ёрӣ расондан ба онҳо барои ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷинояткор даъват менамоям.
Бояд тазаккур дод, ки бо мустаҳкам шудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ акнун имкони халос хӯрдан аз лидерони ҷудоиандоз, нашъафурӯш, тангназар ва худписанд ба вуҷуд омадааст. Ҳукумат мехоҳад, ки ба тантанаи чандинсолаи ин гурӯҳҳо нуқта гузорад, зеро онҳо муттасил бо кирдорҳои авбошонаи худ ба кори муътадили мақомот ва осудагиву оромии шаҳрвандони одӣ халал мерасонанд. Низоъҳоеро, ки онҳо дар ҷомеа меандозанд, боиси хушнудии бадхоҳони миллат ва давлат, онҳое мегардад, ки ҷумҳурии моро дар солҳои 90-ум ба коми оташи ҷанг тела дода буданд.
Вале бояд дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дасти ҳукумат ба тамоми соҳаҳо мерасад, он қодир аст, ки амнияти шаҳрвандонро дар ҳама гуна вазъу ҳолат ҳимоят намояд.
Ман дар муддати даҳ соли охир дар мақолаҳоям чандин маротиба ба масъалаи Хоруғ, ки маркази асосии нобасомониҳои вилоят мебошад, рӯ оварда, андешаву бардоштҳоямро навишта будам. Мақолаҳоям боиси гуфтумонҳои зиёде ҳам гаштанд. Ҳатто ҳақоратҳои қабеҳ ҳам шунидам. Вале бо ҳақорату дашному таҳқири онҳое, ки масъалаҳои доғи Хоруғро ба миён мегузоранд, гиреҳи мушкилот боз намегардад. Мардуми Помирамон ҳамин хел – танқиду гапи ростро шунидан намехоҳанд. Фарзандашон, хешу таборашон авбошӣ ҳам кунад, ҳатто ягон касро кушад ҳам, бояд органҳои давлатӣ ба вай кор нагиранд. Ҳатто ба маҳкама ҳам кашанд, чандин хешу табору ёру ҷӯрааш ба такудав медароянд, ки ӯро суд накунанд. Дар ин бора даҳҳо мисол оварда метавонам, лекин бо яктояш иктифо мекунам.
Моҳи июли соли 2018 ҳангоми рухсатӣ ба зодгоҳам рафтам. Ҳамон шабу рӯз кадом як ҷавоне дар роҳи ҷониби санаторияи Ҷелондӣ шахсеро, ки дар қади роҳ дар назди автомобили худ истодагӣ будааст, зер карда, ба ҳалокат мерасонад. Шоҳидони ҳол гуфтанд, ки ронанда мошину шахси дар наздаш истодаро возеҳу равшан дидааст, аммо рост омада, он мардро зер карда будааст. Ин ронандаи бехирад, (мутаассифона, номаш дар хотирам намондааст), чанд моҳ пеш аз ин, ба ҳамин тариқ, шахси дигареро ҳам бо мошини худ зер карда будааст. Бо такудави хешу табораш ӯ аз суд шудан наҷот меёбад. Ҳатто аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрумаш ҳам накардаанд. Дар натиҷаи пӯшондани он ҷиноят ин ҷинояти дигар сар мезанад. Боз ҳамон хешу табор – питишу амаку тағову акаву додару янгаву қайсингулу ҳоказо дастҷамъона барои аз ҷавобгарӣ озод кардани он бадбахт ба такудав меафтанд.
Ман барои дидани дӯстам – генерал Паноев ба хонааш рафта будам, ки телефонаш занг зад ва кадом хеши ҳамин ронандаи бетавфиқ аз ӯ илтимос кард, ки барои аз дасти органҳо халос кардани ӯ барояшон кумак намояд. Генерал сахт ба ғазаб омад ва гуфт: “Ба дасти ман бошад, ин хел падарсагро ба ҳабси якумрӣ мешинонам!”
Ҳоло равшан намедонам, он ҷинояткорро ба ҳабс гирифтанд ё тибқи “қонунҳои дохилии хоруғӣ” ҷавобаш доданд, аммо возеҳан медонам, ки даҳҳо ҳамин гуна девонабашараҳои дебил дар ин қаламрав ба далели “маш вирод”, яъне худӣ буданашон, аз подоши амал дар канор мемонанд.
Рӯирост бояд иқрор шуд, ки ҳанӯз дар охирин рӯзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукумати реалӣ дар шаҳри Хоруғ ба дасти саркардагони олами ҷиноят гузашта буд. Мардуми одӣ аз онҳо метарсиданд, чун аз дасти онҳо ҳама гуна кори паст меомад. Органҳои дахлдори давлат нисбат ба онҳо мавқеи бетарафона гирифта буданд, чун агар милиса дастгир кунад, прокурор ҷавобашон медод, прокурор дастгир кунад, суд бегуноҳашон мебаровард ва ҳоказо. Сабаб боз ҳамон питишбозӣ, хешутаборчигӣ, ҳамшаҳригарӣ…
Ҳоло ҳама дар хусуси печидани иддаи бузурги ҷавонони Хоруғу атрофи он ба афюну бангу ҳероин ҳарф мезананд. Вале шояд на ҳама донанд, ки заминаи онро наркобаронҳои машҳур Алёша-Горбун ва Ҳофизу ёру ёварони онҳо ҳанӯз дар солҳои 80-ми асри гузашта гузошта буданд! Аммо аз он ки касе пишаки онҳоро пишт нагуфт, ин рӯбоҳон аз пушти маводи мухаддира сарвати ҳангуфт андӯхта, ба шерони жаён, ҳатто қаҳрамонон табдил ёфтанд. Аз мусолиҳакориву саҳлангории мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ дар атрофашон лидеру лидерчаҳои нав ба нав пайдо шудан гирифтанд ва Хоруғу Шуғнонро дар байни худ тақсим карда, ҳокимони мутлақ шуданд.
Агар ин лидерҳо ба ҳамин сурате, ки гуфтам, пайдо нашуда бошанд, марҳамат, касе далелу исботи дигаре дошта бошад, бигӯяд, ман аз ӯ ва хонандаи ин матлаб расман узр хоҳам пурсид.
Дар солҳои аввали истиқлол ин лидерон мардуми моро ба чӣ балоҳо гирифтор карданд, барои ҳар шахси солимфикре, ки ҷанги худкушии тоҷиконро аз сар гузарондааст, мисли офтоб равшан аст.
Ман андешаҳою ёддоштҳоямро дар ин бора дар китоби “Одами тиллоӣ”, маҷмӯи хотираҳоям бо номи “Хоруғ 1994-95” ва ғайраҳо ба чоп расондаам. Ба аксари ҳамдиёронам, ҳатто дӯстони наздикам писанд наомаданд. “Чаро дар бораи мардуми худат чунин чизҳо навиштӣ?” озурдахотирона мепурсанд онҳо.
Пас аз ин хел гуфтумонҳо ба худ савол медиҳам: “Оё наркобаронҳову шӯрапуштону тангназарону маҳалчиёни ашаддие, ки боиси бадбахтии тамоми халқи ман гардидаанд, “мардуми мананд? Оё ба ин далел, ки инҳо ба забони модарии ман гап мезананду дар кадом як зовияе риштаи хешовандамон ба ҳам гиреҳ мехӯрад, бародарони мананд? Оё ба хотири ҳамтабор будан, аз тамоми бадбахтиҳое, ки ин ноҷавонмардон ба сари мо оварданд, чашм пӯшаму “девор афтад дарун афтад” гуфта, ба даҳон об гирифта, бинам, ки инҳо боз ба чӣ тавтеаҳое даст мезада бошанд.
Ҳазор афсӯс, носазо гуфтану ҳақорати қабеҳ додану таҳқир намудани одамони барӯманди Бадахшонзамин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба расми одӣ табдил ёфтааст. То ба дараҷае, ки як рӯз агар ягон рафтори он шахс ба табъи баҳимонаашон мувофиқ афтад, ӯро ба осмони ҳафтум мебароранд. Аммо Худо накарда, ягон ҳарф ё амалаш дар назари онҳо зидди манфиатҳои бӯгинашон намояд, тӯфони ҳақорату бӯрони маломат ба сари ӯ дарёи равон мешавад. Ва чун шахсони дучори бемории склероза аз ёд мебароранд, ки дирӯз ӯро фариштаи пок бароварда буданд. Барҷастатарин мисол барои ин иддао гуфтумонҳои як соли охири шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси раиси пешинаи вилоят Ёдгор Файзов мебошанд. Бахусус, ба гурӯҳҳое таваҷҷуҳ намоед, ки онҳо ба Бадахшон рабт мегиранд.
Назар ба норизояту ҳақоратҳои баёншуда, ки аксар ба забони шуғнонӣ навишта шудаанд, Файзов набояд амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон ё ҳукумати онро иҷро кунад; бояд бар зидди ҳукумати марказӣ амал намояд ва ҳатто Президентро дар Бадахшон на қабул кунад, на меҳмондорӣ!! Олитарин намунаи ифрот дар маҳалчигиву меҳмонбадбинӣ!
Калонсолон медонанд, ки ҷанги худкушии солҳои 90-ум бо “ташаббуси” ҳамин гуна хушкмағзони тангназари тундрави ифротӣ сар зад ва талхии онро миллати мо то ба ҳол чашида истодааст.
Шӯрандозиву авантюристии ҳамин гуна бефаросатони давр буд, ки Хоруғи орому осуда ба нооромтарин нуқтаи Тоҷикистон мубаддал гашт. Илм, фарҳанг, адаб, маориф ночиз шуд. Зӯроварӣ, ҳамдигаркушӣ, нашъамандӣ, духтарҷаллобӣ, авбошпарастӣ ба авҷи аъло расид. Аҳли фазлу ҳунар муҳтоҷи як пора нон гашт. Бар замми нодориву қашшоқӣ ҳар замон мавриди озору таҳқири авбошону ҷиноятпешагоне, ки ягон мақоме, пеши роҳашонро гирифта наметавонист, қарор мегирифтанд. Ба ин сабаб ҳамаашон роҳи пойтахт ё дигар шаҳрҳои амни ҷумҳуриямонро пеш гирифтанд. Ман, ки фаъолтарин узви маҳфили адибони вилоят будам, дар фазои зангзадаи Хоруғ дигар нафаси озод кашида натавониста, соли 1995 ба Душанбе кӯчидам. Як сол пас нависандаи забардаст устод Наҷмиддин Шоҳинбод ба Хуҷанд кӯч баст. Баъд Раънои Мубориз ҳам дигар бо муҳити атроф мадоро карда натавонисту ӯ ҳам ба пойтахт омад. Дар ин солҳои наҳс даҳҳо овозхон, мутриб, ҳунарпеша, муҳандис, меъмор, наққош ва намояндагони дигар касбу кор Хоруғи гулрангро бебозгашт тарк карданд. Дар натиҷа, фазои маънавии бе ҳамин ҳам тунук тамоман холӣ гашт. Бехирадон бар бохирадон, ҷоҳилон бар оқилон, тангназарон бар дарёдилон, зулмот бар равшанӣ пирӯз гашт. Аз шоирони номвар, ба сабаби куҳансолӣ, дар Хоруғ танҳо устод Ширин Бунёд монд, ки шамъи рақиқи маърифату адабро аз пуфбоди ҳодиса нигаҳбонӣ мекард.
Аммо ҳамин як шоирро ҳам дар он муҳит рӯи хуш надоданд. Ҳатто пас аз маргаш ҳам тангназарони бемаърифат, назар ба қавли як дӯстам, портрети филизии дар сари роҳи деҳааш гузоштаро бо сангандозӣ сӯрох-сурох кардаанду баннери акси дар маркази ноҳия гузоштаи ӯро ҳамин сол оташ задаанд!!
Оё дидаед ё шунидаед, ки дар Панҷакент ё Хуҷанд ё Кӯлоб ё Ҳисор ё Ғарм халқ ба шоири номвараш чунин муносибатро раво дидааст?! Пас шумо – эй ҳамдиёрони маърифатбадбини ман беҳтаред ё онҳое, ки ҳамдиёрам наянд, вале бадтарин авбошашон дар хусуси нобуд кардани акси аҳли адабу илм ҳатто андеша ҳам намекунад?
Пас, ман пас аз ин ҳама таҳқир боз ҳам тарафи шуморо гирам? Ё “сари кафида зери тоқӣ” гӯяму сӯзаму дам ба дарун зада бишинам?!
Наметавонам!
Хоруғ ҳам бояд билохира ба шаҳри ором, меҳмондӯст ва муътадилавзоъ табдил ёбад. Барои расидан ба чунин мақсад дар навбати аввал бояд нуфузи атаманҳои кӯчабозориро ба сифр баробар кард. Дигар, ҳамаи онҳоеро, ки таҳти таъсири ин лидерҳои худобехабар фазои зиндагии шаҳрро олуда месозанд, зери назорати мақомоти дахлдор гирифта, барои баромадан аз ин буҳрони равонӣ ба онҳо ёрӣ расонд.
Росташ, ман фикр мекардам, ки солҳои охир эҳсоси бегонабадбинӣ дар Хоруғ хеле кам шудааст. Аммо ин гумонам иштибоҳ баромад: мисли ҳарвақта ҳоло ҳам шахси аз минтақаи дигар омадаро даррав мавриди “тергав” қарор дода, аз ӯ базӯр пул мекананд. Моҳи июли ҳамин сол (2021) бо дӯстони душанбегии худ ба Хоруғ рафта, ба мақсади харид дар назди бозори марказӣ автомобиламонро нигоҳ доштем. Ҳанӯз дари онро накушода, дар наздамон марди тахминан ҳамсоли ман ҳозир шуд ва ба ронанда гуфт: “Ин ҷо система ҳаст, системаро бояд риоя кунӣ”.
Ман ӯро зери маломат гирифтам. Вай таҳдид кард, ки “ман туро ҳоло бурда, разбор мекунам”. Лекин чун дид, ки ба шуғнӣ гап мезанаму аз ӯ сари тарс надорам, ғур-ғуркунон туъмаи худро раҳо кард.
Пас, инсофан бигӯед, ки бо ҳамин гуна муштзӯрону бадниҳодон Хоруғ чӣ обрӯе касб карда метавонад?
Ё дар ин бора ҳам нагӯем, зеро он марди “системачӣ” одами худисту худӣ агар кофармоҷаро ҳам бошад, ба ӯ коре набояд бигирем?
Ба фикрам, не! Вақти муросову мадоро бо чунин ашхоси фикргандида гузашта рафт!
Давои тамоми ин дардҳо итоати бечунучаро ба қонун ҳасту дигар ҳеҷ.
Бояд аз раис сар карда, то шаҳрванди қаторӣ қонунро риоя намояд, дар акси ҳол, ба ҷои лидерҳои аз кор афтода лидерҳои нав бо ҳилаву найрангҳои тоза пайдо шуда, боиси эҷоди мушкилиҳои боз ҳам печидатар мегарданд.
Ато Мирхоҷа, адиб