Яке аз омилҳои муҳиме, ки боиси хавфу хатарҳои мудҳиши ҷомеаи муосир гардидааст, ин ифротгароӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои динию террористӣ ба ҳисоб меравад. Бо рушди илму техника дар ҷомеа ташкилотҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ба ҳар роҳу восита барои ба даст овардани манфиатҳои худ мехоҳанд, ки бузургтарин ҳадаф ва нақшаҳои терористиашонро дар ҷомеа амалӣ созанд.
Вобаста ба ин мушкилот ҳоло мо шоҳиди даҳҳо амалҳои терористӣ аз ҷониби гурӯҳу ташкилотҳо мешавем, ки бо истифода аз динни мубини Ислом амалӣ гаштаанд.
Боиси қайд аст, ки мушкилии асосӣ имрӯз дар ҷомеа, ин шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мебошад ва мутаасифона, ин масъала дар тамоми кишварҳои сайёра ба чашм мерасад.
Доир ба масъалаи мазкур коршиносони умури сиёсӣ ба он назаранд, ки асосан қисме аз ҷавонон фаҳмиши аниқу дақиқ дар бораи гурӯҳҳои террористӣ надошта, ҳама маълумоти динние, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас мекунанд, намедонанд, ки худи паҳнкунандагони ин иттилоъ дар кадом дину равия қарор доранд.
Ин нуктаро зимни суҳбат устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Таваллоев Музаффар махсус қайд карда, таъкид ба он дошт, ки барои пешгирии ин мушкилот бояд пеш аз ҳама ба ҷавонон маълумоти дурусту дақиқ дод ва мақсади ин гурӯҳҳои террористиро ба онҳо фаҳмонд. Ба ин васила онҳо ҳама ҳодисаҳои дар ҷаҳон ба амал омадаро дарк намуда, огаҳ мешаванд, ки зери фишори кадом гурӯҳҳои ифротӣ қарор доранд.
Зимни суҳбат вобаста ба ин мавзӯи доғи рӯз устоди факултети журналистикаи ДМТ Муҳаммад Аминзод гуфтанд: “Терроризм ва ифротгароӣ падидаи номатлубе ҳастанд, ки хавфу хатарҳои даҳшатбори онҳо тамоми чомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз мо шоҳиди чандин амалҳои хатарфзуни созмонҳои террористӣ ва гурӯҳои ифротгароӣ гардида истодаем, ки бемайлон дар ҳоли таъсир расонидан ба афкори чомеа, мафкураи чавонон амнияту суботи кишварҳои ҷаҳон мебошанд. Яке аз воситаҳои таъсиррасонӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ маҳз шабакаҳои иҷтимоиро ном гирем хато намекунем. Зеро имрӯз интернет ба маҷрое табдил ёфтааст, ки тамоми созмонҳои террористӣ ва гуруҳои ифротгароӣ воситаи хубе барои таъсирасонӣ ба мафкураи ҷавононро пайдо намудаанд. Аз ин рӯ ҳар як чавон бояд истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро ба манфиати худ истифода бурда аз ҳаргуна сомона ва саҳифаҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ дошта ҳазар кунад.
Воқеан ҳам яке аз омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ин аз бепарвоӣ ва нодуруст истифода намудани шабакаҳои ичтимоӣ мебошад. Роҳи ҳалли ин мушкилот ҳазар кардани ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё тарзи дуруст истифода намудани онро хуб дарк намоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дарсҳои тарбиявӣ аз ҷониби мақомот ва коршиносони сиёсӣ ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ раҳнамун месозад.
Сафиаллоҳ Саидов, донишҷӯ