(бахшида ба 70-солагии Қурбоналӣ Ҳасанов (31.08.1952 14.10.2020))

Қурбоналӣ Ҳасанов аз дудмоне зода ва ба воя расида буданд, ки дар он хонадон, пеш аз ҳама, инсонигариву одамияти баланд, донишу хиради азалӣ, меҳру муҳаббат, самимияту садоқат, маданияту фарҳанги воло бо тамоми ҷанбаҳояш мустақар гаштаву, истеҳком ёфта буд. Падари бузургворашон Ҳасан Карамовро, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд ва аз шахсиятҳои саршиносу маъруф буда, аз саргаҳ то поёноби Зарафшан хурду бузург мешинохтанду эҳтиром ба ҷо меоварданд. Дар он водӣ ба кадом рустову минтақае қадам нагузоред, бисёр шахсон чун фаҳманд, ки аз деҳаи Искодар ҳастед, мегуфтанд, ки мо Карамовро мешиносем, мо бо Карамов дӯстӣ дорем, мо бо Карамов хешу табор ҳастем. Агар роҳгузаре вориди деҳ мешуд, хонаи Карамовро мепурсиду зиёрат мекард ва ё барои дидорбинӣ омада, меҳмон мешуду нону намак мечашид. Бобои Ҳасан шахси дастурхондору меҳмоннавоз ва сухандону суҳбаторо буданд. Ба хотир дорам, ки Бобои Ҳасан дар овони пирӣ ба ҳар касе, ки ба аёдаташон меомад, ин байти дилнавози Абдулқодири Бедилро ба забон меоварданд:

Ба дил гуфтам, кадомин шева душвор аст дар олам,

Нафас дар хун тапиду гуфт: поси ошноиҳо! 

Маҳз ҳамин гуна ёру дӯстонро ҳурмат кардану нону намак додан, дастгирӣ кардану хостаҳои онҳоро бароварда сохтан, шахсияти Бобои Ҳасанро маъруфият эҳдо намуда, маҳбуби ҳамагон карда буд. Ҳатто дар бистари беморӣ хобида, гӯшаки телефонро бардошта, рақам чида, бо овози ҳаяҷоновар ва ғурури мардонагӣ “Қурбоналӣ, бачем, фалонӣ ба мушкилие дучор шудааст, корашро ҳал кун”- гуфтанҳояшон ба дили корафтодагону дармондагон шуълаи умед мебахшид ва барҳақ мушкилиҳо рафъ мегаштанд. Ин буд, ки Қурбоналӣ Ҳасанов ҳар боре аз падари адимунназирашон ёдовар мешуданд, бо як эҳсосоти баланд ифтихормандона мегуфтанд, ки “эҳ, додом барин дигар ягон шахсе нест, он кас ягона буданд…”

Бобои Ҳасан чор писар доштанд: Қурбонқул, Қурбоналӣ, Карамалӣ, Акрамалӣ, ки ҳар кадоме аз дигаре монданӣ надоштанд ва гӯё чор рукни он хонавода дар чор канори он буданд.

Бобои Ҳасан бо ин гулписаронашон  ифтихори зиёд доштанд. Вале замоне иттифоқ афтод, ки тақдир хотири он касро озурда сохт. Карамалӣ соли 1986 дар синни 32-солагӣ ҷон ба ҷонофарин супурд. Ин зарбаи сахте ба руҳу тавони Бобои Ҳасан буд.

Он замон Қурбоналӣ Ҳасановро низ марги бародарашон Карамалӣ хеле ранҷуру озурда сохта буд, ту гӯӣ дидаҳо гирёну ҷигарашон бирён буд, аз ғаму ғусса саропо месӯхтанд. Бахусус, вақте ки писари ҳанӯз яксолаи аз меҳри падарӣ маҳруммондаи Карамалӣ – Шаҳбозро медиданд, дар чашмонашон ашк ҳалқа мезаду ӯро сахт ба оғӯш мегирифтанду мебӯсиданду ғамхориву темордорӣ мекарданд, бо лаҳни хоси худ меҳру самимияти фитрии хешро дареғ намедоштанд. Дар хотир дорам, ки соле баъд Шаҳбози сесоларо пуштора гирифта, аз чашмаи Мирқозӣ пас аз сайру гашт ба ҷониби хонаашон меоварданд ва бо гӯшаи ҷомаашон ӯро мепечониданду мепурсиданд, ки бачаҷон, Шаҳбозҷон, хунук нахӯрда истодаед, ҷоятон бароҳат аст, манзараҳои атрофро тамошо дода, мехостанд табъашро хуш кунанд.

Дар тӯйу сурҳои мардуми рустои Искодар ва дигар деҳаҳо ташриф овардани акои Қурбоналию Акрамалӣ гӯё тӯй болои тӯй маҳсуб меёфт. Акрамалии суханвару суханпардоз чун садри давра маъракаро бо зикри ашъори шоирони классику муосир, алалхусус устод Лоиқ Шералӣ ва каломи нобу мубаррояш, ки фараҳафзо ва моломолу мамлуи лутфу марҳамат буданд, обод мекарду зебу зинат мебахшид, ки тамоми сомеон муштоқи шунидан буданд. Чунин манзараро аҳли деҳ тамошо карда, ба ин бародарон бо ҳавас назар мекарданду дуои нек медоданду орзу мекарданд, ки фарзандонашон пайрави акои Қурбоналию бародаронашон бошанд.

Ҳангоми донишҷӯйи соли аввали факултети ҳуқуқ буданам акои Қурбоналӣ пайваста аз рафти хониш ва донишандӯзиям пурсон мешуданд, дар рафъи мушкилоти пешомада мусоидат мекарданд.

Дар давраи ба мақомоти прокуратура ба кор даромаданам низ акои Қурбоналӣ бароям раҳнамою раҳкушо буданд. Соли 1997 ба ҳайси ёвари прокурори ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и шаҳри Душанбе кор мекардам. Тобистони ҳамон сол Қурбоналӣ Ҳасанов хатнасури писарашон Лочинро дар зодгоҳамон – деҳаи Искодар баргузор намуданд. Он вақт аз меҳру муҳаббат ва самимияте, ки кормандон ва дӯстону доштанд, гӯё тамоми Душанбе ва ҳатто тамоми ҷумҳурӣ ба Искодар кӯчида буд. Ҳамаи шахсони маъруфу машҳур, аз он ҷумла устод Лоиқ Шералӣ, Муродбек Насриддинов ва дигарон базмро рангину гуворо ва муҷалло мекарданд. Ташрифи ҳамсабақони донишгоҳии Қурбоналӣ Ҳасанов – Маҳмад Раҳимов, Қурбоналӣ Муҳаббатов, Раҷабалӣ Буриев ва дигарон ба ҳусни тӯй таровате мебахшид. Бобои Ҳасан аз фазову муҳите, ки ба шарофат ва каромати худашону ҷигарбандҳояшон – Қурбоналӣ ва Акрамалӣ фароҳам омада буд, меболиданду шодиву нишоташонро ҳадду каноре набуд.

Авохири соли 1997 Қурбоналӣ Ҳасанов маро даъват карда, бо назардошти вазъи вахиму ногувори он замон, ки дар натиҷа ду маротиба таҳти таҳдид ва зарари ҷисмонӣ расонидан аз тарафи боевикҳо гашта будам, тасмими худашонро изҳор намуданд, ки мехоҳанд маро барои идомаи фаъолият ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералӣ, ки роҳбариашро бар дӯш доштанд, аз тариқи табдили кор қабул намоянд ва ман низ розигӣ додам.

Дар давоми зиёда аз як соле, ки дар Раёсати мазкур фаъолият доштам, ба хисолу сифоти ҳасанаи Қурбоналӣ Ҳасанов аз наздик ошноӣ пайдо кардам ва кунун бо тафохур метавонам садо баланд кунам, ки ман ифтихори шогирдии Қурбоналӣ Ҳасановро дорам.

Яке аз хислатҳои волои инсониашон он буд, ки баногаҳ дар ягон мавриде бо шахсе бо сабаби ба коре банд будан ва ё дар лаҳзаи ошуфтахотирӣ бо меҳру самимият муносибат накарда бошанд, дар вохӯрии оянда ба гумони он ки он шахс мумкин нороҳат шуда бошад, пӯзиш мехостанду лутфу эҳтиром арзонӣ медоштанд.

Хислате доштанд, ки аз қафо гап намезаданд ва ғайбат намекарданд, агар эроду интиқоде нисбат ба ягон шахс дар вуҷудашон буруз мекард, рӯйирост дар ҳузураш ба забон меоварданд. Агар рафту далеле пайдо мешуд, ки нисбат ба ягон шахс носазо ҳарфе зада бошанд, филфавр ё дар ҳузураш ва ё тариқи телефонӣ мардонавор бахшиш пурсида, изҳор медоштанд, ки ба хатое роҳ дода будаанд.

Хислати дигари ҳамидаву писандидаи Қурбоналӣ Ҳасанов он буд, ки агар ягон шахси корафтодаю муҳтоҷе чун дархости ҳалли масъалае мекард, оҷилан ва бидуни ба кори дигаре машғул шудан тариқи телефон ба ҷойҳои лозимӣ занг зада, кӯшиш менамуданд, ки ҳамон замон дар ҷояш роҳҳалли мушкилаҳоро дарёбанд. Вижагие доштанд, ки то ҳамон корро ҳал намекарданд, қарор намеистоданд ва пайваставу  талош мекарданд. Ва аксаран чунин вазъе рӯйи кор меомад, ки ниёзҳои дархосткунандагон ҳатман бароварда мешуданд. Аз ин ҷост, ки мардум ба он кас  эътимод доштанду эҳтиром мекарданд.

Қурбоналӣ Ҳасанов писари ягонаашон – Лочинро, ки тахминан чор-панҷ сол дошт, гоҳо ба ҷойи кор меоварданд. Мушоҳида мекардем, ки ҳатто фарзанди хурдсолашонро низ ту намегуфтанд, бо шумо муроҷиат мекарданд, Лочинҷон гуфта навозиш мекарданд, ки ҳаваси кас меомад.

Қурбоналӣ Ҳасанов марди бомаърифат буданд, нишебу фарози ҳаётро дида, нокомиҳои зиндагиро чашида бо чашми мулоҳиза назар мекарданд.

Қурбоналӣ Ҳасанов дар тамоми умри хеш танҳо ғамшарику шодишарики мардум буданд. Дасти бечорагон мегирифтанд, дар ғуссаю андӯҳ соҳибмашварат ва тасаллибахши ҳамагон буданд.

Рӯзи 08.09.2015 ҳангоми бо тантана ба нафақа гусел кардани Қурбоналӣ Ҳасанов, ки хеле хотирмон буд, он кас дар толори Прокуратураи генералӣ бо лаҳни гуворои хоси худашон сароҳатан ва бо як ҷаҳон меҳру илтифот иброз доштанд, ки “Дар фарҷоми 37 соли фаъолияти меҳнатиам дар мақомоти прокуратура, ба ҳар яки шумо арзи эҳтиром мекунам. Зеро ҳар бурду бохте, ки доштам, бо шумо буд ва ман дар зинаҳои гуногуни фаъолияти меҳнатиам аз мактаби устодонам сабақи зиндагӣ омӯхтам. Имрӯз ҳаққи маънавие дорам, ки ба ҳар яки шумо насиҳаткунон хоҳиш кунам, ки аз сидқи дил, бо хизмати софдилона барои баланд бардоштани нуфузи мақомот, обрӯи кормандон, тарбияи соҳибкасбон ва билохира, тантанаи адолат, ҳифзи қонунҳову таъмини волоияти қонун баҳри ҳифзи ҳар гуна манфиатҳои судманд ҳиссагузор бошед. Чунин лаҳзаи гуворои бо эҳтирому бо тантана ба нафақа гусел шуданро ба ҳар яки шумо Худо насиб кунад. Ва мегӯям:

Сипос эй ҳамкасбони азизам,

Шуморо дӯст дорам, дӯст дорам.

Ташаккур”.

Воқеан, Қурбоналӣ Ҳасанов парвардаи даргоҳи муқаддасе мебошанд, ки он бо номи прокуратура ёд мешавад. Он кас пас аз хатми факултети ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон ба ин даргоҳ ба кор омада, то ба дараҷаи рутбаи генерал-майорӣ камол ёфтанд ва номи неки худро дар таърихи мақомоти прокуратура бо ҳарфҳои заррин сабт карданд.

Рӯзи 14 октябри соли 2020 аз дасти тақдир талафоти бузурге насиби мо гашт, ки ҷуброннопазир аст. Қурбоналӣ Ҳасанов, ки марди нексиришт, инсоне, ки вуҷудашон аз кудурату хусумати сиёҳӣ пок буд, марди донишманду фозил, ҳампешаи мо буданд, бо зиндагӣ падруд гуфтанд.

Инак, анқариб ду сол аст, ки Қурбоналӣ Ҳасанов дар байни мо нестанд. Бубинед, дӯсти хонадон, шоири хушгӯйи яғнобӣ Мирзо Кенҷа симои он касро чӣ гуна тасвир мекунад:

Қурбоналиё, ту будӣ аз Ҳақ довар,

Буд номи мубораки ту рамзи бовар.

Симои ту аввал ба назар меояд,

Ҳар ҷо, ки сухан меравад аз Искодар.

Агар Қурбоналӣ Ҳасанов дар қайди ҳаёт мебуданд, имрӯзҳо мо – дӯстону рафиқон, ҳабибону пайвандон, ҳамкасбону ҳамкоронашон ҷашни камолоташон 70 – солагии солрӯзашонро табрику шодбош мегуфтем, вале сад дареғу сад афсӯс, ки Қурбоналӣ Ҳасанов имрӯз бо мо нестанд…

Шахсан ман ба вафодорию садоқати бепоёни Қурбоналӣ Ҳасанов қоилам ва дар назди хотираи поки он кас сари эҳтиром фуруд меорам.

Қурбоналӣ Ҳасанов накуном ба дунё омада, чун лочини диловару баландпарвоз умр ба cap бурданду аз худ номи неке гузоштанд. Оре, накукорон намемиранд. Боз чӣ касе буданд Қурбоналӣ Ҳасанов? Ба ин суол дар мақтаъи як шеъри Завқибек Ҷураев андар тавсифу тамҷиди Қурбоналӣ Ҳасанов посухи сареҳу дақиқе дода шудааст:

Эй, ки мепурсӣ зи ман, ӯ кист, ба кӣ дорад шабеҳ?

Посухи кӯтоҳ диҳам: чун ӯ дигар инсон нест.

Руҳатон шод ва ҷоятон ҷаннат бошад, абармард Қурбоналӣ Ҳасанов!

Усмоналӣ Холиқзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь