Дар асл, надониста тасодуфан вайрон кардани қонун, албатта, хеле осон аст, аз ин рӯ, эҳтиёткории иловагӣ зарар надорад. Дар ин кор ба шумо ёддошти мо ёрӣ мерасонад.

Пас аз хондани хабар дар бораи дар Русия бо иттиҳоми мусоидат ба терроризм боздошт шудани сармураббии дастаи мунтахаби Русия оид ба гӯштини тарзи озод, тоҷикистонӣ Алишер Исматзода, мо тасмим гирифтем, ки ин ёддоштро таҳия кунем.

Ин парванда бо чӣ хос аст?

Исматзода ба майл доштан ба ҷиноятҳои террористӣ ва кумаки молиявӣ ба афроде, ки бо фаъолиятҳои террористӣ алоқаманданд, гумонбар дониста шуда, гӯиё ба шахсоне, ки барои фаъолияти террористӣ маҳкум шудаанд ё ба чунин ҷиноятҳо гумонбар мешаванд, маблағҳо интиқол медодааст.

Аммо, ба гуфтаи ҳимоятгаронаш, маблағҳои интиқолшуда барои эҳтиёҷоти маъмулӣ, ба монанди хариди таҷҳизоти варзишӣ буданд ва ба фаъолияти террористӣ рабт надоштанд. Худи айбдоршаванда мегӯяд, ки пул вақте фиристода шудааст, ки қабулкунанда (гиранда) шахси одӣ, ронандаи таксӣ буд.

… Барои пешгирӣ аз гумонбар шудан дар мусоидат ба терроризм ва ҳимояи худ, муҳим аст, ки ба якчанд қоидаҳои асосӣ риоя намоед.

Муомилоти молиявӣ

Бисёриҳо медонанд, ки бояд аз интиқоли маблағ ба хешовандон дар кишварҳое, ки сатҳи баланди фаъолияти террористӣ доранд, ба монанди Сурия ва Ироқ, худдорӣ кунанд.

Аммо муҳим аст, ки аз интиқолҳо ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия, кишварҳои Аврупо, Дубай ва Туркия низ эҳтиёт шуд, ки тибқи маълумоти коршиносон, аксар вақт тариқи онҳо интиқолҳо ба терроризм марбутанд.

Маблағҳои калонро бидуни шарҳи равшан ва қонунӣ интиқол надиҳед. Муомилоти бонкии худро назорат кунед ва дар бораи транзаксияҳои шубҳанок ба сохторҳои дахлдор хабар диҳед.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ

Аз тамос бо шахсони шубҳанок дар шабака худдорӣ кунед. Ба саҳифаҳо обуна нашавед ва ба маводҳоеро, ки ба мавзӯъҳои динӣ дахл доранд, лайк (хуш омад) нагузоред. Ба воизони онлайнии динӣ бо эҳтиёт муносибат кунед.

Ҳангоми муошират бо одамони ношинос дар интернет ҳушёр бошед, зеро онҳо метавонанд даъваткунандаҳое бошанд, ки шуморо ба иштирок дар гурӯҳҳои манъшуда моил мекунанд.

Миқдори маълумоти шахсиро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубодила мекунед, маҳдуд кунед, то кӯшишҳои эҳтимолии ҷалб ё тамосҳои номатлубро пешгирӣ намоед.

Амнияти шабакавӣ

Бо истифода аз гузарвожа (паролҳо)-и боэътимод ва таъминоти барномавии зиддивирус дастгоҳҳо ва маълумоти шахсии худро дар интернет ҳимоя кунед. Аз пайваст шудан ба шабакаҳои Wi-Fi-и дастрас ё шубҳанок худдорӣ кунед.

Равобити иҷтимоӣ

Аз муошират бо шахсони гумонбар ба ифротгароӣ ё терроризм худдорӣ кунед, зеро онҳо ҳамеша зери назоратанд. Пеш аз барқарор кардани тамосҳои нав, ки метавонанд ҷолиб ё шавқовар ба назар расанд, метавонед санҷед, ки оё ин шахс дар ҷустуҷӯ аст ё не. Инро тавассути пойгоҳи додаҳои расмӣ анҷом додан мумкин аст.

Одатан, шахсоне, ки барои терроризм ва ифротгароӣ ҷустуҷӯ мешаванд, метавонанд дар рӯйхатҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Русия (дар сомонаҳои онҳо) нишон дода шаванд.

Кор ва тиҷорат

Аз иштирок дар муомилоти тиҷоратии ғайриқонунӣ ё шубҳанок худдорӣ кунед, то ноогоҳона ҳамдасти ташкилотҳои террористӣ нашавед. Фаъолияти касбии худ ва фаъолияти шарикони худро бодиққат назорат кунед, ки қонунӣ бошанд.

Пеш аз иштирок дар ҳама гуна муомилот ё лоиҳаҳо ҳамаи шартҳо ва ҳуҷҷатҳоро бодиққат таҳлил кунед. Ба шаффофияти молиявӣ ва қонунияти ҳуқуқии амалиётҳои пешниҳодшуда диққат диҳед.

Сафарҳо

Аз сафар ба кишварҳо ва минтақаҳое, ки сатҳи баланди фаъолияти террористӣ доранд, худдорӣ кунед. Муҳим аст, ки пешакӣ наздиконатонро аз нақшаҳои худ огоҳ кунед, то ки онҳо тавонанд самтҳои сафари шуморо назорат кунанд.

Ҳангоми муошират бо ношиносон дар хориҷа ҳушёр бошед, махсусан дар заминаи мавзӯъҳои динӣ ё сиёсӣ.

Ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирӣ

Ҳуҷҷатҳои шахсии худро ба одамони ношинос надиҳед. Бовар ҳосил кунед, ки истифодаи маълумоти шахсии шумо ба қонун мувофиқ аст.

Муҳим аст, ки саривақт ҷои истиқомати худро ба қайд гиред ва дар бораи тағйирот хабар диҳед, то аз истифодаи тасодуфии маълумоти худ аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ пешгирӣ намоед.

Дастрасӣ ба дастгоҳҳои шахсӣ ва нақлиёт

Ба дастрасӣ ба мошин, телефон, ноутбук ва SIM-корти худ, махсусан агар онҳоро ба одамони ношинос барои иҷрои корҳои фаврӣ диҳед, диққат кунед.

Масалан, метавонад чунин шавад, ки шахси ношинос аз шумо хоҳиш мекунад, ки барои чанд дақиқа дастгоҳи шуморо барои занг задан ё паём фиристодан истифода барад.

Вақте ки шумо мошини худро дар таваққуфгоҳ мегузоред ё дар ҷои ҷамъиятӣ бо ноутбук кор мекунед, шахсе метавонад ба шумо муроҷиат кунад, ки флешкаеро насб кунад ё чизеро тавассути почтаи электронӣ фиристад.

Дар чунин мавридҳо муҳим аст, ки дастгоҳҳои худро аз рӯи фаъолияти шубҳанок тафтиш кунед. Бовар ҳосил кунед, ки дар мошин ашёи нолозим ва дар телефон барномаҳои номатлуб ё зангҳои ношинос нестанд.

Кумаки ҳуқуқӣ

Муроҷиати дуруст барои кумаки ҳуқуқӣ метавонад шуморо аз иштирок дар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ё шубҳанок, аз ҷумла вобаста ба терроризм, муҳофизат кунад. Маслиҳати касбии ҳуқуқшинос ба шумо кӯмак мекунад, ки аз амалҳои ғайриқонунӣ ё хатарҳо, ки ба қонунгузории зиддитеррористӣ алоқаманданд, худдорӣ кунед.

Ҳамчунин муҳим аст, ки бо худ маълумот барои робита бо вакилони дифоъ ва созмонҳои тахассусӣ оид ба дастгирӣ дар масъалаҳои мураккаби ҳуқуқиро дошта бошед, то ки ба ҳама гуна мушкилоти ҳуқуқӣ зуд ва муассир посух дода, аз ҳуқуқу манфиатҳои худ ҳимоя кунед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь