Решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр
Рушду шукуфоии мамлакат ва дар заминаи он баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум, орзуи ҳамешагии ҳар як давлатмард ва пажуҳишгар мебошад. Ин мавзуъ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мавриди омӯзиши бештар қарор гирифт ва то имрӯз китобу мақолаҳои илмии зиёде дар бораи ин ки чаро баъзе кишварҳо дар пайраҳаи рушд қарор гирифта, ҷойгоҳи худро дар ҷаҳони муосир пайдо мекунанд, вале кишварҳои зиёди дигар шикаст мехӯранд, таълиф шудаанд. Китоби олимони амрикоӣ Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд: решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр” аз ҷумлаи онҳост.
Дар оғози китоби мазкур муаллифон иброз медоранд, ки фарқият дар даромад ва сатҳи зиндагӣ миёни кишварҳои ҷаҳон возеъ аст, аммо чӣ ин фарқиятро ба вуҷуд меоварад? Ин омил фарҳангист, сиёсист, вобаста ба минтақа аст? Ё метавонад дин ё захираҳои табиӣ ба низоми сиёсӣ ва тасмимгирии сиёсатмадорон таъсир расонад?
Дар раванди ҷустуҷӯи посух ба ин саволҳо, муаллифон мавқеи олимоне, ки мушкилоти иқтисодии кишварҳои фақирро ба фарҳанги онҳо, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ё ба ноогоҳии раҳбарон рабт медиҳанд, меоваранд, вале худ мушкилро дар низомҳои сиёсии ин кишварҳо ва дар раҳбаронашон меҷӯянд. Ба ин воқеият, ки низоми сиёсиро ҳамон раҳбароне месозанд, ки аз миёни мардум баромада, парвардаи ҳамон фарҳанг ҳастанд, кам таваҷҷуҳ мекунанд. Мисолҳои зиёд барои рад кардани гипотезаҳои фарҳангӣ, ҷуғрофӣ ва ноогоҳӣ меоранд. Ба монанди мисоли шаҳри Ногалес, ки аҳолии он барандагони як фарҳанг буда, дар як шароити ҷуғрофӣ зиндагӣ мекунанд, аммо як қисми он дар Мексика ва қисми дигари он дар ИМА ҷойгир мебошад. Қисмати амрикоии ин шаҳр нисбатан пешрафта буда, аҳолии он сатҳи зиндагии баланд доранд, дар ҳоле ки қисмати мексикоии он нисбатан фақир мебошад. Ин мисолро ҳамчун далели рад кардани гипотезаҳои фарҳангиву ҷуғрофӣ меоварад, вале ин воқеият, ки низоми сиёсии ИМА ва Мексикаро намояндагони ду миллати гуногун сохтаанд, аз ҷониби муаллифон сарфи назар шудааст. Яъне онҳо ҳангоми муқоисаи қисматҳои ин шаҳр аз фарҳангу ҷуғрофиё бояд фаротар мерафтанд ва қайд мекарданд, ки низомҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҳар як қисмати шаҳрро барандагони фарҳангҳои гуногун сохтаанд ва назорат мекунанд. Ҳарчанд эътироф мекунанд, ки онҳо дар ду низоми сиёсии аз ҳамдигар фарқкунанда зиндагӣ мекунанд. Дар чунин ҳолат метавон дид, ки гипотезаи фарҳангӣ дар рушд ё ақибмондагии қисматҳои ин шаҳр нақши худро дорад. Аммо муаллифон нақши ниҳодҳои иқтисодиро дар фарқияти даромадҳо дар кишварҳои гуногун баррасӣ карда, ниҳодҳои иқтисодиро таъсирбахши он медонанд, аммо таъсири омилҳои фарҳангиву диниро тамоман нодида мегиранд.
Новобаста аз рад шудан аз ҷониби муаллифон, намунаҳои овардашуда дар китоби мазкур нишон медиҳанд, ки фарҳангу ҷуғрофиё дар рушд ё ақибмондагии Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Лотинӣ нақши муайяни худро доранд. Вақте испаниҳо ба Амрикои Лотинӣ мераванд, онҳо бо мардуми бумие рӯ ба рӯ мешаванд, ки аллакай як сохтори иҷтимоии нисбатан мутамарказ дошта, пешвоҳои қудратманди худро доранд. Онҳо ин пешвоҳоро асир гирифта, ба воситаи онҳо тамоми мардумро зери итоати худ медароранд ва ғуломвор кор мефармоянд. Аммо вақте англисҳо ба соҳилҳои Амрикои Шимолӣ мерасанд, дар ин ҷо аҳолӣ кам буда, низоми иҷтимоии дигар вуҷуд дорад, ки наметавон ба осонӣ онҳоро ба ғулом табдил дод. Дар чунин шароит ширкати “Вирҷиния”, ки 400 нафарро аз Британия ба он ҷо бурда буд, тасмим мегирад, ки онҳоро ғуломвор кор фармояд. Вале ин намояндагони фарҳанги англисӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, ҳозир намешаванд, ки ғуломвор кор кунанд. Кор то ҷойе мерасад, ки дар зимистони соли 1609/1610 аз 500 нафаре, ки ба зимистони ин сол ворид шуданд, танҳо 60 нафар дар моҳи март зинда монда буд. Яъне англисҳо аз гуруснагӣ мурданро дар баробари ғуломӣ интихоб кардаанд. Раҳбарони ширкати мазкур маҷбур мешаванд роҳи дигарро барои ба роҳ мондани колонияи худ ба роҳ монда, тариқи додани замин ва ангезадиҳии шахсӣ зертобеони худро ба фаъолиятҳои иқтисодӣ сафарбар намоянд. Аммо мардуми бумии Амрикои Лотинӣ барои ҳаёти пешвои худ ғуломвор зиндагӣ карданро интихоб карда буданд. Ин як интихоби оддӣ аст, вале раванди рушди баъдии ин ду минтақа нишон медиҳад, ки ҳамин хусусиятҳои фарҳангии ду мардуми гуногун заминаи рушду ақибмондагии ин ду минтақаро фароҳам овардааст.
Аз нуқтаи назари муаллифони китоби мазкур ниҳодҳо муайянкунандаи тақдири як кишвар ҳастанд. Онҳо ниҳодҳои сиёсиву иқтисодии кишварҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: фарогир (inclusive) ва истихроҷӣ (extractive). Дар мисоли кишвари Конго иброз медоранд, ки на ҷуғрофиё, на фарҳанг ва ё на ноогоҳии раҳбарон буд, ки Конгоро фақир нигаҳ медошт, балки ниҳодҳои сиёсиву иқтисодии истихроҷӣ (баҳракаш)-и он буданд, ки чунин натиҷаи бадро ба бор оварданд.
Муаллифон таъкид мекунанд, ки як рушди босуръати кӯтоҳмуддат дар низомҳои истихроҷӣ низ муяссар аст. Дар раванди баррасии ин назари худ онҳо низоми иқтисодии Иттиҳоди Шӯравиро баррасии амиқ кардаанд. Ҳатто олимони Ғарб то соли 1980 ҳадс мезаданд, ки ин низом беҳтар аст. Баъдан маълум шуд, ки рушди босуръат дар низомҳои истихроҷӣ устувор нест. Онҳо метавонанд технологияҳои мавҷударо бо суръати бештар аз худ карда, аз онҳо баҳрабардорӣ кунанду ба рушди босуръат дар муддати кутоҳ даст ёбанд. Аммо дар чунин низомҳо ангезабахшии кофӣ барои навоварӣ вуҷуд надорад. Ин боиси рукуди иқтисодӣ ва оқибат ақибмондагиву шикасти кишварҳои дорои низомҳои сиёсиву иқтисодии истихроҷӣ мегардад.
Хатари сирқати амвол аз ҷониби давлат бузургтарин монеа барои рушду пешрафт дар як кишвар мебошад. Ин хатар дар кишварҳои дорои низоми сиёсиву иқтисодии фарогир камтар буда, дар кишварҳои дорои низоми сиёсиву иқтисодии истихроҷӣ хеле зиёд мебошад. Ин аст, ки аввалиҳо пайваста рушду пешрафт мекунанд, вале ахириҳо бо вуҷуди доштан ва ё надоштани рушди кутоҳмуддат дар аксар ҳолат шикаст мехӯранд. Чунки низоми сиёсиву иқтисодии истихроҷӣ қудратро дар дасти гурӯҳи хурди аҳолӣ мутамарказ карда, танҳо манфиатҳои онҳоро ҳифз менамояд. Ин гурӯҳи қудратманд, барои нигаҳдории чунин ҳолат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Барои онҳо дигар гузаштан ба низоми сиёсиву иқтисодии фарогир зиёновар маҳсуб меёбад. Чунки дар чунин ҳолат қудрат тақсим мешавад ва дар пайи он даромади миллӣ низ тақсимоти одилонатар ба худ мегирад. Яъне пойдории низоми сиёсиву иқтисодии истихроҷӣ дар кишварҳои ақибмонда, низ ба ангезаҳои ҳамин гурӯҳи ақаллияти қудратманд вобастагӣ дорад. Гипотезаи ноогоҳии раҳбаронро муаллифон дар ҳамин ҷо бо далелҳои боварибахш рад мекунанд.
Барои рад кардани гипотезаи ноогоҳии раҳбарон, яъне ақибмондагии кишварҳоро ба надонистани роҳҳои дурусти ба роҳ мондани сиёсати иқтисодӣ аз ҷониби раҳбарон рабт додан, муаллифон дар охири китоб намунаҳо аз кумакҳои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ба кишварҳои ақибмондаи африқоиро меоранд. Онҳо ба хулосае меоянд, ки наметавон шукуфоиро муҳандисӣ кард. Кӯшиши ислоҳот дар кишварҳои фақир аз ҷониби Созмонҳои байналмилалӣ, ки дар асоси хулосаи ноогоҳии раҳбарон ба роҳ монда мешавад, бенатиҷа аст. Чунки онҳо сабабҳои асосии мавҷудияти сиёсати ғалати ин раҳбаронро ба назар намегиранд. Ин ташкилотҳо кӯшиш мекунанд, ки мушкилоти иқтисодии кишварҳои фақирро, тариқи роҳандозӣ кардани ислоҳот дар низоми иқтисодиву сиёсии ин кишварҳо, бартараф намоянд. Аммо сиёсатмадорон ва бюрократҳо, ки бояд холисона ин ислоҳотро ба роҳ монанд, метавонанд худ қисме аз ин мушкилот бошанд. Гурӯҳи қудратманде, ки аз мавқеи худ суистифода карда, чунин ниҳодҳои иқтисодии бесамарро сохтааст, аз ҳамон оғоз қасди ислоҳоти бунёдии онҳоро надоранд. Дар натиҷа, ин кӯшишҳои Созмонҳои молиявии байналмилалӣ бенатиҷа ва ё ҳадди ақал бо натиҷаҳои ночиз анҷом меёбанд. Хулосаи муаллифон ин аст, ки кӯшиши ба роҳ мондани шукуфоӣ бе мубориза бо решаҳои мушкилӣ – ниҳодҳои истихроҷӣ ва сиёсатмадорони ҳимоягари он – самара нахоҳад дошт.
Хулосаи назарияи пешниҳодкардаи муаллифон ин аст, ки омили асосии рушд ё ақибмондагии кишварҳо, ниҳодҳои бароҳмондаи онҳо мебошанд ва омилҳои фарҳангӣ, ҷуғрофӣ ва ноогоҳии раҳбарон дар он нақши кам дошта, ин гипотезаҳо, ба ҳеҷ ваҷҳ, қонеъкунанда нестанд. Онҳо дар баробари иддаои ин ки ин назария барои арзёбии сиёсатҳои иқтисодӣ муфид аст, эътироф мекунанд, ки як назария наметавонад тамоми падидаҳоро дар бар гирад. Аз ҷумла назарияи худи онҳо. Инро мо дар китоби “Бархӯрди тамаддунҳо”-и низ дида будем, ки муаллифи он дар баробари пешниҳоди назарияи худ эътироф мекард, ки он наметавонад ҳамаи падидаҳоиро дар бар гирад. Машҳуртарин мисол барои рад кардани назарияи Осимоғлу ва Робинсон, ки аз ҷониби мунаққидон пешниҳод гардидааст, таҷрибаи Чин мебошад. Ин кишвар бо доштани ниҳодҳои сиёсии истихроҷӣ тақрибан 40 сол боз тавонистааст дар пайроҳаи рушди босуръати иқтисодӣ бошад. Муаллифон ин воқеиятро эътироф мекунанд, вале боз ҳам пешбинӣ мекунанд, ки ин рушди Чин устувор нест ва дар ду даҳсолаи оянда маҳдуд хохад шуд. Ҳоло як даҳсола аз таълифи ин асар гузаштааст, вале Чин ҳамоно бо суръат рушд мекунад. Шояд дар оянда ин кишвар тавонад бо фарогир кардани ниҳодҳои сиёсии худ, рушди устуворро нигаҳ дорад. Билохира, танҳо бо озодиҳои бештар додан дар ниҳодҳои иқтисодӣ Чин тавонист ба пайраҳаи рушд ворид шавад. Таҷрибаи кишварҳои дигари ин минтақа (Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва дигар), ки баъди расидан ба ҳудудҳои рушд зери ниҳодҳои сиёсии истихроҷӣ ба ниҳодҳои сиёсии фарогир гузашта, рушди ояндаи худро таъмин карданд, метавонад барои сиёсатмадорони Чин намуна бошад.
Хулоса, китоби олимони амрикоӣ Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд” як китоби арзишманд буда, муаллифон дар ошкорсозии омилҳои ақибмондагии кишварҳои гуногун то дараҷае муваффақ шудаанд. Назарияи пешниҳодкардаи онҳо, ки рушд ё ақибмондагии миллатҳоро вобаста ба ниҳодҳои бароҳмондаашон медонанд, як назарияи илмӣ буда, то дараҷае, сабабҳои рушд ё ақибмондагии миллатҳоро равшан мекунад. Аз дигар тараф, мисолҳои зиёде аз таҷрибаи сиёсиву иқтисодии даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз асрҳои қадим то ба асрҳои миёна ва давраи нав оварда шудааст, ки арзиши ин китобро боло мебарад. Метавон, аз маълумоти зиёди дар ин китоб овардашуда, ҳангоми омӯзиши мазуъҳои иқтисодиёти рушд истифода кард.
Мушкил танҳо дар ин аст, ки онҳо натавонистаанд дар радди таъсири омилҳои фарҳангиву ҷуғрофӣ далелҳои боварибахш оваранд. Ҳамоно пурсиши асосӣ дар ин мавзуъ боқӣ мондааст. Яъне, чаро раҳбари Сингапур Ли Куан Ю (1959 – 1990) аз баҳри манфиати шахсии худу атрофиёнаш гузашта, ниҳодҳои иқтисодии фарогир ба роҳ монда, кишвари худро дар рӯйхати мамлакатҳои сарватманду пешрафта ворид месозад, вале раҳбари Конго Мобуту (1965—1997) ниҳодҳои иқтисодии истихроҷиро ба роҳ монда, худу атрофиёнашро сарватманд сохт, вале кишварро ақибмонда ва мардуми Конгоро фақиру бехонумон гардонид?! Ин ду роҳи фарқкунанда, ки тақдири кишварҳоро барои даҳсолаҳо муайян месозад, дар заминаи чӣ омилҳое аз ҷониби раҳбарон интихоб карда мешаванд? Омилҳои фарҳангӣ, динӣ ва психологии ин масъала бояд дурусттар таҳқиқ шаванд. Бе дар назар доштани ин омилҳо назарияи Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон нокомил ба назар мерасад. Умедворем, ин маъала аз ҷониби дигар ниҳодҳои илмӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор мегирад, ки дар натиҷа, роҳи дурусттари решакан кардани фақр дар кишварҳои ҷаҳон пайдо мегардад.
Меҳр Собириён,
иқтисодшинос