(Як сайр ба бозори наздимарзӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин)
Бозорҳои наздимарзӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон баъд аз чанде таваққуф дигарбора боз шуданд. Соҳибкорони маҳаллии ду кишвар маҳсулотҳои ватаниашонро ба фурӯш мегузоранду мардум маҳсулоти ниёзашонро харидорӣ мекунанд. Қаблан, бинобар хуруҷи вируси ҳамагир дар соли 2020, ки бо номи “Ковид-19” маъмул аст, соли 2021 баъди ба қудрат расидани гурӯҳи “Толибон” дар Афғонистон, бозорҳо баста шуда буданд. Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Хоруғ, бозорҳои мазкур бо дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми сентябри соли 2023 дар шаҳри Хоруғ, навоҳии Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим ба фаъолият шуруъ карданд. Инак, пас аз се моҳ боз як бозори наздимарзӣ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ки панҷумин бозор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ҳисоб меравад, ба фаъолият оғоз кард. Аз бозори мазкур “Шоҳон” ном мебаранд, чун дар наздикиҳои деҳаи “Шоҳон”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷойгир аст. Бозори “Шоҳон” расман рӯзи 2-юми декабри соли 2023 ба фаъолият оғоз кардааст ва соҳибкорони тоҷику афғон метавонанд маҳсулоти ватаниашонро ба фурӯш бароранд ва харидорони ду ҷониб аз он баҳраманд гарданд. Тибқи маълумот, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ноҳияҳо (вулусволиҳо)-и Хоҳон, Роғистон ва Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст. Бозори мазкур дар 42 километрии шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин – Дарвоз, дар масоҳати 6 гектар бунёд гардидааст. Мувофиқи иттилои сардори шуъбаи иқтисод ва савдои МИҲД-и ноҳияи мазкур Файзалӣ Шарипов, бозори мазкур дар як ҳафта танҳо рӯзи шанбе фаъолият мекунад ва сокинони он сӯйи марз бештар ба маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили пиёз, тухт, ҳасиб ва равғани маска таваҷҷуҳ доранд. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифт, аз бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон – “Шоҳон” дидан намояд ва аз вазъи зиндагии ҳамватанон дар он сӯи марз матлаб омода созад. Ману сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” Шаҳзод Зафарҷон, ки ҷавони донишманд ва ҷӯё аст, шоми рӯзи ҷумъаи 12-уми январ роҳ сӯйи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пеш гирифтем, ки аз шаҳри Душанбе 225 километр масофа дорад. Ба он хотир шоми ҷумъа раҳсипор гардидем, то субҳи рӯзи шанбе тавонем бозорро тамошо кунем ва суҳбатҳоямонро анҷом диҳем. Чун қаблан бо сармуҳаррири газетаи ноҳиявӣ Ҳорун Мустафоев маслиҳат карда будем, соатҳои 22-и шаб мо меҳмони хонадони ӯ шудем. Воқеан, оилаи Ҳорун, бахусус, падару модари гиромиаш хеле инсонҳои шариф, самимӣ ва дар меҳмондорӣ беҳамто будаанд. Бародари Ҳорун- Абдураҳим, ки дар намуди варзиши “Самбо” қаҳрамон будааст, бо фурӯтанию хоксории худ моро дар ҳайрат гузошт. Шояд на ҳама қаҳрамонҳои соҳаи варзиш чунин хислату рафтори накӯ дошта бошанд, аммо ман дар рафтору кирдори Абдураҳим хислатҳои ҳамидаи инсонӣ: хӯшсуханӣ, самимият, одоби муошират ва аз ҳама муҳим эҳтиром ба волидайну калонсолонро дидам, на мағрурию фахру такаббурро. Бо истифода аз фурсат аз самими қалб сипосу миннатдориамро ба аҳли хонаводаи Ҳорун Мустафоев изҳор медорам. Бо Ҳорун Мустафоев моҳи августи соли 2023 дар ҷараёни сафари “Корвони иттилоотӣ” ба минтақаи Рашт ошно шуда будем. Ӯро ҳамчун ҷавони донишманд, боғайрат ва аз ҳама муҳим рӯзноманигори дорои сатҳи баланди касбӣ дарёфтам. Субҳи рӯзи шанбе 13-уми январ, пас аз тановули қурутоби хушмаззаву серғизои модари меҳмондӯстдори Ҳорун, роҳ сӯйи бозори наздимарзии “Шоҳон” пеш гирифтем. Бозори мазкур аз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар масофаи 42 километр ба самти ноҳияи Дарвоз қарор дорад. Нигоҳ накарда ба баъзе минтақаҳои сангрез, ки аллакай ҷо-ҷойи роҳ хароб гардидаанд, дар умум шоҳроҳ аз ҷониби идораи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва назорати доимии шахсии раиси ноҳияи мазкур Гулзода Зафар Шамсуддин дар сатҳи олӣ қарор дорад. Мо ба бозор ҳам расидем. Бо назардошти вазъи амниятии минтақа иҷозат нашуд, ки бозорро ба навор гирему ҳамсуҳбатонамонро сабт кунем. Аз ин рӯ, мо ҳамчун харидор ва барои тамошо иҷозати воридшавӣ ба бозорро гирифтем. Ба бозор танҳо дар асоси пешниҳоди шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ба нуқтаи тафтишию санҷишӣ ворид шудан имкон дорад. Дар баробари шиноснома ҳамчунин, телефон ва дигар таҷҳизоти сабткунанда низ аз ҷониби маъмурони амниятӣ гирифта, ба ивазаш рақам дода мешавад, то баъдан аз рӯйи рақам телефону ҳуҷҷат баргардонида шавад. Маҳсулоти воридкардаи соҳибкорон мавриди тафтиш қарор дода мешавад. Хулоса, мо вориди бозор шудем. Зимни тамошову хариди маҳсулот бо чанд тан аз тоҷирони тоҷики Афғонистон суҳбат анҷом додем. Саҳро номи тоҷирест, ки 25 сол дорад ва маҳсулоти гуногуни хӯроквориро ба харидорон пешниҳод кардааст. Дар мавриди номаш тааҷҷуб кардем, ки чаро Саҳро номаш гузоштаанд. Ӯ гуфт, падараш молдор аст. (Ӯ ба кӯҳи баланди он сӯйи марз ишора карда) Болои он саҳрои фарох аст ва ӯ он ҷо таваллуд шудааст. Аз ин рӯ, номашро Саҳро гузоштаанд. Номбурда гуфт, дар вулусволии Хоҳон дӯкони тиҷоратӣ дорад ва молу маҳсулотро аз вилояти Кундуз шаҳри Кобул ворид мекунад ва рӯзҳои шанбе ба ин бозор меояд. Ӯ чанд маротиба дар “Бандари Шерхон” низ будааст ва мошинҳои гаронвазни боркашро ба минтақаи худашон роҳнамоӣ кардааст. Саҳро мегӯяд, ки савдогарони ин бозор танҳо аз Хоҳон меоянд.
– Сокинони Хоҳон ҳамагӣ тоҷиканд. Падарам мегӯяд, ки асли мо кӯлобӣ аст. Хешу таборамон дар Кӯлоб зиндагӣ мекунанд, аммо мутаассифона, рафтуомад надорем, – гуфт Саҳро.
Ҳамсуҳбати дигари мо Шокир аз фурӯшандагони маҳсулоти заргарии дастсохти мардуми афғон аст. Шокир аз кушодашавии бозор изҳори ризоятмандӣ кард.
– Ман аз рӯзи кушодашавии бозор то ин дам барои савдо меоям. Харидорон чизҳоеро, ки ба он зарурат доранд, фармоиш медиҳанд ва ман дар навбати дигар меорам. Маҳсулотро аз Кобул харидорӣ мекунам. Овардани он мушкилиҳои зиёд дорад. Мушкили асосӣ роҳ аст. Ду рӯз лозим мешавад, то маҳсулотро аз Кобул ба Хоҳон биёрем.”- мегӯяд Шокир.
Мирзонаҷот, тоҷири дигари Хоҳонӣ 42 сол дорад, аммо аз синну солаш калонтар менамояд. Ӯ мегӯяд, зиндагӣ барояш душвориҳои зиёде пеш овардаву заҷри зиёд дидааст. Ӯ дер оила барпо кардаасту фарзандони хурдсол дорад ва худаш танҳо аробаи зиндагиро мекашад. Мирзонаҷот нақл кард, ки феълан танҳо тоҷирони вулусволии Хоҳон метавонанд дар бозори наздимарзии “Шоҳон” ба тиҷорат машғул шаванд.
– Савдо дар бозор ҳар хел аст. Гоҳ бобарор, гоҳ бебарор. Ин ҳафта савдоям барор нагирифт. Дар Хоҳон мебудам, то ин замон ҳудуди панҷ ҳазор афғонӣ маҳсулот мефурӯхтам. Маъмурони амниятии Хоҳон савдогарони дигар минтақаҳоро ба ин бозор иҷозати даромадан намедиҳанд. Ба ҷуз Хоҳонӣ набояд нафарони дигар минтақаҳо ба бозор дохил шаванд, зеро Хоҳониҳо мардумонеанд, ки ба зиндагии худашон овораанд ва ба ягон равияву гурӯҳҳои ифротӣ аъзо нестанд, – мегӯяд Мирзонаҷот.
Солмандтарин тоҷири Хоҳониро дар бозор вохӯрдем. Ӯ аз худ Ҳоҷӣ-Бурҳониддин ном бурд ва мегӯяд, ки 104 сол умр дорад, аммо ба назар на беш аз 70-75-сола менамояд. Номбурда ба фурӯши асбобҳои рӯзгор шуғл дорад. Аз сабаби он ки бозор зери назорати шадиди амниятӣ карор дорад ва дар ҳар гӯшаи он камераҳои назоратӣ насб гардидааст ва мо ҳам нахостем тартиботро вайрон кунем, аз ҳамсӯҳбатон расм нагирифтем.
– Аз рӯзе, ки худамро мешиносам, ба тиҷорат сарукор дорам. Бобову падарам тоҷир буданд. Шукр, 6 писар дораму онҳо низ тоҷиранд. Ба чизе эҳтиёҷ надорам. Фарзандон борҳо таъкид карданд, ки дар хона бошаму наберабонӣ кунам, аммо ман ба тиҷорат одат кардаам. Бозори мазкур боз шуд ва азбаски ба макони зисти ман наздик аст, дар ин ҷо ба тиҷорат машғул ҳастам, – гуфт Ҳоҷӣ-Бурҳониддини 104-сола. Ҳини омодасозии матлаб бо директори бозори наздимарзии “Шоҳон” Қурбоналӣ Шарипов тамос гирифтем. Номбурда гуфт, масоҳати бозор 6 гектарро дарбар мегирад ва он соли 2015 дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бунёд гардида, аммо фаъолият накардааст.
– Рӯзи 2-юми декабри соли 2023 бозори наздимарзии “Шоҳон” бо иштироки намояндагони МИҲД-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва раиси ноҳия (вулусвол)-и Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон расман кушода шуд. Бозор ҳар рӯзи шанбе аз соати 7-и субҳ то 14-и рӯз фаъол аст. Ба тоҷирони ҳарду тараф ҳудуди 200 ҷой барои савдои молу колояшон муайян карда шудааст. Ду бино ва растаҳои болопӯшида барои тоҷирони тоҷик, ки дар фасли сармои зимистон дар дохили он маҳсулоташонро ба фурӯш мегузоранд ва ҳамчунин як бино ва як растаи болопӯшида барои савдогарони афғон бунёд карда шудааст. Дар оянда нақша дорем, дар масоҳат 1,5 га айвонҳо барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва хӯроки чорво, аз қабили бастаҳо (прес)-и юнучқа ва гандум, ки сокинони он тарафи марз ба он ниёз доранд, бунёд созем. Талаботи мардуми ҳамсоя ба маҳсулоти полезӣ: сабзӣ, пиёз ва ҳама намуди мевагиҳои Тоҷикистон, инчунин тухм зиёд аст. Бештар аз он тараф харидорон зиёд меояд. Ба либосҳои кӯдакона низ таваҷҷуҳ доранд. Тӯли чор ҳафта тоҷирони ҳарду тараф ройгон аз бино ва растаҳои бозор истифода бурданд, аммо ин ҳафта иҷораи ҷой ба тоҷирон, тибқи нақша, барои як метр 8 сомонӣ муайян шуд, – гуфт директори бозори наздимарзии “Шоҳон” Қурбоналӣ Шарипов.
Номбурда гуфт, дар ҳафтаҳои аввал савдогарон ва харидорон камтар буданд, аммо ҳафтаи гузашта наздики 1000 тан харидору фурӯшандаи афғон вориди бозор гардидааст. Ба гуфтаи Қ. Шарипов Савдогарону харидорон аз тамоми минтақаҳои вилояти Бадахшон ба бозори “Шоҳон” меоянд. Тавре мушоҳида кардем, тоҷирони тоҷики ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон маводҳои гуногуни хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт, биринҷ, нӯшокиҳои истеҳсоли Афғонистон, кӯлоҳу ҷомаву тоқӣ ва асбобҳои рӯзгор, ба мисоли дег, досу табар барои фурӯш меоранд, ки арзиши онҳо дар бозорҳои кишвар гаронтар аст. Таваҷҷуҳи харидорони тоҷик ба қурути афғонӣ, ки аз шири буз омода мешавад, бештар аст. Соҳибкорони тоҷик низ бештар маҳсулоти либосворӣ ва хӯроквории ниёзи аввалияро, ки мардуми Хоҳони Афғонистон ба он таваҷҷуҳ доранд, ворид месозанд. Ёдовар мешавем, ки дар бозори наздимарзии “Шоҳон”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хариду фурӯши маҳсулот бо пули сомонӣ ба роҳ монда шудааст. Тавре аз саррофони бозор фаҳмидем, онҳо ҳазор афғониро ба 140-150 сомонӣ иваз мекунанд.
Шамсулло ФОЗИЛОВ,
Шаҳзоди ЗАФАРҶОН,
Душанбе-Шамсиддин Шоҳин-Душанбе