Қиссаи роҳи бозгашти дурудароз ва пурмашаққати ҷавони тоҷик ҳамроҳи ҳамсар ва кӯдаки ширхорааш аз Сурияву Ироқ ба Ватан

Алишери 25-сола ба ваъдаи дарёфти ҷои кору музди хуб дар Сурия бовар кард ва аз муҳоҷирати кории Русия ба Сурия рафт. Бо ҳамсар ва духтари ширхорааш. Сипас дар Мавсили Ироқ фармондеҳони гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” ба иштирок дар ҷанг дастураш доданд. Алишер рад кард, се бор ба зиндон андохтанд. Вале ӯ шикаста нашуд ва умеду талош дошт ба Тоҷикистон баргардад…

Алишер Қодирқулов, сокини 24-солаи ноҳияи Ашт, баъд аз якуним соли зиндагӣ дар қаламравҳои таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ берун омадааст. Ӯ мегӯяд, моҳи сентябри соли гузашта, пас аз саргардонӣ ва пушти сар кардани даҳшатҳо, бо ёрии як марди дӯкондори туркман худро ба марзи Туркия расонд ва моҳи феврали имсол имкон ёфт, ки ба Тоҷикистон баргардад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки якуним сол бо номи “Абуоиша” ёд мешуд, дубора дар кишвар ба номи аслии худ одат мекунад.

“Хонаводаи муҳоҷир аз Тоҷикистон”

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, нисбати Қодирқулов эзоҳи моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ (зархаридӣ) татбиқ шуд. Ин эзоҳ, ки соли 2015 қабул шуд, дар сурати аз қаламравҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ихтиёран баргашта сидқан пушаймон шудани шаҳрванди Тоҷикистон ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунад. “Тафтиши думоҳаи мақомот нишон дод, ки ин ҷавон гумроҳ шуда, ба Сурия ва Ироқ рафтааст ва дар ҳақиқат аз кирдорҳояш пушаймон аст ва ҳаққи озод шуданро дорад”,- гуфтанд манобеъ аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ.

Алишер Қодирқулов, ки мегӯяд, хеле зуд аз рафтанаш ба манотиқи ҷангии Сурия пушаймон шуд, натавонист ба зудӣ аз он макон раҳо шавад ва ба ватан баргардад. Вай мегӯяд, санадҳои худро дар Ироқ аз даст дода, танҳо як варақаи “оилаи муҳоҷир аз Тоҷикистон”-ро дар даст дошт ва бо ҳамин санад чаҳор моҳ дар боздоштгоҳи Туркия монд. Баъдан консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истанбул барои бозгашт ба ватан ба ин хонавода санади муваққатӣ дод. Алишер Қодирқулов бо зану ду фарзандаш рӯзи 9-уми феврали соли равон вориди Душанбе шудааст.

Ин нахустин мавриди бозгашти як оилаи тоҷик аз майдонҳои ҷанги Ховари Миёна будааст, ки расонаӣ мешавад. Дар гузашта шаҳрвандони алоҳида аз майдонҳои ҷанг ё наздикии марзи Туркия бо Сурия ба ватан баргашта буданд.

Ҳоло Алишер Қодирқулов барои барқарор кардани санадҳои тасдиқкунандаи ҳувияти худ ва аъзои хонаводааш ба мақомоти интизомии ноҳияи Ашт муроҷиат кардааст.

Бемории фарзандон – баъди бозгашт

Оиша, духтари Алишер Қодирқулов 2 сол дорад ва писараш Шодибек (Диёр) охири моҳи декабри соли гузашта дар Туркия ба дунё омад. Ҳар дуи ин кӯдакон бемор буда, баъди бозгашт ба ватан таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Алишер Қодирқулов гуфт, ки дар гардани духтараш вараме пайдо шуда, дар шифохонаи маризиҳои саратон дар вилояти Суғд бистарӣ аст.

“Маро Одам то Сурия бурд”

Алишер Қодирқулов гуфт, аз моҳи апрел то сентябри соли 2016, яъне замони фирораш аз ҳудудҳои ДИИШ дар шаҳри Мавсили Ироқ буд ва бо азоби сахте худрову ҳамсар ва кӯдакашро аз он ҷо то марзҳои Туркия расонд. Ӯ гуфт, соли 2015 тавассути як марди чечен, ки аз ӯ Адам (Одам) ном мебарад, аз шаҳри Екатеринбург аввал ба Сурия ва сипас ба шаҳри Мавсил гузашт.

Қодирқулов гуфт, чун дар Русия мушкили кор дошт, пешниҳоди кор дар кишвари дигарро қабул кард ва ба умеди зиндагии хубу хуш ҳамроҳи оилааш ба он ҷо рафт. Ӯ мегӯяд, ҳадафаш танҳо кор ва ба даст овардани пул буд ва бо вуҷуди фишорҳо дар ҷанг иштирок накардааст. Бояд гуфт, аз даҳҳо нафаре, ки дар сафи ДИИШ буданд ва дар солҳои ахир ба таври ҳайратовар аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд, то ҳол нафаре иштироки худро дар ҷангҳои Ховари Миёна эътироф накардааст.

Абусалмон, Абуоиша…

Қодирқулов ин ақидаро тасдиқ кард, ки “ҷиҳодӣ”-ҳои тоҷик, ӯзбек ва қазоқу қирғиз дар ҷангҳои Сурияву Ироқ бештар аз се моҳ умр намебинанд ва дар набардҳо зуд кушта мешаванд. Ӯ гуфт, “он ҷо ду тоҷик ҳамроҳи ман буд. Вақте маро зиндонӣ карданду баъди халосӣ ба бошгоҳ баргаштам, ҳамсарам гуфт, ки яке аз тоҷикон аллакай кушта шудааст. Ӯро “Абусалмон” мегуфтанд. Онҷо ҳеҷ кас номи аслии худро намегӯяд. Маро “Абуоиша”, яъне “Падари Оиша” мегуфтанд”. Ӯ дар бораи худаш гуфт, ки ҷангиёни ДИИШ дар рӯзҳои аввали расиданаш ба Сурия барои рӯзгузаронӣ ба ӯ каме пул доданд ва баъд аз ду моҳ аз ӯ талаб карданд, ки дар ҷангҳо иштирок кунад. Алишер Қодирқулов ба гуфтаи худаш, ин пешниҳодро қабул накард ва барои ду моҳ зиндонӣ шуд. “Шароит бад ва муносибати онҳо аз он бадтар буд. Чандин зани тоҷикро ҳам дидем, ки сарсону саргардон ва аз рафтанашон пушаймон буданд, вале намедонанд чӣ тавр ба ватан баргарданд. Вақте шавҳари занон дар ҷангҳо кушта мешуд, онҳоро маҷбурӣ ба марди дигар медоданд”,- гуфт Алишер.

“Тоҷикон буданд, вале Гулмурод Ҳалимовро надидам”

Алишер Қодирқулов мегӯяд, дар он ҷо намояндагони бисёр миллатҳо, аз ҷумла тоҷикону ӯзбекҳоро дидааст. Ӯ ба саволи мо, ки аз фармондеҳони тоҷики ДИИШ, нафарони мисли Гулмурод Ҳалимов касеро дидааст, гуфт, вақте нахост ба ҷанг равад, чанд нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ба сари ӯ омадаанд. “Рӯяшонро бо ниқоб пӯшида буданд, ман онҳоро нашинохтам. Бисёриҳо аз карда пушаймонанд, аммо аз ошкор кардани ин фикр, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, ҳарос доштанд. Онҳоро маҷбурӣ нигоҳ медоштанд ва мегуфтанд, ки ба “давлати куфр” наравед”,- афзуд ӯ.

Алишер Қодирқулов мегӯяд, баъди он ки “ҷиҳодӣ”-и тоҷик “Абусалмон” дар ҷанг кушта шуд, ҳамсараш дар шароити ногувор қарор гирифт, зеро саркардаҳои ДИИШ ин занро маҷбур кардаанд, ки ҳамсари марди дигар шавад. “Он хоҳари тоҷик ба ҳамсарам гуфтааст, ки азоб мекашад, ҳатто ғизои дуруст намедиҳанд, то маҷбур шавад шавҳари дигарро қабул кунад. Бо чашми худ муносибат ва муомилаи бераҳмонаи аъзои “Давлати исломӣ”-ро дидам, ки бо мо ва мо баринҳо дар Сурияву Ироқ мекарданд. Рафтори онҳо на дар чаҳорчӯби динӣ, на одамгарӣ рост намеояд”,- мегӯяд Қодирқулов.

Санҷидани дурустии тамоми ҳарфҳои Алишер Қодирқулов тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Падар: Алишер фарзанди ҳаштуми хонавода аст

Умурқул Қодирқулов, сокини 74-солаи ноҳияи Ашт мегӯяд, ки писараш Алишер фарзанди ҳаштуми хонавода буда, баъд аз хатми мактаби миёна барои кор ба шаҳри Екатеринбурги Русия рафт ва баъдан хабараш аз Сурия расид. Ӯ гуфт, “солҳо ба ҳайси байтор кор кардам. Ин ҳодиса мани 74-соларо шикаст. Лекин писарам як кор кард, ки баъди рафта расиданаш бо ман тамос гирифт ва вазъиятро гуфт. Ман ҳам ба ҳамаи идораҳо расман ариза навиштам, ки писарам дар Сурия аст ва бояд барои берун омаданаш кӯмак кунанд”.

Қодирқулов мегӯяд, бозгашти фарзандашро бо баргузории маъракае дар ноҳияи Ашт таҷлил карданд, вале маризии наберагонаш онҳоро дубора саргардон намуд. Ӯ мегӯяд, маълум нест, ин маризӣ аз чист, вале бовар дорад, ки саҳми таъсири ҷангу беназмӣ камтар нест. Зимнан, Диёр (Шодибек) – фарзанди хурдии Алишеру ҳамсараш – Дилноза моҳи декабри соли 2016 вақти бозгашт ба ватан дар хоки Туркия чашм ба олам кушодааст.

Мақомот: Беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафтаанд

То кунун тақрибан 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо хоҳиши худ аз ҳудудҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё наздикии марзи Туркия бо Сурия баргашта буданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки касе аз ҷангҷӯён бо хоҳиши худ баргашта ва собиқаи ҷиноӣ надорад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Аммо дар ин миён даҳҳо нафар ба ҷурми пайравӣ ё ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” боздошту зиндонӣ шудаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, хабари марги сесад нафари онҳо тавассути наздиконашон тасдиқ шудааст. Мавҷи пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба соли 2014 рост меояд. Ҳоло мақомот мегӯянд, бо таҳти фишор қарор гирифтани пойгоҳҳои аслии ДИИШ дар Ироқу Сурия пайвастани тоҷикон ба ин созмони тундрав коҳиш ёфтааст. Аммо бархе аз коршиносон бо ишора ба чанд ҳолати боздошти сокинон дар моҳҳои ахир мегӯянд, зоҳиран масири ҷангҷӯёни тоҷик аз Ироқу Сурия ба Афғонистон тағйир кардааст.

Маъсуми МУҲАММАДРАҶАБ,

Саодат ИСМОИЛӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь