Сабаб чист маълум нест, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз байни шабакаҳои иҷтимоии Интернет аз ҳама бештар ба шабакаи интернетии Facebook таваҷҷуҳ дорад. Додоҷон Атовуллоев – муассис ва сармуҳаррири нашрияи бадфарҷоми «Чароғи рӯз» низ бо истифода аз саҳифаи хусусиаш дар шабакаи интернетии Facebook мудом оид ба шахсиятҳои алоҳида ва ҳодисаҳое, ки дар Тоҷикистон мегузаранд фикру андешаҳои худро паҳн мекунад.

Ҳамоқат

Мазмун ва муҳтавои ҳама навиштаҳое, ки Д. Атовуллоев бо истифода аз саҳифаи хусусиаш дар доираи тоҷикии шабакаи иҷтимоии Facebook паҳн мекунад, пурра аз фитна, ҳасад, дурӯғ, ғараз, иғво иборат аст. Чунончӣ, чанд вақт пеш ӯ дар саҳифаи худ оид ба гурӯҳи модароне, ки ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар доштанд як ҳамоқат навиштаву паҳн кард ва шарм надошта дар шарҳи он изҳор кард, ки:

«Беваҳо, маъшуқаҳо, собиқ Мама – Розаҳо ҳам ҳастанд дар ин корвон».

Савол ба миён меояд, ки оё модар, хоҳар, зану хоҳарзодаҳои Додоҷон Атовуллоевро «бева, маъшуқа, Мама – Роза» гӯянд, ӯ қабул мекарда бошад? Кӣ ба ӯ иҷозат додааст, балки ӯ чӣ ҳуқуқ дорад занону модарони хонаву дари обод дошта, фарзандони баркамолдоштаро чунин таҳқир кунад? Ҳол он ки ҳама он модароне, ки тибқи анъана ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар мекунанд, бо ҳаёту фаъолияти занону модарон дар шаҳру ноҳияҳо аз наздик шинос мешаванд, покдоман, бовиҷдон, ватандӯст ва имондор ҳастанд, оилаи обод доранд. Ҷавонмарди ҳақиқии тарбиятгирифта ҳеҷ гоҳ, дар ҳеҷ ҳолат ба худ иҷозат намедиҳад, ки нисбат ба зан модар дар ҳузури омма, дашному ҳақорат кунад!!!

Чун сухан оид ба ҷавонмардии тоҷикӣ рафт, ҳодисаи чанд сол пеш руйдодаро ёдовар шудан бамаврид аст. Он замон Д. Атовуллоев дар як навиштаи худ (боз ҳам ба таври оммавӣ) нисбат ба ҷавонзани тоҷик – Соҷидаи Мирзо суханҳое навишт, ки хурду калон аз он суханон моту мабҳут шуда буданд. Ягон ҷавонмард дар ягон давру замон, нисбат ба зан ин гуна таҳқирро раво надидааст, чуноне ки Д. Атовуллоев нисбат ба Соҷидаи Мирзо дар ҳузури омма изҳор карда буд. Бо вуҷуди ҳамин, бо гузашти чанд вақти дигар Д. Атовуллоев кадом пӯстеро ба рӯйи худ кашида, ба яке аз таҳҳона – қаҳвахонаҳои шаҳри Прага ба вохӯрии Соҷидаи Мирзо рафт. Коре, ки ӯ кард на ин, ки кори як бешараф буд, на ин, ки узри бадтар аз гуноҳ буд, балки баёнгари он аст, ки ӯ мушкили равонӣ (шояд ҷисмонӣ) бо занон дорад. Вагарна, ин қадар бадбинӣ, бадгӯӣ, бадгумонӣ нисбат ба занон аз куҷо сарчашма мегирад? Дар ҳузури омма, бо навиштани мақоламонанд чизе, ном гирифтани узви инсон ва монанд кардани он ба … кори мардон набуду нест. Фақат шахси кӯчагӣ (бомж) метавонад, ин гуна кори пастро анҷом диҳад.

Кист ӯ: «карикатурист», шантажист, террорист?

Д. Атовуллоев «қаҳрамон»-ҳои хоссаи худ: Маҳмуд Худойбердиев, Абдумалик Абдуллоҷонов, Акбар Тураҷонзода, Абдуллои Нурӣ ва ҳамроҳони онҳоро чунон таърифу сифат мекунад, ки фариштаҳо аз иғроқҳои ӯ шарм карда, худро пушти ҳафт қабати осмон пинҳон мекунанд, то нашунаванду пеши зоти одам сурх нашаванд.

Вақте Д. Атовуллоев мебинад, ки «қаҳрамон»- и офаридааш аз ҷониби сегменти тоҷикии Facebook дастгирӣ намеёбад, он гоҳ таҳқири рӯирост, паст задану ҳақорат додани дигаронро пеша мекунад. Якеро хари сафед мегӯяд, дигареро сиёҳак мегӯяд, сеюмиро алкаш меномад, номи одамонро ба масхара мекашад ва дар хотимаи таҳқирномаҳои бефаросатонаи худ ман «кашидагӣ» мегӯяд ва бо ҳамин беҳунарии томи худро нишон медиҳад. Зеро рассоми хуб, ҳунарманди боҳунар, шахси тарбиядида ва мактабгузашта ҳиҷ вақт камбудии ҷисмонии инсонро баён намекунад, инсонро сиёҳ, сафед, паст, баланд, гуфта таҳқир намекунад, номи шахсро шикаста намегирад, куҷо монад масхараи ному насаб?!

Латифаҳое, ки Д. Атовуллоев онҳоро «сиёсӣ» гуфта, дар саҳифаи Facebook паҳн мекунад, обшуста, даҳонзада, азбайнрафта, беаҳамият буда, пас аз хондани он латифаҳо дар одам хоҳиши гиря кардану афсӯс хурдан ба безавқии Д. Атовуллоев ва бефаросатии ӯ пайдо мешавад.

Дар навиштаҳои мақоламонанди фейсбукии худ Д. Атовуллоев ҳақоратҳоеро ҷой медиҳад, ки дар захираи луғавии ягон гурӯҳи иҷтимоии масъулияташ паст чунин калимаҳо вуҷуд надоранд. Балки одаме, ки ақли солим дорад, хираду тамиз дорад, ҳақорату дашномҳое, ки Д. Атовуллоев ба кор мебарад, ҳаргиз дар гӯшаи хаёлаш роҳ намедиҳад, ба забон оварданаш куҷо? Тасвири ким-чии тортанак, фил ва ё узви шабушк шояд аз он гувоҳӣ диҳад, ки Д. Атовуллоев дар мактаби миёна ба фанҳои зоология ва биология таваҷҷуҳи бештар доштаст? Ба ҳар ҳол, журналист дар маводи барои омма пешниҳодшуда набояд забони ҳақорат дошта бошад.

Ба ҳамин тартиб Д. Атовуллоев кӯшиш мекунад бо матнҳои пур аз ҳақорату дашном, таҳқири шахс худро ҳамчун «карикатурист»-и касбӣ нишон диҳад, аммо номуваффақ аст, зеро ҳама мухолифони давлату миллати тоҷикро бо дурӯғҳои шохдор «лоло»-ву зебо нишон медиҳад ва ҳар шахсеро, ки тарафдори Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон аст, бо дурушттарин лафз (ҳайфи забон) ҳақорат мекунад. Ин тарзи «портрет»-созӣ (дурӯғ гуфтан, туҳмат кардан, масхара кардан) дар ягон доираи журналистӣ ва ҷомеаи инсонӣ қобили қабул набуду нест ва нахоҳад шуд.

Як сарояндаи ҷавон ба садама дучор гардиду бо марги муфоҷо аз дунё гузашт. Д. Атовуллоев дар бораи он ҷавони ҳунарманду марги ӯ марсияе навишт, ки пур аз дурӯғ. Аз ҷумла, навишт, ки гӯё он сарояндаро бинобар шогирди Ҷ. Муродов буданаш ба консертҳои калон роҳ намедодаанд. Чун сухан дар бораи Ҷ. Муродов омад, наметавон нанавишт, ки чӣ тавр Д. Атовуллоев дар як мақолааш аз ӯ қаҳрамон офарид ва дар мақолаи дигар ӯро ҳамчун шахси манфур тасвир кард. Ҳамон гунае, ки профессор Иброҳим Усмоновро дар як мақола ба қавли маъруф «сиёҳ» ва боз дар ҷойу вақти дигар «Устод» гуфта, таърифу тавсиф кард. Монанди Д. Атовуллоев журналисти дурӯя, мунофиқ, бемавқеъ ва ҳиллагарро ёфтан дар гумон аст.

Яке аз одатҳои бади Д. Атовуллоев шантаж кардан аст. Чунончӣ, дар як навиштааш Сафват Бурҳоновро, дар навиштаи дигараш Раҷаби Мирзоро ва ба ҳамин минвол ҳар нафареро ки ба ӯ маъқул нест, «анонс» дода, таъкид мекунад, ки «гӯшбақимор бошед, кӣ будани инҳоро менависам». Ҳадаф аз ин тарс додану шантаж кардан ин аст, ки Д. Атовуллоев намехоҳад касе пишакашро пишт гӯяд, касе ба ҷониби ӯ барои дурӯғ гуфтанҳояш, барои фитнаҳояш, барои иғвоандозӣ ангушти ишорат боло кунад. Худро «ҳокими мутлақ» дар журналистикаи тоҷик мешуморад, гумон дорад, ки танҳо ӯ навишта метавонаду халос, бинобар ҳамин ҳеҷ қабул карда наметавонад, ки ягон нафари дигар мақола нависаду фикру андешаҳои худро баён созад. Бинобар ҳамин ҳар вақте ҳар нафари дигарандешро бинад, ба мисли ҳезуми тар дармегирад, дуд мекунад ва ба таҳдид мегузарад.   Ҳол он ки Р. Мирзо, С.Бурҳонов ва ё дигар шахсоне, ки мавриди таҳдиду шантажи Д. Атовуллоев қарор гирифтаанд, ягон ҷиноят содир накардаанд (Воқеан бо қабеҳтарин алфоз, зишттарин дашном навиштани мақола ҳунари фавқулодда хоси Д. Атовуллоев мебошад). Лекин савол ин аст, ки оё дар давоми сиву се соли охир Д. Атовуллоев як мақолаи беғараз ва ҷавобгӯ ба ҳама талаботи журналистика навишта бошад, ё не?…

Дар навиштаҳои фейсбукии худ Д.Атовуллоев аз полковники ошубгар ва душмани миллати тоҷик Маҳмуд Худойбердиев қаҳрамон месозад. М. Худойбердиев ҳамон хоинест, ки бо тиру силоҳ ва ҷанговарони мусаллаҳ ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон лашкар кашидааст. Дастгирӣ ва пуштибонӣ кардан аз нафаре, ки ба Тоҷикистон лашкар кашидааст, баробар ба бешарафист!!!

Дар навиштаи дигари фейсбукии худ Д. Атовуллоев акси худро бо паштункаи афғонӣ ва силоҳи оташфишонии навъи РПГ-7 дар китф гузоштааст. Албатта, ин расмро Д. Атовуллоев барои худнамоӣ ва гирифтани маблағи бештар аз редаксия гирифта буд. Аммо таблиғи он акс баъд аз ин қадар солҳо аз чӣ далолат мекунад? Дар Тоҷикистони солҳои навадум ва баъд аз он низ аз Д. Атовуллоев дида боҳунартар журналист буду ҳаст. Аммо кадоме аз онҳо ба даст яроқи оташфишон гирифтааст? Ҳеҷ кас! Ягон журналистро на ин ки дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон дидаед, ки ба дасташ яроқ гирифтаву ба китфаш силоҳ овезон карда бошад? Ин танҳо Д. Атовуллоев аст, ки рӯирост одамонро ба ҷанг – куштани одамон даъват мекунад.

Соли 2010 гуруҳи террористии ҷанговари собиқи мухолифин (ки Д. Атовуллоев ҳамеша васфу сифаташонро мекунад) Аловуддин Давлатов (номи дигараш Алии Бедакӣ) бо роҳи камин гирифтан ба ду мошини Вазорати мудофиа шабохун зада, 28 фарзанди мардум – сарбозону аскарони бегуноҳи тоҷикро, ки хизмати аскариро иҷро мекарданд, ваҳшиёна, бераҳмона ба қатл расонд. Он шабу рӯз ҳама сокинони кишвар дар мотами аскарони шаҳид – шаҳбачаҳои номурод нишастанду гиристанд, аммо Д. Атовуллоев аз Аловуддини террорист қаҳрамон сохт, ӯро бародари худ хонд. Дар дунё кадом журналисти дигаре ҳаст, ки аз террорист пуштибонӣ карда бошад?

Ҳавои бад хуб мешавад?

Хеле рӯз аст, ки ҳаво дар Тоҷикистону соири кишварҳо бад аст: чангу ғубор, гармии тоқатфарсо, ҳавои дамгир. Мардум мегӯянд, ки «ҳавои бад хуб мешавад, аммо одами бад бад мемонад».

Сабаб чӣ бошад Д. Атовуллоев дар тамоми навиштаҳои худ сарзамини водии Кӯлоб ва мардуми Кӯлобро рӯирост бад мегӯяд. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки вақте бадбинии худро пинҳон карда наметавонад, изҳор мекунад, ки гапи ман ба мардумии одии Кӯлоб дахл надорад. Ин гуфтор ва рафтори Д. Атовуллоев ба оне монанд аст, ки дар филмҳои романтикӣ мебинем: вақте шавҳар занашро дар вақти хиёнат аз дасташ медорад, ҳамсараш бо овози баланду талвоса изҳор мекунад, ки «не, не, не, ин на он корест, ки ту гумон мекунӣ, мардакҷон».

Дар бештари навиштаҳои фейсбукии Д. Атовуллоев ҷинояти барангехтани кинаву адоват дар заминаи маҳал бараъло намоён аст. Бад дидани як маҳали муайян (Кӯлоб), сокинони он, урфу одати он маҳал, сару либосу ному насаб ва ҳатто хӯрду хӯроки ҳамон мардумро Д. Атовуллоев наметавонад пинҳон кунад. Дар ҳар навиштаи мақоламонанди худ Д. Атовуллоев бо як шӯри хос сокинони маҳали муайянро таҳқир мекунад. Мисли ҳамон кӯдаке, ки дар ҷанҷоли кӯча мушт хурдаву сипас даруни хона даромада, бо ҳавсала нақшаи интиқом мекашад, дар навиштаҳои худ низ Д. Атовуллоев мисли ҳамон кӯдаки аз бинӣ муштхурда таҳқирҳое мекунад, ки шахси солим онро на ба худ ва на ба дигарон раво намедонад.

Дон Додоҷон…

Д. Атовуллоев дар саҳифаи фейсбукии худ аз 2 июли соли 2023 барои сарнагун намудани ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати оммавӣ кардааст. Даъвати Д. Атовуллоев, суханони ӯ ҳамагӣ ҷиноят ҳастанд ва барои ин суханон бояд нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад:

«Ин режимро бояд барандохт! Вожгун кард! Сарнагун кард! Аз беху бун. Роҳи ягона ИНҚИЛОБ аст… Ё кафан, ё Ватан! Ё шаҳодат, ё саодат! Ё марг, ё зиндагӣ!».

Айнан ба ҳамин оҳанг Д.Атовуллоев 2 июни соли 2023 ба муҳоҷирон муроҷиат кардаву онҳоро барои барангехтани ҷанг дар Тоҷикистон даъват кардааст:

«Инқилоб! Ё Ватан, ё кафан! Ё шаҳодат, ё саодат! Ё марг, ё зиндагӣ!».

Даъватҳои оммавии Д. Атовуллоев аз саҳифаи Facebook оид ба инқилоб қаҳрамони асари безаволи Мигел Сервантес «Баҳодури ҳиллагар Дон Кихот аз Ламанч»-ро ба ёд меорад (Хитроумный идальго Дон Кихот Ламанчский).

Дон Кихот бар асари хондани бисёр худро баҳодур мепиндорад ва барои қаҳрамонӣ нишон додан ба сафар мебарояд: тағораи мисинро ба сар мекашад, афзори ҷангӣ ба бар мекунад, Санчо Пансоро нӯкари худ таъин мекунад, шамшери қадимии зангзадаро гирифта, савори аспи хароб ба муқобили осиёбҳои бодӣ шамшер мезанад, «шерона» наъра мекашад ва бодбарҳои чӯбини бечораи осиёби бодиро мешиканад. Даъфаи дигар Дон Кихот рамаи гусфандонро лашкари душман гумон карда, девонавор, шамшерзанон, савори аспи ниммурда худро ҷониби рама мезанад. Танҳо пас аз оне ки деҳқонон ба рӯи роҳи Дон Кихот аз баландиҳо сангҳоро ҷар мекунанд, рама аз дасти Дон Кихот ҷон ба саломат мебарад. Образи Санчо Пансо ҳам ба ҳамроҳони Д. Атоуллоев шабоҳат дорад. Ӯ низ ба хаёли губернатор шудан ба Дон Кихот ҳамроҳ мешавад. Барои маъшуқаи Дон Кихот мактуб мебарад, аммо дар роҳ ба ёдаш меояд, ки мактубро фаромӯш кардааст…

Чаро Д. Атовуллоев ба Дон Кихот монанд аст? Зеро ӯ аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, аз рӯзгори муқаррарии сокинони Тоҷикистон бехабар аст, дар олами тахайюлоти худ қарор дорад, аз воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон дури дур аст. Ҳамон тавре ки Дон Кихот мехост «баҳодур» бошад, Д. Атовуллоев низ дар сар хаёли инқилоб дорад, бо осиёбҳои бодӣ меҷангад…

Шояд аҳли зиёи мамлакатамон ба хотири умри рафтаи Д.Атовуллоев, ба хотири сару риши сафедшудааш, ба хотири тоҷик будану аз Тоҷикистон буданаш ба таҳқирҳои ӯ, ба даъватҳои ҷинояткоронаи ӯ ҷавоб намедиҳанд. Шояд. Аммо пеши роҳи даъватҳои оммавӣ барои барҳам додани сохти конститутсионӣ аз тарафи Д. Атовуллоев бояд гирифта шаванд.

Ба ҳамин тартиб, Д. Атовуллоев айни ҳол на журналист аст, на сиёсатмадор, балки шахсест, ки аз террористону хоинони Ватан пуштибонӣ кардаасту мекунад.

Ба ҷойи охирсухан:

Худо ҳамеша ҳамроҳи мост, идалго Дон Додоҷон.

Акрам Сангзода,

журналист, СССР

Манбаъ: www.cccp.tj

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь