Воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ва ниҳоят хатарзову таасуфбарангез аст. Махсусан пас аз ба Истиқлолияти давлатӣ расидани кишвар қувваҳои иртиҷоии мансабталош дар симои саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ, бо суиистифода намудан аз боварҳои динии мардум, бо дастури бегонагон бо ҳар роҳе набошад мехостанд қудрати сиёсиро ба даст оваранд.

Ҳамин буд, ки онҳо аз ҳар гуна фурсат истифода намуда, мардумро ба гумроҳӣ савқ медоданд. Ҳар гуна хабару ҳангомаҳои иғвобарангези ғаразнокро дар байни мардум паҳн менамуданд. Тамоми рафтору кирдори наҳзатиёни террорист муқобили зиндагии осоишта, сулҳу субот, дӯстию рафоқат, баробарию бародарӣ ва умед ба фардои нек равона гардида, танҳо ба бадии инсонҳо равона гардидааст.  Яъне, онҳо ба одамон аз хунхортарин ва ваҳшитарин дарранда ҳам бадтар муносибат мекунанд ва барояшон инсон ҳеҷ арзише надорад.

Дар солҳои ҷанги бародаркуш наҳзатиҳо беҳтарин олимону сиёсатмадорон ва дигар чеҳраҳои саршиноси кишварро ваҳшиёна ба қатл расонданд. Ин фоҷеа ва даҳшате, ки хиёнаткорон ва душманони наҳзатӣ ба сари миллати тоҷик оварданд, басо нангину дарднок буда, то абад ҷуброннопазир хоҳад буд. Зеро ин ваҳшиёну хунхорон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз набудани ҳокимияти ягона ва низоми дурусти давлатдорӣ истифода карда, ба илми ҷумхурӣ бадтарин зарбаро раво диданд. Бо ин амалҳояшон онҳо дар кишвари мо фирори мағзҳоро ба вуҷуд оварданд ва барои рушди кишварамон монеъа гардиданд.

Аз дасти террористони наҳзатӣ он олимону донишварон, рӯзноманигору сиёсатмадорон ва адибону эҷодкороне кушта шуданд, ки на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки берун аз марзи он ҳам шинохта шуда, обрӯю нуфузи зиёд доштанд. Ноҷавонмардони наҳзатӣ беҳтарин фарзандони миллати тоҷикро нобуд карда, чароғи илму маърифатро дар кишвар хомӯш кардан мехостанд. Аз ҷумла, ин хунхорони наҳзатӣ ба рӯзноманигори нуктасанҷу тавоно Ҳомидҷон Ҳакимов низ раҳм накарданд, ӯро ваҳшиёна ба қатл расонданд.

Ҳомидҷон Ҳакимов 06-уми ноябри соли 1954, дар собиқ колхози ба номи Ленини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, дар деҳаи Тоҷикбаталён, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ҳомидҷон соли 1971 ба факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, дохил шуда, онро бомуваффақият хатм менамояд. Оғози фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгори фанни забону адабиёт дар деҳаи худ оғоз менамояд. Аз соли 1984 то соли 1988 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»”  кор кардааст. Аз соли 1988 то соли 1991 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор карда, соли 1991 сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақсӯз» таъин мегардад ва то лаҳзаи охирини ҳаёташ дар ин вазифа фаъолият мекунад.

Ҳомидҷон Ҳакимов дар он солҳои бесарусомнӣ  ҳамчун рӯзноманигори қавиирода   аз касе ҳарос надошт рӯйирост нисбати амалҳои ҷинояткоронаи саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ сухан мегуфт. Таъкид мекард, ки  ин палидони наҳзатӣ барои беҳбудии мардум талош надоранд. Онҳоро ҳарисии сарват  ва мансабталошӣ ба ин роҳ бурдааст.

Дар ҳақиқат Ҳомидҷон, як инсони воқеъбин буд, хурофоту ҷаҳолатпарастии ин гуна ашхосро чашми дидан надошт. Ба ақидаи ӯ дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ афзун гардад, ҳамон қадар нерӯҳои илмию фарҳангӣ заиф мешаванд ва нофаҳмию ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ миёни халқ роиҷ мегардад. Ӯ инсони асил буду ҳушманд ва қаламаш пайваста созанда буд, на сӯзанда.  Дар баробари ин, Ҳомидҷон бар зидди ҳар гуна амалҳое, ки ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгароии динӣ оварда мерасонд, баромад мекард. Муқобили зулму зӯроварӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлатӣ буд ва мунтазам дар мақолаҳояш хиёнаткориҳои саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии нахзати исломиро ба аҳолӣ нишон медод, бедодгариҳо ва ҷиноятҳои мудҳиши онҳоро фош месохт. Дар кори худ содиқ, боғайрат, дақиқсанҷ, хушзеҳну  ботамкин буд.

Мутаассифона, ин озодбаёнӣ ва ақидаҳои ватандӯстонаи   Ҳомидҷонро террористони наҳзатӣ напазируфтанд ва аз пайи нобуд кардани ин родмарди сарсупурдаи миллат шуданд. Санаи  06-уми ноябри соли 1992 Ҳомидҷон Ҳакимов баъд аз кор баргаштан дар хонаи истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Душанбе дар овони камолоти эҷодӣ аз дасти қотилони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ Пираков Диловар Шохович ва гурӯҳи яроқноки ин палиди наҳзатӣ  дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Бо ин амали ваҳшиёнаашон бори дигар хоинони миллат исбот намуданд, ки онҳо бо мардуми осоиштаву зиёи меҷанганд ва хуни ноҳақ мерезанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон чӣ будани ҷангу низоъро дар ибтидои солхои 90-уми асри гузашта хуб дарк кардааст ва  дурӯғ, дасиса, найрангу ҳилла, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ ва авомфиребии  саркардагону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломро медонад. Қатлу кушторе, ки дар даҳаи навадуми садаи ХХ, бо «ибтикори» ин ташкилоти террористию экстремистӣ сурат гирифта буд, дар таърихи миллати мо ҳамчун доғ боқӣ хоҳад монд.

Имрӯз саркардаи фирории ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ ва дигар пайравони наҳзатиаш аз кофтукови ҷиноятӣ дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, доди ватанхоҳӣ мезананд ва бо ҳиллаву фиреб мехоҳанд худро муборизи роҳи озодӣ нишон диҳанд.  Дар асл онҳо бо иғвою туҳмат дар миёни мардуми мо  тухми кинаву адоват ва ихтилоф коштанӣ ҳастанд. Барои иҷрои дастури хоҷаҳои хориҷиашон, ки ба душмании миллати мо равона гардидаанд, аз ягон амали хабисона рӯй намегардонанд.  Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехӯрад ва хуб дарк мекунад, ки кулли фирориёни наҳзатӣ террористони хунхор буда, душманони аслии миллат ва меҳани мо маҳсуб меёбанд

Имрӯз маҳз бо саҳму талош ва заҳматҳои беандозаи Президенти хирадманди миллат, Тоҷикистон  истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои он, пурра ҳифз гардида,  кишвари мо аз як давлати ҷангзада  ба як давлати пешрафта дар минтақа гаштааст.

Хотираи неки зиндаёд Ҳомидҷон Ҳакимов ҳаргиз аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд ва ҳамеша дар дилу дидаи ҳамкорон, дӯстон абадӣ боқӣ хоҳад монд.

 Фарҳод Маҳмудов, сармуҳарири Рӯзномаи «Кӯшониён»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь