Муқаддима
Ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзамини биҳиштосоямон-Тоҷикистон, ҷавҳари меҳварии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба ҳисоб меравад. Мебояд ҳар ҷавонмарди асили Меҳан бо меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, тамоми ҳастии хешро ба самти ҳифзу ҳимояи якпорчагии арзии кишвар равона намояд. Дар баробари ин, тафаккури солим дошта бошад, ки фирефтаи суханони пӯчу бемағзи гуруҳу созмонҳои даҳшатафкан нагардад, зеро як иттилои нодуруст андешаи инсонро тағйир медиҳад.
Бо вуҷуди он ки имрӯз дар кишвар як артиши қобили муҳофизати марзу буми Ватан ва Истиқлолу озодӣ амал намуда, таъминкунандаи сулҳу субот ва фазои орому осоишта дар кишвар аст, набояд аз ин фазои оромиву озодие, ки ҷавонмардони асил барои насли имрӯза фароҳам сохтанд, халалдор гардад. Ҳар яки моро зарур аст, ки бо ёд намудани савганди садоқат нагузорем, то нохалафе пой ба хоки сарзамини аҷдодии мо гузорад.
Зарурарти хизмати ҳарбӣ
Сайфулло Сафаров-таҳлилгар ва шореҳи масоили сиёсии кишвар дар як суҳбати ихтисосӣ зикр намуд, ки хизмати ҳарбӣ новобаста аз сулҳу оромӣ зарур ва ҳатмист: «Хизмати ҳарбӣ дар ҳама замон зарур аст. Новобаста аз он, ки абарқудратҳо ҳастанд ва ё нестанд, ҳамсояҳо хубанд ва ё баданд, дар давлатҳои ҳамсоя ҷанг ҳаст ва ё не. Зеро мегӯянд, ки «Агар хоҳони сулҳ бошӣ, доимо ба ҷанг омода бош». Яъне, хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагии ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин сабаб, новобаста аз вазъияти сиёсию иҷтимоӣ хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳама вақт чизи зарурӣ ба ҳисоб меравад».
Мусаллам аст, ки аз ибтидои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бадхоҳони дохилию берунӣ бо дахолати бархе аз кишварҳои манифатҷӯ аз набудани Қувваҳои Мусаллаҳ истифода намуда, кишвари моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ намуданд. Дар ин гуна вазъият, артише зарур буд, ки давлату миллатро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун орад. Ниҳоят, соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳ дар заминаи холӣ таъсис дода шуд ва барои таъмини амнияти давлату кишвар камари ҳиммат баст.
-Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо, ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад»,-зикр намуд Саидхоҷа Акбаров, полковники мустаъфӣ, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин замина, Сайидҷаъфар Исмонов-раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҷавононро мебояд, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо оваранд, зеро дар замони муосир таҳдиду хатарҳо моро ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи ҷаҳониро ором намегузорад:
-Албатта, ҳар як ҳукумат, ки давлатро сохта, қонунҳоро ба воситаи парлумон ва ҳокимияти иҷроия эҷод менамояд. Мардум бояд дар ҳама соҳаҳо саҳмгузор бошанд, алалхусус, дар муҳофизати давлате, ки сохта шудааст. Албатта, ҷавонон хуб медонанд, ки дар ҳамсоядавлати мо-Афғонистон чӣ ҳодисаҳо шуд ва айни замон дар дигар давлатҳои минтақа вазъият чӣ гуна аст. Дар ҳолати омодабош будани ҳам қишри аҳолӣ ва ҳам обутоб додани руҳияи ҷавонон дар ҳама ҳолат ҳам дар рушди Тоҷикистон, ҳам дар мавқеъгирии сиёсӣ зарур аст»,-илова намуд манбаъ.
Эътимоду боварии давлат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ
Ба андешаи таҳлилгари масоили сиёсии кишвар Сайфулло Сафаров, Тоҷикистон нисбат ба артиш, ба хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмуъ, онҳое, ки дар ҳимояи Ватананд, эътимоди бениҳоят зиёд дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ мушоҳида шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятиро мегузорад.
-Мардум низ ба артиши худ эътимоду эътиқод доранд. Ҳамчунин, шаҳрвандони кишвар ҳимоятгари манфиати худашонро ҳамавақт эҳтиром мекунанд. Мо, дар муддати 30 сол нобовариро эҳсос накардем. Баъзе бачаҳои ҷавон, ки аз артиш мегурезанд, онҳо ҳам ҳоло чунон тағйир ёфтанд, ки дар шаҳри Исфара, чандин шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ғайра мардум дар як рӯз ҳангоми даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ нақшаи даъватро иҷро намуданд. Ин худаш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардум аллакай фаҳмиданд, ки артиш чӣ маъно дорад»,-зикр намуд манбаъ.
Албатта, дар замони зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар лаҳза таҳдиду хатарҳо ба кишварҳо, хусусан ба Осиёи Миёна мушоҳида мегардад. Мутаассифона, имрӯз Осиёи Миёна ба майдони рақобати геополитикии кишварҳои абарқудрат барои талоши манфиатҳо табдил ёфтааст. Ҳамзамон, таҳдидҳои гуруҳҳои экстримистию террористӣ бо дахолату пуштибонии пасипардагии бархе аз давлатҳои абарқудрат идома дорад, ки эҳтимоли ноором сохтани суботи сиёсӣ ва ҳамҷавории давлатҳои минтақа мебошад. Аз ин рӯ, давлатҳои минтақаро зарур аст, ки дар ҳалли мушкилоти минтақа ҳамдигарфаҳмиро дар мадди аввал гузоранд. Дар навбати аввал, барои таъмин намудани сулҳу субот нақши хизматчиёни ҳарбӣ бузург арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора, Саидҷаъфар Исмонов чунин назара дорад: «Дар ҷаҳони имрӯз, ки задухӯрдҳо ва чолишҳои нав пайдо мешавад, метавонад, ки ҳар давлат аз байн равад. Фақат Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ метавонанд, ки давлатро ҳифз кунанд. Масалан, мушкилоти Қирғизистон ва ё мушкилоте, ки дар Афғонистон шуда гузашт. Як гуруҳ омада биноҳои ҳукуматро гирифт. Қувваҳои террористие, ки дар Афғонистон пайдо шудааст, онҳо даъвои калон дошта, ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд, хусусан ба Тоҷикистон. Ба ҳамин хотир, Қувваҳои Мусаллаҳ, барои давлати Тоҷикистон, барои таъмини амнияти давлат зарур аст. Дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонон бояд хизмат карда, омода бошанд ва дар ҳама ҳолат Ватанро ҳимоя кунанд».
Дар ин замина, Саидхоҷа Акбаров, полковники мустаъфӣ, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахасисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯйи муназзами дорои ҷузъу томи замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии ҷонфидоии зиёде нишон додаанд. Аз ин рӯ, имрӯз давлату ҳукумат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ эътимоду боварии комил дорад».
Илова бар ин, Сарфармондеҳи Олии кишвар дар яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд: «Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ Истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд».
Истодагарӣ ва ё ҳолати руҳӣ-равонии хизматчиёни ҳарбӣ
Яке аз самтҳои муҳими ҳар давлат, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои эҳтимолии берунию дохилӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятист,ки бар зиммаи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ вогузор карда шудааст. Албатта, вазифаи аз ҳамаи муҳими ҳар хизматчии ҳарбӣ ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияту суботи давлату миллат ва ҳифзи ороми иҷомеа ба ҳисоб меравад.
Суол ин аст, ки дар сурати таҳдиди хатар ба давлат хизматчиёни ҳарбии мо то кадом андоза истодагарӣ карда метавонанд?
-Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи интихоби ҷавонони солими синни даъватӣ аз ҷиҳати рӯҳию равонӣ, обутоби ҷисмонӣ, таъминоти моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳарвақта беш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. То имрӯз ҳеч гоҳ хизматчиёни ҳарбӣ ақибнишинӣ накарданд ва дар оянда низ чунин амали ноҷавонмардонаро нахоҳанд кард”,-гуфт, зимни суҳбат, Саидхоҷа Акбаров, полковники мустаъфӣ, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аммо, Саидҷаъфар Исмонов бар ин назар аст, ки ҳолати руҳияи ватанпарастии афсарону сарбозони мо дар сатҳи баланд ва фарқкунанда аз дигар кишварҳо аст. Ба андешаи ӯ, имрӯз Артиши Тоҷикистон нерӯҳои пурқудрати заминиву ҳавоӣ дошта, хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳама ҳолат бар зидди ҳуҷумҳои ногаҳонӣ истодагарӣ карда метавонанд.
Коршиносони масоили сиёсиву ҳарбии дохилию хориҷӣ дар мавриди ҳуҷумҳои ногаҳонӣ ба хоки Тоҷикистон ва муборизаи хизматчиёни ҳарбиро ба таври мусбат арзёбӣ менамоянд. Дар ин маврид, Сайфулло Сафаров, шореҳи масоили сиёсии кишвар бар ин назар аст, ки имсол санҷиши омодабошии ҷангии Артиши Тоҷикистон ва захираҳои сафарбарӣ, ки аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 230 ҳазор низомӣ санҷида шуда, доир ба омодабошии хизматчиёни ҳарбӣ баҳои баланд дода шуд: “Артиши мо барои ҳама гуна ҳуҷумҳои ногаҳонӣ омода аст ва метавонад, ки аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳое, ки дар назди онҳо гузошта шудааст, бо сарбаландӣ бароянд”,-зикр намуд Сайфулло Сафаров.
Хулоса
Бо вуҷуди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, талафоти зиёд дода бошад ҳам, вале дар мавриди таҷрибаи ҷангӣ ва расидан ба қадри сулҳу суботи сартосарӣ муваффақ гардидааст. Албатта, хизматчиёни ҳарбии кишвар дар муқоиса бо дигар хизматчиёни ҳарбии минтақа ҷуръати ҷангиро доро буда, ба ҳама дастовардҳои миллӣ арҷ мегузоранд ва талоши аз даст надодани зиракии сиёсиро доранд.
Дар ҳақиқат, имрӯз Артиши миллии мо дар шароити куҳистон таҷрибаи ҷангиро дорост ва садҳо нафар афсарону сарбозони шуҷоъу тавоное дорем, ки дар сурати сар задани таҳдид ба амнияти давлату кишвар бар зидди душманони ғаддор муборизаи беамон бурда, намегузоранд, ки нохалафу бадкешу бадтинате пой ба хоки кишвари мо гузорад.
Азимҷон БАДАЛОВ, капитан