Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъи бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои дорои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.
23 – юми феврали соли 1993 нахустин сафороии ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани ҳолати мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд. Ин аст, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ карда шуд.
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд ва то имрӯз низ ин рисолати азалии хешро идома дода истодаанд.
Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он то ба имрӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ва назаррасро ба сомон расониданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар воқеъ, хизмат намудан ба Модар-Ватан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллатро зарур аст, ки, қабл аз ҳама, дар мадди назараш андешаи ободию осоиштагӣ ва таҳкими Истиқлолияту ваҳдати миллиро дошта бошад. Чунки инҳо неъматҳое мебошанд, ки маҳз дар заминаи он тамоми орзую мақсадҳои накӯи инсонӣ амалӣ гардида, шахс баҳри худу атрофиён зиндагии шоистаеро созмон хоҳад дод. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аниқтараш, тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои он дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Олии Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хизматии хешро ба роҳ монда, ҳамчун як тану ҷон баҳри ҳифзи оромию осудагӣ камари ҳиммат баста, аз хизмати софдилонаю содиқонаи онҳо метавон хулоса кард, ки минбаъд низ дар роҳи осудагию оромӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон талош ва фаъолият хоҳанд кард. Маҳз рисолати азалии аҷдодони хешро Пешвои миллат то ба имрӯз идома дода, дар дили ҳар як ҷавон нерӯву тавоноӣ ва муҳаббат аз мактаби созандагиву ободкоронаи Роҳбарияти олии мамлакат дар масири бунёдкориву хуррамгардонӣ маншаъ гирифта, чун номоварони таъриху родмардони ҷонфидо баҳри ҳимояи марзу бум сина сипар намуда, хизматҳои шоён намуда истодаанд.
Таърих худ гувоҳи он аст, ки чун Восеъ, Муқаннаъ, Спитамен, Деваштич ва ҳазорон қаҳрамонони абадзиндаи таърихӣ, ки мактаби бузурги шуҷоату далериро аз худ боқӣ гузоштаанд, имрӯз низ зери сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат корнамоиҳои неки онҳо дар замони давлатдории навини тоҷикон ба нерӯи шикастнопазиру тавонои миллат, яъне ҷавонон омӯзонида шуда истодааст.
Шӯъбаи корҳои дохила дар ноҳияи Балҷувон низ баҳри таъмини осоиштагӣ ва оромиву осудагии мардум пайваста корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба миён гузошта, барои ҳалу фасл намудани камбудиҳои ҷойдошта, нигоҳ доштани низоми осудагии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатар миёни ҷавонон, пешгирии онҳо ва шомил нагардидани насли ҷавон ба гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ вохӯриҳои судмандро дар маҳаллаву деҳа ва ҷамоатҳои ноҳия пайваста ба роҳ мемонад.
Бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сарбаландона адои хизмати Модар-Ватан карда истода, саҳми худро дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти сартосарӣ, сулҳу субот, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ваҳдати миллӣ гузошта истодаанд. Имрӯз аз чеҳраи ҳар як сарбози Ватан эҳсос мегардад, ки онҳо дар дифои марзу буми аҷдодӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ хизмат ба Сарвари мамлакат, ҳифзи обрӯи давлат, нуфуз ва эътибори он дар ҷаҳон ва қиматтар аз ҳама, амнияти сартосарӣ ҷавонмардона хизмат намуда, баҳри якпорчагӣ ва ваҳдати комил ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт.
Ҷумъазода Ҳабиб, подполковник,
сардори ШВКД дар ноҳияи Балҷувон