Шояд вобаста ба малакаҳо ва таҷрибаҳои тахассусӣ бошад ва шояд хисоли кунҷковӣ доштанам бошад, ки ҳамеша дар пайи кашфи чизи нав ҳастам. Не, не хонандаи муҳтарам гумон накунед, ки ман олими физик ҳастам ва аз пайи кашфи атом ё нейтронҳои нав овораам ва ҳамчунон ман табиатшинос ҳам нестам, ки ба кашфи рустанӣ ё ғизои нав сару кор гирам.

Чизе, ки ман дар кашфи онам ба назар хеле оддӣ метобад ва дар зоҳир гӯё ҳамаи инсонҳо онро бидуни ягон кашфиёт медонанд. Аммо ман онро мушкилтарин кашфиёт меҳисобам: кашфи ман беҳтарин хислату сиришти инсонҳост. Одамони хело зиёд дар атрофи мо ҳастанд, дорои хислату рафтори накӯянд, некӯхисолӣ барои миллати мо аз азал дода шудааст. Вале кам иттифоқ меафтад, то ин некӯхислатӣ бо фаъолияти тахассусӣ пайванд дода шавад. Дар асл, барои бисёре аз тахассусҳо ин кори мушкил ҳам нест, чунончӣ, як муаллими мактаб ва як омӯзгори донишгоҳ озод метавонад ва ҳатто масъул аст, то дар тадрис ва таълими шогирдон аз некӯтарин хислату рафтораш истифода барад. Вале соҳаҳо ва муассисоти соҳавие мавҷуданд,  ки бештар бар қавонини  ҷиддӣ ва талаботи сахт такя доранд. Барои мисол, дар кори ҳарбӣ бояд ҷиддӣ ва дар доираи амру фармон фаъолият кард. Дар ин самт сахтгирӣ ҷои меҳрубонӣ ва амр ҷои хоҳишро мегирад. Фаъолиятҳои муассисот ва раёсати марбут ба корҳои дохилӣ низ дар чунин қавоиду қавонин ба роҳ монда мешаванд. Бо вуҷуди ин адл бузургтаррин мизон аст, ки дар миёни таъкиду хоҳиш, амру узр ва сахтию меҳрубонӣ хайма зада паллаи тарозуро дар мувозинат нигоҳ медорад. Ин мизон махсусан дар он вақт дар тавозун аст, агар қозӣ бинишу дониши васеъ дошта бошад, агар қозӣ мушкилотро бохирадона ҳаллу фасл кунад.

Ҳадафи ман аз муқаддимаи боло ҳарфе чанд дар хусуси як нафар фарзанди миллати тоҷик, як ҳомии ин ватан ва як писари рустоие, ки маҳз тавассути дарки дурусти роҳи ҳаёт то ба ҳадди муовини аввали Вазири корҳои дохила расидааст ва шабонарӯз дар хизмати мардуми хеш аст. Ин фарзанд генерал-майори милитсияи тоҷик Аламшозода Абдураҳмон Аламшо мебошад. Хонандаи азиз метавонад эрод гирад, ки охир даҳҳо фарзандони дигар ҳам дар хизмату халқу Ватан ҳастанд! Бале, на даҳҳо балки садҳо. Ана  ба хотири ҳамин даҳҳо ва садҳо нафар фарзандоне, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллатро ҳимоя ва амалӣ мекунанад, ман аз Аламшозода  Абдураҳмон суҳбат мекунам, ки ҳам рафтор, ҳам муносибат ва ҳам хизмати ҳамаи онҳоро дар худ ҷой додааст. Дар адабиёти бадеӣ инро чеҳрае мегӯянд, ки умумият дода шудааст, яъне қаҳрамоне, ки беҳтарин хислатҳо ва муносибатҳои  як гурӯҳи муайян, як табақа ва ё як миллатро дар худ ҷо додааст. Ногуфта намонад, ки дар интихоби чунин кадрҳои сазовор одамшиносии Президенти кишвар ва дурбинии Вазири корҳои дохилӣ, ки барои пешниҳод ва тасдиқи ҳар як нафар кадри милитсия ҷавобгар аст, дахл ва аҳамияти хеле калон дорад.

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ ва инчунин факултаи №1 Академияи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кадрҳои роҳбарикунанда мебошад. Ба хизмати Ватан ва мардумаш замоне камар баст, ки Тоҷикистони азизи мо дар арафаи муноқишаҳои бемаънии дохилӣ қарор гирифта буд. На ҳар як ҷавони аз партаи донишҷӯӣ хеста ҳиммат, ирода ва хоҳиши ба сафи милитсияи тоҷик дохил шуданро дар он солҳо дошт. Сабаб  маълум буд, зеро ҳар як нафар, хоса нафари ҷавон, тарси ҷон дошт.Чӣ қадар фарзандони ҷавони тоҷик аз сафи милитсия   барои ҳифзи сохтори конститутсионӣ дар мамлакат, талаф ёфта буданд. Вале қарори Аламшозода Абдураҳмон қатъӣ буд.

Аз рӯзи аввали ба хизмат оғоз карданаш, Абдураҳмони ҷавон бо муносибати аҳлона ва мусолиҳакории худ сазовори эҳтироми ҳамкасбонаш гардид ва роҳбарият ба маҳорати ӯ дар муносибат бо кадрҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки Аламшозода, ба синни ҷавониаш нигоҳ накарда, мунтазам ба вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда дар самти корҳои фаврӣ пешниҳод мегардид. Ӯ дар ҳар як вазифа зина ба зина малакаву дониш, таҷрибаву истеъдоди бештари кор бо кормандонро касб мекард. Аз соли 1997, аз бозе ки бо ибтикори мустақими Пешвои миллат қарордоди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистони азиз ба тасвиб расид, дар фаъолияти Аламшозода Абдураҳмон, ки аллакай чун корманди ҳаматарафа пухта расидаи милитсияи тоҷик худро муаррифӣ намуда буд, дигаргуниҳо ба амал омадан гирифт. Ӯ сараввал ба вазифаи сардори шӯъбаи идоракунии корҳои дохилии ноҳия, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ, сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ ва муовини Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон адои вазифа мекунад. Пас аз сарбаландона адо намудани ин вазоиф ва масъулият барои Аламшозода масъулиятҳои бештару олитарро раво диданд. Аз ҷумла, ӯ чанде дар вазифаи пурмасъулияти  сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе  кор ва фаъолият намуда, сипас дар моҳи декабри соли 2013 бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба вазифаи муовини аввали Вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Воқеан, Аламшозода Абдураҳмон аз нахустин ва беҳтарин шогирдони  Генерал-полковник  Раҳимзода Ҳамроҳ, Вазири корҳои дохилӣ маҳсуб мешавад. Соли панҷум аст, ки Аламшозода бо сари баланд ва маҳорати олии кор дар ин вазифа хизмат мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Президенти кишвар чунин фарзандонро беэътибор намемонанд. Бо пешниҳоди Вазири корҳои дохилӣ, ки ба кадр ва фаҳми кадрҳо ояндадор мерасад, Аламшозода дар соли 2012 барои дарёфти яке аз беҳтарин нишонаҳои мардонагӣ- ордени “Спитамен 2 ” ва соли 2015 ордени “Спитамен 1” пешниҳод гардида буд ва ҳар ду дараҷаи ин нишонаро дарёфт кард.

Ба маълумоти  расмие, ки дар сомонаи Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси  ҳаёт ва фаъолияти Аламшозода  Абдураҳмон дарҷ гардидааст, назар меандозем ва як маълумоти зоҳиран хоксоронаро мебинем. Дар миёнаи ин маълумоти хоксорона  як ҷумла мавҷуд аст, ки кулли маънои зиндагӣ ва хизмати ӯро дар бар дорад. Ҷумла ин аст:

“Барои малакаҳои олии тахассусӣ, саҳми арзанда дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи волоияти қонун, дифоъ аз ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатии орденҳои “Спитамен 2” ва “Спитамен 1” сарфароз гардонида шудааст”.

Ин як ҷумла тамоми ҳаёти Аламшозодаро муайян ва симояшро мушаххас  мекунад. Дар он ҳам вазифа, ҳам масъулият ва ҳам хизмати ӯ дарҷ гардидааст. Ашхоси ангуштшуморе мисли Генерал-майор Аламшозода дар ҷамъияти мо кору зиндагӣ доранд, ки бо хизмат ва масъулияти расмии хеш қаноатманд нашуда, ҳиммат ва иродаи бештареро барои хизмат ба ҷомеа зоҳир менамоянд. Онҳо кайҳост ки ба маънои тарбия ҷомеа ва ҳамчунон, тарафҳои заъфу заифи он пай бурдаанд ва дар пайи аз байн бурдани сабабҳои ин заифӣ мебошанд.

Мусаллам аст, ки ҷомеа ва кишваре, ки насли наврас ва ҷавононашро аз тарбияи мутаасил дар  каноранд, ояндаи хуб надорад ва ҳамеша бо муноқишаҳо, ҷинояткорӣ рӯ ба рӯ мебошад. Маҳз дарки ҳамин масъала ва дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, мутахасисони дар самти кори худашон  олидараҷа ба тарбияи насли нав низ машғуланд. Дар яке аз вохуриҳои худ Президенти муҳтарами мо ба кормандони сохторҳои қудратӣ ҳидоят дода буданд, ки кори милитсия пеш аз ҳама тарбия ва роҳнамоии шаҳрвандон аст на парванда кушоиву зиндон намудани онҳо.

Маҳз ҳамин ҳидоятро Аламшозода сармашқи фаъолияти худ қарор дода, иқдомоти бомувафақият мегузаронад. Ӯ ҳидояти Сарвари давлатро дар ду самти фаъолияташ амалӣ сохта истодааст: аввалан, аксари вохуриҳои ӯ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа бо тарбияву фаҳмондадиҳии муҳимтарин рукнҳои тартибот оғозу анҷом меёбад ва дуюм, ӯ тавассути осори илмӣ ва таълимоташ ба тарбияи донишҷуён ва кадрҳои ҷавон саҳмгузорӣ менамояд.

Самти аввали тарбия қариб ки хоси кулли роҳбарият ва мудирияти кормандони ҳифзи  ҳуқуқ аст, вале самти дуюм, ки сирф ба таълиму тарбия ва ковишҳои илмӣ дар масоили тахасусӣ  мадхал аст, на барои ҳама даст медиҳад. Аламшозода Абдураҳмон дар миёни мутахасисони соҳа ҳамчун олим ва омузгор низ қадру эҳтироми махсус дорад. Ӯ пайваста меомӯзад ва меомӯзонад. Мақолаҳои илмии Аламшозада дар масоили мухталифи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷиноятҳои гуногун, ки ғолибан бо такя ба таҷрибаи ҳаррӯзаи корӣ эҷод мегарданд. Инчунин, Аламшозода яке аз муаллифони асосии ду китоби илмиву таълимӣ дар соҳаи криминология  “Криминология: история таджикских  и зарубежных криминалогических учений” Душанбе 2017 ва криминология  қисми асосӣ мебошад. Ин асарҳо нахустин маротиба ба таври густурда масъалаи таълимоти миллӣ ва хориҷиро дар самти ҷинояткорӣ пешкаши донишҷуёни соҳа мегардонанд.

Бо як калима, ҳамоно аз хирад кор гирифтан ва аз таҷриба  омӯхтан калиди муваффақияти Аламшозода  аст. Некӯхисолӣ ва муомилаи нек, ки онҳоро Конститутсия кафолат медиҳад, аз хислатҳои беҳтарини Абдураҳмон Аламшозода ҳамчун роҳбар маҳсуб мешаванд. Ба фаъолияти ӯ нигоҳ карда фикр мекунам ӯ ҳар шаб ин байти Лоиқро ба забон меорад:

Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.

Шоҳрух Мақсудов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь