Корнамоиҳои Мамуров дар хоки Афғонистон

Бахшида ба 35 солагии баромадани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шурававӣ аз хоки Афғонистон ва бахшида ба 31-умин солагарди тасисёбии Артиши миллӣ

Ҳар сол таърихи 15-уми феврал дар аксари кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи баровардани Қувваҳои муссалаҳи cобиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ҷашн гирифта мешавад. Соли ҷорӣ аз ин санаи таърихӣ 35 сол сипарӣ гардид.

Хотиррасон менамоем, ки Артиши Шуравӣ моҳи декабри соли 1979 ба хоки Афғонистон ворид шуда, соли 1988 баъди ба имзо расидани созишномаи Женева баровардани Артиши Шуравӣ аз хоки Афғонистон оғоз гардид ва 15-уми феврали соли 1989 охирин ҷузъи 40-умин Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк намуд. Артиши Шуравӣ 9 солу як моҳу 12 рӯз дар қаламрави Афғонистон қарор дошт. Дар ин муддат дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ 15 ҳазор нафар афсару аскар ба ҳалокат расиданд. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар ин ҷанг 147 танк, 1314 автомошинаи зиреҳпӯш, 433 системаи артилерӣ, 118 тайёра, 133 чархбол талаф ёфтааст. Воқеан, он печидагиҳои фоҷиабор дар кишвари Афғонистон аз ёдҳои он нафароне, ки дар иҷрои вазифаю супоришҳои ватан ҷоннисориҳо намудаанд, фаромӯш намешавад.

Яке аз родмардоне, ки барояш ба хотир овардани он рӯзҳо хеле ҳам ҳузновар аст, ин Ҳамитбой Мамуров мебошад, ки бевосита дар амалиёти ҷангии хоки Афғонистон иштирок кардаву аз худ корнамоиҳо нишон додааст. Бале, ӯ ҷанговари интернасионалист аст, ки бо супориши Ватану амри дил баҳри пойдор намудани сулҳу оромӣ дар кишвари ҳамзабону ҳамсоя тӯли ду сол хизмат кардааст. Воқеаҳои пурдаҳшати ин ҷанг ҳамеша чун навори филм дар пеши назараш аст: оҳу нолаи модарони фарзандгумкарда, фиғони кӯдакони ятиммонда, нолиши ҷонкоҳи одамони аз тири аду маҷрӯҳгашта, садои даҳшатбори танку туфанг ва ҳавопаймоҳои низомии душман дар гӯшҳояш ҳоло ҳам садо медиҳанд. Дуди ғализи хонаҳои оташгирифта он лаҳзаҳо чашмонашро месӯзонду садҳо лаънату нафрин ба душмани ғаддор мехонд.

Подполковник Мамуров Ҳамитбой аз чунин лаҳзаҳои даҳшатбори ҷанги Афғонистон ҳикоя мекарду аз он ёдоварӣ мекард, ки дар замони тинҷиву осудагии даврони Шӯравӣ таваллуд шудаву ба камол расидааст. Ҳанӯз 19 сол дошт, ки ҳисси баланди меҳандӯстӣ ӯро барои хизмат кардан ба ватан водор намуд. Ҳамин буд, ки бо хоҳиши худ ба Комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намуд, то ин ки ӯро ба хизмати Модар-Ватан фиристанд. Хоҳиши ӯро ба инобат гирифтанд ва Ҳамитбой муддати ду сол – аз 10-уми майи соли 1971 то 7-уми июни соли 1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат карда, дарси мардонагӣ омӯхта ба зодгоҳаш бо сари баланд баргашт. Пас аз адои хизмат соли 1973 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1979 ба итмом расонид. Дар давоми таҳсил ҳамзамон дар стансияи обуҳавосанҷии Фурудгоҳи шаҳри Душанбе техник шуда кор мекард. Боре аз сабаби набудани котиби комитети комсомолӣ дар маҷлиси ҳисоботӣ баромад карду тарзи гуфтор ва суханрониаш ба котиби ташкилоти комсомолии ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳозира Шоҳмансур) маъқул шуд. Баъд аз чанд рӯзи баромад Ҳамитбойро ба комитети комсомолӣ даъват карда, пешниҳод карданд, ки ӯро барои фаъолияти минбаъдааш ба Вазорати корҳои дохилӣ мефиристанд. Ҳамин тавр, бо роҳхати Комитети комсомолӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун – иҷрокунандаи вазифаи муфаттиш, муфаттиши калон, сардори шӯъба оид ба тафтиши парвандаҳои муҳим фаъолият карда, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дод.

Кордониву масъулиятшиносии ӯро ҳама дар ҷойи кор медонистанд ва эҳтиромаш мекарданд. Ҳар супориш ва фармонеро, ки аз ҷониби роҳбарият дода мешуд, бетаъхир ва бехато ба иҷро мерасонид. Ҳамин масъулиятшиносиаш дар кору фаъолияташ буд, ки моҳи апрели соли 1984 номбурдаро ба яке отрядҳои махсуси “Кобалт”, ки қароргоҳаш дар шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии Демократии Афғонистон буд, фиристоданд ва вазъияти шаҳри мазкур ноором буд.

Дар шаҳри Ҳирот оромгоҳи бузургони аҳли илму адаб Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ҷойгир аст. Бо вуҷуди вазъияти сиёсии шаҳр муташанниҷ будан, барои пешравии корҳояш ва барои руҳу арвоҳҳо ба ӯ мадад намудан пеш аз ҳама вақт ёфта, оромгоҳи ин ду мутафаккирро зиёрат намудааст.

Вазифаи асосии отряд аз он иборат буд, ки оид ба гурӯҳҳои муҷоҳидон маълумот ба даст оварда, ба штаби артиш месупориданд. Яъне душман чӣ гуна яроқ дораду чӣ қадар аст ва дар куҷо пинҳон аст, бояд маълум кард. Аз ӯҳдаи иҷрои ин супориш баромадан осон набуд, вале ҳар яке аз ҳамяроқони Ҳамитбой барои аз ӯҳдааш баромадан кӯшиш мекарданд. Баъди ҷамъоварии маълумот ва муайян кардани ҷойи душман барои маҳв кардани онҳо ва барҳам додани қароргоҳашон амалиётҳои ҷангиро ба нақша мегирифтанд.

Подполковник Ҳамитбой Мамуров аз воқеоту ҳодисаҳои даврони дар Ҳирот буданаш ёдовар шуда нақл кард, ки қароргоҳи отряди онҳо дар наздикии хонаи фармондеҳи минтақаи ҳарбии Ҳирот – генерал Халил ва волии Ҳирот – оғои Озод ҷойгир буд.

Шабе аз хонаи дигаре, ки дар наздикии отряди онҳо қарор дошт, шахсони номаълум ба отряд ҳамла карда, тирпарронӣ намуданд. Аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ баъзе рафиқонаш саросема шуда, чӣ кор карданашонро надонистанд. Яке аз афсарон, ки майор Иванов ном дошт, зуд дастаро барои муҳофизати қароргоҳ фармон дода, ба Ҳамитбой Мамуров супориш дод, ки ба боми қароргоҳ баромада аз ҷойи пешакӣ муайяншуда, ба сӯйи душманон оташ кушояд. Бояд боқимондаи сарбозон бо норинҷакҳо ба ҳуҷум мегузаштанд. Азбаски бисёриҳо таҷрибаи норинҷак партофтан надоштанд ва майдони паҳншавии хумпораҳои норинҷаки Ф-1 васеъ асту баъди таркиши он ба худашон зарар мерасонд, ҳамяроқонаш бо автоматҳо ба ҷанг даромаданд. Ӯ низ ҳамроҳи Иванов яшики норинҷакхоро гирифта, бо навбат ба сӯйи хона ҳаво медоданд. Аз ҷониби полки Шӯравӣ, ки фурудгоҳи Ҳиротро дидбонӣ мекард, ду танк, чор БТР бо сардории подполковник Муслим Мамадҷонов ба ёрӣ омаданд. Тирпарронӣ то рӯз давом кард.

Ба қавли Ҳамитбой Мамуров, хушбахтона, аз отряд касе зарар надид. Ба онҳо супориш шуд, ки хонаро кофтуков карда, душманони боқимондаро пайдо намоянд. Зимни ҷустуҷӯ бо сержант ногоҳ чашмашон ба даре афтод, ки ба сӯйи таҳхона мебурд. Ҳамаи онҳо эҳтиёткорона ба он ҷо ворид шуда, 12 нафар душмани дар ҳолати мадҳушӣ аз таъсири афюн қарордоштаро дастгир намуда, ба прокуратураи ҳарбӣ супориданд. Пас аз анҷоми амалиёти муваффақона ба Ҳамитбой ва Иванов аз ҷониби роҳбарият миннатдорӣ баён карда шуд.

Рӯзе шахси ҷонибдори давлати демократии Афғонистон бо номи Гулоғо ба онҳо хабар дод, ки як гурӯҳ душманон, ки аз 40 нафар зиёд буданд, дар хонае қарор доранд. Сарбозони отряди “Кобалт” барои гузаронидани амалиёти ҳарбӣ омода шуданд. Роҳбари отряд барои муайян намудани қароргоҳи душман ба Мамуров Ҳамитбой супориш дод. Мавсуф ҳамроҳи Гулоғо ба чархбол нишаста, аз баландии 2 км муайян кард, ки макони душман аз деҳа 500 метр дур ҷой гирифтааст. Сипас, ба отряд ҷойгиршавии макони душманро хабар дод. Тайёраҳои ҳарбии СУ -17 ду маротиба ба қароргоҳи ҷойгиршудаи душманон бомба партофта рафтанд. Фаврӣ ва дуруст муайян кардани макони душман сабаб шуд, ки ин амалиёт низ бомуваффақият ба анҷом расад. Барои иҷрои чунин супориши саривақтӣ ба отряд, махсусан ба Ҳамитбой раҳматнома эълон карданд.

Инчунин аз нақлҳои Ҳамитбой маълумамон гашт, ки ӯ на танҳо дар амалиётҳои хурд, балки дар амалиётҳои бузурги шаҳри Ҳирот иштирок кардаву аз худ корнамоиҳо нишон додааст. Борҳо дар вақти иҷрои супориш аз мушкилоту таҳдидҳо наҳаросида, барои муайян намудани макони душман ҷони худро дар хатар гузоштааст.

Ҳамитбой Мамуров беш аз 22 сол дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намуда, дар пойдор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа ва таҳкими волоияти қонун дар кишвар нақши бориз доранд.

Соли 1996 фаъолияташро дар қушунҳои сарҳадии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон идома дод. Соли 1998 ба нафақа баромад. Пас аз нафақа корро дар ширкати байналхалқии “Контракт” оғоз намуда, то соли 2016 дар ширкати зикршуда ҳамчун директор фаъолият намуд.

Барои хизматҳояш бо ордени «Ситоран Сурх» ва якчанд медалҳои Иттиҳоди Шуравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Афғонистон мукофотонида шудааст. Дар давраи фаъолият дар Вазорати корҳои дохилӣ бо нишони «Барои хизмати аъло дар макомоти корхои дохилӣ» ва дигар мукофотхо сарфароз гардидаанд. Инчунин дар давраи хизмат дар Қувваҳои сарҳадии Федератсияи Россия бо нишони «Сарҳадчии аъло» ва бо якчанд мукофотҳо сарфароз гардидаанд.

Аслан, инсонҳои дорои хислати накӯ қувва, дониш ва маҳорати хешро ба манфиати халқу Ватан бахшида, кӯшиш менамоянд, ки накӯкору некном бошанд. Ҳамитбой Мамуров аз зумраи чунин одамоне аст, ки тамоми умр бо меҳнати ҳалол ба манфиати халқу кишвар дар пешбурди корҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат кардаанд. Номбурда зимни хизмат дар Афғонистоне, ки саросар ҷанг буду дар оташ месӯхт, вазифаи башардӯстиро дар сатҳи баланд иҷро намуда, ҳамеша родмардии тоҷики Шӯравиро нишон додаанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки мавсуф ҳуқуқшиноси варзидаю соҳибтаҷрибаи хуб буда, солҳои зиёд ба мардуми корафтода кӯмакҳои ҳуқуқӣ мерасонданд. Айни замон низ маслиҳату машварати худро аз одамоне, ки эҳтиёҷ ба маслиҳати ҳуқуқӣ доранд, ҳамчун шахси масъулиятшинос дареғ намедоранд.

То ба ин дараҷа соҳибэҳтиром гардидани мард дар байни мардум аввалан аз саводу дониш ва баъдан аз зани порсову оқила вобаста аст. Яъне бонуи хонадон Тӯтинисо Мамурова бо вуҷуди серкорӣ имконият фароҳам оварданд, ки Ҳамитбой Мамуров дар ҷодаи хеш, дар касби интихобнамудаи худ муваффақ гардад. Якдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, муҳаббати самимӣ ба ин оилаи хушбахт шароит фароҳам овард, ки фарзандони баору номус, ҳақиқатгӯю ҳақиқатҷӯйро тарбия намоянд. Таълиму тарбияи дурусти фарзандон буд, ки имрӯз онҳо номбардори падару модари хешанд. Падару модар низ аз онҳо ифтихор доранд.

Баъд аз ба нафақа баромадан Ҳамитбой Мамуров дар деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ осиёби бобогияшро комилан азнавсозӣ карда ба мардуми деҳа барои истифода бурдан ройгон пешкаш кардааст.

Ҳоло бо аҳли оилааш хушбахтона давлати пирӣ меронад.

Машраби ХОЛМАҲМАД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь